четверг, 23 января 2014 г.

НАСИҲАТ БА ФАРЗАНДОН

* - Ба фарзандат магӯ, биё, намоз бихон ва илло ба дӯзах хоҳӣ рафт, балки бигӯ, эй ҷигаргӯшаам, биё, то намоз бихонем, то ҳама хонадон аз аҳли биҳишт гардем.
* - Ба фарзандат магӯ, эй танбал, бирав, ҳуҷраатро мураттаб кун, ки мисли харобазор шуда аст, балки бигӯяш, ки эй нури чашми падар, ту ки тозагиву тартибро дӯст дорӣ, оё мехоҳӣ, ки касе ёварият кунад, то ҳуҷраатро ба назму тартиб дарорӣ?
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй хирасар, чанд бор гуфтамат, ки дар хонаву кӯча тӯпбозӣ макун, балки бигӯ, ҷони падар, медонам, ки ту истеъдоди тӯпбозӣ дорӣ, аммо хонаву кӯча ҷои тӯпбозӣ нест, бо ёронат як рӯзе дар ҳафта ҷамъ шавед ва дар варзишгоҳи мактаб бозӣ кунед ва қисме аз маблағи иҷораи варзишгоҳро ман мепардозам.
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй бефаҳм, бархезу дарсҳоятро бихон, бозиро тарк кун, чун дарсхонӣ муҳимтар аст, балки бигӯ, эй шодии қалбам, чун аз хондани дарсҳоят фориғ шудӣ, агар хоҳӣ, ман низ муддате чанд дар бозиятон мушоракат мекунам.
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй бетамиз, чанд борат бигӯямат, ки дастонатро баъди тановули таъом бишӯй, ё бархезу дандонатро бишӯй, ё ки ҳар бор ҳатман ман як гапро бигӯям? Балки бигӯй, ки Паёмбарамон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро фармуда аст, ки "ан-назофату мина-л-имон" – "тозагӣ аз имон аст", ман низ шод мешавам, ки дар пайравӣ аз ин сухани Паёмбар дастонат, ё дандонҳоятро бишӯӣ ва маро шод гардонӣ.
 
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй аблаҳ, ту ба ҷуз девори хона ҷои дигаре наёфтӣ, ки бинависӣ? Балки бигӯ, писаракам, ҳадисе аз аҳодиси Паёмбарро {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, ё ҳикматеро бо хатти худ зебо бинавис, то онро дар девор биовезаму ҳама аҳли байт ва меҳмонон аз маънии он баҳра баранд ва аз хушнависии ту лаззат. 
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй беҳудакор, ин чи расми бемаъниву пурхатти каҷҷу килеб аст, ки кашидаӣ, балки бигӯ, ки эй писаракам, оё метавонӣ, ки бароям шарҳ бидиҳӣ, ки чи чизеро расм кашидаӣ? Ин хонаи кист ва ин дарахт чи ном дорад ва ин мошини кист ва ғайра...
* - Ба фарзандат магӯ, ки ба паҳлуи чап махоб, балки бигӯ, Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} моро омӯзонида аст, ки бар паҳлуи рост бихобем ва дуъоҳои зебоеро пеш аз хоб бигӯем. Оё мехоҳӣ, мисли Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бихобӣ ва мисли ӯ зикрҳои хобро бигӯӣ ва хобҳои ширинтаринро бибинӣ? Эй писаракам, мехоҳӣ, ки яке аз устодони карате ҷондори хосат бошад? Оё мехоҳӣ, ки касе аз башар не, балки фариштае ҳимоятгарат бошад? Мегӯяд, ки бале. Бигӯ, ояти курсиро бихон, то Худои таъоло бароят фариштаеро ҳамчун ҷондор (телохранител) бифиристад, ки то субҳдам посбоният кунад.
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй занбурсифат, ширинии зиёд махур, ки дандонҳоят мисли пирони садсола сиёҳ мешаванд, балки бигӯ, бароят дастур дода будам, ки рӯзе се бор ширинӣ бихӯрӣ, зеро яқин дорам, ки дандонҳоятро мешӯӣ.
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй нодон, чаро ба чунин суоле осон посух додан наметавонӣ? Балки бигӯ, ки шояд, ин суол ба ёрмандӣ ниёз дорад, аммо суоли дигарат медиҳам, ки онро худат ба танҳоӣ ҳал кунӣ, зеро суол осон асту ту писари зирак.
 
Ба фарзандат магӯ, ки вақтатро бо бозии хонасозӣ зоеъ макун, балки бигӯ, эй писаракам, ҳунари меъморӣ дорӣ, бо ҳамин бозичаат бароям хонае бисоз, то хонаамро бибинаму ҳунари меъмориятро бори дигар баҳо диҳам.
Ба фарзандат, магӯ, ки эй шикампараст, бисёр махӯр, ки вазнат зиёд шуда асту ҷисмат ситабр, балки бигӯ, эй писарам, биё баъди як соати таъом хурдан бо ҳам тӯпбозӣ мекунем, ё ним соат дар ҳавои тоза варзиш кунем.
Ба фарзандат, магӯ, ки чаро дар вақт намозро намехонӣ, балки чун вақти намоз фаро расид, худ бархез ва бигӯ, ки эй писаракам, иқомати намозро бидеҳ, то якҷо намозро бихонем.
Ба фарзандат, магӯ, ки эй пургӯй, бисёр гап мазан, бо пургӯиҳоят гӯшамро ба дард овардӣ, балки бигӯяш, ки писаракам, суханвари чарбзабон мешавӣ ва барояш мавзӯъеро муайян кун, то дар ҳузури аҳли хонавода баъд аз таъом хурдан ба муддати 3 дақиқа суханронӣ кунад, то рӯҳияи суханвариро дар ӯ парвариш диҳӣ.
Ба фарзандат, магӯ, ки эй фарзандам, чун бузург шудӣ, садақа бидеҳ, балки бигӯ, эй ҷони падар, бархез, биравем ва кори хайре бикунем, ба ятиме садақае бидиҳем, мустамандеро дастгирӣ кунем, ҳоҷати бенавоеро бароварда созем. Онгоҳ, чун ба пеши ятим, мустаманд, ё бенавое расидӣ, молро дар каффи фарзандат бинеҳ, то садақаро ба ятиму мустаманд таслим кунад, то ин кораш барояш дарсе ибратомӯзи фаромушнашаванда гардад.
 
Ба фарзандат, магӯ, ки эй фарзандам, чаро зиёд мехобӣ, балки бигӯ, эй азизам, барвақттар бихоб ва занги соат, ё телефонро барои бомдод бигзору моро барои намози бомдод бедор кун, то аз савоби намози ҳама аҳли хонадон бархурдор шавӣ. Фарзандонат ва аҳли хонаводаро ба навбат бар ин кор бигумор, то ҳар рӯзе яке масъули бедор кардани аҳли хонадон бошад, то рӯҳи масъулиятшиносӣ дар онон пайдо шавад. Ва барояшон ҷоизаи хубе ҳам таъйин фармо! 
Ба фарзандат, магӯ, ки эй фарзандам, чаро дурӯғ мегӯӣ, балки қабл аз ҳама, ҳар сухане ки мегӯӣ, сухани рост бигӯ, ҳатто дар шӯхиҳоят ва ба ҳар ваъдае ки медиҳӣ, вафо кун ва низ чун фарзандат гуноҳе мекунад, бар ӯ сахт магир, чунки уқубати сахт кардан ва маломатҳои паёпай мӯҷиби дурӯғгӯии фарзанд мешаванд. Агар гуноҳе аз фарзандат сар занад, барояш шарт бигзор, ки агар рост, бигӯяд, аз маломату иқоб афв хоҳад шуд.
Дар тарбияи фарзанд талқини хушбинона ва суханони дилгармкунандаро кор банд ва дар дили ӯ ва зеҳни ӯ рӯҳи бовариро биангез ва аз суханони сахт ва рӯҳшикан бипарҳез ва ӯро бо таҳдид карданҳои паёпай ва суханони қабеҳу дурушт тарсу магардон!
Чун фарзандатро аз чизе манъ мекунӣ, ба ҷои он бадиле сазовор тақдим дор, агар аз кори баде манъаш мекунӣ, бадии онро барояш шарҳ бидеҳ ва кори некеро ба ҷои он пешниҳодаш кун!
Беҳтарин тарбияи фарзанд тарбияи амалист, ки худ он корро анҷом бидиҳӣ, онгоҳ фарзандат бе гуфтану амр кардан аз рӯи тақлид анҷомаш медиҳад, зеро падару модар дар бисёре аз хонадон масали аъло ҳастанд ва намунаи пайравӣ. Чи бадбахт аст падаре, ки барои фарзандаш намунаи пайравии нек набошад.(ф,н)

Комментариев нет:

Отправить комментарий