пятница, 14 июня 2013 г.

Уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (разияллоҳу анҳо)


«Се шаб туро дар хоб дидам, ки фаришта туро дар ҳоле, ки дар порчаи абрешимӣ печонида шуда будӣ назди ман меовард, ман порчаро аз чеҳраат бардоштам, дидам, ки ту ҳастӣ, гуфтам: агар аз ҷониби Худост ин кор анҷом хоҳад гирифт.» (Нақли Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам ба Оиша).
Издивоҷи осмонӣ: Хобе, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам дар он Оиша (р)-ро дида буд ва шаби дуввум низ дубора он хобро дид, дар он садое шунид, ки касе ба ў гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ин зан ѓамҳои туро коҳиш медиҳад ва ҷонишини хубе барои Хадиҷа хоҳад буд.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам тааҷҷуб кард, ки дар ду шаб пай дар пай чунин хоб мебинад. Бинобар ин фармуд: Агар ин хоб аз ҷониби Худованд бошад, Худованд онро ба анҷом хоҳад расонид.

Ва он чи бештар Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаламро ба тааҷҷуб медошт ин буд, ки Оиша духтари Абўбакр ҳанўз камсину сол буд, чӣ гуна метавон бо духтарбачае дар ин сину сол издивоҷ кард? Ва чӣ гуна ин духтарбача метавонад ҷойи холии Хадиҷаро пур кунад?
Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам тибқи одати ҳамешагӣ ҳамвора ба хонаи дўсти худ Абўбакр разияллоҳу анҳу рафту омад мекард. Оиша (р) бузург шуда буд. Баъд аз вафоти Хадиҷа холадухтари Ҳаким зани Усмон ибни Мазъун назди Паёмбар салаллоҳу алайҳи вассалам омад ва пешниҳод кард, то бо Савда ва Оиша (р) издивоҷ намояд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ба Хавла фармуд: Назди онҳо бирав ва дар мавриди издивоҷ бо ман сухан бигў. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо Савда издивоҷ кард ва дар ҳамон вақт Хавла ба хонаи Абўбакри Сиддиқ (р) назди ҳамсари Абўбакр (р) Умми Румон духтари Омир рафт. Умми Румон зане буд, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам дар мавриди ў фармуд: Ҳар касе дўст дорад, ки бо яке аз ҳурони биҳишт нигоҳ кунад ба Умми Румон нигоҳ кунад.
Хавла гуфт: Оё медонӣ, ки Худованд чӣ хайру баракате бар шумо нозил кардааст? Умми Румон бо хушҳолӣ пурсид, он хайру баракат чист? Хавла гуфт: Маро Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи васалам фиристода, то Оишаро барои ў хостгорӣ кунам. Умми Румон гуфт: Мунтазир бош, то Абўбакр биёяд.
Абўбакр омад ва Хавла ба ў гуфт: Худованд хайру баракати бузург ба Шумо иноят фармудааст. Абўбакр пурсид, чӣ хайр ва баракате? Хавла гуфт: Маро Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салам барои хостгории Оиша (р) фиристодааст. Абўбакр гуфт: Оиша (р) бародарзодаи ў ба ҳисоб меравад, оё муносиб аст, ки ў бо бародарзодааш издивоҷ кунад?
Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам вақте гуфтаи Абўбакрро аз забони Хавла шунид, гуфт: Баргард ва ба Абўбакр бигў, ту бародари исломӣ ва динии ман ҳастӣ ва эроде надорад, ки ман бо духтари ту издивоҷ кунам.
Вақте Хавла назди Абўбакр бозгашт ва  ба ў хабар дод, ки ин издивоҷ  эроде надорад. Абўбакр ба Хавла гуфт: Мунтазир бош, то баргардам. Вақте Абўбакр хонаро тарк кард Умми Румон ба Хавла гуфт: Оиша (р) номзади Ҷабир фарзанди Мутъам ибни Адӣ аст ва Абўбакр то кунун ҳеҷ ваъдае аз ваъдаҳояшро хилоф накардааст ва Мутаъм ва фарзанди ў аз мушрикин буданд. Ҳангоме, ки Абўбакр назди онҳо рафт ва онҳоро аз хостгории Оиша иттилоъ дод, модари Ҷабир ба Мутъам гуфт: Агар фарзандамон бо духтари Абўбакр издивоҷ кунад, аз дини Қурайш бармегардад ва мумкин аст дини Муҳаммад салаллоҳу алайҳи васаламро, ки дўсти Абўбакр аст бипазирад, бинобар ин набояд фарзандамон бо духтари Абўбакр издивоҷ кунад. Абўбакр аз ваъдааш озод шуд, чун ў ҳаргиз ба ақди фарди мушрике дар намеоварад. Абўбакр ба хона баргашт ва бо издивоҷи Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо Оиша (р) мувофиқат кард. Дар он ҳангом Оиша (р) духтарбачаи ҳафтсола буд ва ҳолоти ибтидои ислом ва ситами мушрикинро, ки бар Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам медоштанд, мушоҳида менамуд.
Муслимин ба Ҳабаша ҳиҷрат карданд, Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам аз хонаи Абўбакр ба сўйи Мадина ҳиҷрат намуд.
Баъд аз ин ки Паёмбар Салаллоҳу алайҳи васалам дар Мадина мустақар шуд, Абўбакр фарзандаш Абдуллоҳро фиристод, то хонаводаи ўро аз Макка биёварад. Хонаводаи Абўбакр аз Макка ба сўйи Мадина раҳсипор гардид. Баъд аз расидан ба Мадина муддати зиёде гузашт, то ин ки Оиша (р) бо Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам издивоҷ намуд ва ба хонаи ў бурда шуд. Барои арўсии Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ҷашни валима барқарор нагардид ва ҳеҷ ҳайвоне сар бурида нашуд, балки каме шир аз хонаи Саъд ибни Убода оварда шуда, ва ҳар ду аз он нўшиданд ва Оиша (р) ба ҳамсарии Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам даромад.
Фазилати Оишаи Сиддиқа разияллоҳу анҳо
Оиша (р) дар мавриди худ чунин мегўяд: Ҳафт имтиёз ба ман дода шуда, ки ба ҷуз ба Марям духтари Имрон ба касе дигар аз занон чунин имтиёзоте дода нашудааст.
  1. Ҷабраил (а) дар хоб сурати маро ба Паёмбар нишон дода, ба ў гуфт, ки бо ман издивоҷ кунад.
  2. Ман танҳо зани дўшизаи Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ҳастам.
  3. Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам дар ҳоле аз дунё рафт, ки сараш дар оѓўши ман қарор дошт.
  4. Ўро дар хонаи ман дафн карданд, фариштагон атрофи хонаи маро ҳалқа зада буданд.
  5. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо ман дар бистари хоб буд, ки ваҳӣ нозил шуд.
  6. Ва ман духтари халифаи Паёмбар ва тасдиқкунандаи ў ҳастам ва назди  шахси покиза будам.
  7. Ба ман ваъдаи бахшиш ва рўзии хуб назди Худованд дода шудааст.
Имом Заҳабӣ дар мавриди Оиша (р) мегўяд: (Ў мутлақан фақеҳтарин зани уммати ислом аст). Амр ибни Ос (р) аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам пурсид: Эй  Паёмбари  Худо! Чӣ  касеро  аз  ҳама мардум бештар дўст доред?  Фармуданд: Оишаро. Амр гуфт: Аз мардон чӣ касеро бештар аз ҳама дўст дорӣ?  Фармуданд: Падари Оиша Абўбакрро.
Баъзе мардум дар ѓазваи бани Мусталиқ Оишаро тўҳмат зада, бар ў дурўѓ бастанд, аммо Худованд аз осмон оят фиристод ва ўро табрия (бегуноҳ) намуд ва ба покдомании ў шаҳодат дод.
Оиша Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаламро ба шиддат дўст медошт, то ҷойе, ки дар ин маврид бо дигарон рақобат мекард. Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам  ба Оиша гуфт: дустии ман нисбат ба ту ҳалқаи оҳани ногусастание ҳаст.
Азбаски Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бародарро дўст дошт ва ў низ ба Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам муҳаббат меварзид. Ҳамеша мегуфт: Дўст дорам занони хонаводаи мо дар моҳи шавол издивоҷ кунанд. Вақте пурсид, ки чаро? Гуфт: Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам маро дар моҳи шавол ақд кард ва дар шавол маро ба хонаи худ бурд ва ман аз ҳама занони Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам баҳраи бештаре аз он Ҳазрат бурдам.
Ў бар асари муҳаббати Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ѓайраташ ҷўш мекард ва рашк мебурд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо лабханд мепурсид: Ѓайратат ҷўш кард? Оиша мегуфт: Чӣ гуна бар муҳаббати Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи васалам ѓайратам ҷўш накунад ва бар дигарон рашк набарам. Оиша мегўяд: Дар ҳангоми вафоти Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам дидам эшон салаллоҳу алайҳи васалам дар оѓўшам сангинӣ мекунад, ба чеҳрааш нигоҳ кардам, дидам чашмонашро боз карда, ба сўйи осмон нигоҳ дўхта мегўяд: Балки ёр ва дўсти болоро ихтиёр мекунам. Гуфтам: Эй Паёмбари Худо ба ту ихтиёр дода шуда, ки аз дунё ва охират якеро қабул кунӣ ва савганд ба зоте, ки туро ба Ҳақ мабъус дошта, ту беҳтаринро ихтиёр кардӣ. Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам дар оѓўши ман вафот кард. Сарашро бар болишт гузоштам ва баланд шудам ва бо дигар занҳо шуруъ ба гиря кардан намудам.
Оиша  (р) солҳои зиёде баъд аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам зинда буд ва марҷаъи асосии муслимин дар ҳадис, суннат ва фиқҳ ба шумор мерафт. Муътамаддин ва бузургони тобеъин, ки дар асри Оиша зистаанд, дар мавриди ў мегўянд: Агар алам ва дониши Оиша (р) бо алами занони Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ва тамоми занони дунё муқоиса шавад, алами Оиша (р) бештар хоҳад буд. Оиша (р) ҳазорон ҳадис аз аҳодиси Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаламро ҳифз карда буд.
Оиша дар моҳи рамазон дар сини 66 солагӣ аз ин ҷаҳон рахт барбаст. Абўҳурайра намози ҷанозаи ўро хонд ва бузурги бонўи ислом дар қабристони Бақеъ ба хок супурда шуд. Вақте Умми Саламаро хабар карданд, ки Оиша (р) фавт кардааст, гуфт: Савганд ба Худо, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ўро аз ҳама бештар дўст медошт, ба ҷуз падараш, ки аз ҳама мардум назди Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам маҳбубтар буд.
Таҳияи Нигинаи Наҷот

Комментариев нет:

Отправить комментарий