пятница, 14 июня 2013 г.

Духтар дӯст дорӣ ё писар???


Дар аҳди қадим падарон аз доштани фарзанди писар хушҳолу хурсанд мешуданд ва баъд аз таваллуди фарзанд зукури дунёро ба ком мепиндоштанд, зеро ки писарро асои даст ва дар умури маъоши хонавода ёрирасони худ медонистанд. Достони ҷойгоҳи фарзанди духтар дар замони ҷоҳилият хеле равшану  возеҳ аст, ки ниёз ба такрори он нест.
Имрӯзҳо низ дар қарни ХХI, ҳастанд афроде, ки аз доштани  писар хушҳол ва аз таваллуди духтар ғам тамоми вуҷудашонро фаро мегирад. Ғофил аз ин, ки ривояти фаровоне дар боби баракоти доштани духтар дорем. Албатта ҷойи зикр аст, ки ҳар як фарзанд духтар ё писар асароти хоси худашро дар зиндагӣ доранд ва дар ин миён фарзанди солеҳ аст, ки дар миёни соири фарзандон мадори бартариро бар дӯш хоҳад гирифт.
Дар ривояте омада, ки мардеро ҳамсараш духтар ба дунё овард ва мард  бад-ин хотир нороҳат ва асабоният буд, фармуданд: агар Худои Мутаъол ба ту бигӯяд: ман бароят интихоб кунам ё ту чӣ мегӯи? Гуфт: мегуям Парвардигоро, ту интихоб кун! Фармуданд: Холо, ки Худованд бароят духтар интихоб карда, пас чаро нороҳатӣ? Сипас фармуд: писарчае, ки ҳазрати Хазир ба амри Парвардигор ӯро кушта буд, чуноне ки Қуръони карим мефармояд:  «Хостем, то дар ивази ӯ Парвардигорашон чизе насибашон созад ба покии беҳтар аз ӯ ва ба меҳрубонии наздиктар аз ӯ.» (сураи Каҳф,ояти, 81).
Худованди Мутаъол аз он писар, духтаре ба онҳо дод, ки аз насли он духтар, ҳафтод паёмбар ба дунё омад.
Гуфтаанд, ки духтарон ҳасана ва писарон неъматанд, дар баробари ҳасанот подош дода мешавад, вале неъмат мавриди бозхост қарор мегирад. Расули Худо (с) фармуданд: «ҳар касе, ки се духтар дошта бошад ва нигаҳдориву ѓам ва шодии онҳоро мутаҳаммил гардад дар рӯзи қиёмат ӯро аз оташ ва азоб муҳофизат хоҳанд намуд».
Арзиши одамиро ҷинсияти ӯ таъйн намекунад, дурут аст, ки духтар ё писар будан баракоти хоси вуҷуди хешро дошта, аммо дар ин миён он чӣ ҳоизи аҳмият аст вуҷуди фарзанди солеҳ аст, зеро ки фарзанди носолеҳ хоре  дар чашми волидайни худ буда, нокомии дунё ва охиратро барои онҳо ба армуѓон меорад.
Дар замони хилофати ҳазари Умар ибни Хаттоб (р) марде бар шахсе иқомаи даъво карда, ки ту чаҳорсад дирҳам бар ман мақруз ҳастӣ ва бояд пардохт кунӣ мурофеъаро назди халифа бурданд. Марди мақруз гуфт: дар ҳол ҳеҷ чизе надорам, валекин занам ҳомила аст, иншоаллоҳ духтаре бизояд ва баракате бар ман бирасад ва ман қарзи туро адо менамоям. Ва гуфт: Ҳазрати Расул (с) фармуданд: ҳар касеро Худованд духтар бидиҳад вайро баракот дар дин ва мол ато фармояд. Халифа чун ин суханро бишнид ба он мард гуфт: Ман қарзи туро медиҳам, амр кард чаҳорсад дирҳам оварданд ва ба талабгор гуфт: Талаби худро бардор. Соҳиби талаб гуфт: Ман низ ин хабарро аз Расулуллоҳ (с) шунида будам, аммо фаромӯш шуда буд. Акнун, ки ин мард ин хабарро дар ёди ман овард, ӯро аз адои ин қарз ҳалол кардам.
Таҳияи Идимоҳи  Абдураҳмон

Комментариев нет:

Отправить комментарий