понедельник, 14 июля 2014 г.

Дари тавба боз аст дар моҳи Рамазон

Шайх Наҷмиддини Шозлӣ мегӯяд, ки бо ин фазилатҳое, ки Рамазон дорад, бар мо лозим аст то ба шеваи зерин ба истиқболи он биравем:
1. Пеш аз ҳама ҳамду сипоси бепоён ба Худованд бигӯем, ки чунин моҳи пурфазилатро дар мо арзонӣ доштааст.
2. Бо тазаррӯъ ва зорӣ бо касрат дуо кунем ва аз Худованд бихоҳем, ки дар ин моҳ ба мо тавфиқи рӯзадорӣ ва ибодатро ба таври шоиста бидиҳад ва моро ба тоаташ қоим гардонад, то ба ӯ дар ҳоле рӯ ба рӯ шавем, ки аз мо розӣ бошад.
3. Бо дили пок ва тавба аз гуноҳон Рамазонро истиқбол гирем. Дилро аз ҳасад, кина ва дигар амрози ботинӣ шустушӯ кунем. Зеро маъсият (гуноҳ) сабаб мегардад то инсон арзиши худро назди парвардигор аз даст бидиҳад ва дар дунёву охират ба дбахт шуда гирифтори азоб гардад. Илова бар ин, маъсият яке аз бузургтарин сабабҳои фасод дар замин ва сукути умматҳову заволи тамаддунҳо маҳсуб меёбад.
То ҳангоми ҷон ба лаб омадан дари тавба боз аст. Дар ин хусус Расули Худо (салаллоҳу алайҳи вассалам) чунин мефармоянд: «Касе, ки пеш ба хир – хир афтодани нафсаш ( ба ҳангоми марг) тавба намояд, Худованд тавбаи ӯро мепазирад». Дар ҷои дигар фармудаанд: «Касе, ки пеш аз тулӯи офтоб аз ҷониби ғарб тавба кунад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад».
Касе аз гуноҳе тавба кунад, дигар онро такрор нанамояд, мисли кас ест, ки гӯё он гуноҳро содир накардааст. Ин нуқта дар Қуръони Маҷид таъкид шудааст: «Бигӯ, эй бандагонам! Эй ононе, ки дар маъсият зиёдаравӣ кардаед! Аз лутфу марҳамати Худо маъюсу ноумед нагардед. Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад, зеро ӯ бисёр бахшанда ва хеле меҳрубон аст. Ба сӯи парвардигори худ баргардед ва таслими ӯ шавед...»
Яъне, банда ҳеҷ гоҳ ноумед нашавад, ки қаблан гуноҳи зиёд содир намуда буду дигар корҳои нек карданаш фоида надорад. Миёни мардум чунин ақидаи хато ҳукмфармост, ки гуноҳҳои гузаштаи нафареро пеши рӯ оварда меистанд. Масалан, дар бораи шахси ислоҳшудае мегӯянд: «Фалонӣ, то дирӯз арақ нӯшида мегашту имрӯз намозхон шудааст»... Чӣ магар то охири умр бояд ҳамон хел арақхӯр бимонад?
Ҳазрати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармоянд: «Касе, ки аз гуноҳ тавба кунад, мисли касест, ки ба гуноҳе муртакиб нашудааст».
Аз ин рӯ, лаҳзаҳои иҷобати дуо ва қабули тавбаро аз даст набояд дод. Агар мо содиқона тавба кунему дар пайи он аъмоли хайрро анҷом диҳем, Худованд бадиҳои моро ба некӣ табдил медиҳад.

Дуо мекунем, ки Худованд ба мардуми мо тавфиқ диҳад, то рӯзаро он гуна, ки мавриди назари Қуръон аст, бигиранд. Рамазонро тавре ба поён расонанд, ки пок, бахшидашуда ва ризои илоҳиро дарёфта бошанд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий