пятница, 14 июня 2013 г.

Умар (р) машварати занро мепазирад.


Боре Умар (р) болои минбар баромад ва аз мардум хост то дар додани маҳрияи занҳо 

зиёдаравӣ накунанд, зеро Паёмбари Худо (с) ва ёронаш низ маҳрияро ҳаргиз беш аз 400 

дирҳам пардохт накардаанд. Бинобар ин ба мардум дастур дод то беш аз он маҳрия 

надиҳанд ва маҳрия ҳам нагиранд.
Вақте аз минбар фаромад зане ба ў хитоб карда гуфт: ту дастур медиҳӣ, ки маҳрияи занҳо 

бештар аз 400 дирҳам набошад?
Умар (р) гуфт: бале
Зан гуфт: оё фармудаи Худовандро нашунидаи, ки мефармояд: {وآتیتم إحداهن قنطارا}
«Ва агар ба зане як қинтор маҳрия додед»
Умар (р) пас аз шунидани ин гуфт: «Худоё! Аз ту мағфират металабам, ҳамаи мардум аз 

Умар донотаранд»
Боз дубора бар минбар баромад ва гуфт: эй мардум! Ман шуморо аз зиёдадиҳӣ дар 

маҳрия наҳй карда будам. Акнун касе мехоҳад ҳар қадар аз моли худро (барои маҳрия) 

бидиҳад, бидиҳад.
Агарчи Умар ибни Хаттоб (р) бо адлаш шинохта мешавад афзун бар ин, ин достон 

нишона ва баёнгари хоксорӣ ва тавозуи ўст. Ў бо вуҷуди онки яке аз бузургони уламои 

саҳоба (р) буд боз ҳам аз қабул кардани сухани дигарон кутоҳӣ намекард ва борҳо аз 

касоне, ки аз назари илм ва тақво аз ў ҳам поёнтар буданд, насиҳат ва машвараташонро 

қабул мекард. Худованд аз ў ва дигар ёрони гиромии Паёмбар (с) розӣ бошад.
Аҳмад Азиз

Комментариев нет:

Отправить комментарий