среда, 9 июля 2014 г.

Моҳи Рамазон ва даҳаи Мағфират


Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин. Аллоҳумма лакал ҳамду камо янбағи лиҷалоли ваҷҳика ва ъазими султоник. Аллоҳумма салли ва саллим ъало Муҳаммадин ъабдика ва набийика ва расулика ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин ва ман табиъаҳум би иҳсонин ило явмиддин.
Аммо баъд...
Ассалому алайкум бародарон ва хоҳарони имонӣ ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Моҳи мубораки Рамазон  иборат аз се бахши муҳим аст.
  1. Бахши аввали моҳи Рамазон даҳ рӯз идома дорад ва он даҳаи раҳмат аст. Раҳмати илоҳӣ дарин даҳ рӯз ниҳоят арзон ба даст меояд. Агар касе онро дар ин арзонияш ба даст наёвард, пас танҳо бояд аз худ бинолад. Вақте раҳмати Аллоҳро аз даст дод, дигар чиро мунтазир аст, ғайри раҳмат, ғазаб аст, ғайри раҳмат қаҳр аст, Худованд моро аз ғазабу қаҳраш паноҳ диҳад.
  2. Бахши дуввуми он низ даҳ рӯз идома хоҳад кард ва он даҳаи мағфират аст. Инсон дар ин ҳаёт бисёр кутоҳиҳо ва хатогиҳо мекунад. Вале аз баъзеи онҳо талаби мағфират мекунад ва аз баъзеи дигар шояд фаромуш намояд. Ва агар гуноҳи банда ба охират рафт ва дар баробараш талаби мағфират ва тавба набошад, ҳолати хело даҳшатнок хоҳад буд. Барои ҳамин дар ин даҳа мағфирати Аллоҳ таъоло хело арзон ба даст меояд. Ва метавонад инсон ба осонӣ ба мағфирати Ӯ таъоло ноил гардад. Вале вақте ин ҳолати осонро аз даст медиҳад, ӯ дигар дар кадом вақт метавонад онро ба даст орад? Ӯ хатареро, ки барои худ дар ин дунё омода карда буд, пушташ нагашт, то онро аз сари худ рафъ намояд. Пас аз кӣ бояд гила намояд? Танҳо аз худаш. Аз ин ҷиҳат ин фурсатро инсони оқил аз даст намедиҳад ва барои расидан ба мағфирати Аллоҳ таъоло ҳар лаҳза ва ҳар нафаси худро дар ин даҳа ғанимат мешуморад ва аз ин даҳа мағфиратшуда худро мебарорад, ба изни Аллоҳ таъоло.
  3. Бахши саввуми он низ даҳ рӯз ё нӯҳ рӯз идома хоҳад кард ва он даҳаи озодӣ аст, озодӣ аз дӯзах, озодти аз оташи дӯзах. Бале, ин маконе аст, ки бояд инсон дар он ҷазои амали кардаашро бубинад. Инсонҳо дар ин ҷой ду гурӯҳи асосӣ мебошанд. Яке мусалмонҳо ва дигаре кофирон. Кофирон мавриди баҳси мо инҷо нестанд, зеро ибодат танҳо аз мусалмонҳо талаб карда мешавад. Ва бошиши кофир дар дӯзах, бо ин ибодатҳо кам намегардад. Вале муъмину мусалмон мавриди баҳси мо инҷо қарор мегирад, ки ӯ бояд ба биҳишт равад, вале ба сабаби гуноҳони дар дунё анҷом додааш наметавонад ба он ҷои пок Биҳишт бо ин олӯдагӣ равад. Лозим меояд, аз ончӣ худро дар ин дунё олӯда карда, аз маъсияту нофармониҳо, аз анҷом додани корҳое, ки Худованд онҳоро ҳаром гардонида, танҳо аз тариқи сухтан дар оташи дӯзах аст, Худованд ҳамаи мо ва шуморо аз он оташ паноҳ диҳад. Инсон дар ин дунё Худоро итоат накард, намоз нагузорид, рӯза надошт, закот надод, ҳаҷ нарафт, дар ҳоле, ки ҳамаи шароити ин ибодатҳои мазкурро Худованд барояш дода буд, вале он ҳама шароите, ки барои ибодати Худаш дода буд, онро инсон барои итоат аз нафсаш сарф намуд. Дар баробари ин ришва гирифт, пора хурд, дуздӣ кард, фиреб дод, ғайбат намуд, хабаркашӣ кард, тӯҳмат зад, дурӯғ гуфт, зулм кард ва амсоли инҳо. Инҳо ҳамааш гуноҳ мебошанд. Худованд барои ин корҳо инсонро ҷазо муқаррар намудааст. Касоне, ки ин гуноҳонро сари инсонҳо менависанд, онҳо хато намекунанд, зиёда наменависанд, онҳоро харида намешавад, навиштаи онҳо кур карда намешавад, онҳо фариштагони вазифадор ба ин кор мебошанд. Вале Худованд то расидан ба он макони ҳисобу китоб дар ин дунё роҳҳоеро пешниҳод менамояд, ки агар инсон содиқона худро ислоҳ намояд ва талаби мағфират намояд Аллоҳ таъоло барои ӯ ин фурсатро низ медиҳад. Беҳтарин фурсат, барои харидани гуноҳоне, ки дар баробари Худованд анҷом гирифтаанд, яъне ба ҳуқуқи Худованд алоқаманд мебошанд, на ба ҳуқуқи бандагон, ин рамазон аст ва ин даҳаи ахири аз ин моҳи муборак аст, ки мағфират ба осонӣ ва бо нархи арзон дода мешавад.
Аз ин ҷиҳат аст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва  саллам фармудаанд: "Касе рамазонро аз рӯи имон ва аз ҷиҳати мунтазирии подоши он аз ҷониби Худованд бидорад, гуноҳоне ки пеш анҷом додааст мағфират карда мешавад".
 Ва дар ҳидиси дигар омадааст, ки гуфт: "Моҳи рамазон барои шумо омад ва дар он шабе аст, ки беҳтар аз ҳазор моҳ аст, касе аз он маҳрум монд, аз ҳама хайрҳо маҳрум мондааст, аз он танҳо касе маҳрум мемонад, ки инсони маҳрум бошад".

Худованд барои касе, ки онро дар ин моҳ итоат мекунад ҷои махсусе барои абад дар биҳишт омода мекунад, аммо ин нафсе, ки барои ӯ шуда Аллоҳ таъолоро ибодат накард, барои ин банда чӣ медиҳад, чӣ ваъдааш додааст?
            Дар умри инсон ин фурсатҳо доим нестанд ва умри инсон ҳам чунон дарозе нест, ки агар ин фурсат аз даст рафт фурсатҳои дигарро аз даст намедиҳад. Мақсад аз ин фурсатҳо ин гуна вақтҳои бобаракат ва ҷойҳои муборак мебошад. Уламо ин вақтҳоро ба насимҳо ташбеҳ кардаанд. Ва ташвиқ намудаанд, ки аз ин насимҳо бештар баҳрабардорӣ намоянд. Амал дар ин моҳ подошаш дучанд мегардад. Яъне як коре, ки дар ин моҳ анҷом мегирад, аҷру подоши он чандин маротиба аз амале, ки дар ғайри рамазон анҷом мегирад, мебошад. Пас ин насимҳоро набояд аз даст дод ва ҳамеша итоат ва подоши Аллоҳ таъолоро ва муҳаббати Ӯро дар ин ибодат карданҳо дар назар бояд овард.
            Аллоҳ таъоло мехоҳад бандагонаш тақводор бошанд. Китоби мубинаш Қуръони карим раҳнамо танҳо барои тақводорон аст. Ғайри онҳо касе аз ин китоб раҳнамоӣ пайдо карда наметавонад. Ва барои тақводор шудан, Худованди мутаъол роҳҳоро нишон додааст, ки он аз тариқи имон ва амали солеҳ ба вуҷуд меояд. Амали солеҳ иборат аст аз ибодатҳо ва муомалот миёни банда ва Худо ва миёни банда ва дигар бандагони Худо. Беҳтарин амалҳои солеҳ ибодатҳо ба шумор мераванд, аз намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва амслои инҳо. Бо анҷоми ин ибодатҳо инсон тақводор мешавад, агар холис барои Аллоҳ таъоло онҳоро анҷом диҳад. Бубинед, ки рӯза на ҳама рӯзҳост ва на ҳама моҳҳост,  балки дар як сол танҳо як моҳ аст. Пас онро бояд ғанимат шумурд, ки шояд охирон рамазон дар ҳаёти инсон бошад.
Паш эй бародар ва хоҳари азиз аз ин хайрот ва аз ин насимҳо худро маҳрум насоз ва моро низ аз  дуои хайр фаромуш макун. Худро кушиш намо аз ҷумлаи тақводорон аз ин моҳи муборак бибарорӣ. Муваффақият дар ин моҳи муборак барои ҳамаи мо ва шумо.

Комментариев нет:

Отправить комментарий