вторник, 22 июля 2014 г.

Корҳое, ки дар даҳи ахири рамазон анҷом дода мешаванд.


Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Бародарон ва хоҳарони исломӣ! Мавзуъи суҳбати мо дар ин чанд лаҳза дар баёни амалҳои даҳи ахири рамазон хоҳад буд.
Даҳ рӯзи охири рамазон дар назди Расулуллоҳ (с) ва асҳоби киромаш (р) аҳамияти ниҳоят хосса доштанд. Дар ин рӯзҳо равиши махсусеро пеш мегирифтанд. Дар ин лаҳзаҳои ахирро ба тоату ибодат намудан, намози қиёму зикр кардан ниҳоят як ҳирсу хоҳиши сахт доштанд. Мо ҳам аз фурсатҳо ва соату дақиқаҳои боқимонда истифода намуда, бар муҳимтарин амалҳое, ки бар онҳо ҳирси сахт доштанд, ошно шавем ва дар баробари ин лозим аст, ки мо низ дар амал кардан ба онҳо пайравӣ намоем.
Пеш аз ин ки ба баёни амалҳо гузарем, мехостам ба як масъала аҳамияти хосса бидиҳем. Мо, алҳамду лиллоҳ, худро мусалмон медонем ва ин барои мо аз ҳама неъматҳои дунё болотар аст. Мусалмон яъне касе, ки ба дини Ислом гаравида, бовар карда ба мутобиқи он ҳаёташро мехоҳад гузаронад. Роҳе, ки бояд инсон онро дар асоси Ислом тай намояд, алҳамду лиллоҳ дар Китоби Худованд ва Суннати Расулуллоҳ (с) маҳфуз мондааст. Вале на ҳамаи мо метавонад мустақиман аз Китоб ва Суннати Расуллоҳ (с) истифода намояд. Барои амалӣ шудани ин кор Худованд як тоифа мардумро машғули омузиш ва омузондани мардум гардонидааст, ки онҳо олимон ва донишмандони ин уммат мебошанд. Мо барои ҳаёти худро дуруст ба роҳ мондан лозим аст, ки тибқи Қуръон ва Суннат қадам занем. Вале барои мукаммал шудан ва дуруст будани роҳи рафтаи худ мутобиқи Ислом лозим меояд, ки ба ҳаёти Расулуллоҳ (с) ва саҳобаҳои киром ошно шавем ва бубинем, ки онҳо Исломро чигуна дарк карданд, чигуна онҳо ба ин оятҳо ва аҳодис амал мекарданд? Қалби онҳо нисбат ба ин масъалаҳо чигуна метапид? Забони онҳо чигуна ин иршодотро ба анҷом медод? Чашмони онҳо чӣ ҳолат доштанд? Ё умуман вуҷуди онҳо чигуна бо ин гуфтаҳо сарукор дошт. Зеро имрӯз чунин нашавад, ки ҳама корро инсон анҷом диҳад, вале фардо барояш маълум гардад, ки Ислом анҷоми ин корро дигар намуд талаб мекард, вале ту ба шакле анҷом додаи, ки Худованд онро қабул наменамояд, мисли се нафари аввале, ки ба оташи дузах андохта мешаванд ва онҳо ҳам яке соҳиби қуввату шаҷоат буд ва ба шаҳодат расида буд ба назари худаш ва дигаре аз молаш хайри зиёд мекард ва саввумаш илм омухта ва дигаронро меомузонд. Вале чун дар як масъала онҳо натавонистанд худро дуруст намоянд ҳама ин корҳои анҷом додаашон дар назди Худованд қиммат пайдо накард. Он масъала ин буд, ки инсон ҳар кореро ки анҷом медиҳад, агар барои Аллоҳ таъоло холис набошад, ба ин сурат, ки кореро анҷоме медиҳад барои мардум айбаш нагиранд ва амсоли инҳо бошад, дар назди Худованди мутаъол ин амалҳо қиммате надорад, балки баръакс дарди сараш мешаванд. Бинобар ин мо ҳам рӯза медорем, вале бояд бубинем, ки Расулуллоҳ (с) ва шогирдону талабаҳое, ки аз мадрасаи ӯ баромадаанд, яъне саҳобаҳои киром (р) чигуна рӯза мегирифтанд? Барои онҳо чӣ чиз зиёд аҳамият дошт? Онҳо ин амалҳоро ба кадом сурат анҷом медоданд? Бояд ин умур мисли онеки онҳо анҷом доданд анҷом гирад, зеро беҳтарин касе, ки ин динро фаҳмида ва ба он амал намудааст ин шогирдони мактаби Расулуллоҳ (с) буданд, ки онҳоро беҳтарин таълим додааст. Ва дар ин маврид гуфтааст, ки: “Беҳтарин аср асри ман аст, сипас касоне ки баъди онҳо меоянд, сипас касоне ки баъди онҳо меоянд, сипас дуруғ паҳн мешавад”. Ва Расулуллоҳ (с) гуфтааст: “... касе онҳоро дӯст дошт ба дӯст доштани ман онҳоро дӯст доштааст ва касе онҳоро бад дид ба бад дидани ман онҳоро бад дидааст ва касе онҳоро озор ва азият дод маро озор ва азият додааст ва касе маро озору азият дода бошад, Худовандро озор ва азият додааст. Ва касе Худовандро озор додааст, қариб аст, ки онҳоро ба азоб гирифтор кунад”. Аз ҷиҳати дуруст шудани амалҳо ва ба сурати лоиқ анҷом гирифтанашон бо ин сурат ба онҳо бархурд намуда аз онҳо омузиш намуда амал намоем. Мегузарем ба амалҳое, ки дар даҳ рӯзи ахири рамазон Расулуллоҳ (с) ва саҳобагони киромаш (р) ба онҳо аҳамияти хоса медоданд ва чигуна онҳоро анҷом додаанд?
1. Муҳимтарин ин амалҳо: Шабзиндадорӣ кардан, яъне шабро ба гузоридани намоз сипарӣ намудан. Дар саҳеҳайн собит шудааст, аз модари муъминон Оиша (р), ки Расулуллоҳ (с) вақте  даҳаи ахири рамазон ворид мешуд, шабро зинда медошт ва аҳлашро бедор мекард ва миёнбандашро муҳкам мебаст. Маънои ин ки шабро зинда медошт ин аст, ки: Ҳангоми шаб ғарқи намоз хондан, зикр кардан, Қуръон хондан ва дуо кардан ва ғайри инҳо буд.  Дар китоби Насоӣ аз модарамон Оиша (р) омадааст, ки гуфта: “Ман Расулуллоҳ (с)-ро намедонам (яъне ёд надорам ва надидаам), ки дар як шаб тамоми Қуръонро хонда бошад ва на шабро то субҳ зинда дошта бошад ва на моҳеро комил рӯза гирифта бошад ҳаргиз, ба ғайр аз рамазон” яъне танҳо рамазонро комилан гирифтааст, дигар моҳеро комилан рӯза надоштаанд. Пас аз ин ҷо маълум мегардад, ки зинда доштани шаб дар рамазон ва ғайри он мақсад барпо доштани бештари шаб аст на ҳамаи он. Вале мутобиқи баъзе роҳҳои ривояти аҳодиси дигар, эҳтимол дорад, ки ҳамаи шабро зинда медошт.
2. Аз амалҳои бузург дар ин даҳаи ахир: Бедор кардани аҳлу хонавода, аз тарафи роҳбари оила аст, барои намоз гузоридан.
Аз равиши Расулуллоҳ (с) дар ин даҳа ин буда, ки аҳлашро барои намоз гузоридан бедор мекард, ҳамчуноне ки дар Бухорӣ аз модарамон Оиша (р) ривоят шудааст. Ин ҳам аз ҳирсу хоҳиши сахти Расулуллоҳ (с) буда, бар ин ки аҳлаш фазилатҳои шабҳои ин моҳи каримро дарк намоянд. Зеро танҳо ба ин тамом намешавад, ки худаш амал кунад ва аҳлашро гузорад, ки хоб кунанд, ҳамчуное ки баъзе мардумон инро анҷом медиҳанд. Шаке нест, ки ин рафтор хато ва тақсири (кутоҳии) ошкор мебошад.
3. Аз амалҳои даҳаи ахири ин моҳ ин аст, ки чун он ворид шуд, миёнбандашро мустаҳкам мебаст. Ҳамчуноне ки дар саҳеҳайн омадааст. Маънои ин кирдори Расулуллоҳ (с) чунин аст, ки дар ин даҳаи ахир аз ҳамсарон дур мешавад ва ба тоату ибодат машғул мешавад. Ин аз он ҷиҳат аст, ки то нафс аз кудуратҳо, ғашиҳо, кинаҳо ва ончӣ инсон иштиҳову хоҳиши онро дорад, софу покиза шавад. Дар натиҷа, барои баландмартабагӣ ва олигии қалб ба меъроҷҳои қабул наздиктар ва барои нафс ҷиҳати ҳамдуши фазои малоикӣ будани он поктар мебошад. Ин чизе аст, ки барои равандаи роҳ лозим аст, то анҷомаш диҳад.
4. Аз ҷумлаи умуре, ки дар даҳи ахир ниҳоят бояд ҳарис буд ин: Дар масҷид эътикоф нишастан аст. Дар он масҷиде ки намоз мегузорад. Аз равишу роҳи Расулуллоҳ (с) ин буда, ки ҳамеша дар даҳи ахир эътикоф менишаст, то он замон ки Худованд ӯро ба назди худ хонд, ҳамчуноне ки дар саҳеҳайн аз модари муъминон Оиша (р) ривоят шудааст.
Инчунин аст, ки дар ин даҳае, ки эътикоф менишастанд, дар он шаби қадрро талабу ҷустуҷӯ мекард, то аз дигар корҳояш худро қатъ карда бошад ва барои шабҳои он даҳ рӯз худро фориғ намуда бошад ва барои муноҷоти Парвардигораш ва зикру дуои он бо худ танҳо монда бошад. Ӯ худро бо бурёе монеъа мекард, то дар он аз мардум танҳо бошад, бо онҳо омезиш накунад ва ба онҳо машғул нашавад.
Дар Бухорӣ ривоят шудааст, ки дар соле, ки Расулуллоҳ (с) вафот карданд бист рӯз эътикоф нишастанд.
Имом аз-Зуҳрӣ (раҳ) мефармояд: “Кори мусалмонҳо тааҷҷубовар аст. Эътикофро тарк кардаанд, бо вуҷуди онки Паёмбар (с) аз вақте, ки ба Мадина омад, то вақте ки Худованди азза ва ҷалла қабзаш кунад, таркаш нанамуданд”.
Аз асрори эътикоф ин аст, ки: Сафои қалб ва руҳ ҳосил мешавад. Ба ёд дошта бошем, ки мадори ҳама амалҳо бар қалб вобаста мебошад, ҳамчуноне ки дар ҳадис омадааст: “Огоҳ бошед, ки дар ҷасад гуштпорае аст, ки агар ислоҳ шавад тамоми ҷасад ислоҳ мешавад ва агар фосиду вайрон шавад тамоми ҷасад фосиду вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он қалб аст”.
Ҳамчуноне, ки рӯза доштан барои қалб аз ҳалокатгоҳҳои машғулкунандаи шаҳвонӣ виқоя ва ҳимояе аз хурдани бештар, нушидани бештар ва ҳамхобагии бештар аст, инчунин эътикоф сирри бузургеро дар худ дорад. Он ҳимоят намудани банда аст аз таъсироти суҳбати бештар намудан, каломи бештар гуфтан ва бештар хоб рафтан ва ғайри инҳо аз умури машғулкунандае, ки кори қалбро пароканда мекунад ва ба тоати Худованд ҷамъ омаданашро вайрон менамояд.
Як масъалае, ки лозим аст ин ҷо зикр шавад ва огоҳие низ бошад, ин аст ки бештари мардумон чунин эътиқод доранд, ки эътикофи инсон дуруст намешавад, магар ин ки агар ҳамаи даҳ рӯз ва шабҳои онро эътикоф нанишинад. Ва баъзеи дигар чунин ақида доранд, ки бояд дар масҷид дар тули рӯз ва шабҳои даҳ рӯз бимонад, вагарна эътикофаш дуруст намешавад. Ин дуруст нест. Чунки эътикоф агарчӣ суннат дар он ҳамаи даҳ рӯзро нишастан аст, магар ин ки баъзеи рӯзҳои даҳгонаро низ нишастан, баробар аст, ки рӯзҳояш бошад ё шабҳояш, дуруст мешавад. Ҳамчуноне ки агар корҳое дошта бошад, ки ӯро аз эътикофаш мебурида бошад, дуруст аст, ки инсон як ҷузъе аз вақтро чи аз шаб ё рӯз бошад, бинишинад. Агар масалан барои кори муҳиме ё барои адои вазифае баромад, вақте баргашт нияти эътикофашро таҷдид мекунад. Зеро дар даҳи ахир эътикоф нишастан суннат аст, аммо агар эътикофи воҷиб бошад, монанди ин ки назр намуда, ки эътикоф биистад, дар ин сурат бо баромаданаш аз масҷид бе ҳоҷати инсонӣ аз ҳоҷатхона рафтан ва ончӣ дар ин маъно мебошад, ботил мешавад.
5. Аз муҳимтарин амалҳо дар ин моҳ ва дар ин даҳаи ахир махсусан, тиловати Қуръони карим кардан аст. Вале он бояд бо тадаббуру андеша, фурӯтанӣ ва эътибор додани маъноҳои он аз амрҳо ва наҳйҳояш бошад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло фармуданд: “Моҳи рамазоне, ки дарон Қуръон нозил шудааст. Китобе, ки ҳидоят барои мардум аст ва (дарбардорандаи) нишонаҳо ва далоили ошкор ва равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст...” Сураи Бақара: 185.
Расулуллоҳ (с) ба фазилати тиловат намудани Қуръон ишора намуда гуфтааст: “Қуръонро бихонед, ҳамоно барои шумо дар баробари ҳар ҳарф ҳасанае аст ва як ҳасана даҳ баробараш мебошад, аммо ман намегуям, ки алиф лом мим як ҳарф аст, валекин алиф ҳарфе аст, лом ҳарфе аст ва мим ҳарфе аст” Тирмизӣ (раҳ) ривоят кардааст ва иснодаш саҳеҳ аст.
Инчунин Паёмбар (с) хабар дода, ки Қуръон аз ҷои соҳибаш дар рӯзи арзи бузург муҷодала намуда ҳуҷҷат меорад. “Дар рӯзи қиёмат Қуръон ва аҳли онро, ки дар дунё ба он амал мекарданд, оварда мешаванд, пешо-пеши он сураи Бақара ва Оли Имрон меояд, ки барои дифоъ аз соҳибашон муҷодала мекунанд” Муслим.
Гузаштагони бузургу шоистаи мо бар хондани Қуръон ниҳоят ҳарис буданд, махсусан дар моҳи рамазон. Асвад ибни Язид (р) Мусҳафро дар шаш шаб хатм мекард. Чун рамазон дохил мешуд, дар ҳар се шаб онро хатм мекард. Ва вақте даҳи ахир медаромад дар ҳар шаб як маротиба онро хатм мекард. Имом Абу Ҳанифа ва имом Шофеъӣ (р) низ ривоят шуда, ки дар як шаб онро хатм мекарданд.
Ҳофиз ибни Раҷаб (раҳ) дар мавриди наҳйе, ки дар камтар аз се рӯз омадааст, чунин назарро баён намудааст, ки ин наҳй дар хатми Қуръон дар камтар аз се рӯз дар ҳоле аст, ки агар одат шавад, аммо дар маконҳои дорои фазилат мисли Макка барои касе ки дар он дохил мешавад ё дар замонҳои фазилат дошта мисли моҳи рамазон ва даҳи ахири он, макруҳ намебошад. Гузаштагони шоистаи мо бар ин сурат амал кардаанд.
Ин буд шаммае аз дастурот ва равиши Расулуллоҳ (с) ва саҳобагони киромаш (р) дар моҳи рамазон ва махсусан дар даҳаи ахири рамазон. Бубинед, чигуна шавқ доштанд ва чигуна барои анҷоми ин амалҳо вақт пайдо мекарданд, аниқтараш вақт ҷудо мекарданд. Як чизро ба инобат бояд гирифт, ки онҳо инсонҳои солеҳ буданд, бо вуҷуди он ин қадар ба тоату ибодат ҳарис буданд. Вале дар замони мо бошад, дараҷаи мардуми ин замон дар тақво ва салоҳ бо вуҷуде, ки ба онҳо намерасад, дар тоату ибодатҳо камтар аз онҳо рағбат доранд. Чаро? Ин суоле аст, ки ҳар инсон бояд ба худаш онро диҳад ва ҷавобашро бигирад. Оё мо мисли онҳо ба тоату ибодат ниёз надорем? Ё мо вақти кам дорем? Оё вақти худро дар ҳаёт аз онҳо беҳтар мегузаронем? Ҳамаи инҳоро лозим меояд андеша намоем ва роҳи дурустеро, ки онҳо рафтаанд мо интихоб намоем.
Аз Худованди мутаъол дуо мекунем, ки моро ба тоаташ муваффақ гардонад ва дар роҳи ризояташ истеъмол намояд ва моро бо роҳи солеҳон бибарад ва хотимаи амри моро нек гардонад ва аз мо амалҳои солеҳро қабул фармояд, ки ҳамоно Ӯ ҷаводу карим аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий