понедельник, 7 июля 2014 г.

Моҳи иҷобати дуоҳо

Рамазон моҳи иҷобати дуоҳост. Тавре Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармоянд: «Бегумон барои рӯзадор ҳангоми ифтор як дуояш ҳатман иҷобат мегардад». Ҳар гоҳ мӯъмини содиқ ба маънои ҳақиқӣ рӯза гирад, нафсаш ба ӯ ром шуда, қалбаш дар пешгоҳи Худованд фурӯтан (мутавозеъ) мегардад, хоҳишоту ҳавои нафси ӯ идорашаванда гашта, ӯ ба Худованд наздик мешавад. Аз он рӯ дуояш мустаҷоб хоҳад шуд». Рӯза як давраи имтиҳони маънавӣ ва шигифтангез аст, ки дар он инсон аз майлу ҳавои нафсонӣ пок шуда, барои таҳаммул намудани сахтиҳо ва анҷом додани рисолатҳои муҳим аз қабили даъват, иршод, кушодадастӣ, фидокорӣ ва ғайра омада мешавад. Рӯза доштан ҳисси утуфат (меҳрубонӣ), раҳмат ва шафқат намудан бар мискинонро дар вуҷуди инсон густариш медиҳад ва эҳсоси ҳамбастагиро, ки ҳалқаи иртиботии мусулмонон бо якдигар аст, дар замири ӯ бедор мегардонад ва ҷомеа дар чунин фазое аз муфсидӣ, садамаҳо ва осебҳои фаровоне эмин мемонад. Ҳангоме ки рӯзадор таъми талхи гуруснагиро мечашад, нисбат ба масъулияташ дар муқобили фақиру мӯҳтоҷон пай мебарад. Ӯ ҳис мекунад, ки як моҳ гуруснаву ташна будан чӣ қадар мушкил будааст. Пас касоне ки муддати зиёд азоби гуруснагӣ мекашанд, дар чӣ вазъияте хоҳанд буд? Бо чунин андешаҳо шайтони бухл ( ҳисси хасисӣ) дар вуҷуди ӯ заиф мешавад ва дар муқобили он ангезаи некӣ ва саховат дар ботинаш қувват мегирад. Рӯзе ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р) дар ҳоле, ки рӯзадор буд, 180 000 дирҳам дарёфт карда ва бе ягон таъхир онҳоро байни фақирон тақсим намуда худаш бо як бурда нон ифтор кард. Ходимаш гуфт: «Беҳтар мешуд, ки як дирҳам мемондед, то ба он гӯшт мехаридем». Оишаи Сиддиқа (р) гуфт: «Агар ба хотирам мерасондӣ, ҳатман ин корро мекардам». Баъзе бузургони дин гуфтаанд, ки рӯзи ба он хотир машрӯъ шудааст, то сарватманд таъин гуруснагиро бичашад ва гуруснагонро аз ёд набарад. Ба ин тартиб табақаи фуқарову мустамандон аз ҳимоятҳои молии сарватмандон баҳраманд мегарданд ва қадаме дар ҷиҳати беҳбудии вазъи ҷомеа, ки хеле арзишманд аст, бардошта мешавад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий