пятница, 24 января 2014 г.

Муҳаммад (с.а.с) раҳнамои башарият

Дар ҳар давру замоне Худованд ба миллатҳои гуногун паёмбареро аз миёни онҳо интихоб мекард, то ба мардум роҳу равиши дурусти зиндагӣ ва оини ибодатро таълим диҳанд. Чунончи, дар сураи "Наҳл", ояти 36 таъкид шудааст: "Аз миёни ҳар миллате паёмбареро интихоб карда, ба сӯи онон фиристодаем, то ба ишон бигӯянд: -Худоро бипарастед ва аз Тоғут (Шайтону бутону ситамгарон...) дурӣ ҷӯед".
Пайғамбарони пешин танҳо ба сӯи миллати худ фиристода мешуданд, аммо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристодаи Худо ба сӯи тамоми инсу ҷин мебошанд. Дар ин хусус Парвардигори оламиён дар Қуръони Маҷид хабар медиҳад: "(Эй Муҳаммад), мо туро ба сӯи тамоми мардум фиристодем, то башоратдиҳандаи некӯкорон ва тарсонандаи бадкорон бошӣ, вале аксари мардум ин ҳақиқатро намефаҳманд".
Имом Тирмизӣ аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳу ривоят мекунанд, ки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: "Бо Худо муҳаббат варзед, зеро ба шумоён рӯзӣ медиҳад ва бо ман муҳаббат варзед, зеро Худованди Мутаъол маро дӯст медорад". Дар шарҳи ин ҳадис аллома Ашрафъалии Таҳонавӣ фармудааст:
-Ин гуфтаҳо маънии онро надорад, ки ба Худо танҳо ба сабаби ризқрасониаш дӯстӣ варзед. Неъматҳои Худо бешумор аст. Аз ин рӯ, агар баъзеи онҳоро мо дарк карда натавонем ҳам, рӯзирасонии Худовандро ҳамеша дар мадди аввал ҳис мекунем. Бинобар ҳамин, ба таври мисол исми "рӯзирасонӣ" зикр гардид, ки лоақал ба хотири ҳамин неъмати инкорнопазир Ӯро дӯст доштан лозим.
Як нафар рустоӣ ба назди Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) омада арз кард: -Эй Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам), қиёмат кай хоҳад шуд?
Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) ба ӯ гуфтанд: - Шумо барои қиёмат чӣ тайёрӣ дидаед, ки ин қадар алоқаманди фарорасии он ҳастед?
Марди рустоӣ ҷавоб дод: -Ман барои қиёмат намози рӯзаи зиёде тайёр накардаам, аммо як чиз дорам, ки ин муҳаббат ба Худову Паёмбари Ӯст.
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: - Инсон рӯзи қиёмат бо касе хоҳад буд, ки ӯро дӯст медорад.
Чӣ муждаи азиме дар ин ҳадис зикр гардид, ки агар захираи зиёде аз ибодати нофила надошта бошед ҳам, бо муҳаббати Худову Расулаш ин неъмати бузург (ҳамроҳ будан бо Пайғамбар) ба даст хоҳад омад.
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) субҳи душанбеи 12 Рабеулаввал (соли 571) мелодӣ дар Маккаи Мукаррама ба дунё омадаанд. Ишон аз овони хурдсолӣ бо хулқу атвори нек, раҳмдилӣ, ростгӯӣ ва амонатдориашон машҳур буданд. Аз ин рӯ, мардум он касро бо эҳтиром "Амин" мегуфтанд. Дар овони чилсолагӣ ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ваҳйи нахустин нозил шуд. Қариб дар ҳар шумораи ҳафтаномаамон аз ахлоқи ҳамидаю гуфтаҳои он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) ёдовар мешавем. Аз ин рӯ, дар хусуси зиндагиномаи Паёмбари Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) ин ҷо мухтасар ёдрас шудем. Аксар олимону мутафаккирони ҷаҳон хизматҳои ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам)-ро дар тарбияи башарият ва пешрафти фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ таъкид кардаанд. Чунончӣ, Ҳётеи олмонӣ (1749-1832) гуфтааст: "Агар таълим ва ҳақиқати ислом қонуну дастурҳоест, ки дар "Қуръон" ба Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) нозил шудааст, пас мо ҳама мусулмонем".
Мутафаккири англис, дорандаи ҷоизаи Нобел Бернард Шоу (1856-1950) иқрор шудааст: "Ман ҳамеша дини Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам)-ро бо эҳтироми бисёр нигаристаам... Ба назари ман (ислом) танҳо динест, ки дорои татбиқ бо давраҳои мухталифи зиндагии озодро дошта, аҳкоми он ба ҳар давра ва замон созгор аст".
Мо, ки худро пайрави оини Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) мешуморем, бояд боварӣ дошта бошем, ки:
1.Ҳар сухану ҳарфе, ки Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) ба ҷаҳониён эълом доштаанд, аз тарафи Худо ва бо дастури Ӯ будааст.
2.Тамоми он гуфтаҳо рост ва ҳаққанду дар онҳо шакке нест.
3.Худованд Пайғамбарро барои он интихоб кардааст, ки ба воситаи вай аҳкоми худро ба бандагонаш расонад.
4.Ба меъроҷ рафтани Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) ҳақ аст.
5.Рӯзи қиёмат нахустин касе, ки аз қабр бармехезад ва аввалин касе, ки ба Биҳишт ворид мешавад, ӯст.
Салавоти Худо ба ҳазрати Муҳаммад ва олу асҳобаш бод!
Ҳазрати Муҳаммад (с) 12 Рабеулаввал, рӯзи душанбе дар соли «Омулфил» ба дунё омадаанд. Силсилаи насаби он ҳазрат (салаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарафи падар чунин аст: Муҳаммад (с) ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб.
Насаби Расули Акрам (с) аз тарафи падариву модарӣ дар Килоб ибни Мурра якҷо мешавад. Баъд аз таваллуд ҳазрати Муҳаммад (с) чанд рӯз бо модари гиромии худ Бибӣ Омина буданд. Баъд аз он Сувайба разияллоҳу анҳо, ки канизи озодшудаи Абӯлаҳаб буд, он ҳазратро шир дод. Вақте ки Сувайба Абӯлаҳабро аз таваллуд шудани ҳазрати Муҳаммад (с) башорат дод, Абӯлаҳаб аз хурсандӣ Сувайбаро, ки канизакаш буд, озод намуд. Сувайба инчунин амаки ҳазрати Муҳаммад (с) Амир Ҳамза (р) –ро низ шир дода буд.
Ҳамин тавр Амир Ҳамза бародари ширхӯраи ҳазрати Муҳаммад (с) шуд.
Дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ нақл аст, ки Расули Акрам (с) Сувайбаро бисёр икром мекарданд, вақте он Ҳазрат (с) бо «Умми мӯъминон» Хадиҷа (р) никоҳ карданд, Сувайба (р) ҳузур дошт. Баъд аз Ҳиҷрат ҳазрати Муҳаммад (с) ба Сувайба ҳадя мефиристоданд. Вақте Маккаи Мукаррама фатҳ шуд, он Ҳазрат аз Сувайба ва писари ӯ Масрӯҳ суроғ карданд. Ба ишон гуфтанд, ки ҳар дуи онҳо вафот кардаанд. Боз пурсиданд, ки ягон хеш дорад, ки ба онҳо эҳсон кунам? Мардум гуфтанд, ки ягон хешу ақрабо надорад.
Абӯлаҳабро баъди вафоташ касе дар хоб дид, ки бисёр ҳоли бад дошт. Пурсид, ки «Эй Абӯлаҳаб, чӣ ҳол дорӣ?» Гуфт: «Баъд аз марг ҳеҷ роҳатро надидаам. Танҳо ба хотири он ки Сувайбаро озод кардаам, дар ивази он ба андозаи сари ангушт бароям об дода мешавад». 
Баъд аз Сувайба ҳазрати Ҳалимаи Саъдия разияллоҳу анҳо он Ҳазратро шир дода буд. Дар араб одат буд, ки мардуми ашроф кӯдакони худро ба деҳаҳо мефиристоданд, зеро ки обу ҳавои деҳа соф буд. Инчунин кӯдакон бо забони фасеҳ сухан гуфтанро меомӯхтанд. Ҳазрати Ҳалимаи Саъдия бо вуҷуди ятим буданаш ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ба умеди баракат барои ширдиҳӣ гирифт. Худованд ба ӯ ба хотири гумони некаш баракат дод.
Ҳалима (р) он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд: - Вақте ин тифл (ҳазрати Муҳаммад)-ро дар бағал гирифтам, қаблан пистонам комилан холӣ буд. Дарҳол дар он шир ҳосил шуд, ки ҳам Муҳаммад (с) ва ҳам бародари разоӣ (ширхӯра)-аш сер шуданд. Вақте азми дӯшидани шутурро кардам, дидам, ки пистони шутур ҳам комилан аз шир пур шудааст. Пас бо шавҳари худ бисёр шир нӯшидему шабро бе ташвиш паси сар кардем. Субҳ шавҳарам гуфт: «Огоҳ бош, эй Ҳалима, ки тифли бобаракатеро ба тарбия гирифтаӣ.
Чун Муҳаммад (с) бузург шуданд, чанд сол дар тарбияи амакаш Абӯтолиб (падари ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу) буданд. Мардуми Макка ишонро барои ахлоқи накӯяшон дӯст медоштанд ва «Амин» (боваринок). Шахсе, ки ба ӯ эътимод кардану амонат гузоштан мумкин) лақаб гузошта буданд.
Дар синни 40 – солагӣ Ҷибриил барояшон ваҳйи илоҳӣ оварду паёмбар шудани ишонро башорат дод. Муддати 23 сол мардумро ба парастиши Аллоҳ, пайравии ахлоқи накӯ даъват намуданд.
Анас ибни Молик (р) мефармояд, ки Расули Акрам (с) фаҳшгӯ, лаънаткунанда ва дашномзананда набуданд ва дар вақти ғазаб мефармуданд: «Чӣ шуда ба ӯ? (яъне, чӣ гап шудааст, ки ин амалро анҷом додааст?) Хоколуд шавад пешонии ӯ!»
Мурод аз хоколуд шудани пешонӣ дар роҳи Худо саҷдаю ибодатро зиёд кардан аст. Яъне, он Ҳазрат дар ҳоли аз касе норозӣ будан дар ҳаққаш дуои нек мекарданд

Комментариев нет:

Отправить комментарий