пятница, 14 июня 2013 г.

Чанд насихат!


Намозро ҳамон гуна, ки шоиста аст ба ҷо ор.
Насиҳату андарзи дигаронро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун.
Дар муқобили пешомадҳо шакибо бош!
Аз мардум рӯй нагардон ва бо онҳо беэътино набош!
Бо мардум бо ғуруру такаббур рафтор накун!
Дар маҷолис ангушт дар бинӣ наяндоз!
Розу асроратро назди худ нигоҳ дор!
Дӯстро дар ҳангоми сахтӣ озмоиш кун!
Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишин нашав!
Бо донишмандон ҳамроҳ бош!
Дар касб ва кори нек ҷиддӣ бош!
Бар кутаҳфикрону заифон эътимод накун!
Бо оқилони имондор ҳамеша машварат кун!
Сухани санҷидаро баён кун!
Дӯсту ёронро эҳтиром кун!
Бо дӯсту душман хӯшахлоқ бош!
Харҷатро камтар аз даромадат дошта бош!
Ҷавонмардӣ ва гузаштро пеша кун!
То метавонӣ бо меҳмон меҳрубон бош!
Дар ҳангоми сухан гуфтан матин ва ором бош!
Ба кам хурдану кам гуфтан ва кам хуфтан худатро одат бидеҳ!
Ноомӯхта устодӣ накун!
Бо заъифон ва кудакон сирри худро дар миён нагзор!
Ҳамеша дар ёрӣ ва кумаки дигарон бош!
Аз бадон интизори некӣ ва мардонагӣ надошта бош!
Коре накун, ки ҷоҳилон бо ту ҷуръати густохӣ пайдо кунанд!

Комментариев нет:

Отправить комментарий