пятница, 24 января 2014 г.

Ду насиҳат аз модар ба духтар

Насиҳати якум
Умома бинти Ҳориси Тағлабӣ яке аз наҷибтарину беҳтарин занони араб  ба шумор меравад ва дар панду ахлоқ ҳикматҳои машҳуре дорад. Вақте Ҳорис ибни Амр, шоҳи Кинда духтари Умома, яъне Умми Иёсро ба ақди никоҳи худ  даровард ва намояндагони шоҳ хостанд ӯро ба сӯи шавҳараш баранд, модараш ӯро дар шаби зифофи вай бо шавҳар як васияти ниҳоят арзиштманде намуд, ки дар он чунин гуфтанд:
«Духтаракам, ҳамоно агар касе ба хотири одоби хуб ё насаби машҳур васият намудан,  тарк мешуд, ман ҳатман ин корро мекардаму туро роҳат мегузоштам. Вале васият ин гӯшзади шахси оқил ва танбиҳу огоҳӣ додани ашхоси ғофил мебошад. Духтаракам, агар зане бо сарватмандии падараш метавонист, ки аз шавҳар бениёз гардад, ҳароина ту бениёзтарини мардум аз шавҳар будӣ. Вале мо барои мардон ва мардон барои мо офарида шудаанд.
Духтаракам, дар ҳақиқат, ту хонае, ки дар он бузург шудӣ ва марзу буми худро тарк мегӯӣ ва ба хонаи ноошно ва дӯсте, ки бо ӯ унс нагирифтаӣ, меравӣ. Бинобар ин, барояш чун каниз бош, ӯ ғуломи ту мешавад аз ман даҳ хислатро ба гуш гир, иншоаллоҳ онҳо сабаби иззату обрӯи ту хоҳад гардид:
Хислати якум ва дувум зиндагии каноатмандона ва муомилаи хуб бо итоату фармонбардории шавҳар. Зеро қаноатмандӣ дилу равони касро роҳат мебахшад ва муъоширати хуб сабаби хушнудии Худо ва бандагонаш мегардад.
Хислати сеюм ва чорум эҳтиёт кардани дида ва бинии шавҳар. Аз ин рӯ, эҳтиёт кун, ки мабодо чашми ӯ бар чизи зишти ту наафтад ва беҳтарин бӯй аз ту ба машомаш бирасад ва бидон духтаракам, ки беҳтарин ҳусну ороиши безаҳмат, ин сурма аст ва инчунин об гуворотарин чезест, ки ҷустуҷӯяш менамоем.
Хислати панҷум ва шашум муайан кардани вақти хӯрокхӯрӣ ва омодасозии соату шароити хобаш. Зеро оташи гуруснагӣ сӯзанда ва вайронсозии истироҳату хоб харобкунандаи асаб аст.
 Хислати ҳафтум ва ҳаштум муҳофизати хонаву молаш ва аҳамият додан ба номусу шараф ва фарзандонаш мебошад. Зеро нигоҳдории молу сарват қадр намудани ранҷу заҳмати ӯст ва ҳимояти номусу шарафи хонаводагии ӯ ва фарзандонаш тадбиру раҳбарии оқилонаи занро ифода менамояд.
Хислати нуҳум ва даҳум ҳаргиз сирру розашро фош макун ва аз ҳеҷ фармонаш саркашӣ макун, зеро агар сиррашро ошкор намудӣ, аз ғадру хиёнаташ эмин намонӣ  ва агар аз амраш саркашӣ намудӣ, дар дилаш кинаву кудурат мегузорӣ.
Ҳамчунин ҳаргоҳ ӯ ғамнин бошад, аз хурсандиву хушҳолӣ дар назди вай парҳез кун ва чун хурсанд бошад, аз ғамгиниву андӯҳгинӣ дар пеши рӯи вай чилавгири кун. Зеро амали нахуст кӯтоҳиву камбудӣ маҳсуб мешавад ва амали дуввумӣ  танҳо  мукаддарсозиву нороҳат кардани ӯ мебошад.
Ҳар қадаре  ки ӯро эҳтирому иззати зиёд намоӣ, ҳамон қадар туро азизу гиромӣ медорад ва ҳарчӣ бештар ба хулқу атвор ва хостаҳояш мувофиқ ойӣ, ҳамон андоза ёру  ёвари бардавоми ту хоҳад шуд. Бидон, эй духтарам ки, ту ҳаргиз ба ин ҳадаф даст намеёбӣ, то ин ки хушнудии ӯро бар хушнудиву ризоияти худат муқаддам бигзорӣ. Ҳамчунин тамоми майлу хоҳишоти ӯро бар хоҳишоти худат муқаддам гузошта, амал намоӣ ва Худованди бузург бароят аҷру подош ва саодату некбахтӣ медиҳад ва туро дар паноҳи Ҳақ таъоло супурдам.
Насиҳати дуюм
Модаре духтарашро вақти издивоҷ васият намуда гуфт:
«Эй духтарам, аз тозагии ҷисмат ғофил мабош, зеро назофату тозагӣ нуру ҷило бахшида, туро мақбули писанди шавҳарат мегардонад. Ҳамчунин тамоми нуқсу бемориҳоро аз баданат дур сохта, ҷисматро бар кору бори зиндагӣ нерӯманд месозад ва инро бояд гуфт, ки аз зани чиркин табиату мизоҷи мардонро бад меояд ва чашму гӯши онҳо аз ӯ нафрат дорад ва чун бо шавҳарат рӯ ба рӯ шудӣ, бо чеҳраи хандону кушода бархӯрд кун, зеро агар муҳаббат ҷисм бошад, кушодрӯӣ рӯҳу ҷони он ба ҳисоб меравад».
Таҳияи Маҳмуд Сангинов

Комментариев нет:

Отправить комментарий