пятница, 24 января 2014 г.

Фазилати зани некӯ

Зани солиҳа ин саодату некбахтии дунё мебошад, ки шавҳарашро ба тоату ибодати Худо ёрӣ медиҳад ва дар тамоми умури зиндагӣ ба вай итминону хотирҷамъӣ ва оромиши равонӣ мебахшад.  Расули Худо (с) мефармояд: «Дунё матоъест ва беҳтарин матоъаш зани солиҳа (диндор ва накӯкор) мебошад».
(Имом Муслим)
Ислом ҳамеша мардро тарбиғу ташвиқ мекунад, ки дар интихоби ҳамсар  аз зани солиҳаву диндор ҷустуҷӯ намояд, балки диёнату покдомании занро яке аз усули муҳими хостгории зан гардондааст, ки илова бар ахлоқу атвори ҷуд бошад. Зеро агар диёнати зан заъиф бошад, ифффату шарафи хешро зуд аз даст дода, шавҳарашро беобрӯ мегардонад ва зиндагонии худ ва шавҳарашро тираву сиёҳ месозад.
Бинобар ин Паёмбари Худо (с) дар ҳадисҳои зиёде ташвиқ менамоянд, ки бояд аз зани диндор ва солиҳа ҷустуҷӯ намуд, зеро чунин зан дар бузургтарин умури ҳаёт, ки дин аст, ёру ёвари шавҳараш мебошад ва ҳамеша иффати худ ва шарафи хонаводаро ҳифз менамояд.
    Расули акрам (с) мефармоянд: «Ҳаргоҳ Аллоҳ таъоло ба шахсе зани солеҳаро рӯзӣ диҳад, дар ҳақиқат ӯро бар ободии нисфи динаш ёрӣ намудааст. Аз ин рӯ, дар ободии нисфи дигари динаш аз Худо битарсад».
(Ривояти Ҳоким)
Саъд ибни Абӯваққос ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Чаҳор чиз нишонаи некбахтист: зани солиҳа, хонаи васеъ, ҳамсояи накӯкор ва маркаби гуворо. Ва чаҳор чизи дигар аломати бадбахтист: ҳамсояи бад, зани бад, маркаби бад ва хонаи танг».
(Ривояти Имом Насои  ва Ироқӣ онро саҳеҳ гуфтааст)
Шоири ҳикматгӯ Шайх Саъди шояд аз ҳамин сухани Паёмбар (с) илҳом гирифта бошад, ки чунин мегӯяд:
      Зани бад дар сарои марди накӯ,
    Ҳам дар ин олам ҳаст дӯзахи ӯ,
    Зинҳор, аз қарини бад зинҳор,
    Ва қино, раббано азоба-н-нор.
Ва низ он Ҳазрат (с) фармуд:
«Беҳтарини занони шумо он аст, ки чун шавҳар ба сӯяш назар кунад, хушҳолаш созад ва чун фармонаш диҳад, итоаташ кунад ва чун шавҳар аз ӯ ғоиб шавад, моли ӯро ва нафси худро ҳифз менамояд (аз хиёнат)».
(Ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим)
«Занро барои чаҳор чиз издивоҷ карда мешавад: барои мол ва насаб ва ҳусну ҷамол ва диёнаташ. Пас бо зани диндору солиҳа издивоҷ кун, камёбу некбахт мегардӣ».
(Имом Бухори ва Муслим)

Эҳтиром ва нигаҳдории мақоми зан


Хонаводае, ки пояҳои он бар ососи меҳру мухаббат, садоқат ва эҳтироми зану шавҳар бино ёфтааст, хонаводаи хушбахт аст. Зану шаҳар бар ҳам ҳуқуқе доранд, ки риояти онҳо барои ҳар ду ҳатмист. Зеро бидуни риояти он ҳуқуқ пояҳои хонавода мунҳадим мегарданд.
Занон бар шавҳарони худ дорои ҳуқуқе ҳастанд, ки бахше аз онҳо ҳуқуқи маънавӣ ва бархе дигар ҳуқуқи моддӣ мебошанд.
Ҳуқуқи маънавии онҳо иборатанд аз:
1.    Муошират ва рафтори нек.
Занон барои шавҳароношон амонат қарор дода шудаанд ва муоширати нек, бархӯрди лафзию амалии саҳеҳ ва муҳтарамонаи шавҳар бо ӯ воҷиб аст, зеро Худованди мутаъол мефармояд:
«Ва бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагонӣ кунед, зеро агар онҳоро нописанд кунед, пас, шояд шумо чизеро нописанд кунед, ки Худо дар он чиз хайри бисёрро пайдо кунад».
Нисо – 19
Ҳамчунин Расули Худо (с) мефармояд: «Ҳеҷ марде набояд, бо ҳамсараш душманӣ кунад ва ӯро озор диҳад, агар яке аз ахлоқи ӯро написандад, мумкин аст аз ахлоқи дигари ӯ розӣ бошад».
Аҳмад ва Муслим
Инчунин Паёмбари Худо (с) дар мавриди рафтори нек бо занон таъкид намуда, фармудааст:
«Имони мӯъминоне комилтар аст, ки ахлоқи онҳо беҳтар бошад ва беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо ҳамсарони худ беҳтарин рафторро дошта бошанд».
Аҳмад Тирмизӣ
Ҳамчунин фармудаанд:
«Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо занон ва фарзандони худ рафтори беҳтаринро дошта бошанд ва ман барои хонаводаам аз ҳамаи шумо беҳтарам».
Тирмизӣ
Муошират ва рафтори хуб ин аст, ки мард бо ҳамсараш аз беҳтарин калимот ва писандидатарин кирдор истифода кунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ  бо гуфтору рафтори худ занро мавриди азияту озор қарор надиҳад ва ба каромату шахсият ва манзалати ӯ беэҳтиромӣ нанамояд ва бо хашму хушунат бо ӯ бархӯрд накунад ва дар мавриди махориҷи зиндагии ӯро дар ҳадди тавон розӣ нигаҳ дорад, аз хасисию бухл парҳез кунад ва дар ҳузури занаш аз занони дигар таъриф ва тамҷид нанамояд. Зеро худованди мутаъол мефармояд:
«Ва онҳоро барои зарар расонидан нигоҳ мадоред, то ситам кунед; ва ҳар ки чунин кунад, пас, ҳамоно бар хештан ситам кардааст».
Бақара – 231
2.    Муҳофизат аз каромати зан
Дар зиндагии хонаводагӣ зану мард шахсияти якдигарро комил менамоянд ва ҳар чизеро, ки каромат ва шахсияти яке аз онҳоро ҳифз намояд ё онро халалдор намояд, бевосита ба ҳам таъсир мерасонад. Аз он ҷо ки мард нисбат ба зан маъмулан тавоноии аз ҷисмӣ ва иродии бештар бархӯрдор аст, лозим аст ҳурмат ва каромати зан, ки шарики зиндагиаш аст посдорӣ намояд ва бо ҳар чизе ки сабаби ба вуҷуд омадани нофаҳмӣ ва ё зарару зиён байни онҳо мегардад, пешгирӣ намояд.
Ғайрати мард нисбат ба ҳамсари худ падидаи фитрӣ ва табиӣ аст.  Рӯзе Саъд ибни Ибода (р) аз Паёмбари Худо (с) пурсид: «Агар мардеро ҳамроҳ бо ҳамсарам бубинам, иҷоза дорам бо нӯки шамшерам шиками ӯро пора кунам?» Паёмбари Худо (с) хитоб ба атрофиён фармуд: «Мумкин аст аз ғайрати Саъд дар шигифт шуда бошед, аммо ман (ба хотири эҳтироме ки Худованд баро ҳурмати инсон қоил аст) аз ӯ бештар ҳассосият дорам, зеро Худованд аъмоли зишти пинҳон ва ошкорро ҳаром гардонидааст».
Бухорӣ
Мутаассифона дар миёни ҷавонони мо дар мавриди эҳтироми занҳояш саҳлангорӣ ба чамш мехӯрад, ба гунае ки наварӯсеро мебинем, ки либосҳои зебою ҷалбкунандае ба бар намуда, ки сабаби чашмчаронии мардҳои бегона мегардад, ки ин аз беғайратии ҳамсари ӯ дарак медиҳад. Бешак чунин ҷавоне ҳаққи зани худро адо нанамудааст ва шахсияту каромати занро низ нашнохтааст.
Мард вазифадор аст, ки ба зани худ эҳтиром бигзорад ва аз ҳар гуна рафтор ва кирдоре, ки сабаби нороҳатии ӯ мешавад, парҳез намояд. Зеро занон инсонҳое бо ҳурмат ва кароматанд, набояд бо ӯ ҳамчун барда ва хидматгор бархӯрд шавад ва ё танҳо ба ӯ бо нигоҳи лаззатҳои ҷисмӣ нигоҳ шавад. Ва ин одамҳои ноаҳл ва ноогоҳанд, ки бо занон беҳурматӣ намуда, бо тавҳину истеҳзо бархӯрд мекунанд. Зеро Худованди мутаъол мефармояд:
«Мо фарзандони Одамро муҳтарам ва гиромӣ гардонидаем».
Исро – 70
3.    Бароварда намудани ниёзи ҳамсар
Мард равобити хонаводагиро бар асоси маслиҳат ва манфиати муштарак қарор медиҳад. Зан низ ҳамчун мард ниёз ба таъмин ва такмили ғаризаи ҷинсӣ дорад ва мард лозим аст дар ҷиҳати бароварда намудан ва комил гардонидани ниёзаш танҳо дар фикри худ набошад ва ба зан ҳам таваҷҷӯҳ кунад, то заминаи таваҷҷӯҳашро ба дигарон аз миён бардорад ва дар воқеъ пешгирӣ аз мушкил бисёр беҳтар аз пардохтан ба ҳалли он аст.
Ин ҳаққи зан дар суннати Паёмбар (с) низ собит шудааст.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармудааст:«Абдуллоҳ, шунидаам ҳама рӯзҳоро рӯза мегирӣ ва бисёре аз авқоти (вақтҳои) шабро ба намози шаб мепардозӣ?». Гуфтам: «Бале, дуруст аст ё Расулаллоҳ (с)». Паёмбар (с) фармуданд: «Ин корро макун! Гоҳе бархе аз рӯзҳоро рӯза бигир ва дар бархе аз рӯзҳо аз гирифани рӯза худдорӣ кун! Ба дар бархе аз шабҳо намоз бигзор ва шабҳои дигарро истироҳат кун. Зеро ҷисму чашмон ва ҳамсарат ҳар кадом ҳақ ва ҳуқуқе бар ӯҳдаи ту доранд ва ҳаққи ҳар якро ба хубӣ адо кун!». Паёмбари Худо (с) аз ин тариқ хостанд, ки таваҷӯҳи мусалмононро ба масъулияти худ дар баробари таъмини ниёзҳои табии худ ва ҳамсар ҷалб намоянд.
То ҷое ки қиём ба масъулияти заношӯӣ ба унвони навъе аз ибодат ба шумор меояд ва дар муқобили он подош насибашон мегардад. Зеро Паёмбари Худо (с) фармудааст: «…Ҳамбистарии шумо бо ҳамсарони худ эҳсон ва садақа аст». Хидмати эшон гуфта шуд: «Эй Паёмбари Худо (с) мо ки ба хотири таъмини ниёзи табиии худ бо ҳамсаронамон ҳамбистар мешавем, подоши ухравӣ ҳам хоҳем дошт?!» Расули Худо (с) фармуданд: «Агар аз роҳи ҳаром ин корро анҷом медодед, магар мавриди муҷозот қарор намегирифтед? Ва адои ин масъулият аз роҳи ҳалол ва раво ҳам дорои аҷр ва подош аст».
Муслим
Ибни Қудома мегӯяд: «Ҳар гоҳ мард узре надошта бошад, иқдом ба ҳамбистарӣ бо ҳамсараш бар ӯ воҷиб аст». Имом Молик низ ҳамин раъйро дорад. Дар ривояти Каъб омадааст: «Ҳазрати Умар (р) замоне ки миёни зану шавҳаре доварӣ мекард, мефармуд: «Ин хонум бар ту ҳақ ва ҳуқуқе дорад, агар мехоҳӣ ҳаққи ӯ ва адолатро риоят намоӣ, ҳар чаҳор рӯз як бор бо ӯ ҳамбистарӣ кун ва аз мушкилот ва нороҳатии ӯ пешгирӣ намо».
4.    Ҳифзи асрори заношӯӣ
Яке аз ҳуқуқе, ки зан бар дӯши шавҳари худ дорад, он аст, ки дар мавриди масоили хусуси миёни онҳо чизеро барои дигарон бозгӯ нанамояд. Зеро Имом Муслим аз Абӯсаъиди Худрӣ нақл намудааст:  Расули Худо (с) фармудааст: «Бадтарин ҷойгоҳ рӯзи қиёмат мутааллиқ ба мардоне аст, ки бо ҳамсарони худ ҳамбистар мешаванд ва сипас асрори ҳамбистариро ба дигарон бозгӯ менамоянд».
Имрӯз ҷавонони зиёдеро вомухӯрем, ки ин одати бадро доранд ва аз муносибатҳои ӯ ва ҳамсараш ба дӯстонаш бозгӯ менамояд, ки чинину чунон кардам. Ба ин тариқ мехоҳад барои дӯстонаш «мардонагӣ»-и худро нишон диҳад, аммо чуноне ки зикр шуд, ин асрори зану шавҳар буда, бозгӯи он барои дигарон гуноҳ ва амали зишт ба шумор меравад.
Ба таври хулоса мард ӯҳдадор аст, ки ҳуқуқи зерро риоят намояд, то аз шарофат ва каромати зан чизе коста нагардад:
1.    Пардохтани комили маҳрия: Табаронӣ дар китобҳои «Васит» ва «Авсат» нақл менамояд, ки «ҳар марде ки бо зане издивоҷ намояд ва маҳрияро кам ё зиёд барои ӯ муайян кунад ва қасди пардохти онро надошта бошад, ба унвони зинокор назди Худованд мавриди муҳосаба қарор хоҳад гирифт».
2.    Эҳсоси оромиш: Мард ҳамсари худро ба унвони шарики ғаму шодӣ ва мояи оромишу осудагии зиндагии худ бидонад.
3.    Таҳияи маскани муносиб: Шавҳар бояд барои занаш маскани муносиберо муҳайё созад, то каромат ва эҳтироми зан маҳфуз бимонад.
4.    Омӯзиш: Барои шавҳар лозим аст, ки занро дар омӯзиши масъулиятҳои динӣ ва фарҳанги ахлоқӣ раҳнамоӣ, кӯмак ва водор созад.
5.    Мард бояд аз фароҳам омадани шароите, ки ба ихтилот (омезиш)-и байни занаш ва мардони бегона оварда мерасонад, ҷилавгирӣ намояд.
6.    Кушодарӯӣ: Барои шавҳар лозим аст, ки бо ҳамсари худ хушақлок ва кушодарӯй бошад, ба хотири ризоияти зан бо ӯ ба шӯхию саргармӣ бипардозад ва ӯро мутаваҷҷеҳ намояд, ки аз самими қалб дӯсташ медорад.
7.    Чашмпӯшӣ (аз иштибоҳҳои кӯчак): Мард набояд аз ҳамаи ҳаракот ва кирдору гуфтори ҳамсараш – ба вижа дар ҳузури дигарон – айб бигирад ва беҳтар он аст,к и аз бисёре аз иштибоҳҳои кӯчаки ӯ чашмпӯшӣ намояд ва дар ҳангоми зарурат дар хилват ӯро насиҳат кунад.
8.    Кашф нанамудани асрори хонаводагӣ: Ба хотири ҳифзи ҳурмат ва каромати худ ва ҳамсар ва адои вафои ба паймони муштараки зиндагӣ аз бадгӯӣ ва кашфи асрораш назди дигарон худдорӣ кунад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий