пятница, 14 июня 2013 г.

Шукри Худоро фаромӯш накунед.

Он ки бо Худост, маънои онро дорад, ки шикастнопазир аст.
Ҳеҷ чиз барои Худо ғайри мумкин нест.
Бояд биёмӯзем, ки бо дарду ранҷ шодӣ кунем, зеро ҳамаи корҳои Худо хайр аст.
Хурдтарин нигарониро дар худ роҳ надиҳед, ҳама чизро ба Худо бисупоред.
Ман ошиқи Парвардигор ҳастам, аз ҳамон лаҳзае, ки шуруъ ба шинохти ӯ таоло мекунем, 
ӯро зеботарин ва меҳрубонтарин хоҳем ёфт.
Агар бо гузашт кардан касе кучак мешуд, Худо то ин андоза бузург набуд.
Шукргузорӣқадри ҳамаи неъматҳои Худоро донистан аст.
Тамоми чизе, ки Худо аз башар мехоҳад як қалби ором аст.
Худованд умеду хобро барои ҷуброни ғамҳои зиндагӣ ба мо арзонӣ доштааст.
Назди Худо ҳамаи чизҳо одилона ва дуруст аст, аммо одамҳо баъзеро дуруст ва баъзеро 
нодуруст медонанд.
Шукри Худоро фаромӯш накун, ишқи воқеӣ фақат Худост.
Ба Худо нагӯ, ки чи қадар мушкилотат бузург аст, ба мушкилот бигӯ, ки чи қадар Худоят 
бузург аст.
Бародарам! Ҳамеша ба ин андеша бош, ки то даме ба ёди Худо ҳастӣӯ таоло низ бот уст.
Ин чанд ҷумларо дар худ таҷруба кун, ба осонӣ эҳсосашро хоҳӣ кард.

2 комментария:

  1. Ба номи Худованди бисёр бахшанда ва ниҳоят меҳрубон. Ба номи Офаридгори бораҳми бахшандаи гуноҳон. Ба номи Холиқи замину осмонҳо ва ҳама махлуқоту мавҷудот. Ҳамди беҳад ва ситоиши бепоён ба он Зоти поки бузургу бахшандаву ғамраҳокунандаи меҳрубон. Сипас салому дуруди бепоён ба хатмкунандаи анбиё Муҳаммади Мустафо (с.а.с) ва бар ҷамиъи олу асҳоби эшон.

    ОтветитьУдалить
  2. Худо меҳрбон аст, агар меҳрбонед,
    Худо бо шумояст, эй меҳрбонҳо.

    ОтветитьУдалить