пятница, 25 июля 2014 г.

ШАБИ ИДИ РАМАЗОН «Лайлатулҷоиза» АСТ


Бо номи Худо ва Дуруд бар Паёмбари Сулҳу Сафо, Ҳазрати Мустафо Салаллох алайхи ва Салам. 

Иди Рамазон бар ту муборак бошад, 
Ҳамроҳи ту «Ёсин»-у «Таборак» бошад. 
Дар авҷи фалак фариштаҳо мехонанд: 
«Сад раҳмати Ҳақ ба умматонат бошад!» 

Гӯё дирӯзакак буд, ки аз омадани моҳи мубораки Рамазон хушнудӣ мекардем. Шабу рӯзҳо гузаштанду ин роҳи муборак низ сипарӣ шуд. Намозгузорон се шаби охир дар таровиҳ бо моҳи Рамазон хайрбод намуда мегӯянд: Алвидоъ, моҳи Рамазон! Алвидоъ, эй моҳи таровиҳ, тасбеҳгӯӣ ва хатми Қуръон!» Даҳрӯзаи аввали Рамазон - раҳмат, миёнаи он махфирати гуноҳон ва даҳрӯзаи охир халосӣ аз оташи дӯзах аст». Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: «Касе, ки моҳи Рамазонро аз рӯи имон ва талаби ризои Худованд рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад». Мегӯянд, ки бегоҳи Иди Рамазон барои рӯзадор халосномае аз оташи дӯзах навишта мешавад. 
Вақте шаби Ид фаро мерасад, он шабро «Лайлатулҷоиза» мегӯянд. Яъне, бегоҳи идро «Шаби гирифтани мукофот» ном ниҳодаанд. Аз рӯи гуфтаи Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) рӯзи Ид Иблиси лаъин бо овози баланд фарёд мезанад. Тамоми шайтонҳо гирди ӯ ҷамъ омада мепурсанд: «Эй сардори моён, ба ту чӣ ҳол рӯй дод? Шайтон мегӯяд: «Эй фарзандон, имрӯз Аллоҳ Таъоло умматони Муҳаммад алайҳиссаломро мағфират кард. Пас шумоён тараддуд кунед, баъзеи онҳоро ба шаҳвати нафсонӣ ва нӯшидани май машғул созед, то Аллоҳ Таъоло ба онҳо азоб кунад»... 
Субҳи Ид барвақт аз хоб бархостан суннат аст. Дар ин рӯз ғусл кардан, дандонҳоро мисвок задан, хушбӯӣ кардан суннат аст. 
Ҳамчунин дар ин рӯз нохун гирифтан, мӯйлабро кӯтоҳ намудан либоси нав ё тоза пӯшидан савоб аст. Агар касе саҳаргоҳ тиловати Қуръон кунад савоби зиёд мегирад. Пеш аз рафтан ба намоз беҳтар аст, ки наҳорӣ кунед. Зеро ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) пеш аз намози Ид рафтан ягон хел ширинӣ ё мева (хурмо) тановул мекарданд. 
Намози Ид ду ракаат буда, хонданаш воҷиб аст. Адо кардани намози Ид сабаби саодату хушбахтии бандаи мӯъмин мегардад. Дар ин рӯз ба аёдати падару модар ва хешу ақрабо бояд рафт. Ба ҳар кадоме, ки баҳри зиёрати падару модар гузошта мешавад, ҳазор савоб навишта хоҳад шуд. Агар онҳо фавтида бошанд, ба қабристон рафта, мазорашонро зиёрат бояд кард. 
Яъне Қуръон хонда рӯҳи онҳоро шод намудан лозим. Хондани «Ояталкурсӣ» ва сураи «Ихлос» савоби калон дорад. 
Яке аз суннатҳои рӯзи Ид он аст, ки аз як роҳ ба намозгоҳ рафта бо роҳи дигар ба манзил баргардӣ. Зеро ҳар дарахту бутта ва сангу хоки роҳҳо рӯзи қиёмат ба амалҳои неку бади мо мисли шоҳид гувоҳӣ хоҳанд дод. Рӯзи Ид ҳар як бандаи мӯъмин бояд бо табъи болида ва шукргузорӣ ба неъматҳои Худованд сӯи намозгоҳ ояд. Дар роҳ ба бародарони мусулмон салом дода, онҳоро бо ид табрик намояд ва дуо кунад, ки Худованд тоаташро қабул фармояд. 



Комментариев нет:

Отправить комментарий