пятница, 24 января 2014 г.

Модарамон Оишаи Сиддиқа (р)

Модарам Оишаи Сиддиқа (р)
Баъд аз биъсати Расули Аллоҳ (с) дар хонаи пур аз сидқу сафо ва имонии Абӯбакр (р), хонае, ки қабл аз дигарон партавҳои офтоби биъсати набавӣ бар он тобид ва қабл аз ҳама нури тавҳид ва яктопарастӣ дар онҷо зоҳир шуд, духтаре дида ба ҷаҳон кушод, ки номи муборакашро Оиша (р) гузоштанд. [1]
Ном, куния ва хонадон
Номи муборакаш  Оиша, лақабаш Сиддиқа ва Умму-л-мӯъминин хитобаш мекарданд . Кунияаш Умму Абдуллоҳ буд ва аз лақаби Ҳумайро [2]  низ барои ӯ истифода мекарданд . Бештари вақтҳо Паёмбари Аллоҳ (с) Оиша (р)- ро ба «Бинти Сиддиқ» садо мекарданд. [3] 
Дар байни арабҳо куния нишонаи шарофатмандӣ ва рамзе барои фазилат ва  ифтихори инсонҳо ҳисоб меёфт . Ҳазрати Оиша, ки  фарзанде надошт, аз куния ҳам бархӯрдор набуд . Боре бо таассуфи зиёд ба Расули Аллоҳ (с) гуфт, ки тамоми занҳои Набии акрам (с) бо номи фарзандҳои пешини худ, дорои куния мебошанд, аммо ман кунияи худро бо номи чи касе бигзорам ? Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Кунияи худро бо номи хоҳарзодаат Абдуллоҳ бигзор». [4] 
Оиша (р) қурайшинасаб буда, аз тарафи падараш ба қабилаи Тамим ва аз тариқи модарӣ ба қабилаи Канона мепайвандад. Силсилаи насаби  падарии модарам Оиша  ба ин қарор аст: Оиша духтари Абӯбакри Сиддиқ ибни Абӯқаҳофа Усмон ибни Омир ибни Амр ибни Каъб ибни Саъд ибни Тайим ибни Мура ибни Каъб ибни Луӣ ибни Ғолиб мебошад. Аз тарафи модар, Оиша духтари Умми Румон духтари Омир ибни Увайм ибни Абдушамс ибни Итоб ибни Узина Ибни Басиъ ибни Ваҳбон ибни Ҳорис ибни Ғунам ибни Молик ибни Канона аст. Насаби ҳазрати Оиша бо Паёмбари Худо (с) дар пушти ҳафтум ё ҳаштум ва аз тарафи модар дар ҷадди даҳум ё ин ки ёздаҳум ба ҳам мепайванданд. [5] 
Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ, падари бузургвори  модарам Оиша (р) дар соли  сенздаҳуми ҳиҷрӣ аз олам даргузаштанд, дар мавриди вафоти модараш ихтилофҳо ба назар мерасанд, таърихнигорон дар ин бобат навиштаанд, ки дар солҳои панҷум то шашуми ҳиҷрӣ вафот намудааст. [6]
Имом Бухорӣ дар китоби « Ат-ториху-с-сағир »- и худ Умми Румонро дар зумраи афроде қарор додааст, ки дар замони ҳазрати Абӯбакр (р) вафот намудаанд ва ин ба ривояти аввалӣ эътироз намудааст. Бухорӣ дар Саҳеҳ ба санади дуруст аз Масруқ ва ӯ аз Умми Румон модари Оиша (р) ривоят кардааст, ки мегӯяд: «Баъд аз ин ки Оиша аз тӯҳмат иттилоъ ёфт, беҳӯш шуд». [7] 
Бухорӣ ривоят мекунад: «Алӣ ибни Зайд аз Қосим ривоят кардааст, ки Умми Румон дар асри Паёмбар (с) вафот намудааст, аммо ин ривоят ҷои баҳс аст ва ривояте, ки аз Масруқ нақл шудааст, дорои санади беҳтар мебошад». [8] 
Ибни Ҳаҷр дар китоби худ – «Таҳзибу-т-таҳзиб» чунин баён намудааст: «Бухорӣ тасриҳ доштааст, ки ҳар кас бигӯяд, ки Умми Румон дар қайди ҳаёти Паёмбар (с) вафот намудааст, иштибоҳ мекунад ва ривояти Масруқ саҳеҳ мебошад». [9]  Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ҳам Бухориро таъйид намуда, дар китобаш далелҳои қонеъкунанда ва таҳқиқоти арзишмандро ироа додааст ва баён кардааст, ки сухани Бухорӣ саҳеҳ мебошад.
Валодати модарам Оиша (р)

Умми Румон дар ибтидо бо Абдуллоҳ Аздӣ издивоҷ намуда буд, пас аз вафоти ӯ ба ақди Абӯбакри Сиддиқ (р) даромад ва аз ҳазрати Абӯбакр (р) соҳиби ду фарзанд ба номҳои Абдурраҳмон ва Оиша (р) шуд . Дар мавриди валодати Оиша (р)  муаррихон ва сиратнигорон таърихи муаянеро нанавиштаанд. [10]
Саҳеҳтарин таърих барои таваллуди Оиша (р) охирҳои соли панҷуми биъсат, баробар бо соли 614- уми меломӣ мебошад. [11]  Аз ин рӯ хонаи Сиддиқи акбар (р) он бурҷи саодате буд, ки нурҳои тобноки хуршеди Ислом пеш аз ҳама  дар он партав афканда буд . Бинобар ин, ҳазрати Оиша (р) аз он афроди баргузидаи Ислом мебошад, ки гушҳои ӯ ҳеҷ гоҳ овози куфр ва ширкро нашнидааст. [12] 
Ҳазрати Оиша (р) фармудааст: «Замоне ки падару модарамро шинохтам, онҳоро мусалмон ёфтам». [13]
Даврони кӯдакӣ
Дар ҳар ҳаракати ҳазрати Оиша (р) аз даврони кӯдакӣ осори саодат ва хушбахтӣ намоён буд . Кӯдакон одатан, дар айёми кӯдакӣ саргарми бозӣ мешаванд. Ҳазрати Оиша (р) низ,  дар тифлӣ алоқаи зиёде ба бозӣ дошт ва духтаракҳои маҳалла назди ӯ гирд омада бозӣ мекарданд, аммо эҳтиром ва адаби Расули акрам (р)-ро ҳамеша мадди назар дошта, ба ҷо меовард. Ӯ аз байни бозиҳо бештар ду бозӣ- «арӯсакбозӣ» ва « туббозӣ»-ро дӯст медошт. [14]
Оиша (р) бозӣ мекард  ва дӯстонаш ҳуҷум меоварданд,   иттифоқан Расули акрам (с) меомад, ӯ арӯсакҳоро зуд пинҳон мекард ва дугонаҳои Оиша (р) бо дидани Расулуллоҳ (с) махфӣ мешуданд. Паёмбар (с) бо кӯдакон муҳаббати хосе доштанд ва бозии онҳоро бад намедонист, бинобар ин духтаронро дубора садо мекард ва мегуфт бо Оиша бозӣ кунед». [15] 
Аллома Надавӣ дар китоби худ  ”Оиша” (р) овардааст, ки «Боре Оиша (р) арӯсакбозӣ мекард, ки Расули акрам (с) расиданд ва дар байни арӯсакҳо як асбе буд, ки дар ду паҳлӯяш  бол зада шуда буд, он Ҳазрат (с) пурсиданд, ки ин чист? Оиша (р) ҷавоб дод, ки асп аст.  Паёмбар (с) фармуданд, ки аспҳо бол надоранд. Оиша гуфт: Аспҳои Сулаймон (а), ки бол доштанд. Он ҳазрат (с) аз ин ҳозирҷавобӣ хушҳол шуданд». [16]  Аз ин ҷо метавон ба ҳозирҷавобии фитрии Оиша, воқеияти мазҳабӣ, заковату зеҳн ва ба суръати фаҳмиши  ӯ пай бурд.
Кӯдакон одатан, дорои табиат ва фитрати ягона мебошанд. Ба чизе аз назари ақлӣ аҳамият намедиҳанд ва ҷизе ҳам аз назари онҳо қобили таваҷҷӯҳ  намебошад. Маъмулан, то сини 8-9 солагӣ наметавонанд ба умқи сухане пай бибаранд, аммо ҳазрати Оиша (р) дар ин хусус  аз табиати вижае бархурдор буд. Ӯ хотирот ва ҳарфҳои кӯдакиро истинбот менамуд. Агар ояте ба гушаш бархурда буд, онро низ ба ёд дошт.
Оиша (р) мефрмояд, ки  ояти «بل الساعة موعدهم و الساعة ادهئ و امر » (Қамар-46) дар Макка нозил шуд, ки ман кӯдаке будаму бозӣ мекардам». [17] 
Оиша (р) ҳангоми ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадина, ҳаштсола буд, аммо дар камсинӣ ҳофиза ва ҳушёрии тавре буд, ки тамоми воқеаҳои ҳиҷрати набавӣ ва масоили ҷузъии онро  низ ба ёд дошт. Ба ҷуз ӯ ҳеҷ саҳобае тамоми воқеаҳои ҳиҷратро пай дар пай ва пурра ҳифз накарда аст. [18] 
Ҳузури фаъол ва таъсирноки  Оиша ва Асмоа (р) дар сафари ҳиҷрати Паёмбар (с) ва Абӯбакр (р) саршор аз тарбияте буд, ки ба дасти падари бузургворашон парвариш ёфта буданд . Онҳо ҳангоми рафтани Паёмбар (с) ба хонаи Абӯбакр (р), аз фармони ҳиҷрат огаҳӣ ёфтанд ва бедаранг барои Расули Худо (с) ва падарашон тӯша ва ғазои сафар омода карданд . Оиша (р) мегӯяд: «Ман ва Асмоа, фавран барои Расули Худо (с)  ва падарамон бор ва ғазои сафар омода кардем ва онро дар як борхалтаи чармин гузоштем. Асмоа порае аз доманашро ҷӯдо кард, то ин ки даҳони борхалтаро бибандад ва аз он ҷо лақаби «Соҳиби ду доман»-ро гирифт». 

Комментариев нет:

Отправить комментарий