понедельник, 8 апреля 2024 г.

Иди саиди Фитр муборак бошад


 Ҳамду сипос ва шукри шоистаи он Парвардигорест, ки ба мо тавфиқ дод моҳи рамазонро рӯза Ҳамду сипос ва шукри шоистаи он Парвардигорест, ки ба мо тавфиқ дод моҳи рамазонро рӯза бигирем, пас ҳар яки мо ба худ баргардем ва худро муҳосаба намоем, ки дар ин моҳи муборак, дар ин меҳмонии Аллоҳ, чӣ анҷом додаем, чун фардое меояд ва ба нафъ ё ба зарарамон гувоҳ хоҳад шуд, бар ҳасби он чӣ, ки дар ҳаққи ӯ анҷом додаем, пас бишитобем ба сӯи тавба ва истиғфор ва гуфтору кирдори солеҳ ва тазарруъу зории Аллоҳи зулҷалол, то шояд ҷуброни кӯтоҳкориҳоямон шавад.Азизони ман! Аллоҳи мутаъол дар поёни ин моҳ, ибодатеро машрӯъ намуда, то имонамон афзоиш ва ибодатҳоямон комил ва неъматҳояшонро беҳтару комилтар бароямон арзонӣ бахшад ва он закоти фитр ва такбиру намози ид аст.

Иди фитр неъмат, шодӣ, ибодат аст ва такмилкунандаи ибодоти рамазон мебошад ва дар он закоти фитр қарор дорад, ки мояи пок шудани рӯзадор аз корҳои беҳуда ва гуноҳони сағира аст ва бисёре аз зоҳираҳои иҷтимоъӣ ва инсонии Ислом дар он намоён мешавад, зеро дар ид қалбҳо бо ҳам наздиктар мешаванд ва мардум бо ҳам ҷамъ мешаванд ва ид ёдовари ҳаққи заъифон дар муҷтамаъи исломӣ мебошад, то шодии ид ба ҳамаи хонаводаҳоро дарбар бигирад.

Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.

Худованд то рамазони оянда ҳамаи шуморо нигаҳбон бошад .

Идатон  муборак бод! Худованд тоату ибодатҳои  мову шуморо қабул фармояд!, пас ҳар яки мо ба худ баргардем ва худро муҳосаба намоем, ки дар ин моҳи муборак, дар ин меҳмонии Аллоҳ, чӣ анҷом додаем, чун фардое меояд ва ба нафъ ё ба зарарамон гувоҳ хоҳад шуд, бар ҳасби он чӣ, ки дар ҳаққи ӯ анҷом додаем, пас бишитобем ба сӯи тавба ва истиғфор ва гуфтору кирдори солеҳ ва тазарруъу зории Аллоҳи зулҷалол, то шояд ҷуброни кӯтоҳкориҳоямон шавад.Азизони ман! Аллоҳи мутаъол дар поёни ин моҳ, ибодатеро машрӯъ намуда, то имонамон афзоиш ва ибодатҳоямон комил ва неъматҳояшонро беҳтару комилтар бароямон арзонӣ бахшад ва он закоти фитр ва такбиру намози ид аст.

Иди фитр неъмат, шодӣ, ибодат аст ва такмилкунандаи ибодоти рамазон мебошад ва дар он закоти фитр қарор дорад, ки мояи пок шудани рӯзадор аз корҳои беҳуда ва гуноҳони сағира аст ва бисёре аз зоҳираҳои иҷтимоъӣ ва инсонии Ислом дар он намоён мешавад, зеро дар ид қалбҳо бо ҳам наздиктар мешаванд ва мардум бо ҳам ҷамъ мешаванд ва ид ёдовари ҳаққи заъифон дар муҷтамаъи исломӣ мебошад, то шодии ид ба ҳамаи хонаводаҳоро дарбар бигирад.
Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.
Худованд то рамазони оянда ҳамаи шуморо нигаҳбон бошад .
Идатон  муборак бод! Худованд тоату ибодатҳои  мову шуморо қабул фармояд!

воскресенье, 10 марта 2024 г.

Моҳи Рамазон аз осмон меоянд













 Дӯстон, мужда, ки моҳи Рамазон меояд,

Вақти омурзиши ҳар пиру ҷавон меояд.

Метавон кард нисори қадамаш ҷони азиз,
Ки зи даргоҳи Худованди ҷаҳон меояд.

Суфраи раҳматаш уфтодаву ин моҳи шариф,
Ба хабар кардани мо бехабарон меояд.

Сайқале аз маҳи нав дар кафи рӯшангари файз,
Ба ҷило додани оинаи ҷон меояд.

То кунад пок зи олоиши исён ҳамаро,
Мавҷи раҳмат зи карон то ба карон меояд.

Нест маҳ, балки ҳумоест, ки аз авҷи шараф,
Бар сари халқи ҷавон болфишон меояд.

Мекунад пушти ҷаҳоне сабук аз бори гуноҳ,
Гарчи бар нафси шикамхора гарон меояд.

То ба шаб абри карам файзу ато меборад,
То саҳар тири дуъоҳо ба нишон меояд.

Гул бичин з-ин чамани файз, ки даҳ рӯзи дигар,
Гулшани умри туро фасли хазон меояд.

Бирабо гӯи саъодот аз ин майдон зуд,
Ки аҷал сӯи ту хуш гарм-инон меояд.

Амали хеш ту имрӯз, накӯ кун, Воъиз,
Ки баду неки ту фардо ба миён меояд.

Воъизи Қазвинӣ, Девони ашъор, ғазали 362

суббота, 25 февраля 2023 г.

Субҳ ба хайр



 

Хурсандӣ
Хурсанди гуфта аксарияти мо як ханда як вақти хушро дар назар мегирем.
Инҳам дуруст аст.
Лекин хурсандии асоси гуфта равшании қалбро мегӯянд.Агар қалби инсон равшан бошад,дар ҳамма ҳолат,яъне дар ҳолати душвори даркҳолати ноомади,ноумеди,ё қарз мусибат дар тамоми ҳолат қалби инсон сокини дорад.Яъне ороми.Дар қалбеки ороми аст,Меҳри Парвардигор ҷой дорад.Ва ҳамма ҳолатҳоро бо равшани бо ороми бе саросемаги роҳ ёбанда аст.

Маънои хурсанди:
Маънои равшани аст.Ва маънои равшани як озоди ороми ва сабуки аст.

Маънои андӯҳ:
Зиққи ва вазнини аст.

Пас хурсанд бошед гуфтан,ҳамеша озоду сабук будан аст,ки  инсони озод ва сабук будан,дар зиндаги ба худди инсон ва ба оилааш ба атрофаш ба ҷамъият ба кораш манфиати калон дорад.
Агар дар давоми рӯз як инсони хурсандиро бинед,руҳияи шумо чи гуна мешавад,ва ё як инсони ғамгинро бинед,чи хел?

Пас доим хурсанд бошед,то ба худ ва тамоми атрофиён илҳом бахшида тавонед.

Хурсанд будан:шукр кардани ҷисму руҳ аст.

пятница, 1 апреля 2022 г.

Хуш омади моҳи мубораки рамазон



Бар хонаи мо Моҳи Худо омадааст. 
Бо ҳамраҳи у меҳру вафо омадааст. 
Ин моҳи мубораки Худо ин лаҳза! 
Бар хонаи ҳар шоҳу гадо омадааст, 
Аз буи хуши лола аҷаб дорад хас. 
Дар хонаи худ ин дам тараб дорад кас, 
Аз хатзадани Худо биё дур бошем! 
Ин моҳ зи мо поки талаб дорад бас. 


Хуш омади моҳи шарифи Рамазон.







 

пятница, 24 сентября 2021 г.

Салому дуруд азизонам


 "Дар бекаронаи зиндагӣ ду чиз муттаҳаййирам кард: ранги кабуди осмон, ки мебинам ва медонам нест. Дигар Худои замину осмонҳо ва муҳаббати байни инсонҳо, ки намебинам ва медонам ҳаст. 

Дар тааҷуб афтодам, ки салом оғози ҳар дидор аст, вале дар намоз поён аст. Шояд ин бад-он маъност, ки поёни намоз оғози дидор аст?!"


понедельник, 19 июля 2021 г.

Ид муборак

Эй азизон ба Шумо ҳадяи Яздон омад

Иди фархундаи нуронии Қурбон омад.
Ҳоҷиён саъйи Шумо  шуд ба ҳақиқат мақбул,
Раҳмату луф аз  Субҳон омад.
Иди Қурбон ба ҳақиқат зи Худованди Карим
Офтобе ба шаби зулмати инсон омад.
Хок месухт дар андӯҳи оташ бо ҳасрат,
Нақши дар синаи  ин хок гулистон омад.
Амр шуд то ки ба қурбонии Исмоилиаш,
Он халиле, ки пазируфта зи Раҳмон омад.
Имтиҳон дод ба хубӣ ба Худо Иброҳим,
Ҷои он забҳи азиме,ки ба қурбон  омад.




 

воскресенье, 11 апреля 2021 г.

Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад




  Ба номи Худо ва Дуруд бар  Сулҳу Сафо, Ҳазрати Мустафо Саллаллоҳу алайҳи ва Салам.Ассалому алайкум дӯстони арҷуманду олиқадр!

Сипос Худовандеро сазовор аст, ки касе аз раҳмати ӯ маъюс нагардад ва аз неъматҳои фаровони ӯ берун натавон рафт. Худованде, ки аз омурзиши ӯ ҳеҷ гунаҳкоре ноумед нагардад ва аз парастиши ӯ набояд сарпечӣ кард. Худое, ки раҳматаш қатъ намегардад ва неъматҳои ӯ поён намегардад.
Илоҳо бо шарофати ин моҳи муборак ин бемориро, ки ба сари ҷаҳониён омадааст нест гардонанд ва кулли мардуми оламро дар паноҳи исмати хеш нигаҳбон бошад.
Рамазон моҳест, ки саропо раҳмату мағфират аст, моҳе, ки сангдилтарин инсон бузургии онро ламс ва эҳсос мекунад, моҳест, ки раҳмату баракоти Илоҳӣ монанди борони баҳорон фурӯд меояд, моҳест, ки тамоми ҳаракоту саканоти хуби инсонӣ дар даргоҳи Илоҳӣ арзиши чанд баробарро мегиранд. Болотар аз ҳама Рамазон моҳест, ки Худованд онро тавсиф намуда бузургтарин мӯъҷизаи худ Қуръони Каримро фурӯ фиристод. Ин моҳи муборакро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон, хусусан мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон табрик мегӯем

воскресенье, 13 сентября 2020 г.

Зан кист..

 

Зи ҳакиме пурсиданд:

 - Маънии зан чист? 

Бо табассум гуфт: 

 - Лавҳе аз шиша аст, ки аз шаффофияш ботинашро метавонӣ бубинӣ. Агар бо мадоро ӯро ламс кунӣ дурахшаш афзун мешавад ва сурати худро дар он мебинӣ.   Аммо агар рӯзе онро шикастӣ, ҷамъ кардани шикастаҳояш бар ту мушкил мешавад. Агар аҳёнан ҷамъаш кардӣ, ки бичаспонӣ, байни шикастаҳояш фосила меафтад. Ва ҳар мaвқеъ даст ба маҳалли шикастагӣ бикашӣ, дастат захмӣ мешавад. 

  Зан инчунин аст, пас онро нашкан...

  

среда, 9 сентября 2020 г.

Ид муборак

 


Ҳамаи ҳамватанонро аз самими қалб бо фарорасии 29-солагии Истиклолияти Ҷумхурии Тоҷикистон табрику таҳният мегўем. Дар ин рўзи пуршукўҳу фарахбахш мо дар шодиву хурсанди якдили изҳор намуда ба ҳамаатон саломатии қави, саодатманди, сулҳу амони, дар фаъолияти меҳнатиатон муваффакиятхои беназир таманно дорем ва бигзор меҳнати ҳаррўзаву пурсамаратон баҳри гул-гул шукуфоии Тоҷикистони азизамон файзи зиёд ораду кишвари маҳбубамонро боз ҳам зебо ва пурнур гардонад.