пятница, 24 января 2014 г.

Муомилаи накӯ бо шавҳар

Ин ҷо дар муолиҷаву ҳалли ин муаммо кордониву хирадмандии зан маълум мегардад, ки ҳатман муваффақияту пирӯзӣ насибаш мешавад. Ба хусус, вақте бовариву  муҳаббати шавҳарро ба даст оварда бошад, зеро муҳаббат муҳаббату дӯстиро афзун мегардонад ва беҳтарин роҳи ислоҳ кардан ба ҳисоб меравад.
Яке аз донишмандон мегӯяд: «Муҳаббату дӯстӣ гоҳо нафсҳои саркашро рост мекунад. Чӣ тавре ки аҳёнан пояҳои зиндагиро барҳам зада, хароб менамоянд». Аз ин рӯ, мавзӯи чӣ гуна истифода кардани муҳаббат ва фаҳмидани мафҳуми он яке аз мавзуъҳои муҳим гардида, ки бояд онро омӯхта ва таҳлилу баррасӣ намоем.
Зан бо табассуми зебо ва бо тамоми ҳаракатҳои хайрхоҳонаи чеҳрааш метавонад, ки дар дили мард осори лутфу меҳрубонӣ ва шафқату навозиши махсусро бигузорад ва ҳадафҳои зиёдеро дар таҳсину беҳдошти фазои он хонаводагӣ таҳаққуқ бахшад. Чӣ тавр шавҳаратро ҳифз намуда, некбахташ мегардонӣ? Бар дӯши зан нақши бузург ва масъулиятнокест барои некбахтсозиву муҳофизат кардани шавҳар аз фитнаву домҳои фасоде, ки дар беруни хона ҳастанд.
Ин домҳои фасоду фитна гуногуну хатарнок ва инҳирофкунанда мебошанд. Зани хирадманду бомаърифат ҳамон аст, ки шавҳари худро аз фитнаву фасоди роҳҳо халос намуда, машғули саргарми хеш месозад ва тамоми мазоҳири ҷалбкунандаи берун ва чизҳои отифабарангез дар назди ҳикмату равоншиносӣ ва ҷаззибияти чунин зани бомаърифат нопадид гашта, ҳушу ҷони шавҳар мафтуни мамлуки ӯ мегардад.
Зани комёб ҳамон аст, тамоми майлу хоҳишҳои шавҳарашро омӯхта, ҳама чизҳои отифабарангези ӯро чун ранги либосҳои зоҳирӣ ва дохилӣ ва услуби ороиши мавриди писандидаашро низ медонад. Яке аз хатоҳои бузурги бонувон, ин хунукназарӣ ба сару либоси худ дар хона мебошад, то дараҷае, ки шавҳарон вақти бозгашт аз кор дар ҳамсарони худ ба ҷои бӯи атру гул бӯи ошпазхона ва мӯйҳои тамизнашударо пайдо мекунанд.
Бинобар ин, тааҷҷуб накун вақте зани зебоеро мебинӣ, ки шавҳараш ба ӯ аҳамият намедиҳад ва дунболи дигар хонум равон аст. Дар ҳоле, ки зани на онқадар зеборо мебинем, ки дили шавҳарро бо тамоми авотиф ва эҳсосот ба даст овардааст. Бидуни шакку шубҳа дар ин мавридҳо фақат зан ҷавобгар асту бас, на дигарон.
Мо бонувони азизро насиҳат мекунем ба шаклу сурати худ ва зиннату ороиши хеш дар хона сахт аҳамият диҳанд ва ҳеҷ гоҳ шавҳарони худро вақти бозгашт аз кор бо шикояти мушкилоти хонаву кӯдакон пешвоз нагирад. Балки барои онҳо фазои ором, роҳатбахш ва атрогин омода созанд. Чунончи, пешгирӣ аз ғавғои кӯдакон бо машғул сохтани онҳо ба қироати китобу маҷаллаҳои кӯдакона, хушбӯй кардани утоқи истироҳатии шавҳар, хомӯш сохтани чароғхои баланди он. Ҳамчунин барои шавҳарон хӯрокҳои дӯстдоштаашро тайёр намуда, чун номгӯи ғизоҳои ғайримуқарариӣ тақдим намояд.
Хулоса, барои истироҳат ва дур сохтани хастагиҳои ҷисмӣ ва рӯҳии онҳо аз тамоми фикрҳову услубҳои хуб истифода намоянд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий