среда, 3 сентября 2014 г.

Панду ҳикматҳои зиндагӣ

  1. Ғами зан монанди шамоли зудгузар аст.
  2. Зане, ки хушбахтӣ мехоҳад, ба алмоси дасташ не, ба гули ҳадяшуда нигоҳ мекунад.
  3. Зан ҳама чизро мебахшад, аммо фаромӯш намекунад.
  4. Зани иқтисоддон амволи шавҳарро эҳтиёт мекунад.
  5. Марди хушбахт дар дунё се неъмат дорад: забони зикркунанда, қалби шукркунанда, бадани дар бало сабркунанда ва зани солеҳа.
  6. Зане, ки фарзандашро гум кардааст, ҳар рӯз барояш рӯзи аввал аст ва ин ғам пир намешавад.
  7. Назди зан оиди занҳои бегона ҳарф назанед, зеро ӯ ҷуръат пайдо мекунад, ки оиди мардҳои бегона назди шумо ҳарф занад.
  8. Тилло бо оташу зан бо тилло ва мард бо зан об мешаванд.
  9. Санг болои тухм афтад ё тухм болои санг, дар ҳарду зарар бар тухм аст.
  10. Зафари мӯъмин аз ҳаром гурехтан аст.
  11. Кам корҳое ҳастанд, ки анҷом надоранд, аммо бе заҳмат анҷоме нест.
  12. Маҷбурӣ зебо шудан танҳо дар кошонаи ҳусн имкон дорад.
  13. Шахсе, ки аз ҳад зиёд ороиш мекунад, зебогии худро пинҳон карданист.
  14. Барои бадани зебо завқ ва барои рӯҳи зебо дард лозим аст.
  15. Зебогӣ баъзе нуқсонҳоро мепӯшонад.
  16. Дӯстонатонро зиёрат кунед, вагарна хори маӯелон роҳи дӯстиро мепӯшонад.
  17. Барои зиндагӣ кардан бояд хӯрок хӯрд, на барои хӯрок хӯрдан зиндагӣ кард.
  18. Зиндагӣ, ки кардаӣ ҳаққи ҳаётро истифода кардаӣ.
  19. Нафаре ба ту пушт гардонд, зиқ нашав, зеро дӯсту душманатро хоҳӣ донист.
  20. Агар мусибати калон дорӣ магӯ, ки мусибати калон дорам, балки бигӯ: “Худои бузург дорам”.
  21. Ду чизро асло фаромӯш накун: Худо ва маргро.
  22. Гуфтан дигару дар амал татбиқ кардан дигар аст.
  23. Инсон бо забонаш не, бо амалаш бояд сухан бигӯяд.
  24. Ба ягон амал мағрур нашав, зеро амалҳо бо оқибаташон санҷиш мешаванд.
  25. Дониши зиёде, ки бо он амал карда намешавад, кибрро меафзояд.
  26. Шоҳи амалҳо се чиз аст: дар вақти камии мол сахӣ будан, дар танҳоӣ аз Худо тарсидан ва дар назди касе, ки аз ӯ метарсӣё чизе тамаъ дорӣ, ҳақро гуфтан.
  27. свечкиАз пушаймонии амалҳое, ки аз дастамон меомаду накардем, суде нест.
  28. Афзалтарин аъмол хилофи хоҳишоти нафс амал кардан аст.
  29. Ҳайф бар он касе, ки намедонад ва ҳафтод ҳайф бар он касе, ки медонаду амал намекунад.
  30. Дониста кори кам кардан аз надониста кори зиёд кардан беҳтар аст.
  31. Ҷав кошта гандум интизор машав.
  32. Асали ширинтарин ҳам дилбазан мешавад.
  33. Гар ятимеро ғамгин дидӣ, дар назди ӯ сари фарзандатро сила макун.
  34. Дар ҷое, ки ахлоқ нест, дин коре карда наметавонад.
  35. На аз касе хафа шаву на касеро хафа кун.
  36. Бо бадахлоқон сӯҳбат макун, то ба гуноҳ кардан водорат накунанд.
  37. Ҳасадхӯронро роҳату бадахлоқонро шараф нест.
  38. Чунонки об ифлосиро пок мекунад, ахлоқ низ тинати инсонро пок мекунад.
  39. Хушгуфторӣ ба забон мушкилӣ намеорад.
  40. Аз аҳмақ дурӣ ҷустан ба Худо наздик шудан аст.
  41. Аҳмақӣ дар хатоҳо исрор кардан аст.
  42. Аҳмақро таърифи хеш хуш меояд.
  43. Ду чиз далели аҳмақист: яке бесабаб хандидан ва дигаре напурсида хабар додан.
  44. Аз ҳамроҳӣ бо аҳмақ танҳоӣ беҳтар аст.
  45. Ифлосии гуноҳро об не, ашки чашм мешӯяд.
  46. Ба ҷое, ки об меравад, он ҷо чабз мешавад ва ба ҷое, ки ашки чашм мерезад, он ҷо раҳмат нозил мешавад.
  47. Аз тухми бад меваи хуб ҳосил намешавад.
  48. Бадӣ аз ҷоҳилӣ сар мезанад.
  49. Сарчашмаи бисёри бадиҳо муҳаббати мол аст.
  50. Дур шудан аз бадӣ, аз некӣ кардан беҳтар аст.
  51. Шахсе, ки айби худро намебинад, айби дигаронро бузург мебинад.
  52. Айбҳои дӯстатро дар танҳоӣ барояш бигӯй.
  53. Ақл, ки бутун шуд, сухан кам мешавад.
  54. Ҳар касе, ки аз адаб маҳрум мондааст, аз ҷумлаи некиҳо маҳрум мондааст.
  55. Худованд ба золим мӯҳлат медиҳад, аммо фаромӯшаш намекунад.
  56. Хоҳӣ, ки айбат пӯшидаю танат саломат бошад, кам бигӯ, бисёр шунав.
  57. Ақл низ мисли замин аст, онро кишт мебояд.
  58. Фикри хуб, сухани хуб ва амали хуб, нишони хубии инсон аст.
  59. Дар дунё ягон ақл бе вуҷуди ақли дигар ба вуҷуд намеояд.
  60. Китоб ғизои ақл аст.
  61. Ду чиз ақлу тадбирро ботил мекунад: саросема шудан ва чизи набударо хостан.
  62. Бо илми дигарон соҳиби илм мешавем, аммо бо ақли худ соҳиби амал.
  63. Барои ба Худо наздик шудан ба амрҳояш бо амал наздик бояд шуд, на бо хаёл.
  64. Худованд дар чизҳои ҳаромкардааш шифо халқ накардааст.
  65. Шахсе, ки Худоро мешиносад ва итоат мекунад, дар зиндон бошад ҳам, бахтиёр аст.
  66. Агар Худоро дӯст дорӣ, ҳукмҳои онро низ дӯст хоҳӣ дошт.
  67. Фурсат мисли абр зудгузар аст.
  68. Дар миёни душвориҳо фурсатҳо хобидаанд.
  69. Бунёди хаёл аз дониш муҳимтар аст.
  70. Аз Худованд ҳама вақт некӣ бихоҳ, то доим некӣ насибат шавад.
  71. Номи он кас пас аз маргаш зикр намешавад, ки аз дасти ӯ касе нон нахӯрдааст.
  72. Хандаи зебо мисли офтобест, ки вориди хонаи торик гаштааст.
  73. Инсон аз хатоҳои худ бисёр чизро метавонад омӯзад.
  74. Хатои бузургтарини табибон рӯҳро фикр накарда, дар паи табобати ҷисм кӯшиш кардан аст.
  75. Таърих не, хатоҳо такрор меёбанд.
  76. Фаромӯш кардани хато бадтарин кор аст.
  77. Шайтонро хато шайтон накард, балки ҳимоя аз хатои хеш шайтон кард.
  78. Эътироф кардани хато шараф аст.
  79. Касе, ки ақрабояшро дӯст намедорад, касе ӯро низ дӯст намедорад.
  80. Хиёнат занҷири дӯстиро сиёҳ мекунад.
  81. Аз пуле, ки гузаштӣ, онро вайрон макун.
  82. Истифода, ки бурдӣ, истифодашавиатро фаромӯш накун.
  83. Хубон бе душман нестанд.
  84. Хубиро пинҳон кардан аз пинҳон кардани бадӣ авлотар аст.
  85. Бадкоронро хубӣ кардан, худ хубиест.
  86. Хубӣ санъати инсонист.
  87. Чӣ тавре, ки корҳои бадатро пинҳон мекунӣ, корҳои некатро низ пинҳонӣ кун.
  88. Хуб шудан осон, аммо одил шудан душвор.
  89. Миллатҳо гуногун мешаванд, аммо хубиҳо барои ҳама миллат яканд.
  90. Хубиро на ҳама кас мефаҳмад, аммо бадиро ҳама мефаҳманд.
  91. Худпарастҳо як одати хуб доранд: доимо дар бораи худ гап мезананд, яъне ғайбат намекунанд.
  92. Худпараст мисли дарахти бемева танҳо қоқ шуда меравад.
  93. Агар хубиатро бовар кардан хоҳӣ, дар бораи он чизе магӯй.
  94. Худпарастӣ далолати заифии ақл аст.
  95. Хоҳӣ, ки ҳаст бошӣ худро ҳеҷ бидон.
  96. Шахсе, ки ба дигарон хушбахтӣ мехоҳад, худ хушбахт аст.
  97. Бо хурсандии дунё мағрур машав.
  98. Хурсандӣ барои тақсим кардан аст.
  99. Хурсандӣ дурӣ ҷустан аз шикоят аст.
  100. Пардохти хандаи бисёр ашки чашм аст.
  101. Инсон ҳақиқатро не, ба ҳақиқат монандро бовар мекунад.
  102. Барои ҳақиқатро пуштибонӣ кардан бояд аввал худ ба он бовар дошта бошӣ.
  103. Роҳ барои расидан ба ҳақиқат яктост, аммо барои дур шудан аз он ҳазортост.
  104. Дурӯғ чорхез мезанаду ҳақиқат қадамзанон меравад, аммо боз ҳам ҳақиқат дар вақташ мерасад.
  105. Бахшидани золим хиёнат аст.
  106. Касе туро хафа кунаду боз бахшиш пурсад, ту хафааш макун ва бубахш.
  107. Хоҳӣ, ки аз ғаму ғусса эмин бошӣ, ба моли дунё дил мабанд.
  108. Душманро бахшидан бузургист, аммо онро фаромӯш кардан аҳмақист.
  109. Аз хизматҳое, ки бо тарки адаб иҷро шудаанд, суде нест.
  110. Дар он ҷо, ки гургон истило кардаанд, гӯсфанд машав.
  111. Кореро, ки шамшер наметавонад, адолат метавонад.
  112. Ҳар як лаҳзаи зиндагӣ ҳаққи худро талаб мекунад.
  113. Зиндон бояд таҳти назорати ҷиддии маънавӣ бошад, вагарна моли аҷнабиён гардида, душманони миллатро ба озодӣ мебарорад.
  114. Шахсе, ки аз бадӣ хушаш меояд, худ бад аст.
  115. Касе, ки мехоҳад аз дунё вафо бинад, аз аҳли дунё вафо интизор набошад.
  116. Зулму бевафоиву ҳилла дар касе, ки бошад, зарараш ба худи ӯ бармегардад.
  117. Зулми бузург ба майнаи сар онро ба кор надаровардан аст.
  118. Зоҳиди ҳақиқӣ он аст, ки зоҳидиашро дар амал нишон медиҳад.
  119. Боақл талаби дунё кунаду ҷоҳил тарки дунё, пас ҷоҳил ба Худо наздиктар аст.
  120. Худованд барои ибодат дасти касеро набастааст.
  121. Иффату шикаму номусро ҳифз кардан, ибодат аст.
  122. Аз тарси Худо ашк резондан ибодати орифон аст.
  123. Вақт қиммат аст, аз ин рӯ танҳо барои корҳои қиммат сарфаш кунед.
  124. Сахтии қалб се аломат дорад: аз ибодати Худо завқ нагирифтан, аз гуноҳ кардан натарсидан ва аз марг ибрат нагирифтан.
  125. Барои ибодат вақти холӣ ҷустан аҳмақии нафс аст.
  126. Худованд панҷ чизро дар панҷ чиз ҷой кардааст:
  127. Иззатро дар ибодат
  128. Зиллатро дар гуноҳ
  129. Ҳайбатро дар намози нимашаб
  130. Ҳикматро дар шиками холӣ
  131. Фаровонии ризқро дар саҳархезӣ.
  132. Шахсе, ки аз ҳодиса ибрат намегирад, нобиноияш беҳтар аст.
  133. Шахсе, ки фикр намекунад, бар ақли худ зулми бузург кардааст.
  134. Якравӣ сустии ирода аст.
  135. Хоҳӣ, ки дуруст хонадор шавӣ, бо ҳамсавияи хеш хонадор шав.
  136. Ҳар чиз роҳе дорад ва роҳи ҷаннат омӯхтани илм аст.
  137. Ҷӯстани имл ҷиҳод ва таълими он садақа аст.
  138. Агар илмро бо умед кардан ба даст оварда мешуд, ҳамаи одамон олим мешуданд.
  139. Илмомӯзӣ се сабаб дорад: бисёр дидан, бисёр азоб кашидан ва бисёр меҳнат кардан.
  140. Дарахтон бисёранд, аммо на ҳамаашон мевадоранд, меваҳо зиёданд, аммо на ҳамашон ширин, илм ҳам зиёд аст, аммо на ҳамааш муфид.
  141. Шахсе, ки илмро наменависад, олим ҳисоб намеёбад.шахси беилм дар дунёву охират қадр надорад.
  142. Шахсе, ки илмро ҷамъ мекунаду ба дигарон намедиҳад, мисли дарахтест дар биёбон.
  143. Хондан рӯҳро воло мекунад.
  144. Шахсе, ки ба илмаш амал намекунад, мисли ҳайвонест, ки бар ӯ китоб бор кардаанд.
  145. Нодонеро, ки нодонияшро медонад, таълим бояд дод ва аз нодоне, ки худро доно меҳисобад, дур бояд шуд.
  146. Зарфи обгириро хоҳ дар чоҳ андозию хоҳ дар баҳр ба қадри ғунҷоишаш об мегирӣ.
  147. Мисли парранда париданро, мисли моҳӣ шино карданро омӯхтаем, аммо афсӯс, ки санъати бузургеро аз даст додаем ва он санъати инсонвор зиндагӣ кардан аст.
  148. Дониш мисли нур аст, онро истифода барӣ равшантар мешавад.
  149. Инсоне, ки бо илм зинда мешавад, намемирад.
  150. Фикр нокарда омӯхтан фоида надорад.
  151. Охири сафари беилмӣ торикист.
  152. Қалбро имон бунёд мекунад.
  153. То он вақте ки лаззати дунёро аз худ дур накунед, лаззати имонро нахоҳед чашид.
  154. Шахсе, ки пинҳонӣ хубӣ мекунад, ба Худованд бовар дорад.
  155. Душмани инсон нафс асту ёрдамчиаш шайтон ва майдонаш дунёст.
  156. Имон боварӣ ба онест, ки ӯро намебинӣ.
  157. Имтиёз дарро тақ тақ мекунад, аммо танбал аз овози он нороҳат мешавад.
  158. Шахсе, ки барои бадбинӣ имконият меҷӯяд, имкони дӯст доштанро аз даст медиҳад.
  159. Инсони бузург доимо мамнуну роҳат аст, инсони кӯчак бошад, доимо ғамгину дар талош.
  160. Инсонро бо намуди зоҳириаш пешвоз гирифта, бо ботинаш гусел мекунанд.
  161. Қиммати инсон аз ҳамнишинонаш маълум мешавад.
  162. Мӯъҷизаҳо зиёданд, аммо ҳеҷ мӯъҷизае бузургтар аз инсон нест.
  163. Инсони бад нест, балки инсонҳое ҳастанд, ки бар ҳиссиёташон маҳкум шудаанд.
  164. Одами паст ғурури баланд дорад.
  165. Дараҷаи инсон дар назди Худованд зиёд, ки шуд, марҳаматаш ба мардум зиёд мешавад.
  166. Инсонро ду чиз маҳв мекунад: бисёр сухан гуфтану моли зиёд ҷамъ кардан.
  167. Заифтарин инсон онест, ки ғуломи шаҳваташ гардидааст.
  168. Оҷизтарин инсон касест, ки зери бори кибри хеш мондааст.
  169. Пул бештар инсони сохта тайёр мекунад.
  170. Инсон, ки бо фарзандаш фахр кард, маънои бо худаш фахр карданро дорад.
  171. Инсонр бовар кун, аммо нафсашро не.
  172. Инсон барои гуруснагиву мушкилиаш не, барои дӯзд буданаш дуздӣ мекунад.
  173. Инсон аввал барои мол саломатиашро аз даст медиҳад ва баъдан барои барқарор кардани саломатӣ молашро аз даст медиҳад.
  174. Агар инсон набошӣ ҳастиат қиммате надорад.
  175. Инсон хатоҳояшро дар вақти хурсандиаш не, дар вақти ғамгиниаш мефаҳмад.
  176. Ҳолатҳо дигар намешаванд, мо дигар мешавем.
  177. Шахсе, ки як хаторо ду бор такрор намекунад, оқил аст.
  178. Ба мисли чашми инсоф тарозуи комиле нест.
  179. Ба мисли баҳр мол ба даст ору ба мисли киштӣ болои он бош.
  180. Хӯроке, ки барои меҳмон омода мешавад, исроф надорад.
  181. Роҳи Пайғамбар (с) аз ихлос иборат буд.
  182. Шахсе, ки ишқро девонагӣ мепиндорад, аз сирри ҳаёт дур мондааст.
  183. Ишқ ду танҳоро ба якдигар расонидан ва якдигарро муҳофизат кардан аст.
  184. Ишқ болоравию пастравӣ дорад. Боло, ки рафтӣ сарат чарх мезанад ва поён, ки фаромадӣ дилат беҳузур мешавад.
  185. Ишқ мисли шамол аст, аз куҷо омаданаш маълум нест.
  186. Ишқ меҳмони беодоби қалб аст.
  187. Ишқ сӯхтан аст, на ин ки сӯзондан.
  188. Ишқи ҳақиқӣ инсони ошиқро аз бандагии ғурураш озод мекунад.
  189. Духтари зебо дӯстдошта нест, балки дӯстдошта духтари зебо аст.
  190. Муҳаббат аз эҳтиром боло аст. Зеро ҳамаро метавон эҳтиром кард, аммо муҳаббат танҳо ба нафаре бахшида мешавад.
  191. Моли камдошта фақир нест, балки ҳарис фақир аст.
  192. Каъба пулдор не, ошиқ меравад.
  193. Мукофоти ҳаҷҷи қабулшуда ҷаннат аст.
  194. Ғуруратро фурӯ бар, дар он ягон моддае нест, ки ба саломатиат зарар расонад.
  195. Инсон чӣ қадаре, ки дар қалбаш кибр дошта бошад, дар сараш ҳамон қадар нуқсон дорад.
  196. Кибр ба мисли сангест, дар миёни дарё, на шино карда метавонаду на парида.
  197. Кӯҳро бо нӯги сӯзан сӯрох кардан аз баровардани кибр аз қалб осонтар аст.
  198. Касе, ки ба ҷилди китобу зан бовар мекунад, иштибоҳи сахт мекунад.танҳо китобҳои хондаатро ба дигарон тавсия бидеҳ.
  199. Бӯи тифл бӯи ҷаннат аст.
  200. Дасти афтидаро бигир, то рӯзе, ки афтӣ дасти туро низ бигиранд.
  201. Аз ҷӯй, ки гузаштӣ аспатро иваз макун.
  202. Ба худат қабр не, худатро ба қабр омода кун.
  203. Ба он чизе, ки шуморо дар қабр ҳамроҳӣ намекунад, дил набандед.
  204. Он чизе, ки арзишманд аст, бе ҷидду ҷаҳд ба даст намеояд.
  205. Тилло ба замин афтад ҳам қадрашро гум намекунад.
  206. Фардоро бо имрӯз бихар.
  207. Инсон то аз кор маҳрум шудан ба он нафрат дорад.
  208. Ҳаётро дӯст дорӣ вақтатро беҳуда сарф макун, зеро вақт ҳаёт аст.
  209. Қалб бо чизе, ки пур бошад, аз забон ҳамон мерезад.
  210. Шахсе, ки адабаш кам бошад, тақвояш фақир мешавад, тақво, ки фақир мешавад, қалб мемирад.
  211. Чашми қалб, ки пир шуд, аз чашми сар фоидае нест.
  212. Қалб, ки ба бемории дунё гирифтор шуд, аз вазъу насиҳат хушаш намеояд.
  213. Таърифу танқиди мардум ба қалб зарар дорад.
  214. Худованд қалби бесуханро гӯш мекунад, аммо сухани беқалбро не.
  215. Ҳар як чизеро чизе нест мекунад ва нестии қалб шикамсерист.
  216. Қаноаткунанда мӯҳтоҷ намешавад.
  217. Агар молро дӯст дорӣ, онро бо ҳирс не, бо қаноат талаб кун.
  218. Ризқат чизе бошад ҳамонро мегирӣ, пас ғам махӯр.
  219. Аз қаноат касе намурд ва аз ҳирс касе бой нашуд.
  220. Қарз гирифтан ба талбидан баробар аст.
  221. Қарз оғози ғуломист.
  222. Қаҳриро оштӣ додан аз намози нафливу рӯза болотар аст.
  223. Қуръонро аз зебо хондан дида, дурусту бо тадаббур хондан авлотар аст.
  224. Фариштагон Қуръон намехонанд, аммо фурӯд омада, шахсони қуръонхонро гӯш мекунанд.
  225. Марде, ки ҳамаи чизи донистаашро ба ҳамсараш мегӯяд, маънои онро дорад, ки чизе намедонад.
  226. Ҳар як таваллуд қосиде аз марг аст.
  227. Маргро фаромӯш кардан нишонаи сиёҳии қалб аст.
  228. Мазорҳоро зиёрат кунед, то маргро ба хотиратон орад.
  229. Ҳар тапиши дил овози қадами марги хеш аст.
  230. Шахсеро, ки аҷалаш расидааст, ягон ҳила илоҷашро намеёбад.
  231. Ҳар кас ба қадри имкони дар дастдоштааш масъул аст.
  232. Шахсе, ки долони хонаи хешро тоза намекунад, ҳаққи шикоят кардан аз боми барфолудаи ҳамсояро надорад.
  233. Бори девҳоро мурчаҳо кашида наметавонанд.
  234. Кори имрӯзаро ба фардо магузор, зеро фардо сухани оҷизон аст.
  235. Ҳисси масъулият аз имондорӣ тавлид меёбад.
  236. Чӣ қадаре, ки имтиёз дорӣ, ҳамон қадар масъул ҳастӣ.
  237. На танҳо барои корҳои дар даст доштаамон, балки барои корҳои аздастдодаамон низ ҷавобгарем.
  238. Занбӯр об мехӯраду асал медиҳад, мор ҳам об мехӯрад, аммо заҳр мепошад. Ин қонуни тағйирнопазири ҳаёт аст.
  239. Касе, ки машваратро тарк мекунад, роҳи ростиро гум мекунад.
  240. Рӯҳ феҳристи афкор аст.
  241. Барои ояндаи хуб барпо кардан, гузаштаро хуб бояд донист.
  242. Беҳтарин мерос дӯстии худро ба мерос гузоштан аст.
  243. Меҳмон бо даҳ қисмат меояд. Якеро мехӯраду нӯҳтояшро мегузорад.
  244. Заҳматкаш вақти фикри бад кардан надорад.
  245. Барои танбалҳо бахт вуҷуд надорад.
  246. Афзалтарин хӯроке, ки хӯрда мешавад, аз заҳмати дасти хеш аст.
  247. Шахси бекорро шайтон дӯст мегардад.
  248. Заҳмат накашида фикри ҷаннатро кардан танҳо хаёл аст.
  249. Ҳамаи заҳмати инсон барои меъдааш бошад, пас қадраш ҳам баробари баровардаи меъдааш аст.
  250. Оби равон ифлос намешавад.
  251. Рӯбоҳ худро аз пасмондаи шер сер мекунад.
  252. Чеҳраи фаромӯшнашаванда танҳо чеҳраи модар аст.
  253. Ягон муҳаббату шафқат ҷои муҳаббату шафқати модарро гирифта наметавонад.
  254. Зан модар, ки шуд ба камол мерасад.
  255. Модар барои шифои фарзандаш доруи талх медиҳад, Худованд ҳам барои бандаи дӯстдоштааш талхии дунёро мечашонад.
  256. Худованд ба баъзе бандаҳо зиёдтар мол медиҳад, то ба дигарон кӯмак расонанд.
  257. Муаллим мисли шамъ аст, худ месӯзад, то дигаронро равшан созад.
  258. Шарти муваффақият имон ва ҷаҳд аст.
  259. Муваффақияти боҳилла дер давом намекунад.
  260. Муваффақияти ҳақиқӣ тарси номуваффақиятиро нобуд кардан аст.
  261. Мунофиқӣ чор сабаб дорад: ғайбат кардан, ҳасад хӯрдан, моли ҳаром истифода кардан ва ноумед аз раҳмати Худованд шудан.
  262. Вақте ки мусибат аз сар дур мешавад, Худое, ки дар аз байн бурдани мусибат кӯмак карда буд, фаромӯш мешавад.
  263. Дар он ҷое, ки муҳаббат набошад, он ҷо ақл ҳам нест.
  264. Муҳаббат зебогии рӯҳ аст.
  265. Барои дидани офтоб эҳтиёҷ ба нури офтоб лозим.
  266. Мӯъмин бояд нармтабиат бошад.
  267. Агар бадӣ кардан ғамгинат созад, пас мӯъмини комил ҳастӣ.
  268. Мӯъмин аз Худо умед мекунаду мунофиқ аз ҳама кас.
  269. Бародари мусулмонатро дар се ҳолат тарк макун: дар бемориаш зиёрат кун, дар машғулияташ ёрӣ кун, дар фаромӯшӣ ёдаш кун.
  270. Намоз ба меъроҷ рафтан аст.
  271. Шахсе, ки диққаташ ба намоз аст, гӯшаш ба садои азон мешавад.
  272. Касе, ки ду ракат намоз хонаду дар байни намоз фикри дигаре ворид нашавад, гуноҳҳои пешинааш бахшида мешаванд.
  273. Чӣ қадаре, ки доро бошӣ, ба қадри сериат мехӯрӣ.
  274. Асалро на ангуштдарозон, балки онҳое мехӯранд, ки насибашон аст.
  275. Барои насиҳат марг кифоя асту барои ғамхӯрӣ қабр.
  276. Насиҳати беҳтарин намунаи хуб шудан аст.
  277. Майл ба касе кун, ки бо рафтораш насиҳат мекунад, на бо суханаш.
  278. Насиҳат кардан осон, аммо ибрат шудан душвор.
  279. Бадтарин нафрат ба ақрабои худ нафрат кардан аст.
  280. Бадбинӣ худҷазодиҳист.
  281. Ба нафс гапатро гузарониданат он вақт маълум мешавад, ки аз хостаҳояш даст кашӣ.
  282. Ҳар касе, ки бо амри орзуҳои нафсаш амал мекунад, оқибат маҳв мешавад.
  283. Неъмати бузургтарин наҷот ёфтан аз орзуҳои нафсонӣ аст.
  284. Шахсе, ки гуфтаҳои нафсашро гӯш мекунад, айбҳояшро намебинад.
  285. Аз хотири хубӣ душман дӯст мешавад, аммо ба нафс ҳар қадаре, ки хубӣ кунӣ, ҳамон қадар душман мешавад.
  286. Ҳар кас, ки худро арзишманд меҳисобад, аз тавозӯъ дур мондааст.
  287. Душмани ашаддии инсон нафс ва гуноҳ аст.
  288. Пурқувваттарин инсон касест, ки орзуҳояшро тарк карда метавонад.
  289. Харҷ кардани неъмат дар роҳи Худо шукр кардан аст.
  290. Дар оинаи шикаста кӯшиши дидани акси бутунро набояд кард.
  291. Амалҳо аз ниятҳо вобастаанд.
  292. Бисёр амалҳои хурд ҳастанд, ки ният онҳоро бузург мекунад ва бисёр амалҳои бузурге ҳастанд, ки ният онҳоро кӯчак мекунад.
  293. Шахсе, ки чӣ кор карданашро намедонад, кораш тамом намешавад.
  294. Сарвати ноҳақ ҷамъ кардан мисли барфест, ки болояш оби гарм гузошта шудааст.
  295. Ба як нафар ноҳақӣ кардан ба тамоми ҷамъият таҳдид кардан аст.
  296. Агар хоҳӣ, ки дигар шавӣ шуда метавонӣ.
  297. Инсон то озод набошад, хурсанд намешавад ва озодӣ бошад, танҳо озодии қалб аст.
  298. Шахсе, ки бо тарс зиндагӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ озод нест.
  299. Оиладориро вуҷуд не, рӯҳ пеш мебарад.
  300. Олим вафот кунад ҳам, зинда аст ва ҷоҳил зинда ҳам бошад, мурда аст.
  301. Ҷоҳилон зиёд шаванд, олимон ғариб мешаванд.
  302. Душмании олим беҳ аз дӯстии ҷоҳил.
  303. Ҷуръати ҷоҳил аз нашинохтани Худованд аст.
  304. Баъди падар шудан инсон мефаҳмад, ки аз хурсании худ болотар хурсандии фарзандаш аст.
  305. Падар шудан осон, аммо падарӣ кардан душвор аст.
  306. Ба ҳар Фиръавн Мӯсое ҳаст.
  307. Пирӣ мисли боло баромадан аст, чӣ қадаре, ки боло равӣ ҳамон қадар нафастанг мешавӣ, аммо нигоҳат васеъ мешавад.
  308. Пул, ки ба сухан даромад, ҳақиқат хомӯш меистад.
  309. Пурхӯрию саломатӣ як ҷо намеистанд.
  310. Шаҳди пушаймониро чашидан нахоҳӣ, пас фурсати дар дастдоштаатро мукаммал истифода бар.
  311. Рафиқи бад ба ҷисм не, ба рӯҳ зарар мерасонад.
  312. Марҳамат накунӣ марҳамат намебинӣ.
  313. Қалбҳои дӯстонро шикастан бар муроди душманон амал кардан аст.
  314. Ягон дарро вақти баромадан сахт мапӯш, шояд хоҳиши дубора баргаштан пайдо шавад.
  315. Барои Худо, ки кардӣ дӯстӣ аст ва барои мардум, ки кардӣ риё аст.
  316. Риё, бар ивази амал интизори дунё шудан аст.
  317. Давои риё пинҳон кардани амал аст.
  318. Дурустӣ ва дурӯғгӯӣ доимо бо ҳам дар ҷанганд. Ин ҷанг он вақт поён меёбад, ки яке аз инҳо майдонро тарк кунад.
  319. Фишори рӯҳамон баданамонро бемор мекунад.
  320. Бадан номзадест, барои марг, аз ин рӯ мепӯсад.
  321. Ҳукм накунед ба чизе, ки замон онро тағйир медиҳад.
  322. Ба ҳама кас гӯш бидеҳ, зеро аз ҳар кадоми онҳо сабақе метавон гирифт.
  323. Дарс додан , худ ба такрор дарс хондан аст.
  324. Калиди ҳама чиз сабр аст. Чӯҷаро бо шикастани тухм ба даст наметавон овард.
  325. Сабр ин талхиро чашида, чеҳраро дигар накардан аст.
  326. Сабр балоро сабук мекунад.
  327. Дар сабри кам каромоти зиёде аст.
  328. Аз қаҳри одами босабр битарс.
  329. Он чизе, ки ба фақир медиҳӣ, пеш аз он ки ба ӯ расад, ба Худо мерасад.
  330. Садоқате, ки бо пул гирифта мешавад, бо пули калонтаре фурӯхта мешавад.
  331. Шахсе, ки дӯсташро аз худ боло намедонад, садоқат надорад.
  332. Самимият забон надорад, аз чашм фаҳмида мешавад.
  333. Шамъ барои даргирондани шамъи дигар чизе гум намекунад.
  334. Саховатманди ҳақиқӣ он аст, ки дар бораи худ ҳарфе намезанад.
  335. Сиёсатмадор барои хатоҳои калонро пинҳон кардан, хатоҳои хурдро эътироф мекунад.
  336. Ҳеҷ чиз дар назди Худованд сода нест.
  337. Тарси банда аз Худованд ба қадри донистааш мешавад.
  338. Ҷамоли инсон аз зебогии суханаш мешавад.
  339. Инсон махлуқест, ки чӣ хеле фикр кунад, ҳамон хел шакл мегирад.
  340. Бузургақлон фикрҳоро, миёнақлон ҳодисаҳоро ва заифақлон мардумро зикр мекунанд.
  341. Бузургии инсон дар фикраш аст, на дар ҷисмаш.
  342. Кори саросема ба инсон фурсати фикр кардан намедиҳад.
  343. Фикр накарда омӯхтан зоеъ кардани вақт аст.
  344. Вақт нишон медиҳад, ки ҷаннат осон нест ва ҷаҳаннам беҳуда нест.
  345. Шахсе, ки ҳаё дорад, бадӣ намекунад.
  346. Роҳи аз ҳамаи бадиҳо дур истодан, забонро нигоҳ доштан аст.
  347. Дар ҷаҳаннам оташе нест, ҳар як инсон онро бо худаш аз дунё мебарад.
  348. Машаққат асоси мукофот аст.
  349. Касе, ки аз Худо натарсад, аз банда шарм намекунад.
  350. Шахси бахи дар дунё фақир зиндагӣ мекунад ва дар охират мисли дороён пурсида мешавад.
  351. Бахил зоҳиран солим бошад ҳам, дар асл аз таъсири ҳасад бемор аст.
  352. Бахилӣ ҳиссиётест, ки инсонро ҳақир мекунад.
  353. Бузургтарин беадолатӣ беҷазо мондани ҷинояткор аст.
  354. Ба пои шахси бекор шайтон банд мешавад.
  355. Бемор не, шахсе мемирад, ки аҷалаш расидааст.
  356. Боақл се тоифаро ҳақир намебинад: олимон, ҳокимон, дӯстон.
  357. Боақл онест, ки аз ҳама кас чизе момӯзад.
  358. Бисёр бовар макун ба он нафаре, ки аз кучактарин чиз қаҳр мекунаду меранҷад.
  359. Сатҳи ақли инсонро аз саволи додааш мефаҳманд.
  360. Бе устод камолот наметавон ёфт.
  361. Вазифа кори бузург кардан нест, кори лозимаро анҷом додан аст.
  362. Мегӯӣ, ки аз пагоҳ дигар мешавам, пас чаро аз ҳамин рӯз оғоз намекунӣ.
  363. Ҳеҷ гоҳ магӯй пагоҳ дигар мешавам, зеро имрӯз пагоҳии дирӯз аст.
  364. Вақт қимматтарин сармояи инсон аст.
  365. Вақт мисли замини корам аст. Чӣ қадаре, ки хуб истифодааш барӣ ҳамон қадар хуб ҳосил медиҳад.
  366. Замону забонро эҳтиёт кун, зеро ин ҳарду чизҳои арзишманд ҳастанд.
  367. Ба қадри тавоноият ваъда деҳу аз ваъдаи додаат зиёдтар иҷро кун.
  368. Захме, ки маҳкам намешавад, захми виҷдон аст.
  369. Инсон аз виҷдони худ чизеро пинҳон карда наметавонад.
  370. Беҳтарин чизе, ки волидайн бояд ба фарзандон ҷудо кунанд, ин вақт аст.
  371. Ҳайрони нафаре ҳастам, ки аз тарси беморӣ аз хӯрок даст мекашаду аз тарси азоб аз гуноҳ не.

Комментариев нет:

Отправить комментарий