пятница, 24 января 2014 г.

Агар шавҳар аз зан розӣ бошад…

Аз модари мӯъминон ҳазрати умми Салама (р) ривот шудааст, ки Паёмбари Худо(с) фармуданд: «Агар зане дар ҳоле вафот намояд, ки шавҳараш аз вай розӣ бошад, аз аҳли Биҳишт хоҳад буд».
Шарҳ:
Аз ин ривоят маълум мегардад, ки хушнудии шавҳар  сабаби биҳиштӣ гардидани зан хоҳад шуд. Бинобар ин набояд зан   ба хотири кӯчактарин чиз бо шавҳараш хархаша намуда, дар масоили пулию молӣ шавҳарашро азият диҳад ва ё ба ҳолати хушӣ ё нохушии шавҳараш бетаваҷҷӯҳ бошад. Чунин амалҳо аз рафтори занони биҳиштӣ нест.  Тавре мушоҳида мешавад, баъзе аз занҳо ҳангоми пирӣ ва заифии шавҳаронашон ҳеҷ гуна таваҷҷӯҳ ба шавҳаронашон надоранд, ҳол он шавҳар дар айёми пирӣ ниёз ба кӯмак ва хидмат дорад. Ҷои тааҷҷуб аст,  ки ин шавҳар ҳамон шахсест, ки дар ҷавонӣ ба хуби хизматашро менамуд, аммо чи шуд ҳоло ки шавҳар ниёз ба кӯмаки бештар дорад,   ҳеҷ гуна  таваҷӯҳе ба онҳо  намешавад, яқинан чунин шавҳаре дар ҳоле аз хоҳад рафт, ки аз ҳамсараш розӣ нахоҳад буд. Дар натиҷа, чунин зане  низ вориди биҳишт нахоҳад гардид. Мутасифона баъзе шавҳарон низ ҳамин бархурди манфиро нисбат ба ҳамсаронашон доранд, ки дар ҷавонӣ ба хуби хоҳишоти онҳоро бароварда менамоянд, аммо ба ҳангоми пирӣ ва ё беморӣ онҳоро раҳо намуда, думболи ҳамсарони дигаре хоҳанд буд. Яқинан чунин шавҳарону ҳамсарон аз аҳли Биҳишт нахоҳанд буд…
Ин ҷо дар муолиҷаву ҳалли ин муаммо кордониву хирадмандии зан маълум мегардад, ки ҳатман муваффақияту пирӯзӣ насибаш мешавад. Ба хусус, вақте бовариву  муҳаббати шавҳарро ба даст оварда бошад, зеро муҳаббат муҳаббату дӯстиро афзун мегардонад ва беҳтарин роҳи ислоҳ кардан ба ҳисоб меравад.
Яке аз донишмандон мегӯяд: «Муҳаббату дӯстӣ гоҳо нафсҳои саркашро рост мекунад. Чӣ тавре ки аҳёнан пояҳои зиндагиро барҳам зада, хароб менамоянд». Аз ин рӯ, мавзӯи чӣ гуна истифода кардани муҳаббат ва фаҳмидани мафҳуми он яке аз мавзуъҳои муҳим гардида, ки бояд онро омӯхта ва таҳлилу баррасӣ намоем.
Зан бо табассуми зебо ва бо тамоми ҳаракатҳои хайрхоҳонаи чеҳрааш метавонад, ки дар дили мард осори лутфу меҳрубонӣ ва шафқату навозиши махсусро бигузорад ва ҳадафҳои зиёдеро дар таҳсину беҳдошти фазои он хонаводагӣ таҳаққуқ бахшад. Чӣ тавр шавҳаратро ҳифз намуда, некбахташ мегардонӣ? Бар дӯши зан нақши бузург ва масъулиятнокест барои некбахтсозиву муҳофизат кардани шавҳар аз фитнаву домҳои фасоде, ки дар беруни хона ҳастанд.
Ин домҳои фасоду фитна гуногуну хатарнок ва инҳирофкунанда мебошанд. Зани хирадманду бомаърифат ҳамон аст, ки шавҳари худро аз фитнаву фасоди роҳҳо халос намуда, машғули саргарми хеш месозад ва тамоми мазоҳири ҷалбкунандаи берун ва чизҳои отифабарангез дар назди ҳикмату равоншиносӣ ва ҷаззибияти чунин зани бомаърифат нопадид гашта, ҳушу ҷони шавҳар мафтуни мамлуки ӯ мегардад.
Зани комёб ҳамон аст, тамоми майлу хоҳишҳои шавҳарашро омӯхта, ҳама чизҳои отифабарангези ӯро чун ранги либосҳои зоҳирӣ ва дохилӣ ва услуби ороиши мавриди писандидаашро низ медонад. Яке аз хатоҳои бузурги бонувон, ин хунукназарӣ ба сару либоси худ дар хона мебошад, то дараҷае, ки шавҳарон вақти бозгашт аз кор дар ҳамсарони худ ба ҷои бӯи атру гул бӯи ошпазхона ва мӯйҳои тамизнашударо пайдо мекунанд.
Бинобар ин, тааҷҷуб накун вақте зани зебоеро мебинӣ, ки шавҳараш ба ӯ аҳамият намедиҳад ва дунболи дигар хонум равон аст. Дар ҳоле, ки зани на онқадар зеборо мебинем, ки дили шавҳарро бо тамоми авотиф ва эҳсосот ба даст овардааст. Бидуни шакку шубҳа дар ин мавридҳо фақат зан ҷавобгар асту бас, на дигарон.
Мо бонувони азизро насиҳат мекунем ба шаклу сурати худ ва зиннату ороиши хеш дар хона сахт аҳамият диҳанд ва ҳеҷ гоҳ шавҳарони худро вақти бозгашт аз кор бо шикояти мушкилоти хонаву кӯдакон пешвоз нагирад. Балки барои онҳо фазои ором, роҳатбахш ва атрогин омода созанд. Чунончи, пешгирӣ аз ғавғои кӯдакон бо машғул сохтани онҳо ба қироати китобу маҷаллаҳои кӯдакона, хушбӯй кардани утоқи истироҳатии шавҳар, хомӯш сохтани чароғхои баланди он. Ҳамчунин барои шавҳарон хӯрокҳои дӯстдоштаашро тайёр намуда, чун номгӯи ғизоҳои ғайримуқарариӣ тақдим намояд.
Хулоса, барои истироҳат ва дур сохтани хастагиҳои ҷисмӣ ва рӯҳии онҳо аз тамоми фикрҳову услубҳои хуб истифода намоянд. 
Дини мубини Ислом барои зан ҳуқуқи зиёде муқаррар намуда, бар дӯшаш баъзе масъулиятҳоро низ гузоштааст. Бузургтарин масъалияти зан ҳаққи шавҳар мебошад. Ин ҷо чанд ҳадис дар тарғиби итоати шавҳар барои зане, ки некбахтии абадии дунёю охиратро мехоҳад, бозгӯ менамоем.
Расули Аллоҳ(с) мефармоянд: «Ҳар вақте ки зан панҷ вақт намозашро ба ҷой орад ва рӯзаи моҳи Рамазонро бидорад ва андоми худро аз маъсияту гуноҳ ҳифз намояд ва аз шавҳараш итоат кунад, барояш (рӯзи қиёмат) гуфта мешавад, ки аз кадом дарҳои биҳишт хоҳӣ, бидаро».
Ибни Ҳиббон
Ва инчунин фармудаанд:  «Кадом зане, ки бимирад ва шавҳараш аз ӯ розӣ бошад, ба биҳишт дохил мегардад». 
Имом Тирмизӣ
«Ҳар гоҳ мард ҳамсарашро ба бистар даъват намояд ва ӯ хоҳиши шавҳарро иҷро накарду шавҳараш бар вай хашм гирифта хобид, малоикаҳо то субҳ ин занро лаънату нафрин мекунанд». 
Бухорӣ ва Муслим
Аз Расули акрам (с) пурсиданд: «Кадом занҳо беҳтаранд?» Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳамон зане, ки чун шавҳар ба вай назар кунад, хурсандаш месозад ва чун фармонаш диҳад, итоат менамояд ва дар тани худ ва моли шавҳар бо шеваи бад рафтору муомила намекунад».  


Комментариев нет:

Отправить комментарий