пятница, 11 июля 2014 г.

РӮЗА ИБОДАТ АСТ

Ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) чунин гуфтанд: “Ҳақ Таъоло мефармояд, ки тамоми аъмоли одамизод барои худаш аст, ба ҷуз рӯза, ки он фақат барои ман аст”. (Имом Бухорӣ).
Рӯза хосияти мумтозе дорад, ки дар бақияи ибодатҳо нест. Ва он хосият ин аст, ки аз назари зоҳир касе ба ҷуз Худо намедонад, ки банда рӯзадор аст, ё не. Мумкин аст, ки шахсе зоҳиран худро назди дигарон рӯзадор гираду дар пинҳонӣ хӯрад. Касе рӯзаро мукаммал анҷом медихад, ки ишқ ба Худо ё хавф аз Худо дошта бошад. Яъне, рӯза як навъ имтиҳони виҷдон ва ирода аст. Бо гирифтани рӯза иродаи банда мустаҳкам мешавад. Масалан, дар наздаш навъҳои гуногуни хӯрокию нӯшокӣ ҳаст. Нафаре нест, ки ӯро бипояд, аммо рӯзадор дар дил яқин ҳосил мекунад, ки Худованд вайро дида истодааст.
Дар як ҳадиси қудсӣ омадааст, ки Худои Таъоло мефармояд: “Ас савму лӣ ва ано аҷзӣ биҳи”. Яъне, рӯза барои ман аст ва мукофоти ӯро низ ман медиҳам.
Сайф Зафари Бухорӣ овардааст, ки Худои Таъолоро фариштаест, ки ба адади ситораҳои осмон чашмҳо дорад. Он фариштаро фармон бошад, он чӣ аз ибтидои олам то интиҳои олам офаридам, шумор кун! Дар замон он фаришта шумор мекунад. Фармон мешавад, ки “савоби рӯзадорони моҳи Рамазонро низ ҳисоб кун!” Чандҳазор сол он фаришта шумор мекунад наметавонад, ки ҳатто савоби якрӯзаро ҳам ҳисоб кунад. Он гоҳ фаришта мегӯяд: -Илоҳо, савоби рӯзадоронро ба карами худ изофат кардаӣ. Ман натавонам, ки онро дар шумор орам.
Бубинед, ки дар сурати пок рӯза гирифтан банда чӣ қадар соҳиби савоби бешумор мегардад. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: “Ҳақ Таъоло ба ин сабаб рӯзаро марбут ба худ гуфтааст, ки банда ҳама чизро ба хотири Ӯ тарк мекунад”.
Дар охир дуо мекунем, ки ин моҳ моҳи поксозии ахлоқи ҳамаи мо гардида, Худованд тавфиқамон диҳад, то аз рафтори ношоиста, гуфтори нораво ва пиндори хато худдорӣ кунем!
 


Фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон
1 Моҳи нузули Қуръон
Оғози ҳафтаи оянда ба рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Рамазон моҳест пур аз фазилат ва Худованд онро хоси умматони Муҳаммад салаллоҳу алайҳи васаллам гардонидааст. Аз ин рӯ дар арафаи фарорасии ин моҳи муборак чанде аз фазилатҳои онро ёдовар мешавем.
Худованд дар сураи «Бақара» фармудааст: «Моҳи Рамазон моҳест, ки нозил карда шудааст дар он Қуръони Карим».
Тибқи ривоят на танҳо Қуръон, балки аксар саҳфаву кутуби осмонии дигар низ дар моҳи Рамазон нозил шудаанд. Чунончи, саҳифаҳои ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом дар шаби аввали Рамазон ва «Таврот» ба ҳазрати Мӯсо (а) дар шашуми моҳи Рамазон нозил шудааст. Фосила байни нозилшавии саҳифаҳои Иброҳим (а) ва «Таврот»- и Мӯсо (а) 700 сол буд.
«Забур)- и Довуд (а) дар шаби 19 Рамазон нозил шудааст. Фосила миёни «Таврот»- у «Забур» 500 сол буд.
«Инҷил»- и Исо (а) дар шаби 12 ё 13 Рамазон нозил шудааст. Фосила байни нозилшавии «Забур» ва «Инҷил» 1100 сол буд.
Тавре дар сураи «Қадр» омадааст, Худованд Қуръонро дар Лайлатулқадр нозил кардааст. Аз ин рӯ тиловати Қуръон дар моҳи шарифи Рамазон савоби бештар дорад. Дар «Явоқитул аъмол»- и Мавлоно Аҷмершоҳи Нахшбандӣ омадааст, ки ҳазрати Ҷабриил (а) ҳар сол тамоми Қуръони шарифро бар ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар ҳамин моҳ тиловат мекард. Дар баъзе ривоёт омадааст, ки Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) тиловат мекарданду Ҷабриил (а) истимоъ менамуд.
Уламо ба ин ривоёт такя намуда, хатми Қуръонро дар Рамазон мустаҳаб шумурдаанд.
2. Дарвозаи махсуси Ҷаннат барои рӯзадорон
Ҳазрати Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу нақл мекунад, ки Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: «Ҷаннат ҳашт дарвоза дорад, ки яке аз онро Райён мегӯянд. Аз ин дарвоза танҳо рӯзадорон дохил мешаванд».
Нақл аст, ки оташпарасте писари худро бинобар дар моҳи Шарифи Рамазон дар ҳузури мусулмонон таом хӯрданаш танбеҳ карда гуфт: «Чаро эҳтироми моҳи Рамазони мусулмононро намекунӣ?».
Ҳамон ҳафта он оташпараст вафот кард. Олиме хоб дид, ки он оташпараст дар ҷаннат сайр карда истодааст. Олим пурсид.
-Оё ту маҷусӣ (оташпараст) набудӣ?
Ӯ гуфт:
- Бале, қаблан оташпараст будам, аммо вақте маргам наздик омад, Худои таъоло ба хотири эҳтироми Рамазон маро тавфиқ дод, ки ба имон мушарраф шавам. («Нузҳатул маҷолис»)
3. Савоби ибодат дар Рамазон афзун мешавад
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) мефармоянд, касе, ки дар моҳи Рамазон намози фарзро адо кунад, савоби он баробари 70 намози ғайри Рамазон аст. Рамазон моҳи сабр асту савоби сабр ҷаннат аст.
Дар ҳадиси дигаре ба ривояти Ибни Умар (р) омадааст: Ҷаннат аз ибтидои сол то ба интиҳои сол барои Рамазон зиннат дода мешавад. Вақте рӯзи авали Рамазон фаро мерасад, аз зери Арши илоҳӣ насими хуше вазида, баргҳои дарахтони чаннатро ба ҳаракат медарорад. Ҳурони биҳиштӣ мегӯянд: «Парвардигоро, бандагон ( и солиҳат)-ро ҳамсарони мо бигардон ва ба лаззати сӯҳбати онон чашмони моро серу сард намо ва ба лаззати сӯҳбати мо чашмони онҳоро серу сард бинмо». 

Комментариев нет:

Отправить комментарий