пятница, 30 мая 2014 г.

ЗИНДАГИ БО ЗАН ХУШ АСТУ УМР БО ЗАН БАРДАВОМ

Худованд дар олам як мавҷуди қавиро халқ карду номашро мард гузошт . Аз у пурсид : - Оё рози ҳасти аз ҳаёт?  
Ҷавоб дод : - Ҳаргиз ! 
Пурсид : Чи мехоҳи ? 
Гуфт : - Оинае мехоҳам , ки дар он бузургии худро бинам .
 -Сандуқчае мехоҳам , ки ҷавоҳири худро дар он ҷой диҳам . 
- Болиште мехоҳам , ки ба он такя кунам .
 - Ниқобе мехоҳам , ки дар пушти он панаҳ гардам.
 - Бозичае мехоҳам , ки бо он шод бошам .
 - Муҷассамае мехоҳам , ки зебоияш чашмро навозиш диҳад . 
- Андешае мехоҳам , ки дар он ғутавар гардам .
 - Машъале мехоҳам , ки раҳнамоиям кунад .
   
   Пас Худованд Занро офарид.

   Зан беҳтарин муъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: "Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст."
  Дар ривояти ҳиндӣ овардаанд: «Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, ҳарорат аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардоштаанд. Ин ҳамаро ба ҳам омехтаву зан офариданд, то ғамҳоро бизудояд».
 Асолату иффати зан пеш аз ҳама дар ору номус, ватандорӣ, тозакорию сарфаҷӯйӣ, вафодорию ҳалимӣ ва рӯзгордорию фарҳангдӯстӣ таҷассум мегардад.
Зан кист? Зан ҳамон инсоне аст, ки офариниши воҳиде бо мард дорад, чунон ки Қуръони шариф мефармояд: «Эй мардум, тақво пеша кунед, дар баробари Худое, ки шуморо аз як тан биёфарид ва барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне падид овард». 
    Вақте Худои таъоло Одам алайҳи салому Момо ҳавворо  офарид , ба ҳазрати Одам (а) қувваи қудрат , уҳдабарои , тадбиркори ва шафқат ато намуд . 
Ба МОМО ХАВВО калиди сеҳрноке дод , ки номи он назокат ва шарму ҳаёст. У чунин калидест , ки қулфи дилҳоро мекушояд . Занон мардонро ба ҳамин калиди сеҳрнок мафтун месозанд . Ин калидро ба дасти занон додаанд , то ки онро маҳкам нигоҳ доранд. Зане , ки онро хуб нигахдори менамоянд , хонадонашон пурфайзу пурбаракат мешавад.

Зан  чу бошад  ҳунарвару  доно,
Чун биҳишти барин шавад дунё.
Зан чу ҳушёру  кордон  гардад,
Хона  чун  равзаи ҷинон гардад.
Хуррамиҳо  бувад  дар  он хона,
Ки    дар  он   бонуест   фарзона.
Ишқу  шӯру ҳунар бувад аз зан,
Пешрафти  башар бувад аз зан.
Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ифтихороте, ки дар ин чанд мисраи шеърӣ гуфта шуд, насиби он ҷинси шариф ва латифест, ки аввалан бо зевари шарму ҳаё, иффату покдоманӣ, амонатнигаҳдорӣ ва соири камолоти инсонӣ ботин ва зоҳири хешро ороста бошад.
Зан офаридест аз ҷониби Худованд, ки хайри зиёдеро Парвадигор барояш арзонӣ дошта, ки ҳатто сабқат бар мардон доранд.Зан модар аст; беҳтарин неъмати рӯи замин, ки аз доманаш паёмбарон, сиддиқону солиҳон ва донишмандону абармардон то кунун по ба арсаи вуҷуд ниҳодаанд.
Танҳо як зан  дар зиндагӣ метавонад чанд нафар бошад: дар баробари модар буданаш метавонад, модаркалон, хола, амма, хушдоман, келин, хоҳар, духтар ва ғайраҳо бошад. Пас бешак ӯ метавонад моҳавл ва ё аторифиёни хешро зери таъсири хеш қарор диҳад. Табиист, ки қодир аст ба ҳама он афроде, ки пайванди хешутаборӣ дорад, нақши мусбат ва созандаеро аз худ боқӣ гузорад.
Муҳақиқон ва донишмандон исбот кардаанд, ки таваҷҷӯҳ ва аҳамияти зан  нисбат ба дин аз мардон бештар аст. Худованд фитратан рӯ овардан ва муҳаббат ба динро дар вуҷуди занон бештар ато кардааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба дарки ин масъала, олами Ғарб таҳоҷуми густардаеро дар чаҳорчубаи фарҳанги хеш рӯз аз рӯз тақвият мебахшад.

Зан ба ман маълум шуд , ки офтоби будааст .
Кори у ҳам дилбари , ҳам дилхароби будааст.
Пас ҳама гуянд , ки : бигзор зан бошад мудом
Зиндаги бо зан хуш асту умр бо зан бардавом.
Чеҳра бикшояд агар зан шаб чароғон мешавад,
Аз нигоҳаш зиндагони файзборон мешавад.
Ҳар куҷо пои муборак у гузорад бо мурод.
Чули беоб аз қудуми зан гулистон мешавад.

Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад,зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст.(Жан Жак Руссо.)

Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои худоист.
Ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.
                                                                                                  Август Кант

Зан кист?
Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад,зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий