вторник, 22 июля 2014 г.

Шаммае аз Шаби қадр: фазилатҳо ва аломатҳо


Худованд уммати Муҳаммад (с)-ро бо чанд хусусияте ва фазилатҳое махсус гардонид, ки дар дигар умматҳо набудааст. Аз ҷумлаи ин хусусят ва фазилатҳо ин аст, ки вақте умрҳои фарзандони ин умматро кам намуд дар ивази он барояшон вақтҳои ниҳоят гаронбаҳоро дод. Аз ҷумлаи ин вақтҳо моҳи шарифи Рамазон аст. Ҳасанот дар ин моҳ дучанд мешаванд. Балки аз карами Худованди мутаъол ба ин уммат шаберо дар ин моҳ шаби бузург ва дорои қадр барояшон гардонид. Ин шаб шаби қадр аст. Ибодат карданро дар ин шаб аз ҳазор моҳ беҳтар қарор додааст, ки ҳазор моҳ ҳаштоду се сол ва чанд моҳ мешавад, яъне ибодати якшабаи инсон аз ин адади рӯзу шабҳо дар назди Худованд ва мизони аҷру подошаш, беҳтар аст.
Донишмандон дар мавриди сабаби шаби қадр номидани ин шаб чанд иллатро зикр кардаанд.

Баъзе аз онҳо гуфтаанд: Аз он ҷиҳат "шаби қадр" номида шудааст, ки он дар назди Худованди мутаъол дорои қадру манзалати бузург мебошад.
Ва низ гуфтаанд: Зеро дар он шаб ончӣ дар он сол хоҳад шуд, муқаддар мегардад. Худованди мутаъол фармудааст: "Дар он шаб ҳар амри боҳикмат файсала (ва тадбир) мешавад" Сураи Духон:4.
Ва гуфта шуда, ки: Дар он шаб малоики соҳиби қадру манзалат фуруд меоянд.
Ва гуфта шуда, ки: Зеро, ки дар он шаб Китоби соҳиби қадр, ба воситаи фариштаи соҳиби қадр, бар Расули соҳиби қадр ва ба уммати дорои қадр, нозил шудааст.
Ва гуфта шуда, ки: Зеро тоату ибодатҳо дар он шаб қадри бузург доранд.
Ва гуфта шудааст: Зеро касе онро барпой дорад ва шабзиндадорӣ кунад, соҳиби қадр мегардад.
Монеъае нест, ки маънои шаби қадрро ба ҳамаи ин маъноҳо ҳамл намуд ва маънидод кард, яъне метавонад дорои ҳамаи ин маъноҳо ва шояд аз ин ҳам бештар бошад. Валлоҳу аълам.
Зикри фазилати шаби қадр ва бартариҳои он дар Китоб ва Суннат:
Аввал: Худованд дар он сураи комилеро нозил кард, ки он сураи ал-Қадр мебошад. Ва баёни ин ки амалҳо дар он шаб беҳтар аз амалҳои ҳазор моҳ дар ғайри ин моҳ мебошанд.
Дуввум: Худованд дар он Қуръонро аз Лавҳи маҳфуз ба осмони дунё фуруд овард.
Саввум: Шаъни ин шабро Худованд бузург гардонид, дар ҷое, ки фармудааст: "Ва мо адрока мо лайлату-л-қадри" (Ту чӣ дони, ки шаби қадр чист?).
Чаҳорум: Он аз ҳазор моҳ беҳтар аст ё аз ончӣ аз ҳаштоду се сол бештар буда.
Панҷум: Малоика дар он фуруд меоянд. Малоика бошад ҷуз ба хайру баракат ва раҳмат нозил намешавад.
Шашум: Он солим ва салом аст аз ҷиҳати зиёд будани саломатӣ аз иқобу азоб дар он шаб.
Ҳафтум: Касе ин шабро аз рӯи имондорӣ ва интизории подош дар охират зинда бидорад, барояш ончӣ аз гуноҳон гузаштааст, мағфират карда мешавад. Аз Абу Ҳурайра (р) ривоят шуда, аз Расулуллоҳ (с), ки гуфт: "Касе шаби қадрро аз рӯи имондорӣ ва интизории подош дар назди Худованд, барпо намуда бошад, барояш ончӣ аз гуноҳон гузашта мағфират мешавад" ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз ин ҷиҳат буда, ки Расулуллоҳ (с) дар ҷустуҷӯи  он кушиш мекард, балки дар хонадони нубувват дар даҳ рӯзи ахир аз моҳи рамазон, ҳамлаи умумиро эълон менамуд, аз ҷиҳат тамаъ доштанаш ба комёб шудан ба шаби қадр. Модари муъминон Оиша (р) ривоят карда гуфтааст: "Вақте даҳ (-и ахири рамазон) медаромад, шабро зинда медошт ва аҳлашро бедор мекард ва (дар ибодат намудан) кушиш мекард ва банди миёнашро муҳкам мебаст". Ривояти Бухорӣ, Муслим ва ин лафзи Муслим аст. Аммо мусалмонҳо имрӯз, ки мо ва онҳоро Худованд ҳидоят кунад, чунин ба назар мерасад, ки вақте даҳи ахири рамазон даромад, дар қалби баъзеи онҳо заъфу нотавонӣ ҷой мегирад, фаъол буданаш кам мешавад, ҳимматаш суст мегардад, балки баъзеи онҳоро мебини, ки ба зану фарзандон ба бозорҳо ҳамла меоваранд, то талаботҳои идиро харидорӣ намоянд.
Ин шаб, дустони азиз, танҳо дар моҳи рамазон аст. Зеро Худованди мутаъол дар он Қуръонро нозил кардааст ва хабар додааст, ки фуруд омаданаш дар моҳи рамазон будааст. Худованди мутаъол фармудаанд: "Ҳамоно мо онро дар шаби қадр нозил кардем" ва боз Худованди мутаъол фармудааст: "Моҳи рамазон, ки дар он Қуръон нозил шудааст". Ва он дар даҳи ахир мутааккидтар аст, махсусан дар рӯзҳои  тоқи он ва умедвортарини онҳо шаби бисту ҳафтум мебошад. Саҳобии бузург Убай ибни Каъб (р): қасам мехурад, ки он шаби бисту ҳафтум аст. Ҳамчуноне, ки аз ӯ хабар расида, ки барояш гуфта шуд: Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегуяд: Касе тамоми солро барпо дошт шаби қадрро дармеёбад. Убай (р) гуфт: "Савгад ба Худое, ки Илоҳе ҷуз Ӯ нест, ҳамоно он дар моҳи рамазон аст, савганд мехурад ва истисно намекунад. Ва савганд ба Худо, ки ман медонам он кадом шаб аст, он шабе аст, ки моро Расулуллоҳ (с) фармоиш дод, ки шабашро барпо дорем он шабест, ки субҳи  он бисту ҳамфут аст. Ва аз аломатҳои он ин аст, ки офтоб дар субҳи ҳамон рӯз сафеде мебарояд, ки бешуъоъ (бешуъла) аст". Муслим.
Бинобар ин бар ҳамаи мо лозим аст, ки бар ҷустуҷӯи шаби қадр дар ин шабҳои даҳаи ахир, бисёр ҳарис бошем ва дар он тиловати Қуръонро бештар намоем ва дар шаб намоз хондан дар ҳоле, ки мардум дар хоб мебошанд ва ин ки хешовандонро пайвандӣ намуда зиёрат кунем ва аз дилҳоямон кина ва кудурате буда дур намоем ва садақа карданро бештар намоем, Парвардигори азза ва ҷалларо дуъо кунем ва аз Ӯ бахшиши гуноҳонро талаб намоем ва ин ки аҳли Исломро иззату каромат бидиҳад ва ин ки дар вақти дуъо кардан ба сӯи Худованди мутаъол исрор варзем ва дуъояшро бештар намоем. Махсусан ин дуъоро, ки Расулуллоҳ (с) худаш барои мо онро таълим додааст: "Эй бори Худоё ҳамоно ту бахшандаи, бахшиш карданро дуст медори, пас маро бибахш". Чигунае, ки ин аз ҳадис модари муъминон Оиша (р) ривоят шудааст, ки ба Паёмбар (с) гуфт: Ба ман хабар деҳ, ки агар дар шаби қадр истодам, дар он чӣ мегуям? Гуфт: "Бигу: Эй бори Худоё, ҳамоно ту бахшандаи, бахшоишро дуст медори, пам маро бибахш". Тирмизӣ. Аллоҳумма иннака ъафуввун туҳиббул ъафва фаъфу ъаннӣ.
Аломатҳои шаби қадр
Шаби қадр барои худ аломатҳо дорад. Баъзеи ин аломатҳо ҳамдуши шабанд ва баъзеаш баъди он шаб аз пушташ мерасанд.
Аз ҷумлаи аломатҳое, ки ҳамдуши он шаб аст, яъне ки дар аснои шаб мебошанд инҳоянд:
1. Қуввати равшанӣ ва нур дар он шаб. Ин аломате аст, ки дар вақти ҳозир танҳо касе метавонад онро эҳсос намояд, ки дар даштҳо ва деҳот дур аз нурҳои барқӣ бошад.
2. Итминону оромиш: Яъне оромиши қалбӣ ва кушодагии синаи муъминон. Ӯ дар шаби қадр як роҳат, оромиш ва кушодагиеро дар синааш пайдо мекунад, ки аз шабҳои дигар дида  бештар аст.
3. Бодҳо дар он шаб ором мебошанд. Дар он шаб тундбод ва боди сахти шикананда намебошад, балки фазо ва ҳаво муносибу хуб мебошанд.
4. Гоҳо мешавад, ки Худованд инсонеро дар хобаш ин шабро нишон медиҳад, ҳамчуноне, ки барои баъзе аз асҳоби киром рух дода буд.
5. Инсон дар барпо доштани он шаб лаззатеро пайдо мекунад, ки аз ончӣ дар шабҳои дигар аст, бештар мебошад.
Аломатҳое, ки баъди шаб аз пуштар меоянд:
1. Офтоб дар субҳи он рӯз мебарояд дар ҳоле, ки шуъоъ надорад. Соф мебошад, на ҳамчун ҳолатҳои одатӣ дар дигар рӯзҳо. Ба ин гуфта ҳадиси Убай ибни Каъб (р) далолат мекунад, ки гуфт: Расулуллоҳ (с) ба мо хабар дод: "Ки он (офтоб) дар он рӯз мебарояд, дар ҳоле ки шуъоъ надорад". Ривояти Муслим.
Ин буд чанд фазилат ва аломати шаби қадр. Инсон бояд ин фурсатҳоро ғанимат бидорад ва бо шавқу завқ онҳоро пешвоз бигирад ва аз он истифода намояд, зеро мо абадӣ нестем ва намедонем то рамазони дигар ҳаёт дорем ё не. Бинобар ин аз ин лаҳзаҳои тиллоӣ истифода намудан ин айни хирад ва боақлии инсон аст. Вале касе аз ин лаҳзаҳо истифода накард ва дар хобу хур ва тамошои дигар чизҳое, ки ба ибодат алоқа надоранд вақташро гузаронид, дар ҳақиқат хирадро ба кор  набурдааст ва худро аз неъматҳои бузурги Худованд маҳрум намудааст, ки ин неъматҳоро ба ин сурат дар дигар моҳҳо пайдо намекунад. Ҳар инсон худаш бояд ин лаҳазотро ғанимат бидонад ва дигаронро барои истифода аз ин чанд лаҳзаи ҳаёт ташвиқ кунад. Агар дид, ки касе баръакс вақти онро дар ин чанд лаҳза бо гапу кори беҳуда мегирад, дарҳол роҳи раҳоии худро пайдо кунад ва ба алоқамандии Худованд худро бизанад.
Аз Худованди бузург талаб мекунем, ки мо ва шуморо аз ҷумлаи касоне, ки ба ҷаннатҳо ва ҳурони нексурат ва назар кардан ба Малики Даён, комёб мешаванд, пируз бигардонад. Раббано отино фиддунё ҳасанат ва филохирати ҳасанат ва қино азобаннор. Аллоҳумма иннака ъафувву, туҳиббул ъафва фаъфу ъаннӣ.

1 комментарий:

  1. Ман бе ту даме қарор натвонам кард,
    Эҳсони туро шумор натвонам кард.
    Гар ба тани ман забон шавад ҳар мўе,
    Як шукри ту аз ҳазор натвонам кард.

    ОтветитьУдалить