пятница, 11 октября 2013 г.

Насиҳате баҳри фарзандон

«Писарам, ба ҳеҷ ваҷҳ ва таҳти ҳеҷ шароити замонӣ мухолиф ва алайҳи хосту иродаи Худованди бузургу меҳрубон вориди амал машав! Нагузор,ки кибру худхоҳӣ бар ту асар кунад. Он чи, ки донистанаш бароят макдур нест, бикӯш то онро фаро бигирӣ ва ҳамеша аз фарҳехтагону донишмандони улуми исломӣ биомӯз, то бар донистаҳоят биафзоӣ. Ҳамеша дар талаби илму дониш бош, зеро ҷӯёи илм будан ибодат дар роҳи Аллоҳ аст.

То он замоне,ки ба кору амале итминон ҳосил накунӣ, ҳиммат ба он кор магумор! Бо афроде, ки ҳамназару мутеъи туанд, дар камоли тавофук ва ҳусни тафоҳум кору зиндагӣ бикун! Хайру накӯкорӣ дар баробари бандагони Худоро ҳеҷ гоҳ аз ёд мабар. Бо афроди ҷангиву низомии худ ҳамеша бо эхтирому мувозабат ва мусоъадату наҳваи хидматгузорӣ бархурд кун. Зеро фарди хидматгузор ҳамеша мавриди лутфу марҳамати Худованд аст. Писарам, золиму ситамгор мабош! Дар умури кишвардорӣ бо риояти адлу инсоф пойбанд бош ва ҳеҷ гоҳ аз талошу муҷоҳидат дар роҳи интишору густариши дини барҳаки Худованд – ислом фурӯгузор мабош. Аз ту мехоҳам,ки дар ин роҳ икдому амал намоӣ, то маро хушбахт гардонӣ!

Агар бихоҳи,ки дар умури мазҳабӣ муваффак бошӣ, гӯши шунаво ба ҳарфу насиҳати донишмандони исломӣ дошта бош. Дар баробари донишмандони ислом сарфи назар аз он,ки дар куҷое ба сар мебаранд, ҳамеша фурӯтаниву мулотифат ва эҳтиромпазирӣ дошта бош! Мувозиб бош,ки таърифу газофи зиёд ба сипоҳиёну дороият туро аз ислому умури динӣ ғофил масозад! Бидон,ки рисолати аслии мо – хидмат дар роҳи таъолии дини Худо ва ҳадафи волои мо –интишору мусоъадат дар амри ба мардум расонидани исломи азиз аст, на муборизаи ниҳоӣ барои касби дунёву матоъи он! Ту шоистагии инро дорӣ,ки танҳо дар ин роҳ ва бо ин ҳадаф ҷаҳду талош бикунӣ, на барои чизи дигаре ғайр аз ин.

Нисбати бандагони Худо ҳамагон ҳамеша некандеш, нармхӯ, ва меҳрубону нармгуфтор бош. Дар умури давлатдорӣ ҳамеша ба наҳви аҳсан, ба дур аз нуксу тахаллуф амал намо ва бидон,ки Худованд одилону дурусткоронро дӯст медорад. Шуморо ба Худованди бузургу доно месупорам!

суббота, 14 сентября 2013 г.

Хоҳари азизу бошараф!

Эй хоҳари покдоман!
Хохари азизу бошараф!
Шумо азизтарин шахс дар назди мо!Шумо модар ва хоҳар .. ҳамсар ва духтар ..
Шумо дар назди мо беҳтарин шахс..
Шумо як зоте ҳастед, ки бароямон хатиби ширинсухан ва имоми тақвокор ва дигар шахсони бузургро таваллуд мекунед.
Шумо ҳастед, ки устодони фозил ва нусратдихандагони дини Худо аз дасти шумо тарбият ёфтаанд.
Занон низ ба монанди мардон ҳастанд.
Чуноне, ки дар байни мардон олимони бузург даъватгарони набил вуҷуд доранд.
Дар байни занон низ вучуд доранд.
Дар байни мардон шахсоне ҳастанд, ки рузгохон руза медоранд, шабонгохо намоз мегузоранд, сахаргохон гиряву нола мекунанд. 
Дар байни занон низ чунин шахсон вуҷуд доранд.

Бисёр занон ҳастанд, ки дар амалҳои хайр мардонро мусобиқа намуда, мардонро сабқат карданд.Дар ибодати Парвардигор ва нусрати дини Аллоҳ ва нафака ва таълими илм ва дар дигар ибодот низ мардонро сабкат карданд.Агар саҳифаҳои таърихро варак зани, мебини, ки занон дар аксарияти фазоил мардонро сабқат ва пешдасти карданд.

Аввалин касе, ки ба Макка истикомат кардааст ..
Аввалин касе, ки оби зам-замро нушидааст ..
Аввалин касе, ки байни Сафо ва Марва саъй кадааст .. Он шахс зан мебошад.
Он зан Хочар, модари Исмоил мебошад.
Хочар занест, ки дар рохи Аллох сабр кард, хатто дар Куръон зикри у боки монд. 
Аз насли у паёмбарон ба дунё омаданд. 
Хочар модари паёмбарон .. пешвои авлиё ..
Ин холи у ва окибати некуи у .

Бале.. Гариб шуд ва тарсид, ташнаву гурусна монд ..
Лекин ба тамоми ин сахтихо рози буд. Чунки дар ин сахтихо розигии Аллох буд.
Барои Аллох шуда, дар гарибихо зиндаги кард, сипас Аллох пас аз ин машаккатхо, хурсандиву шодиро насибаш гардонид.Аввалин шахсе, ки ба Ислом дохил шуд ..
Ва паёмбари Аллохро нусрат дод 
Аввалин шахсе, ки дар рохи Аллох ранчу азоб дид, хатто дар ин рох кушта шуд ва шахид шуд ..
Зан мебошад. Он зан Сумайя, модари Аммор аст.
Сумайя канизи Абучахл буд. Сумайя хамрохи шавхар ва писари худ мусалмон шуд. Абучахл доимо онхоро азобу шиканча медод. Онхоро дар офтоби тасфон баста мемонд, кариб буд, ки онхо аз гарми ва ташнаги ба халокат расанд.
Расулуллох саллаллоху алайхи ва саллам аз назди онхо мегузаштанд ва онхо дар азоб буданд, хунхояшон чори мешуд, лабонашон аз ташнаги пора-пора шуда буд, пустхояшон аз зарби тозиёна хуншор шуда буд, бар болои хамаи ин азобхо офтоб тасфон буд,
Расулуллох саллаллоху алайхи ва саллам ин холи онхоро дида, алам мекашиданд ва ба онхо мегуфтанд:
Эй Оли Ёсир! Сабр кунед. 
Эй Оли Ёсир! Сабр кунед.
Ваъдагохи шумо чаннат аст.
Ин калимот ба самъи онхо расида, калбхои онхоро хушхол кард, дилхои эшон аз ин башорат аз хурсанди парвоз мекард.

Ногаҳон Фиръавни уммат, Абучахл онхоро зиёда азобу шиканча медод.

Мегуфт: Мухаммад ва Парвардигорашро дашном дихед. 
Лекин онхо устувор буданд, аз дин намегаштанд.

Дар ин холат он марди палид шамшери худро гирифта, ба шармгохи Сумайя бо шамшераш мезанад.
Дар инхолат хунхояш чори мешавад ва гуштхои баданаш пароканда мешавад ва бо овози баланд дод мезанад ва ёри мечуяд, шавхараш ва фарзандаш дар наздаш буданд, онхоро ни Абучахли лаъин баста буд. Аз дасти онхо хеч чизе намеомад.
Абучахли лаъин бошад, дашном медод ва куфр меварзид .. Сумайя бошад, чони худро таслим карда истода буд ва дар ин холати вазнин АЛЛОХУ АКБАР мегуфт .. Аммо Абучахли лаъин бошад, тамоми часади уро бо шамшераш пора-пора мекард. Хаттон тамоми узвхои у пора-пора шуд.. Сумайя (разияллоху анхо) дар ин холат вафот кард.
Cумайя вафот кард .. бехтарин вафот..
Вафот кард .. Парвардигорашро рози кунонд .. ва дар рохи У устувор истод ..
Бале .. вафот кард .. дар рохи бад набуд . . дар рохи нек чони худро ба Аллох таслим кар.
Вой ба баъзе духтарони имруза ..
Баъзе он духтарон ба камтарин чиз аз рохи Аллох гумрох мешаванд. Хол он, ки ягон тои онхо ягон зарба надидаанд ва хеч кас онхоро тахдид хам накардааст.
Ягон мушкилиеро надиаанд, лекин бо гушхояшон мусикихоро гуш мекунанд ва бо чашмони худ ба мухаррамот (чизхои харом) назар мекунанд ва бо номахрамон суханрони ва газалхони мекунанд ва либосхои тангу шаффоф мепушанд.
Занони пешина ба мушкилот сабр мекарданд .. бар оташхои тасфон тахаммул мекарданд .. лекин дини худро аз даст намедоданд.
Аллох таъоло мегуяд:
{ وَعَدَ اللّهُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ وَرِضْوَانٌ مِّنَ اللّهِ أَكْبَرُ ذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ } ..
"Аллох ба муъминон ва муъминахо чаннатхое, ки аз зери он дарёхо чори аст, ваъда кардааст. Он мардону он занон дар он чаннат човидона боки мемонанд. Аллох дар он чаннатхо барояшон масканхои пок ато мекунад ва розигии Аллох аз хамаи он неъматхо бузургтар аст. Ин галабаи бузург аст".

четверг, 5 сентября 2013 г.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Илоҳо, мо аз ғофилонем, на аз кофиронем; нигоҳ дор, то парешон нашавем ва дар роҳ ор, то саргардон нашавем.((((
ИлоҲо, худ кардам ва худ харидам, оташ бар худ худ афрузонидам, аз дӯст овоз додам, дилу чонро фаро ноз додам, акнун ки дар ғаркобам, дастам гир, ки гарм афтодам.((
Илохо, эй сазои карам, эй навозандаи олам, на бо васли Ту андух асту на бо ёди Ту гам.
Илоҳо, адои шукри Туро ҳеч забон нест ва дарёи фазли Туро ҳеч карон нест ва сарри ҳақиқати Ту бар ҳеч кас аён нест, ҳидоят кун бар мо роҳе, ки беҳтар аз он нест.



Ноумед аз дари лутфи Ту куҷо шояд рафт,
Тоби қаҳри Ту надорам Худоё зинҳор.
Ҳайфи он умри гаронмоя, ки дар лағв бирафт,
Ё Раб аз ҳар чї хато рафт, ҳазор истиғфор.

Эй Худои хубу 
дӯстдоштанӣ! Эй Худое, ки ҳама чизро офаридӣ! Эй Худое, ки ҳама чизро 
мебинӣ, медонӣ, мешунавӣ ва мефаҳмӣ! Эй Худое, ки ҳамаро дӯст медорӣ иллоҳ ҳамаи онҳое,ки ниёз ба шумо доранд аз дарвёи раҳматат саршорашон бигардон ва ҳамеша роҳнамоямон бош!

 Гар намебини Худоро ояти Ӯро бубин,
Дар тамоми қавну олам қудрати Ӯро бубин.
Ки туро овард ба дунё, ки туро з-он мебарад,
Рафту омадро бияндеш суннати Ӯро бубин.
Ҳар куқо рафти Худоро нозири ҳолат бидон,

Дар ҳамачо фазли вай бо неъмати Уро бубин.
Ризқи худро мерасонад бар амиру бар гадо,
Ризқу рузиро бияндеш, ҳикмати Ӯро бубин.
Мебарад роҳи саодат ҳар киро хоҳад Худо,
Он, ки бошад лоиқи он, қисмати Ӯро бубин.
Ончунон бош дар ибодат, ки Худо шоҳиди туст,
Гар намебини Худоро дидани Ӯро бубин.

суббота, 31 августа 2013 г.

Имон,Ислом,Эҳсон..

1.Имон
 Ал имону иқрорун би лисонин ва гасдиқуи бил қалби бимоҷоа биҳи мин ъиндиллоҳи Муҳаммадун расулуллоҳи саллаллоҳу ъалйхи васаллам. Имон гуфтан аст бо забон ва тасдиқ карданаст ба дил ба он чизе ки омадааст аз Аллоҳтаъоло ба пайғамбарамон Муҳаммад салаллоҳу алайҳи васаллам. Ва асоси рукнҳои ислом шаш аст: ва он - ан туъмина биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи вал явмил охири ва бил кадари хайрихи ва шарриҳи. Ин ки имон (боварй) биовари ба Аллоҳтаъоло ва малоики Ӯ ва китобҳои Ӯ ва расулони Ӯ ва имон овари ба рӯзи қиёмат, ба тақдири некй ва бадй ва ба зинда шудани баъди мурдан. •  

2. ИСЛОМ 
Ислом чист? - Ал ислому хувал инкиёду ли авомирил-лохи вал ичтинобу аниннавохиҳи. Ислом сар фуруд оварданаст ба амрҳои Илоҳй ва дур истодан аст аз он чй ки наҳй (манъ) кардааст Аллоҳтаъоло. Ва аркони ислом панҷ аст: - шаҳодату ан ло илоҳа иллаллоху аа анна Мухаммадан расулуллоҳи ва икомуссалоти ва итоуззакоти ва савму рамазона ва хаччул байти манистатоъа илайҳи сабило. магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад (с) бандаи Худо ва расули Худост. Ва Аллоҳ таъоло ӯро барои таблиғ ва расонидани динаш фиристода аст. 
2. Ва бар пой дорй намозҳои фаризаро ҳар рӯзу шаб бо ҳама арконҳояш бо итминон ва хушуъ ва фурӯтанй. 
3. Ва пардохтани закот аст (агар мол ба додани закот расида бошад). 
4.Ва рӯзаи моҳи рамазонро доштан аст. Яъне шахси   рӯзадор аз хӯрдан ва нӯшидан ва ҷимоъ аз тулӯъи субҳ то ғуруби офтоб худро нигоҳ дорад. 
5.Ҳаҷҷи (зиёрати) хонаи Худоост, барои шахсе, ки иститоъату тавоноӣ дошта бошад. 

3. ЭХСОН 
 Эҳсон чист? - Ал иҳсону ҳува ан таъбудаллоҳа кааннака тароҳу фа ин лам такун тароҳу фа нннаҳу ярока. Эхсон он аст, ки ибодат куни Аллох таъолоро он чуноне, ки мебини, агар ту намебини Уро пас У мебинад туро. Эҳсон мақоми олиест, ки ҳар як фарди мӯъмину мусулмон бояд ҷаҳду кӯшиш намояд то ба он мақом бирасад. Чун ба он мақом бирасад ҳамаи амалҳояшро бо тамоми некиҳо ба анҷом мерасонад то ин ки Аллоҳ (ҷ.ҷ.) аз ӯ розӣ шавад. Ва назари Аллоҳтаъолоро ҳамеша дар худаш эҳсос намояд, ки Ӯ таъоло ӯро дида истодааст. Иқрор кардан бо забон ва тасдиқ намудан бо дил ва амал кардан бо аъзоҳо мисли барпой доштани намози панҷвақта ва ғайра аз камоли имон аст. Ва инчунин мутобиъат намудан ба суннат ҳам аз камоли имон аст. 
СУННАТ- яъне роҳу равишу гуфтору феълу аҳволи пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи васаллам аст. Пас шахсе гуфтани шаҳодатайнро бо дилаш инкор кунад, яъне бо забонаш гӯяд ва бо дилаш тасдиқ накунад пас он шахс, мунофиқ аст. Ва аммо шахсе шаҳодатайнро бо забон гӯяду ба дилаш тасдиқ кунад, вале бо аъзо амал карданро тарк кунад, пас он шахс фосиқ аст. Ва аммо шахсе мутобеъат кардани суннатро тарк кунад, пас он шахс мубтадиъу роҳгумкарда аст ва бояд чунин шахс роҳи ҳидоятро ҷустуҷӯ намояд. Илохо то хаёт доред дар дини Худо бошед, Мухиби хонадони хазрати хак, Мустафо бошед. Илохо гушатон сомеъ шавад амри Илохиро, Қабули кавли пайгамбар кунед дар хар кучо бошед Акнун баъди шинохтани Худованди бузургу меҳрубон ва қабул кардани бандагии Ӯ бо гуфтани калимаи шаҳодат. "Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Мухаммадан абдуҳу ва расулуҳу", яке аз аркони исломро адо намудем, яъне дохили ислом шудем. Шинохтани Маъбуд (Офаридгор), муҳаббати Ӯро дар дил пайдо мекунад ва ин муҳаббат инсонро дар баробари азаматии Ӯ таъоло ба парастишу тавозуъ водор месозад. Ҳар шахсе, ки бандаи Офаридгор аст ва ин бандагиро иҳсос мекунад, итоати фармони Ӯ намуда дар пешгоҳи боргоҳи таъоло қомат хам мекунад ва сар ба саҷда мениҳад ва бо вай роз мегӯяд ва ниёз металабад ва он Холиқи беҳамторо, ба ъазамат ва покй мепарастад (яъне намоз мегузорад). 

Дараҷаи тавҳид дар Қуръони карим


Тавҳид - яъне эътиқод ба ин ки Худо якто ва беҳамтост. - Эътиқод ба ин ки ҳеҷ маъбуде барҳақ; ҷуз Ӯ таъоло шоистаи парастиш нест. Аз ин ҷост, ки шахси дорои чунин эътиқод бударо, "муваҳҳид"- гуфта Мешавад. Дини Ислом, ки дини тавҳид аст ва шахсе то муваҳҳиди комил ва воқеъӣ нагардад, ҳаргиз мусулмони ҳақиқӣ ба шумор намеравад. Ва Қуръони карим танҳо гуноҳеро, ки қобили бахшиш намедонад, ҳамоно ширк ба Худост.  "Худованд намебахшад, ки ба ӯ ширк биварзанд ва ба ҷуз ширк ҳар гуноҳеро барои ҳар ки бихоҳад мебахшад ". Аз ҳамин ҷиҳат лозим ва зарур аст бидонем, ки муваҳҳиди воқеъй чй касе аст ва чй вазифаҳое дорад, то хешро ба он зиннат дода ва дар ин олам аз мусулмонҳои воқеъй шуда ва дар олами охират ба саодати абадй ноил гардем. Муваҳҳиди воқей аз назари Қуръони карим шахсе аст, ки Худоро дар ҳама амрҳои зерин ягона бишносад:
 1.МАР ЗОТ- яъне Худованд дар зоти худ ягона ва !беҳамтост: "Лайса камислмҳм шайун". "Худованд мисл ва монанд ва ҳамтое надорад" (Сураи Шӯро, ояти 11). "Ва лам якун Лаҳу куфуван аҳад". "Ва нест ӯро ҳамто ҳеҷ кас" (Сураи Тавҳид, ояти 4).
 2.МАР ОФАРИНИШ - яъне Худованд ягона холиқи ҳастй аст ва ҷуз ӯ Офаринандае вуҷуд надорад. "Қулиллоҳу холику кулли шайин ва ҳувал воҳидул кахҳор". "Бигӯ, Офаридгори ҳамаи чиз Худост ва У таъоло воҳидаст дар қаҳҳорй" (Сураи Раъд, ояти 16). 
З.МАР ТАДБИР ВА КОРГАРДОНӢ - яъне эътиқод ба ин ки ирода кардани ҷаҳон танҳо дар тасарруфи Худованд аст. Коргардон ва тадбиркунандаи ҳастй фақат |ва фақат Ӯ таъоло мебошад. 

"Қул мам ярзуқуқум минассамои вал арзи аммайямлнкус-самъа вал абсора ва май юхриҷул ҳайя минал маййити ва юҳриҷул майймта минал хаййи ва май юдабиррул амра. фасаяк улуналлоҳ- фа кул афало таттакун" "Бигӯ, кист ки шуморо аз баракоти осмон ва замин ризқу рӯзй медиҳад? Кист ки соҳиби гушҳо ва чашмони шумост? Кист ки зиндаро аз мурда ва мурдаро аз зинда бсрун мекунад? Кист ки амри офаринишро тадбир ва идора мекунад? Мегӯянд: Аллоҳ! — бигу! Пас чаро парҳезгор нсстед!"Чаро аз Худо наметарсед! (Юунус ояти 31).
 4.ДАР КОНУНГУЗОРЙ ВА ХОКИМИЯТ - яъне ҷуз| Худои муттаъол касе ҳаққи фармон додан, қонун вазъ кардан барои мо надорад. Ҳар қонуне бояд тибқи; нишондоди Аллоҳ сурат гирифта расмият пайдо кунад. "Инил хукму илло лиллохи амара алло таъбуду илло ийёҳ...". "Ҳукумат барои касе ҷуз Аллоҳ нест, фармон додааст, ки фақат ӯро бипарастем..." (Сураи Юсуф, ояти 40).
 5. ДАР МАЪБУДИЯТ - яъне касе ҷуз Худованди таъоло сазовори парастиш нест. "Ва лакад баъасно фӣ умматир-расулан аниъбудуллоха вачтанибут тоғута'. "Дар миёни ҳар уммате пайғамбаре фиристодем то ба халқ бирасонанд, ки Худои якторо бинарастанд ва аз хар маъбуде ҷуз Худо бипарҳезанд" (Сураи Наҳл, ояти 36).
 6.ДАР ИСТИЪОНАТ ВА ТАЛАБИ ЁРӢ НАМУДАН - яъне эътиқод ба ин ки аз каси дигар ҷуз Худованд кӯмак нахоҳем. "Ийёка наъбуду ва ийёка настаъим" "Танҳо туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ НАМОЗ калиди ҷаннат металабем" (Сураи Фотиҳа, ояти 4). 
7.ДАР УМЕД (РАҶОЪ) - яъне умед ҷуз ба Аллоҳ; надошта бошем. "Би ядикал хайр, иннака ъало кулли шайин кадир"Ҳар хайр ва некӯи ба ихтиёри Туст ва Ту ба ҳар чиз тавонои" (Сураи Оли Имрон, ояти 26). 
8.ДАР ХАВФ - яъне ҷуз Худованд аз касе натарсем. Худованд мегӯяд: "фа ло тахофухум ва хофуни ин кунтум муъминин". "Аз куффор натарсед аз ман битарсед агар имон доред". 

воскресенье, 7 июля 2013 г.

Рамазон моҳи маърифат, раҳмат, дигаргунсозии феълу атвор аст.


Бо номи Худо ва Дуруд бар Паёмбари Сулҳу Сафо, Ҳазрати Мустафо Салаллох алайхи ва Салам.Ассалому алайкум дустони арчуманду оликадр!Сипос Худовандеро сазовор аст, ки касе аз раҳмати ӯ маъюс нагардад ва аз неъматҳои фаровони ӯ берун натавон рафт. Худованде, ки аз омурзиши ӯ ҳеҷ гунаҳкоре ноумед нагардад ва аз парастиши ӯ набояд сарпечӣ кард. Худое, ки раҳматаш қатъ намегардад ва неъматҳои ӯ поён намеп
Рамазон моҳест, ки саропо раҳмату мағфират аст, моҳе, ки сангдилтарин инсон бузургии онро ламс ва эҳсос мекунад, моҳест, ки раҳмату баракоти Илоҳӣ монанди борони баҳорон фурӯд меояд, моҳест, ки тамоми ҳаракоту саканоти хуби инсонӣ дар даргоҳи Илоҳӣ арзиши чанд баробарро мегиранд. Болотар аз ҳама Рамазон моҳест, ки Худованд онро тавсиф намуда бузургтарин мӯъҷизаи худ Қуръони Каримро фурӯ фиристод. Ин моҳи муборакро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон, хусусан мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон табрик мегӯем.

Эй ошиқон муборак моҳи валодат омад,
Он гавҳари дурахшон шамъи рисолат омад.
Аз ҷамъи хошимиён хуршеди ҳак тулуъ кард,
К-он моҳи осмони бахри ҳидоят омад..
Дунё таваллуд ёфт к-он нозанин биомад,
Дар фасли тобистон моҳи имомат омад..```

Мохи Рамазон си руза мехмон омад.
Аз дини Расули Хак ба Куръон омад.
Эй бандаи гофил,зи хобат бархез.
Бахшидани гунохи хар мусалмон омад!
Ганчинаи нуронии Куръон Рамазон аст,



Оромиши дилхои парешон Рамазон аст.
Мачмуаи гулхост шабу рузи азизаш,
Яъне ба хакикат, ки гулистон Рамазон аст.
Дар домани ин бахри гаронмоя бубинед,
Дарёи гухархои фаровон Рамазон аст.
Бо зикри муночоти Худо дар дили шабхо,
Бар хастии мо дасти гулафшон Рамазон аст.
Тасвири шафак гашта чу саччодаи Мавло,
Оинаи он мухри фурузон Рамазон аст.
Пас он садафи нур ба Куръон Рамазон аст. 


пятница, 14 июня 2013 г.

Шукри Худоро фаромӯш накунед.

Он ки бо Худост, маънои онро дорад, ки шикастнопазир аст.
Ҳеҷ чиз барои Худо ғайри мумкин нест.
Бояд биёмӯзем, ки бо дарду ранҷ шодӣ кунем, зеро ҳамаи корҳои Худо хайр аст.
Хурдтарин нигарониро дар худ роҳ надиҳед, ҳама чизро ба Худо бисупоред.
Ман ошиқи Парвардигор ҳастам, аз ҳамон лаҳзае, ки шуруъ ба шинохти ӯ таоло мекунем, 
ӯро зеботарин ва меҳрубонтарин хоҳем ёфт.
Агар бо гузашт кардан касе кучак мешуд, Худо то ин андоза бузург набуд.
Шукргузорӣқадри ҳамаи неъматҳои Худоро донистан аст.
Тамоми чизе, ки Худо аз башар мехоҳад як қалби ором аст.
Худованд умеду хобро барои ҷуброни ғамҳои зиндагӣ ба мо арзонӣ доштааст.
Назди Худо ҳамаи чизҳо одилона ва дуруст аст, аммо одамҳо баъзеро дуруст ва баъзеро 
нодуруст медонанд.
Шукри Худоро фаромӯш накун, ишқи воқеӣ фақат Худост.
Ба Худо нагӯ, ки чи қадар мушкилотат бузург аст, ба мушкилот бигӯ, ки чи қадар Худоят 
бузург аст.
Бародарам! Ҳамеша ба ин андеша бош, ки то даме ба ёди Худо ҳастӣӯ таоло низ бот уст.
Ин чанд ҷумларо дар худ таҷруба кун, ба осонӣ эҳсосашро хоҳӣ кард.

Чанд насихат!


Намозро ҳамон гуна, ки шоиста аст ба ҷо ор.
Насиҳату андарзи дигаронро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун.
Дар муқобили пешомадҳо шакибо бош!
Аз мардум рӯй нагардон ва бо онҳо беэътино набош!
Бо мардум бо ғуруру такаббур рафтор накун!
Дар маҷолис ангушт дар бинӣ наяндоз!
Розу асроратро назди худ нигоҳ дор!
Дӯстро дар ҳангоми сахтӣ озмоиш кун!
Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишин нашав!
Бо донишмандон ҳамроҳ бош!
Дар касб ва кори нек ҷиддӣ бош!
Бар кутаҳфикрону заифон эътимод накун!
Бо оқилони имондор ҳамеша машварат кун!
Сухани санҷидаро баён кун!
Дӯсту ёронро эҳтиром кун!
Бо дӯсту душман хӯшахлоқ бош!
Харҷатро камтар аз даромадат дошта бош!
Ҷавонмардӣ ва гузаштро пеша кун!
То метавонӣ бо меҳмон меҳрубон бош!
Дар ҳангоми сухан гуфтан матин ва ором бош!
Ба кам хурдану кам гуфтан ва кам хуфтан худатро одат бидеҳ!
Ноомӯхта устодӣ накун!
Бо заъифон ва кудакон сирри худро дар миён нагзор!
Ҳамеша дар ёрӣ ва кумаки дигарон бош!
Аз бадон интизори некӣ ва мардонагӣ надошта бош!
Коре накун, ки ҷоҳилон бо ту ҷуръати густохӣ пайдо кунанд!

Умар (р) машварати занро мепазирад.


Боре Умар (р) болои минбар баромад ва аз мардум хост то дар додани маҳрияи занҳо 

зиёдаравӣ накунанд, зеро Паёмбари Худо (с) ва ёронаш низ маҳрияро ҳаргиз беш аз 400 

дирҳам пардохт накардаанд. Бинобар ин ба мардум дастур дод то беш аз он маҳрия 

надиҳанд ва маҳрия ҳам нагиранд.
Вақте аз минбар фаромад зане ба ў хитоб карда гуфт: ту дастур медиҳӣ, ки маҳрияи занҳо 

бештар аз 400 дирҳам набошад?
Умар (р) гуфт: бале
Зан гуфт: оё фармудаи Худовандро нашунидаи, ки мефармояд: {وآتیتم إحداهن قنطارا}
«Ва агар ба зане як қинтор маҳрия додед»
Умар (р) пас аз шунидани ин гуфт: «Худоё! Аз ту мағфират металабам, ҳамаи мардум аз 

Умар донотаранд»
Боз дубора бар минбар баромад ва гуфт: эй мардум! Ман шуморо аз зиёдадиҳӣ дар 

маҳрия наҳй карда будам. Акнун касе мехоҳад ҳар қадар аз моли худро (барои маҳрия) 

бидиҳад, бидиҳад.
Агарчи Умар ибни Хаттоб (р) бо адлаш шинохта мешавад афзун бар ин, ин достон 

нишона ва баёнгари хоксорӣ ва тавозуи ўст. Ў бо вуҷуди онки яке аз бузургони уламои 

саҳоба (р) буд боз ҳам аз қабул кардани сухани дигарон кутоҳӣ намекард ва борҳо аз 

касоне, ки аз назари илм ва тақво аз ў ҳам поёнтар буданд, насиҳат ва машвараташонро 

қабул мекард. Худованд аз ў ва дигар ёрони гиромии Паёмбар (с) розӣ бошад.
Аҳмад Азиз

Духтар дӯст дорӣ ё писар???


Дар аҳди қадим падарон аз доштани фарзанди писар хушҳолу хурсанд мешуданд ва баъд аз таваллуди фарзанд зукури дунёро ба ком мепиндоштанд, зеро ки писарро асои даст ва дар умури маъоши хонавода ёрирасони худ медонистанд. Достони ҷойгоҳи фарзанди духтар дар замони ҷоҳилият хеле равшану  возеҳ аст, ки ниёз ба такрори он нест.
Имрӯзҳо низ дар қарни ХХI, ҳастанд афроде, ки аз доштани  писар хушҳол ва аз таваллуди духтар ғам тамоми вуҷудашонро фаро мегирад. Ғофил аз ин, ки ривояти фаровоне дар боби баракоти доштани духтар дорем. Албатта ҷойи зикр аст, ки ҳар як фарзанд духтар ё писар асароти хоси худашро дар зиндагӣ доранд ва дар ин миён фарзанди солеҳ аст, ки дар миёни соири фарзандон мадори бартариро бар дӯш хоҳад гирифт.
Дар ривояте омада, ки мардеро ҳамсараш духтар ба дунё овард ва мард  бад-ин хотир нороҳат ва асабоният буд, фармуданд: агар Худои Мутаъол ба ту бигӯяд: ман бароят интихоб кунам ё ту чӣ мегӯи? Гуфт: мегуям Парвардигоро, ту интихоб кун! Фармуданд: Холо, ки Худованд бароят духтар интихоб карда, пас чаро нороҳатӣ? Сипас фармуд: писарчае, ки ҳазрати Хазир ба амри Парвардигор ӯро кушта буд, чуноне ки Қуръони карим мефармояд:  «Хостем, то дар ивази ӯ Парвардигорашон чизе насибашон созад ба покии беҳтар аз ӯ ва ба меҳрубонии наздиктар аз ӯ.» (сураи Каҳф,ояти, 81).
Худованди Мутаъол аз он писар, духтаре ба онҳо дод, ки аз насли он духтар, ҳафтод паёмбар ба дунё омад.
Гуфтаанд, ки духтарон ҳасана ва писарон неъматанд, дар баробари ҳасанот подош дода мешавад, вале неъмат мавриди бозхост қарор мегирад. Расули Худо (с) фармуданд: «ҳар касе, ки се духтар дошта бошад ва нигаҳдориву ѓам ва шодии онҳоро мутаҳаммил гардад дар рӯзи қиёмат ӯро аз оташ ва азоб муҳофизат хоҳанд намуд».
Арзиши одамиро ҷинсияти ӯ таъйн намекунад, дурут аст, ки духтар ё писар будан баракоти хоси вуҷуди хешро дошта, аммо дар ин миён он чӣ ҳоизи аҳмият аст вуҷуди фарзанди солеҳ аст, зеро ки фарзанди носолеҳ хоре  дар чашми волидайни худ буда, нокомии дунё ва охиратро барои онҳо ба армуѓон меорад.
Дар замони хилофати ҳазари Умар ибни Хаттоб (р) марде бар шахсе иқомаи даъво карда, ки ту чаҳорсад дирҳам бар ман мақруз ҳастӣ ва бояд пардохт кунӣ мурофеъаро назди халифа бурданд. Марди мақруз гуфт: дар ҳол ҳеҷ чизе надорам, валекин занам ҳомила аст, иншоаллоҳ духтаре бизояд ва баракате бар ман бирасад ва ман қарзи туро адо менамоям. Ва гуфт: Ҳазрати Расул (с) фармуданд: ҳар касеро Худованд духтар бидиҳад вайро баракот дар дин ва мол ато фармояд. Халифа чун ин суханро бишнид ба он мард гуфт: Ман қарзи туро медиҳам, амр кард чаҳорсад дирҳам оварданд ва ба талабгор гуфт: Талаби худро бардор. Соҳиби талаб гуфт: Ман низ ин хабарро аз Расулуллоҳ (с) шунида будам, аммо фаромӯш шуда буд. Акнун, ки ин мард ин хабарро дар ёди ман овард, ӯро аз адои ин қарз ҳалол кардам.
Таҳияи Идимоҳи  Абдураҳмон

Уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (разияллоҳу анҳо)


«Се шаб туро дар хоб дидам, ки фаришта туро дар ҳоле, ки дар порчаи абрешимӣ печонида шуда будӣ назди ман меовард, ман порчаро аз чеҳраат бардоштам, дидам, ки ту ҳастӣ, гуфтам: агар аз ҷониби Худост ин кор анҷом хоҳад гирифт.» (Нақли Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам ба Оиша).
Издивоҷи осмонӣ: Хобе, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам дар он Оиша (р)-ро дида буд ва шаби дуввум низ дубора он хобро дид, дар он садое шунид, ки касе ба ў гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ин зан ѓамҳои туро коҳиш медиҳад ва ҷонишини хубе барои Хадиҷа хоҳад буд.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам тааҷҷуб кард, ки дар ду шаб пай дар пай чунин хоб мебинад. Бинобар ин фармуд: Агар ин хоб аз ҷониби Худованд бошад, Худованд онро ба анҷом хоҳад расонид.

Ва он чи бештар Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаламро ба тааҷҷуб медошт ин буд, ки Оиша духтари Абўбакр ҳанўз камсину сол буд, чӣ гуна метавон бо духтарбачае дар ин сину сол издивоҷ кард? Ва чӣ гуна ин духтарбача метавонад ҷойи холии Хадиҷаро пур кунад?
Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам тибқи одати ҳамешагӣ ҳамвора ба хонаи дўсти худ Абўбакр разияллоҳу анҳу рафту омад мекард. Оиша (р) бузург шуда буд. Баъд аз вафоти Хадиҷа холадухтари Ҳаким зани Усмон ибни Мазъун назди Паёмбар салаллоҳу алайҳи вассалам омад ва пешниҳод кард, то бо Савда ва Оиша (р) издивоҷ намояд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ба Хавла фармуд: Назди онҳо бирав ва дар мавриди издивоҷ бо ман сухан бигў. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо Савда издивоҷ кард ва дар ҳамон вақт Хавла ба хонаи Абўбакри Сиддиқ (р) назди ҳамсари Абўбакр (р) Умми Румон духтари Омир рафт. Умми Румон зане буд, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам дар мавриди ў фармуд: Ҳар касе дўст дорад, ки бо яке аз ҳурони биҳишт нигоҳ кунад ба Умми Румон нигоҳ кунад.
Хавла гуфт: Оё медонӣ, ки Худованд чӣ хайру баракате бар шумо нозил кардааст? Умми Румон бо хушҳолӣ пурсид, он хайру баракат чист? Хавла гуфт: Маро Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи васалам фиристода, то Оишаро барои ў хостгорӣ кунам. Умми Румон гуфт: Мунтазир бош, то Абўбакр биёяд.
Абўбакр омад ва Хавла ба ў гуфт: Худованд хайру баракати бузург ба Шумо иноят фармудааст. Абўбакр пурсид, чӣ хайр ва баракате? Хавла гуфт: Маро Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салам барои хостгории Оиша (р) фиристодааст. Абўбакр гуфт: Оиша (р) бародарзодаи ў ба ҳисоб меравад, оё муносиб аст, ки ў бо бародарзодааш издивоҷ кунад?
Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам вақте гуфтаи Абўбакрро аз забони Хавла шунид, гуфт: Баргард ва ба Абўбакр бигў, ту бародари исломӣ ва динии ман ҳастӣ ва эроде надорад, ки ман бо духтари ту издивоҷ кунам.
Вақте Хавла назди Абўбакр бозгашт ва  ба ў хабар дод, ки ин издивоҷ  эроде надорад. Абўбакр ба Хавла гуфт: Мунтазир бош, то баргардам. Вақте Абўбакр хонаро тарк кард Умми Румон ба Хавла гуфт: Оиша (р) номзади Ҷабир фарзанди Мутъам ибни Адӣ аст ва Абўбакр то кунун ҳеҷ ваъдае аз ваъдаҳояшро хилоф накардааст ва Мутаъм ва фарзанди ў аз мушрикин буданд. Ҳангоме, ки Абўбакр назди онҳо рафт ва онҳоро аз хостгории Оиша иттилоъ дод, модари Ҷабир ба Мутъам гуфт: Агар фарзандамон бо духтари Абўбакр издивоҷ кунад, аз дини Қурайш бармегардад ва мумкин аст дини Муҳаммад салаллоҳу алайҳи васаламро, ки дўсти Абўбакр аст бипазирад, бинобар ин набояд фарзандамон бо духтари Абўбакр издивоҷ кунад. Абўбакр аз ваъдааш озод шуд, чун ў ҳаргиз ба ақди фарди мушрике дар намеоварад. Абўбакр ба хона баргашт ва бо издивоҷи Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо Оиша (р) мувофиқат кард. Дар он ҳангом Оиша (р) духтарбачаи ҳафтсола буд ва ҳолоти ибтидои ислом ва ситами мушрикинро, ки бар Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам медоштанд, мушоҳида менамуд.
Муслимин ба Ҳабаша ҳиҷрат карданд, Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам аз хонаи Абўбакр ба сўйи Мадина ҳиҷрат намуд.
Баъд аз ин ки Паёмбар Салаллоҳу алайҳи васалам дар Мадина мустақар шуд, Абўбакр фарзандаш Абдуллоҳро фиристод, то хонаводаи ўро аз Макка биёварад. Хонаводаи Абўбакр аз Макка ба сўйи Мадина раҳсипор гардид. Баъд аз расидан ба Мадина муддати зиёде гузашт, то ин ки Оиша (р) бо Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам издивоҷ намуд ва ба хонаи ў бурда шуд. Барои арўсии Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ҷашни валима барқарор нагардид ва ҳеҷ ҳайвоне сар бурида нашуд, балки каме шир аз хонаи Саъд ибни Убода оварда шуда, ва ҳар ду аз он нўшиданд ва Оиша (р) ба ҳамсарии Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам даромад.
Фазилати Оишаи Сиддиқа разияллоҳу анҳо
Оиша (р) дар мавриди худ чунин мегўяд: Ҳафт имтиёз ба ман дода шуда, ки ба ҷуз ба Марям духтари Имрон ба касе дигар аз занон чунин имтиёзоте дода нашудааст.
  1. Ҷабраил (а) дар хоб сурати маро ба Паёмбар нишон дода, ба ў гуфт, ки бо ман издивоҷ кунад.
  2. Ман танҳо зани дўшизаи Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ҳастам.
  3. Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам дар ҳоле аз дунё рафт, ки сараш дар оѓўши ман қарор дошт.
  4. Ўро дар хонаи ман дафн карданд, фариштагон атрофи хонаи маро ҳалқа зада буданд.
  5. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо ман дар бистари хоб буд, ки ваҳӣ нозил шуд.
  6. Ва ман духтари халифаи Паёмбар ва тасдиқкунандаи ў ҳастам ва назди  шахси покиза будам.
  7. Ба ман ваъдаи бахшиш ва рўзии хуб назди Худованд дода шудааст.
Имом Заҳабӣ дар мавриди Оиша (р) мегўяд: (Ў мутлақан фақеҳтарин зани уммати ислом аст). Амр ибни Ос (р) аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам пурсид: Эй  Паёмбари  Худо! Чӣ  касеро  аз  ҳама мардум бештар дўст доред?  Фармуданд: Оишаро. Амр гуфт: Аз мардон чӣ касеро бештар аз ҳама дўст дорӣ?  Фармуданд: Падари Оиша Абўбакрро.
Баъзе мардум дар ѓазваи бани Мусталиқ Оишаро тўҳмат зада, бар ў дурўѓ бастанд, аммо Худованд аз осмон оят фиристод ва ўро табрия (бегуноҳ) намуд ва ба покдомании ў шаҳодат дод.
Оиша Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаламро ба шиддат дўст медошт, то ҷойе, ки дар ин маврид бо дигарон рақобат мекард. Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам  ба Оиша гуфт: дустии ман нисбат ба ту ҳалқаи оҳани ногусастание ҳаст.
Азбаски Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бародарро дўст дошт ва ў низ ба Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам муҳаббат меварзид. Ҳамеша мегуфт: Дўст дорам занони хонаводаи мо дар моҳи шавол издивоҷ кунанд. Вақте пурсид, ки чаро? Гуфт: Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам маро дар моҳи шавол ақд кард ва дар шавол маро ба хонаи худ бурд ва ман аз ҳама занони Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам баҳраи бештаре аз он Ҳазрат бурдам.
Ў бар асари муҳаббати Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ѓайраташ ҷўш мекард ва рашк мебурд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо лабханд мепурсид: Ѓайратат ҷўш кард? Оиша мегуфт: Чӣ гуна бар муҳаббати Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи васалам ѓайратам ҷўш накунад ва бар дигарон рашк набарам. Оиша мегўяд: Дар ҳангоми вафоти Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам дидам эшон салаллоҳу алайҳи васалам дар оѓўшам сангинӣ мекунад, ба чеҳрааш нигоҳ кардам, дидам чашмонашро боз карда, ба сўйи осмон нигоҳ дўхта мегўяд: Балки ёр ва дўсти болоро ихтиёр мекунам. Гуфтам: Эй Паёмбари Худо ба ту ихтиёр дода шуда, ки аз дунё ва охират якеро қабул кунӣ ва савганд ба зоте, ки туро ба Ҳақ мабъус дошта, ту беҳтаринро ихтиёр кардӣ. Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам дар оѓўши ман вафот кард. Сарашро бар болишт гузоштам ва баланд шудам ва бо дигар занҳо шуруъ ба гиря кардан намудам.
Оиша  (р) солҳои зиёде баъд аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам зинда буд ва марҷаъи асосии муслимин дар ҳадис, суннат ва фиқҳ ба шумор мерафт. Муътамаддин ва бузургони тобеъин, ки дар асри Оиша зистаанд, дар мавриди ў мегўянд: Агар алам ва дониши Оиша (р) бо алами занони Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ва тамоми занони дунё муқоиса шавад, алами Оиша (р) бештар хоҳад буд. Оиша (р) ҳазорон ҳадис аз аҳодиси Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаламро ҳифз карда буд.
Оиша дар моҳи рамазон дар сини 66 солагӣ аз ин ҷаҳон рахт барбаст. Абўҳурайра намози ҷанозаи ўро хонд ва бузурги бонўи ислом дар қабристони Бақеъ ба хок супурда шуд. Вақте Умми Саламаро хабар карданд, ки Оиша (р) фавт кардааст, гуфт: Савганд ба Худо, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ўро аз ҳама бештар дўст медошт, ба ҷуз падараш, ки аз ҳама мардум назди Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам маҳбубтар буд.
Таҳияи Нигинаи Наҷот