пятница, 4 июля 2014 г.

Поймол кардани ҳуқуқи инсон

Амри ҳуқумат болотар аз амри Аллоҳ будаст...

Маълум аст, ки аксари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусалмонҳо ташкил медиҳанд.Вақтҳои охир масъалаи поймол кардани ҳуқуқи хоҳарони исломи нисаби пушиш исломи сатру ҳиҷоб бисёр ба чашм мерасад.
Имрӯз соати 8 сӯбҳ дар толори Донишгоҳи Милли Тоҷикистон,ки яке аз донишгоҳҳои бонуфузи мамлакат мебошад ва садҳо нафар ҷавонон ин даргоҳро хатм мекунанад супоридани дипломҳои”Сурх” ба донишҷӯйон баргузор гардид.Банда ҳам барои табрики хоҳарзодаам,ки имсол ҳамин донишгоҳ факултаи шарқшиноси ҷузъи арабиро ба итмом расонид бо диплои сурх барои табрикоаташ рафтам вале дар даромадгоҳи донишгоҳ муҳофизон маро нагузоштанд,ки вориди толори маҷлисгоҳ шавам.
Гуфтанд,ки шуморо мумкин нест апа гузаштанд.Пурсидам ба чи хотир: гуфтанд,ки шумо сатр доред. Ба шунидани ин суханон рости бисёр дар хиҷолат мондаму дар ғазаб шудам ва нигоҳ накарда ба сухани муҳофиз вориди бино шудам. Баъди дохил бино шуданам мисле,ки ман ягон ҷинояткор бошад дарҳол 4 нафар, сармуҳофиз Расулов ва 3 нафар устодон,ки танҳо номи яке аз онҳоро фаҳмидам Абдуллоев маро иҳота карданду гуфтанд,ки апа шумо инҷоро тарк кунед,ки аз ҳуқумат меҳмонҳо ҳастанд шумо бо ин сатр дароед моро гап мерасад. Оё дар ягонҷои сарқонуни Ҷумҳури Тоҷикистон омадааст,ки бо сатр дар ягон мақомот занҳо роҳ дода нашаванд!!
Соли 2007 Вазорати маорифи Тоҷикистон дастур нашр кард, ки тибқи он пӯшидани ҳиҷоб дар таълимгоҳҳо манъ аст.Лекин куҷост он қонуне,ки волидайн ҳам бе сатр дар толорҳои донишгоҳо ворид шаванд!!
Ҳиҷоб фаризаи илоҳист ва риояи он барои ҳамаи занону духтарони мусалмон, ки ба балоғат расидаанд, ҳатмӣ ва воҷиб аст, Ислом миёни арабу аҷам фарқе қоил нест ҳама мо мусалмонем ва бояд,ки фарзияи илоҳиро ба ҷо орем на ин,ки аз тарси ҳукуматдорон сатру ҳиҷоби худро гиртфа баъдан вориди ин донишгоҳое,ки худро таълимдиҳандаи ҷавонон мепиндоранд ворид шавем.
«Эй Паёмбар! Бигу ба занони худ ва духтарони худ ва занхои муъминон, ки хешро аз сар то по бипушонанд. Ин кор барои онаст, ки ба иффат ва иззат шинохта шаванд. То аз таарруз(зуровари бар онхо) ва азияти хавасронон озор накашанд ва ин хиҷоб барои онхо бехтар аст. Ва Худованд омурзандаву мехрубон аст.» (Сураи «Ахзоб» ояти59
Бояд аз вазир то фақир ва ҳама Сарқонунро эҳтиром намуда ҳуқуки инсонҳоро поймол накунем.Вале чи илоҷ,ки об аз боло лой аст. Тоҷикистон давлати озод ва ҳуқуқбунёду демократист, бояд ҳич кас ба чи гуна либос пӯшидани шаҳрвандон кордор набошад, агар касе ба сатри мо бонувон кор мегирад бояд дигаронро низ барои мини юбка пӯшиашон ва пешу пушташ намудор будан ҷанг кунанд, аз донишгоҳ биронад ва ё мисле,ки маро имрӯз аз толори донишгоҳи милли Тоҷикистон барои сатр ронданд ронд кунанд ё ин урёнии онҳо маъқул асту пӯшиши исломии як хоҳари мусалмонатон шуморо нороҳат месозад. Ин ҳақро ба шумо кӣ додааст, ки Сарқонунро бишканед! Ҳуқуқи инсонро поймол мекунед!
Ҳукуматдорони мо имрӯзҳо дар минбарҳои баланд даъвои мусалмони доранд.Пас масъулини мӯҳтарам бигӯед, ки оё равост, мо бонувон пайравони Имоми Аъзам,ки фарзанди марди тоҷик буд ва имрӯз бештар аз 200 миллион мусалмони ҷаҳон ӯро пайравӣ доранд, бо тани нимурёну бо мини юбка бошем. Ақаллан мо пайравони содиқи Абӯҳанифаро ва ҳам касоне аз бонувони тоҷикро, ки мехоҳанд иҷоза бидиҳед то бо он либосе, ки чароғи уммат- Имоми Аъзам пӯшидани онро фарз гуфтаанд ва модару ҳамсару духтару хоҳари эшон онро ба бар доштанд, онро ба бар дошта бошем.
Баъди аз толор баромадан бо кумаки бародарам Иброҳим ба редакцияи рӯзномаи “Озодагон” зан задам ,ки омада аз наздик ҳамон лаҳза воқеъаро бубинанд вале ҳайҳот,ки ба ҳар ду рақамҳои 987 51 57 70; 935 81 04 61 хизмат расонида намешуд.Аз ин рӯй ин воқеъаро инҷо рӯйи кор овардам то ки хонандагон хонанду қазоват кунад ки бо ин муносибат мо то ба куҷо мерасида бошем.
Дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз Худованд бузург хоҳони онам,ки ин гумроҳонро ба роҳи рост ҳидоят кунад.Ин ҳодисае,ки имрӯз ба сари ман омад ва ман аз алам бо оби дида аз ин даргоҳ рафтам илоҳо дигар ҳеҷ хоҳари мусалмон набинад. Воқеъан имрӯз худро дар назди ин мардоне,ки маро ронданад ва гашта гуфтанд,ки мо мусалмонем вале супориши болоро иҷро мекунем ба мусалмони бисёри мардони ватан шубҳа дорам,ки дар ин ҳол ба дифоъи хоҳар мусалмони худ даст дароз накарданд. Ба онҳо аз амри фармони Аллоҳ амру фармони ҳуқумат болотар будааст.
Парвардигоро сафи занҳои худотарсу бо тақою ғайрро дар ҷомеаи имрўза зиёд гарданд. Чунки маҳз зан-модар ҳасту ҳаёт идома ёфта истодааст. Зан сарчашмаи ҳаёт мост ва аз Худованд дар талаби онем, ки оби ин сарчашма доимо софу буғубор бошад ва мардон низ кумак расон дар ин ҷода бошанд ба бонувон .

4 комментария:

  1. Чароги зулми золим то дами махшар намесузад агар сузад шабе сузад шаби дигар намесузад мутасифона чойи таасуф аст ки Чомеае ки алхамдулиллох мусалмон аст ба чойи конуни Аллох конуни имрузайи ба номи демократия дар чойи авал истода хукуки мусалмононро алал хусус Хохарону Модарони моро поймол карда мегуянд ки ин фармон аз боло хаст онхо фаромуш карда ки Аллохи бузург аз пайи кори онхо делахи чиноятиашро кушода амали хукумати имрузаро сар карда ин шо Аллох рузе аз рузхо ба охир хохад расонд апайи азиз гамгин мабош ки Аллох бо мост коре ки хукумати имруза карда истодааст ин шо Аллох ба охир мерасад Худованд мададгоратон бод бо эхтиром бародари шуммо (Шамсиддини Садриддин) Худо хофиз.

    ОтветитьУдалить
    Ответы
    1. Дуруду калом Аллоҳ бар Шумо додари хуби аҳли адабам.Худованд аз Шумо хушнуд бошадҳамеша ва шумо растакор. Бале,ки чунин аст аҳволи инсонҳое,ки мехоханд ҳамрави роҳи ҳақ бошанд. Бисёр мушкилотҳоро бо чашмо худ дидем дар ҷомеъаи имрӯза ки касе ба додамон намерасад((((. Худи ман барои рӯйсари сатр дар бисёр ҷойҳо таҳқирҳо шунидам то ҷое буд,ки ҳафтаҳо аз он суханони таҳқиромезе ки шунида будам гиря карда ва аз Аллоҳ сабру собири талаб кардам ки Худованд мушкилоти моро осон кунад Омин.

      Удалить
    2. Зан агар бе сатр бошад луқмаи Шайтон шавад,
      Сайди муфти фосиқони дур аз имон шавад.
      Дину маърифату илмаш қадри зан афзун кунад.
      Ғафлаташ як офатест з-ин қадри вай поён шавад.

      Удалить
  2. Аё эй холиқи якто, ба ҳоли ман тараҳҳум кун,
    Дар ин саҳро манам гирён, ба ҳоли ман тараҳҳум кун.
    Ба меҳру шафқати афзун ба ҳоли ман тараҳҳум кун,
    Ба сӯзи ҳаҷр бигзоштй ту бо рӯи сияҳ манро.

    ОтветитьУдалить