пятница, 25 июля 2014 г.

ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК БОШАД БА ҲАМАИ ДӮСТОНУ ҲАМВАТАНОН


Ҳамду сипос ва шукри шоистаи он Парвардигорест, ки ба мо тавфиқ дод моҳи рамазонро рӯза бигирем, пас ҳар яки мо ба худ баргардем ва худро муҳосаба намоем, ки дар ин моҳи муборак, дар ин меҳмонии Аллоҳ, чӣ анҷом додаем, чун фардое меояд ва ба нафъ ё ба зарарамон гувоҳ хоҳад шуд, бар ҳасби он чӣ, ки дар ҳаққи ӯ анҷом додаем, пас бишитобем ба сӯи тавба ва истиғфор ва гуфтору кирдори солеҳ ва тазарруъу зории Аллоҳи зулҷалол, то шояд ҷуброни кӯтоҳкориҳоямон шавад.Азизони ман! Аллоҳи мутаъол дар поёни ин моҳ, ибодатеро машрӯъ намуда, то имонамон афзоиш ва ибодатҳоямон комил ва неъматҳояшонро беҳтару комилтар бароямон арзонӣ бахшад ва он закоти фитр ва такбиру намози ид аст.

Иди фитр неъмат, шодӣ, ибодат аст ва такмилкунандаи ибодоти рамазон мебошад ва дар он закоти фитр қарор дорад, ки мояи пок шудани рӯзадор аз корҳои беҳуда ва гуноҳони сағира аст ва бисёре аз зоҳираҳои иҷтимоъӣ ва инсонии Ислом дар он намоён мешавад, зеро дар ид қалбҳо бо ҳам наздиктар мешаванд ва мардум бо ҳам ҷамъ мешаванд ва ид ёдовари ҳаққи заъифон дар муҷтамаъи исломӣ мебошад, то шодии ид ба ҳамаи хонаводаҳоро дарбар бигирад. 

Тамоми мардуми мусалмонро ба фаро расии иди Саиди Фитр самимона табрик гуфта барои Шумо аз даргохи Иллохи 
 қабули тоату бандагӣ ва тандурустиву хонаободӣ хоҳонам. 

 Дар ин рӯзи  саид аз Парвардигор оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро барои мардум ва кишвари худ талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик мебошад.
Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.

Худованд то рамазони оянда ҳамаи шуморо нигаҳбон бошад ва дар ин рӯзҳои муборак бародарони мусалмони худро, ки дар гушаву канори дунё мавриди қатлу азобу шиканҷа ҳастанд дар ҳаққашон дуои нек кунед, ки Худованд бар болои душманони ислом пирузашон кунад ва парчами исломро дар тамоми дунё партавафшон бикунад. Идатон  муборак бод! Худованд тоату ибодатҳои  мову шуморо қабул фармояд!Омин


Илоҳо ҳар куҷо бошед,дар дини Худо бошед, 
Муҳиби хонадони Ҳазрати Ҳак Мустафо бошед. 
Илоҳо гушатон сомеъ шавад амри Илоҳиро, 
Қабули қавми пайғамбар кунед дар ҳар кучо бошед.



2 комментария:

  1. Фалсафаи ид.
    Рузе,ки мутазираш будем,барояш омодаги медидем фаро расид
    Рузи аз замоне ба замони дигар баромадан
    Умри чадидеро огоз кардан
    Рузи "Салому алайкум"
    Рузи табассум
    Рузи"Хуш омадеду боз биёед"
    Рузи бародари
    Рузи хешу пайванди
    Рузи дустиву вафодори
    Рузи хушхол кардани ятим,сурог намудани гамгин,аёдат намудани бемор
    Рузи пушидани либоси нав,дар часади нав,часаде баъди Рамазон,баъди хатми Куръон
    Рузи зинату зебогии
    Рузи дастурхони пур аз неъмату рузи
    Рузи халво дар дахон кардан то калимот низ ширин шавад
    Рузи изхори табрик то рузгор муборак гардад
    Рузи рафтан ба хонахо то чамъият пайванди хосил кунад
    Рузи зиёрат намудану даст афшондан то кинахо дур шавад
    Ид рузи шодист,ки огозаш бо такбиру ибодат
    Рузи хурсандист,ки ифтитохаш бо сачдаву инобат
    Рузи дуъо барои мусалмонон
    Пирузи хостан барои мазлумон
    Рузи таманнои саодатмандиву хушхоливу идомаи офият барои хамватанон.

    ОтветитьУдалить
  2. Умед аз даргохи бениёзаш ва тамаъ аз атои беканораш ибодат аст.

    Агарчи кутохи мо дар ин мох зиёд буд
    Агарчи хакки ин мох ба шакли сазовор адо нашуд
    Куръон ба тарзи лоик тиловат нашуд
    Шабхо ба хуби эхё нашуд
    Рузахоро нуксоне буду авродро нотамоиме...

    Вале чашми тамаъ аз даргохаш ва гумони нек аз лутфу рахматаш нуксонхоро чуброн ва нотамиро тамом мебахшад
    Парвардигори Рахимро яке аз номхои зебояш "Шакур"аст
    Ибодати кучаки бандаро шукр гуфта уро бузург подош ато мекунад,онгох,ки банда ба Мавлояш гумони нек дошта бошаду тамаъаш аз лутфи Рабб зиёд бошад...
    "Ман бо бандаам онгуна бошам,ки банда гумони онро дорад" гуфта аст.
    Пас гумони нек дошта бошем ва чашми тамаъ суи рахматаш боз намоем ва умед кунем,ки
    Рузаву киёму тавбаву дуъохоро...пазируфта бошад..

    ОтветитьУдалить