четверг, 23 января 2014 г.

Зани пушаймон (Ҳикоя)

ҲИКОЯ

Занеро ман медонистам, ки бо сатру ҳаё ва тоъатгузор буд, вале ҳангоми ҷавонияш ба сабаби камилмии худ ба дуои падар гирифтор шуда буд, ва то дами марг сазои он рафтори ношоямашро мечашид.

Ҳангоми ҷавонии вай чашмони падараш кӯр шуда буданд ва он духтари ҷавон бо ҳамроҳи падари кӯр ва модараш дар як утоқ хоб мерафтанд. Шабона падари кӯрашро назорат мекард, то ба бистари модараш наздик нашавад. Чун падараш нобино буд гумон мекард духтараш хоб аст ва ба бистари ҳамсараш наздик мешуд, дар ин ҳол он духтар пояшро дар мобайни онон дароз карда мегуфт, ки ман бедорам. Падари нобино дами сард мекашид ва мегуфт: Худованд осудагиятро бигирад! Чунин кори бади духтар ва дуои бади падар дар ҳафтае ду ё се бор такрор меёфт. Оқибат рӯзе фаро расид, ки он духтарро ба шавҳар доданд ва келин дар хонае шуд, ки ду хушдоман дошт, модар ва бибии шавҳараш. Аксари занон чӣ мусибат будани хушдомани бадқаҳрро медонанд ва худ тасаввур кунед, ки агар чунин хушдоман дуто бошад чӣ гап мешавад? Духтари ҷавон дар зери сиёсати ду хушдоман зиндагии бисёрсолаи сангине дошт ва худаш иқрор мекард, ки ин натиҷаи ҳамон дуои "Худо осудагиятро бигирад"-и падар аст. Аммо бо ин қиссаи ғамангези он зан ба поён намерасид ва чунин кор такрор ҳам шуда буд, ки ба ҷои фарзанд ба чизи дигаре бордор мешуд ва борҳо дар зери ҷарроҳии духтурон қарор мегирифт ва моҳҳои дарозро дар беморхонаҳо сипарӣ мекард. Албатта медонист, ки ин ҳама натиҷаи он дуои бади падар аст. Бо вуҷуди ин сахтиҳо ҳаёт пеш мерафт ва фарзандонаш ба воя мерасиданд. Ӯ дар хонае зиндагӣ мекард, ки духтарашро ба шавҳар медоданд ва ҳуқуқи онро надошт бипурсад, ки домодаш кист ва чӣ ном дорад.

Солҳо мегузаштанд ва сатиҳову душвориҳоро пушти сар мекард, то ки воқеаҳои талхи кишвар ба вуқуъ пайвастанд ва шавҳару писарони бо чунин сахтӣ тарбия кардаашро дар пеши чашмонаш куштанд ва хонаашонро оташ заданд. Шояд касе бигӯяд, ки чунин кушторро бисёриҳо аз сар гузарониданд ва ба дуои падар онро нисбат додан чандон дуруст нест? Ҷавоб мегӯем, ки шояд чунин ҳам бошад, вале ин куштор барои он зан муқаддимаи мусибати дигаре буд, ки ба вуқуъ пайвастани онро ғайри Аллоҳ таъоло касе намедонист.

Ҳангоме ин зани мусибатзада ба ноҳияи дигар ба хонаи бародарани ҷавонаш фирор мекунад ва бародараш ӯро ба чунин ҳол мебинад аз сактаи қалб бародари ҷавонаш ба таври фоҷиавӣ вафот мекунад. Оқибат рӯзе фаро расиду ин зани мусулмон бо ғаму андуҳи зиёд ин оламро падруд гуфт ва тавбаву надомати худро аз ҳеҷ касе пинҳон намекард. Агар касе барои гуноҳи кардааш як бору даҳ бор тавба кунад, ин зан бошад як умр тавба кардааст. Аз ин рӯ, умед аз фазлу карами Аллоҳ таъоло ин ҳаст, вайро бибахшад ва дар ивази мусибатҳои дар дунё кашидааш подошҳои бузургаш бидиҳад, зеро надониста хато карда буд. Аммо барои дигар мусулмонон воқеаҳои ҳаёти ӯро мадрасаи панду ибрат бигардонад, то аз дуои бади падару модар ҳазар бикунанд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий