пятница, 14 июня 2013 г.

Шукри Худоро фаромӯш накунед.

Он ки бо Худост, маънои онро дорад, ки шикастнопазир аст.
Ҳеҷ чиз барои Худо ғайри мумкин нест.
Бояд биёмӯзем, ки бо дарду ранҷ шодӣ кунем, зеро ҳамаи корҳои Худо хайр аст.
Хурдтарин нигарониро дар худ роҳ надиҳед, ҳама чизро ба Худо бисупоред.
Ман ошиқи Парвардигор ҳастам, аз ҳамон лаҳзае, ки шуруъ ба шинохти ӯ таоло мекунем, 
ӯро зеботарин ва меҳрубонтарин хоҳем ёфт.
Агар бо гузашт кардан касе кучак мешуд, Худо то ин андоза бузург набуд.
Шукргузорӣқадри ҳамаи неъматҳои Худоро донистан аст.
Тамоми чизе, ки Худо аз башар мехоҳад як қалби ором аст.
Худованд умеду хобро барои ҷуброни ғамҳои зиндагӣ ба мо арзонӣ доштааст.
Назди Худо ҳамаи чизҳо одилона ва дуруст аст, аммо одамҳо баъзеро дуруст ва баъзеро 
нодуруст медонанд.
Шукри Худоро фаромӯш накун, ишқи воқеӣ фақат Худост.
Ба Худо нагӯ, ки чи қадар мушкилотат бузург аст, ба мушкилот бигӯ, ки чи қадар Худоят 
бузург аст.
Бародарам! Ҳамеша ба ин андеша бош, ки то даме ба ёди Худо ҳастӣӯ таоло низ бот уст.
Ин чанд ҷумларо дар худ таҷруба кун, ба осонӣ эҳсосашро хоҳӣ кард.

Чанд насихат!


Намозро ҳамон гуна, ки шоиста аст ба ҷо ор.
Насиҳату андарзи дигаронро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун.
Дар муқобили пешомадҳо шакибо бош!
Аз мардум рӯй нагардон ва бо онҳо беэътино набош!
Бо мардум бо ғуруру такаббур рафтор накун!
Дар маҷолис ангушт дар бинӣ наяндоз!
Розу асроратро назди худ нигоҳ дор!
Дӯстро дар ҳангоми сахтӣ озмоиш кун!
Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишин нашав!
Бо донишмандон ҳамроҳ бош!
Дар касб ва кори нек ҷиддӣ бош!
Бар кутаҳфикрону заифон эътимод накун!
Бо оқилони имондор ҳамеша машварат кун!
Сухани санҷидаро баён кун!
Дӯсту ёронро эҳтиром кун!
Бо дӯсту душман хӯшахлоқ бош!
Харҷатро камтар аз даромадат дошта бош!
Ҷавонмардӣ ва гузаштро пеша кун!
То метавонӣ бо меҳмон меҳрубон бош!
Дар ҳангоми сухан гуфтан матин ва ором бош!
Ба кам хурдану кам гуфтан ва кам хуфтан худатро одат бидеҳ!
Ноомӯхта устодӣ накун!
Бо заъифон ва кудакон сирри худро дар миён нагзор!
Ҳамеша дар ёрӣ ва кумаки дигарон бош!
Аз бадон интизори некӣ ва мардонагӣ надошта бош!
Коре накун, ки ҷоҳилон бо ту ҷуръати густохӣ пайдо кунанд!

Умар (р) машварати занро мепазирад.


Боре Умар (р) болои минбар баромад ва аз мардум хост то дар додани маҳрияи занҳо 

зиёдаравӣ накунанд, зеро Паёмбари Худо (с) ва ёронаш низ маҳрияро ҳаргиз беш аз 400 

дирҳам пардохт накардаанд. Бинобар ин ба мардум дастур дод то беш аз он маҳрия 

надиҳанд ва маҳрия ҳам нагиранд.
Вақте аз минбар фаромад зане ба ў хитоб карда гуфт: ту дастур медиҳӣ, ки маҳрияи занҳо 

бештар аз 400 дирҳам набошад?
Умар (р) гуфт: бале
Зан гуфт: оё фармудаи Худовандро нашунидаи, ки мефармояд: {وآتیتم إحداهن قنطارا}
«Ва агар ба зане як қинтор маҳрия додед»
Умар (р) пас аз шунидани ин гуфт: «Худоё! Аз ту мағфират металабам, ҳамаи мардум аз 

Умар донотаранд»
Боз дубора бар минбар баромад ва гуфт: эй мардум! Ман шуморо аз зиёдадиҳӣ дар 

маҳрия наҳй карда будам. Акнун касе мехоҳад ҳар қадар аз моли худро (барои маҳрия) 

бидиҳад, бидиҳад.
Агарчи Умар ибни Хаттоб (р) бо адлаш шинохта мешавад афзун бар ин, ин достон 

нишона ва баёнгари хоксорӣ ва тавозуи ўст. Ў бо вуҷуди онки яке аз бузургони уламои 

саҳоба (р) буд боз ҳам аз қабул кардани сухани дигарон кутоҳӣ намекард ва борҳо аз 

касоне, ки аз назари илм ва тақво аз ў ҳам поёнтар буданд, насиҳат ва машвараташонро 

қабул мекард. Худованд аз ў ва дигар ёрони гиромии Паёмбар (с) розӣ бошад.
Аҳмад Азиз

Духтар дӯст дорӣ ё писар???


Дар аҳди қадим падарон аз доштани фарзанди писар хушҳолу хурсанд мешуданд ва баъд аз таваллуди фарзанд зукури дунёро ба ком мепиндоштанд, зеро ки писарро асои даст ва дар умури маъоши хонавода ёрирасони худ медонистанд. Достони ҷойгоҳи фарзанди духтар дар замони ҷоҳилият хеле равшану  возеҳ аст, ки ниёз ба такрори он нест.
Имрӯзҳо низ дар қарни ХХI, ҳастанд афроде, ки аз доштани  писар хушҳол ва аз таваллуди духтар ғам тамоми вуҷудашонро фаро мегирад. Ғофил аз ин, ки ривояти фаровоне дар боби баракоти доштани духтар дорем. Албатта ҷойи зикр аст, ки ҳар як фарзанд духтар ё писар асароти хоси худашро дар зиндагӣ доранд ва дар ин миён фарзанди солеҳ аст, ки дар миёни соири фарзандон мадори бартариро бар дӯш хоҳад гирифт.
Дар ривояте омада, ки мардеро ҳамсараш духтар ба дунё овард ва мард  бад-ин хотир нороҳат ва асабоният буд, фармуданд: агар Худои Мутаъол ба ту бигӯяд: ман бароят интихоб кунам ё ту чӣ мегӯи? Гуфт: мегуям Парвардигоро, ту интихоб кун! Фармуданд: Холо, ки Худованд бароят духтар интихоб карда, пас чаро нороҳатӣ? Сипас фармуд: писарчае, ки ҳазрати Хазир ба амри Парвардигор ӯро кушта буд, чуноне ки Қуръони карим мефармояд:  «Хостем, то дар ивази ӯ Парвардигорашон чизе насибашон созад ба покии беҳтар аз ӯ ва ба меҳрубонии наздиктар аз ӯ.» (сураи Каҳф,ояти, 81).
Худованди Мутаъол аз он писар, духтаре ба онҳо дод, ки аз насли он духтар, ҳафтод паёмбар ба дунё омад.
Гуфтаанд, ки духтарон ҳасана ва писарон неъматанд, дар баробари ҳасанот подош дода мешавад, вале неъмат мавриди бозхост қарор мегирад. Расули Худо (с) фармуданд: «ҳар касе, ки се духтар дошта бошад ва нигаҳдориву ѓам ва шодии онҳоро мутаҳаммил гардад дар рӯзи қиёмат ӯро аз оташ ва азоб муҳофизат хоҳанд намуд».
Арзиши одамиро ҷинсияти ӯ таъйн намекунад, дурут аст, ки духтар ё писар будан баракоти хоси вуҷуди хешро дошта, аммо дар ин миён он чӣ ҳоизи аҳмият аст вуҷуди фарзанди солеҳ аст, зеро ки фарзанди носолеҳ хоре  дар чашми волидайни худ буда, нокомии дунё ва охиратро барои онҳо ба армуѓон меорад.
Дар замони хилофати ҳазари Умар ибни Хаттоб (р) марде бар шахсе иқомаи даъво карда, ки ту чаҳорсад дирҳам бар ман мақруз ҳастӣ ва бояд пардохт кунӣ мурофеъаро назди халифа бурданд. Марди мақруз гуфт: дар ҳол ҳеҷ чизе надорам, валекин занам ҳомила аст, иншоаллоҳ духтаре бизояд ва баракате бар ман бирасад ва ман қарзи туро адо менамоям. Ва гуфт: Ҳазрати Расул (с) фармуданд: ҳар касеро Худованд духтар бидиҳад вайро баракот дар дин ва мол ато фармояд. Халифа чун ин суханро бишнид ба он мард гуфт: Ман қарзи туро медиҳам, амр кард чаҳорсад дирҳам оварданд ва ба талабгор гуфт: Талаби худро бардор. Соҳиби талаб гуфт: Ман низ ин хабарро аз Расулуллоҳ (с) шунида будам, аммо фаромӯш шуда буд. Акнун, ки ин мард ин хабарро дар ёди ман овард, ӯро аз адои ин қарз ҳалол кардам.
Таҳияи Идимоҳи  Абдураҳмон

Уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (разияллоҳу анҳо)


«Се шаб туро дар хоб дидам, ки фаришта туро дар ҳоле, ки дар порчаи абрешимӣ печонида шуда будӣ назди ман меовард, ман порчаро аз чеҳраат бардоштам, дидам, ки ту ҳастӣ, гуфтам: агар аз ҷониби Худост ин кор анҷом хоҳад гирифт.» (Нақли Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам ба Оиша).
Издивоҷи осмонӣ: Хобе, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам дар он Оиша (р)-ро дида буд ва шаби дуввум низ дубора он хобро дид, дар он садое шунид, ки касе ба ў гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ин зан ѓамҳои туро коҳиш медиҳад ва ҷонишини хубе барои Хадиҷа хоҳад буд.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам тааҷҷуб кард, ки дар ду шаб пай дар пай чунин хоб мебинад. Бинобар ин фармуд: Агар ин хоб аз ҷониби Худованд бошад, Худованд онро ба анҷом хоҳад расонид.

Ва он чи бештар Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаламро ба тааҷҷуб медошт ин буд, ки Оиша духтари Абўбакр ҳанўз камсину сол буд, чӣ гуна метавон бо духтарбачае дар ин сину сол издивоҷ кард? Ва чӣ гуна ин духтарбача метавонад ҷойи холии Хадиҷаро пур кунад?
Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам тибқи одати ҳамешагӣ ҳамвора ба хонаи дўсти худ Абўбакр разияллоҳу анҳу рафту омад мекард. Оиша (р) бузург шуда буд. Баъд аз вафоти Хадиҷа холадухтари Ҳаким зани Усмон ибни Мазъун назди Паёмбар салаллоҳу алайҳи вассалам омад ва пешниҳод кард, то бо Савда ва Оиша (р) издивоҷ намояд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ба Хавла фармуд: Назди онҳо бирав ва дар мавриди издивоҷ бо ман сухан бигў. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо Савда издивоҷ кард ва дар ҳамон вақт Хавла ба хонаи Абўбакри Сиддиқ (р) назди ҳамсари Абўбакр (р) Умми Румон духтари Омир рафт. Умми Румон зане буд, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам дар мавриди ў фармуд: Ҳар касе дўст дорад, ки бо яке аз ҳурони биҳишт нигоҳ кунад ба Умми Румон нигоҳ кунад.
Хавла гуфт: Оё медонӣ, ки Худованд чӣ хайру баракате бар шумо нозил кардааст? Умми Румон бо хушҳолӣ пурсид, он хайру баракат чист? Хавла гуфт: Маро Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи васалам фиристода, то Оишаро барои ў хостгорӣ кунам. Умми Румон гуфт: Мунтазир бош, то Абўбакр биёяд.
Абўбакр омад ва Хавла ба ў гуфт: Худованд хайру баракати бузург ба Шумо иноят фармудааст. Абўбакр пурсид, чӣ хайр ва баракате? Хавла гуфт: Маро Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салам барои хостгории Оиша (р) фиристодааст. Абўбакр гуфт: Оиша (р) бародарзодаи ў ба ҳисоб меравад, оё муносиб аст, ки ў бо бародарзодааш издивоҷ кунад?
Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам вақте гуфтаи Абўбакрро аз забони Хавла шунид, гуфт: Баргард ва ба Абўбакр бигў, ту бародари исломӣ ва динии ман ҳастӣ ва эроде надорад, ки ман бо духтари ту издивоҷ кунам.
Вақте Хавла назди Абўбакр бозгашт ва  ба ў хабар дод, ки ин издивоҷ  эроде надорад. Абўбакр ба Хавла гуфт: Мунтазир бош, то баргардам. Вақте Абўбакр хонаро тарк кард Умми Румон ба Хавла гуфт: Оиша (р) номзади Ҷабир фарзанди Мутъам ибни Адӣ аст ва Абўбакр то кунун ҳеҷ ваъдае аз ваъдаҳояшро хилоф накардааст ва Мутаъм ва фарзанди ў аз мушрикин буданд. Ҳангоме, ки Абўбакр назди онҳо рафт ва онҳоро аз хостгории Оиша иттилоъ дод, модари Ҷабир ба Мутъам гуфт: Агар фарзандамон бо духтари Абўбакр издивоҷ кунад, аз дини Қурайш бармегардад ва мумкин аст дини Муҳаммад салаллоҳу алайҳи васаламро, ки дўсти Абўбакр аст бипазирад, бинобар ин набояд фарзандамон бо духтари Абўбакр издивоҷ кунад. Абўбакр аз ваъдааш озод шуд, чун ў ҳаргиз ба ақди фарди мушрике дар намеоварад. Абўбакр ба хона баргашт ва бо издивоҷи Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо Оиша (р) мувофиқат кард. Дар он ҳангом Оиша (р) духтарбачаи ҳафтсола буд ва ҳолоти ибтидои ислом ва ситами мушрикинро, ки бар Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам медоштанд, мушоҳида менамуд.
Муслимин ба Ҳабаша ҳиҷрат карданд, Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам аз хонаи Абўбакр ба сўйи Мадина ҳиҷрат намуд.
Баъд аз ин ки Паёмбар Салаллоҳу алайҳи васалам дар Мадина мустақар шуд, Абўбакр фарзандаш Абдуллоҳро фиристод, то хонаводаи ўро аз Макка биёварад. Хонаводаи Абўбакр аз Макка ба сўйи Мадина раҳсипор гардид. Баъд аз расидан ба Мадина муддати зиёде гузашт, то ин ки Оиша (р) бо Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам издивоҷ намуд ва ба хонаи ў бурда шуд. Барои арўсии Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ҷашни валима барқарор нагардид ва ҳеҷ ҳайвоне сар бурида нашуд, балки каме шир аз хонаи Саъд ибни Убода оварда шуда, ва ҳар ду аз он нўшиданд ва Оиша (р) ба ҳамсарии Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам даромад.
Фазилати Оишаи Сиддиқа разияллоҳу анҳо
Оиша (р) дар мавриди худ чунин мегўяд: Ҳафт имтиёз ба ман дода шуда, ки ба ҷуз ба Марям духтари Имрон ба касе дигар аз занон чунин имтиёзоте дода нашудааст.
  1. Ҷабраил (а) дар хоб сурати маро ба Паёмбар нишон дода, ба ў гуфт, ки бо ман издивоҷ кунад.
  2. Ман танҳо зани дўшизаи Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ҳастам.
  3. Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам дар ҳоле аз дунё рафт, ки сараш дар оѓўши ман қарор дошт.
  4. Ўро дар хонаи ман дафн карданд, фариштагон атрофи хонаи маро ҳалқа зада буданд.
  5. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо ман дар бистари хоб буд, ки ваҳӣ нозил шуд.
  6. Ва ман духтари халифаи Паёмбар ва тасдиқкунандаи ў ҳастам ва назди  шахси покиза будам.
  7. Ба ман ваъдаи бахшиш ва рўзии хуб назди Худованд дода шудааст.
Имом Заҳабӣ дар мавриди Оиша (р) мегўяд: (Ў мутлақан фақеҳтарин зани уммати ислом аст). Амр ибни Ос (р) аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам пурсид: Эй  Паёмбари  Худо! Чӣ  касеро  аз  ҳама мардум бештар дўст доред?  Фармуданд: Оишаро. Амр гуфт: Аз мардон чӣ касеро бештар аз ҳама дўст дорӣ?  Фармуданд: Падари Оиша Абўбакрро.
Баъзе мардум дар ѓазваи бани Мусталиқ Оишаро тўҳмат зада, бар ў дурўѓ бастанд, аммо Худованд аз осмон оят фиристод ва ўро табрия (бегуноҳ) намуд ва ба покдомании ў шаҳодат дод.
Оиша Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаламро ба шиддат дўст медошт, то ҷойе, ки дар ин маврид бо дигарон рақобат мекард. Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам  ба Оиша гуфт: дустии ман нисбат ба ту ҳалқаи оҳани ногусастание ҳаст.
Азбаски Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бародарро дўст дошт ва ў низ ба Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам муҳаббат меварзид. Ҳамеша мегуфт: Дўст дорам занони хонаводаи мо дар моҳи шавол издивоҷ кунанд. Вақте пурсид, ки чаро? Гуфт: Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам маро дар моҳи шавол ақд кард ва дар шавол маро ба хонаи худ бурд ва ман аз ҳама занони Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам баҳраи бештаре аз он Ҳазрат бурдам.
Ў бар асари муҳаббати Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ѓайраташ ҷўш мекард ва рашк мебурд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам бо лабханд мепурсид: Ѓайратат ҷўш кард? Оиша мегуфт: Чӣ гуна бар муҳаббати Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи васалам ѓайратам ҷўш накунад ва бар дигарон рашк набарам. Оиша мегўяд: Дар ҳангоми вафоти Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам дидам эшон салаллоҳу алайҳи васалам дар оѓўшам сангинӣ мекунад, ба чеҳрааш нигоҳ кардам, дидам чашмонашро боз карда, ба сўйи осмон нигоҳ дўхта мегўяд: Балки ёр ва дўсти болоро ихтиёр мекунам. Гуфтам: Эй Паёмбари Худо ба ту ихтиёр дода шуда, ки аз дунё ва охират якеро қабул кунӣ ва савганд ба зоте, ки туро ба Ҳақ мабъус дошта, ту беҳтаринро ихтиёр кардӣ. Расули Акрам салаллоҳу алайҳи васалам дар оѓўши ман вафот кард. Сарашро бар болишт гузоштам ва баланд шудам ва бо дигар занҳо шуруъ ба гиря кардан намудам.
Оиша  (р) солҳои зиёде баъд аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам зинда буд ва марҷаъи асосии муслимин дар ҳадис, суннат ва фиқҳ ба шумор мерафт. Муътамаддин ва бузургони тобеъин, ки дар асри Оиша зистаанд, дар мавриди ў мегўянд: Агар алам ва дониши Оиша (р) бо алами занони Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ва тамоми занони дунё муқоиса шавад, алами Оиша (р) бештар хоҳад буд. Оиша (р) ҳазорон ҳадис аз аҳодиси Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаламро ҳифз карда буд.
Оиша дар моҳи рамазон дар сини 66 солагӣ аз ин ҷаҳон рахт барбаст. Абўҳурайра намози ҷанозаи ўро хонд ва бузурги бонўи ислом дар қабристони Бақеъ ба хок супурда шуд. Вақте Умми Саламаро хабар карданд, ки Оиша (р) фавт кардааст, гуфт: Савганд ба Худо, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам ўро аз ҳама бештар дўст медошт, ба ҷуз падараш, ки аз ҳама мардум назди Паёмбар салаллоҳу алайҳи васалам маҳбубтар буд.
Таҳияи Нигинаи Наҷот

Бо номаҳрамон сухан гуфтан биёмуз!!!



Бори нишоти офият з-он наниҳам, ки оқибат,
Муҷрими нуктае кунад, маҳрамиёни розро
Худованд мефармояд: «Эй ҳамсарони Паёмбар, ҳар кас аз шумо муртакиби кори зишти дархўри уқубат шавад, Худо азоби ўро ду баробар мекунад. Ва ин бар Худо осон аст. Ва ҳар кас аз Шумо, ки ба фармонбардории Худо ва Паёмбараш мудовамат варзад ва кори шоиста кунад, ду бор ба ў подош диҳем. Ва барои ў ризқе кироманд омода кардаем.» (Сураи Аҳзоб, оятҳои 30-31).
Ин афрод ду баробари дигарон азоб мешаванд ва ё подош мегиранд, зеро коре, ки онҳо мекунанд дар воқеъ ду кор аст, яке дар ҳавзаи фардӣ ва дигаре дар ҳавзаи иҷтимоӣ; дар тоат ва ибодат ҳам бад-ин маъност амали солеҳе, ки ў анҷом медиҳад воқеан ҳам ду кори хайр аст яке ҳамон кор, ва дигаре таблиѓ бар дини Ислом аст.
Ин ояти муборака бар занон супориш медиҳад, ки дар сухан гуфтан бо номаҳрамон ба таври ҷиддӣ ва  бомаърифат сухан бигўянд ва аз танозиву зебо сар додани садо ва бархе ҳолате, ки боиси шаҳвати шунаванда мегардад ва шунаванда дар фикри гуноҳ кардан меафтад,  парҳез кунанд.
Ҳангоми сухан гуфтан садои худро бо нозу ишва баланд накунед, ки бемордилон дар шумо тамаъ хоҳанд кард, биноан дуруст суханронӣ кунед. Ин оятҳо ҳарчанд хитоб ба ҳамсарони Паёмбар (с) аст, маънии онро надорад, ки  танҳо мутааллиқи онҳост, ин оят супориш бар тамоми занони мусалмон аст, ки дар гуфтугў бо номаҳрамон ва номаҳраме, ки дар қалбаш маризӣ аст садоятонро бе ноз ва бо маърифат бароред. Ин фармоиш яке аз усули тартиби исломӣ ва риояти покон аст, ки бояд дар ҷаласаҳое, ки ҳамчун меҳмон ҳузур доред, ҷойҳои корӣ, идорӣ ва чӣ дар бозору кўчаҳо ва амсоли ин ботаваҷҷўҳ риоя шавад, ѓафлат аз ин тавсияи қуръонӣ ҷуз ба суди шайтонсифатон нахоҳад буд.
Вобаста бар ин дар сураи Аҳзоб ояти 36 чунин зикр шуда:
«Ҳангоме, ки аз ҷониби Худо ва паёмбараш ҳукме содир шуд, ҳама бояд ба он сар фурў кунанд ва мардону занони боимон мухтор нестанд, ки онро бипазиранд ва ё ба гунае, ки дигар амал кунанд ва ҳар касе Худо ва Расулашро нофармонӣ кунад яқинан ба сурати ошкор гумроҳ шудааст.»
Дар воқеъ,  Худованд ниёз ба тоат ва таслими мардум надорад ва на Паёмбар (с) чашмдоште ба фармонбардорӣ.  Ин итоат бевосита роҳе аст, барои расидан ба масолеҳи воқеъӣ, ки гоҳе огоҳӣ аз он бароят хеле маҳдуд буда,  бехабар мешавӣ, вале Худованд, ки медонад онро тариқи Паёмбараш (с) ба мардум талаби саодат мерасонад.
Худованд мефармояд: «Эй Паёмбар! Ба ҳамсарону духтаронат ва заноне, ки мўъмина ҳастанд бигў: Чодарони худро бар худ фурў пўшанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо омўрзандаву меҳрубон аст.» (Сураи Аҳзоб, ояти 59).
Манзур аз  ояти мазбур ин аст, ки тамоми занони мусалмон худро тавре бипўшонанд, ки зери гулў ва синаҳояшон дар нигоҳи бинанда пайдо набошад ва дар баробари номаҳрамон, муаррифии иффат ва покдомании онҳост, зеро ҳамин амр сабаб мегардад, то аҳли гуноҳ ва шаҳват мутаарризи онҳо нашаванд.
Таҳияи  Идимоҳи Абдураҳмон

Муҳаббати Худо


Муҳаббати Худо, лаззату ҳаловати имон аст,
Ҳар кӣ аз он бе насиб гашт дар зарару хусрон аст.
Муҳаббати Худо, маънии зиндагиву роҳати ҷон аст,
Ҳар кӣ ин неъматро дорад донишманду нуктадон аст.
Муҳаббати Худо, ҳидояти дасту пову гӯшу чашмон аст,
Ҳар кӣ аз он маҳрум бошад осию парешон аст.
Муҳаббати Худо, дидаи қалбу қалби ирфон аст,
Ҳар кӣ онро ба даст овард абадул-абад хандон аст.
Муҳаббати Худо,розу ниёзу нолаву афғон аст,
Ҳар киро ин насиб нест абадул-абад гирён аст.
Муҳаббати Худо, шавқу завқу суруру ҳаяҷон аст,
Ҳар киро ин ато шавад шайтон аз ӯ гурезон аст.
Муҳаббати Худо, шифои қалбу доруву дармон аст,
Ҳар киро ин дода нашуд дар воқеъ хонавайрон аст.
Муҳаббати Худо, дили пурғаму чашми гирён аст,
Ҳар кӣ онро ҷусту дарёфт аз ҷумлаи хушбахтон аст.
Муҳаббати Худо, дар роҳи ҳақ чароғи тобон аст,
Ҳар кӣ аз он бе баҳра шуд байни зулумот ҳайрон аст.
Муҳаббати Худо, ранҷу машаққату имтиҳон аст,
Ҳар кӣ дар ин роҳ сабр кард дар биҳишт байни ҳурон аст.
Муҳаббати Худо, душманӣ бо нафсу шайтон аст,
Ҳар киро ин муяссар нест асиру дар зиндон аст.
Муҳаббати Худо, оҳи саҳару қалби ларзон аст,
Ҳар кӣ инро касб намуд дар амон аст дар амон аст.
Муҳаббати Худо, сарвату хазинаву кон аст,
Ҳар киро ин рӯзӣ нашуд мискину нотавон аст.
Муҳаббати Худо, ҷонфидоӣ дар майдон аст,
Ҳар кӣ шоистаи ин шуд абад зинда ҷовидон аст.
Муҳаббати Худо, ихлосу яқину эҳсон аст,
Ҳар кӣ инро фаромӯш кард рӯзи ҳашр сад пушаймон аст.
Муҳаббати Худо, даъват ба сӯи Қуръон аст,
Ҳар кӣ инро пеша намуд ҳаққо, ки марди мардон аст.
Муҳаббати Худо, муҳаббати пайғамбару мӯъминон аст,
Ҳар кӣ аз он рӯй гардонад кофиру бе имон аст.
Муҳаббати Худо, фирор аз дунёи фаттон аст,
Ҳар кӣ инро сазовор шуд саодатманди даврон аст.
Муҳаббати Худо, бо Худо аҳду паймон аст,
Ҳар кӣ онро вафо накард маъвояш нори сӯзон аст.
Муҳаббати Худо, биҳишту ҳуру ғилмон аст,
Дар ин роҳ ҳар кӣ ҷон бахшид подош дидори Раҳмон аст.
Сайфуллоҳи Истаравшани

вторник, 7 мая 2013 г.

ИТОЪАТ ВА ФАРМОНБАРДОРИИ ЗАНОН.

Хуб бидонед, ки миёни зан ва шавҳар иртиботе ҳаст, ки бо он тамоми умри худро сипарӣ мекунӣ ва агар ҳамдилӣ байни зану шавҳар барқарор бошад, пас ҳеҷ неъмате бузургтар аз ин нахоҳад буд. Агар Худо нахоста ҳамдилӣ байни онҳо набошад, дар дилҳо ҷудоӣ меояд ва ҳеҷ мусибате бузургтар аз ин нахоҳад буд. Ба ҳамин хотир, то ҷое ки имкон дорад, бояд дили шавҳарро ба даст овард. 
Ба даст овардани дили шавҳар, ин яъне чӣ? Яъне дастурамалест, ки аз рӯи он бояд амал кунӣ ва барномаи хушбахтии худро бисозӣ.

ЗАРУРАТИ РИОЯТИ ОДОБ ВА ЭҲТИРОМИ ШАВҲАР
Ҳамеша бо таваҷҷӯҳ ба ҳолати шавҳар муҳаббататро оғоз кун. Агар дидӣ, ки шавҳар дар ҳолати хушҳолӣ асту механдад, ту ҳам бо ӯ бо хушҳоливу ханда муносибат кун. Вале чун нороҳату хаста аст, пас ту ҳам худро хушҳол нишон мадеҳ. Инчунин, ҳеҷ вақт ҳарф ё сӯҳбате, ки бар хилофи майли шавҳар аст, ба миён маёр.
Хуллас, ба ҳар сурате, ки ҳолати шавҳарро дидӣ, ҳамон гуна бо ӯ ҳарф бизан ва ба ёд дор, ки иртиботи зану шавҳар фақат муҳаббати холӣ нест, балки тавъам бо риояти одоб ва эҳтироми шавҳар аст.
Ҳаргиз аз шавҳар анҷоми кореро нахоҳ ва агар шавҳар бо муҳаббат ва ризоият худаш коре кардан хост, ё дар анҷоми он зарурате буд, зарар надорад.

ЧИЗЕ БОЛОТАР АЗ ТАВОНИ ШАВҲАР НАХОҲ
Болотар аз тавоноии шавҳар чизе нахоҳ ва он чизе, ки ба ту мерасад, гарчӣ нони холӣ бошад, онро дар хонаи худат бихӯр.
Ҳатто агар, шавҳар сарватманд ҳам бошад, аз шавҳар чизе дархост макун, чунки инсон аз талаб ва дархост намудан аз дигарон, дар дидаи онҳо кӯчак мешавад ва дар ниҳоят ҳарфи ӯ беарзиш мегардад.

ҚАДРДОНӢ ВА СИПОС АЗ ТӮҲФАИ ШАВҲАР
Агар шавҳар барои ту чизе овард, писандидӣ ё не, дар муқобили шавҳар изҳори хушҳолӣ кун ва ҳаргиз нагӯ, ки ин чизи бад аст ва писанди ман нест. Чунки эҳтимол дорад, ки аз ин гуфтаи ту дили шавҳар би шканад ва дубора бароят чизе наёварад. Ва агар тӯҳфаи шавҳарро таъриф кунӣ, ҳам ӯро хурсанд мегардонӣ ва ҳам ҳавсалаашро барои тӯҳфаи навбатӣ меафзоӣ.
Ҳар гоҳ нороҳат шудӣ, аз шавҳар носипосӣ накун ва чунин ҳарфҳоро ба забон наёр: Ман дар ин хона ҳеҷ чиз надидам, наход тамоми умрамро бо мусибат ба сар барам? Ман аз заҳмати бисёр хаста шудаам. Падарам маро ба ин мусибат андохт!
Баъд аз ин гапҳо бароят ҷое дар дили шавҳар боқӣ намемонад ва дар ҳадиси Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) омадааст, ки "Бештарини аҳли дӯзах занон ҳастанд". Шахсе савол дод, ки чаро занон ин қадар зиёд ба ҷаҳаннам мераванд? Паёмбар ҷавоб гуфт: "Чунки занон нафрин ва лаънати зиёд хонда, аз шавҳар носипосӣ мекунанд".ЗАРУРАТИ ТОЗА ВА МУРАТТАБ БУДАНИ ХОНА ВА АНҶОМИ ШАВҲАР
Анҷоми шавҳар ва хонаро бо салиқаи худат ба тартиб биёр. Хонаат бояд ҳамеша покиза бошад, агар ҷое ифлосу анҷомҳо парешон шуда бошад, ҳатман пеш аз он ки шавҳар бигуяд, дуруст кун.
Лутфу муҳаббат он ҷо аст, ки ҳама чизро бе он ки шавҳар чизе бигӯяд, мураттаб кунӣ ва он чизҳое, ки дар ихтиёрат ҳаст, онҳоро муҳофизат намоӣ.
Ба хотири бетартибу пок набудани хона баҳонаҷӯиву дурӯғ нагӯ, чунки ҳатман маълум мешавад. Мардҳо агарчӣ дурӯғи занро пай баранд ҳам, аксарият аз рӯи ҷавонмардӣ худро ба нофаҳмӣ мезананд, аммо яқинан аз ин рафтори зан хафаву нороҳат мешаванд ва дар натиҷа эътибори инсон аз байн меравад.

ПАРҲЕЗ АЗ БАДЗАБОНӢ
Занони камфаҳм ва беандеша баъзан гапҳое мезананд, ки дар дили мард бадбиниву нороҳатӣ эҷод мекунад. Гоҳе, ки сахт асабӣ мешаванд, аз даҳонашон ҳарфи таънаву маломат берун меояд ва чун оромтар шуданд, пушаймону шарманда ба гирякунӣ сар мекунанд.
Бидон! Баъд аз эҷоди бадбиниву дилмонӣ, агар чор шабу чор рӯз гиря кунӣ ҳам, он ҳолати аввала барнамегардад. Ҳазору як баҳона ҷустан, тавбаву зорӣ кунӣ ҳам, лекин он тавре, ки дар аввал буд; дили софу беолоиш ва он муҳаббати пештараро барқарор карда наметавонӣ. Ҳар вақт, ки сӯҳбат ва ҳатто шӯхӣ мекунӣ, ҳатман дар зеҳнаш ҳамон гапҳои сахту дилхарош бедор мешаванд.
Бинобар ин, бо шавҳари худ бо фикру андеша зиндагӣ намуда, аз нофаҳмие, ки нороҳат мешавӣ ба пурсиданаш шитоб накун. Ба оянда ҳавола кун ва аз вақт интизор бош, то худаш бароят рӯшан кунад.
Шавҳари ман мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба ҷои ман фикр накун ва ба ҷои ман хулоса набарор. Ман, албатта, чанд боре ба фикру хулосаи худ эътимод карда чунин кардам ва оқибат то ҷое расидам, ки вақте шавҳарам аз ман носазо хафа шуд, гуфтам: Ҳеҷ гоҳ ба ҷои ман фикр накун ва ба ҷои ман хулоса набарор. Бале, аз ин гуфта акнун худам сабақ гирифтам.
Нофаҳмиро дар вақти хашму асабоният фаҳм намекунанд. Пас, бигузор мавзӯъ хомӯш шавад, кӯшиш накун, бафоида аст. Аммо баъд, дар як вақти муносибе ба шавҳар оромона фаҳмон. Агар дидӣ, ки боз ҳам ба ӯ сахт расид ва нороҳат кард, пас, дигар ҳеҷ гоҳ аз ин мавзӯъ ҳарфе накушо ва бо рӯи кушода мавзӯи хушҳолиро оғоз кун.ЗАН НАБОЯД БЕ ИҶОЗАТИ ШАВҲАР ЧИЗЕРО БАХШИШ КУНАД

Мувофиқи талаботи дини мубини ислом зан бояд дар ғайби шавҳараш молу сарват ва номуси ӯро ҳифз намояд. Бе иҷозати шавҳар касеро ба манзил роҳ надиҳад. Зеро Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: "Занон нигаҳбони хонаи шавҳаронашон ҳастанд"
Занони пок, парҳезкор ва солеҳа заноне ҳастанд, ки ҳар гоҳ шавҳар онҳоро бинад, шодмон мешавад ва ҳар гоҳ ба онҳо дастуре бидиҳанд, итоат мекунанд. Рӯзи "Ҳаҷҷатул видоъ" ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) зимни васият ва супориш ба ҳамаи мусулмонон фармуданд: " Шумо бар занонатон ҳуқуқе доред. Ҳамчунин онҳо низ бар шумоён дорои ҳуқуқи зиёд ҳастанд. Ҳаққе, ки шумо ба онон доред яке ин аст, ки (занон) онҳоеро, ки шумо онҳоро намеписандед, ба манзилатон роҳ медиҳанд, бо онҳо муошират (сӯҳбат) мекунанд. Ҳаққи занон бар шумоён ин аст, ки бо беҳтарин шева бо онон муомила кунед ва либосу ғизои онҳоро фароҳам созед".
Дар ҳадиси дигари он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) омадааст: "Зан набояд бе иҷозати шавҳараш чизе аз амволи ӯро ба дигарон бибахшад". Шахсе аз ишон пурсид: -Ҳатто иҷозат надорад, ки маводи ғизоиеро ба дигарон бидиҳад?
Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) гуфтанд: -Беҳтарин дороии инсон маводи ғизоӣ аст.
Зан танҳо аз ғизои худ метавонад чизеро ба дигарон бибахшад.
 


Дар биҳишт издивоҷ нест.





Ва барои хидматгузории биҳиштиён (ғилмон)-ҳое вуҷуд дорад ва дар ин фарқе миёни зану  мард нест, қуръони маҷид дар ин маврид мефармояд: «ғуломонашон чу марвориди пинҳон дар садаф ба гирдашон мечарханд». Сураи Тўр, ояти 24. Оё занони дунявӣ ҳам чунинанд ё на? Шояд битавонанд гуфт, ки агар аҳли биҳишт ҳар он чизе, ки дар биҳиш бихоҳанд барояшон омодааст, аммо ҳаргиз  дархосте ба унвони таъаддиди завҷот надоранд ва ҳамон гуна, ки занони пок дар дунё чашм ба ғайр аз ҳамсари худ надоранд дар биҳишт ҳам, ки ҷои покон аст хоҳони завҷҳои мутъаддид барои худ нестанд.
Зан агар дар дунё ду шавҳар карда бошад дар охират ҳар кадомашро, ки беҳтар дид (аз ҳисси ахлоқӣ) ҳамонашро интихоб мекунад.Бинобар ин аксари муфассирон бар чунин назаранд, ки издивоҷ ба маънои дунявии он дар биҳишт вуҷуд надорад, пас инҷо наздик кардан ва ато кардани ҳуриёни биҳиштӣ аз тарафи Худованд ба бандагони биҳиштияш мардон аст. Аз сифоти баён шуда барои ҳуриён дар қуръон ва баъзе ривоёт метавонем чунин истифода кард, ки ҳуриёни биҳишт беш аз як ҳамсар надоранд, зеро Худованд дар мавриди сифоти ҳуриёни биҳишт мефармояд: «… на ҳеҷ инсоне қабл аз ишон (пеш аз он шахси биҳиштӣ) онҳоро ламс карда ва на ҳеҷ ҷине» (сураи Ар-раҳмон, ояти 56).  Худованд дар мавриди онон мефармояд: «ҳурони биҳиштиро ба издивоҷи онҳо дар меоварем» сураи Сод, ояти, 28.??????Чуноне, ки Худованд мефармояд: «ҳар кас кори баде бикунад, ҷуз ҳаммонанди амалаш кайфар наёбад. Ва ҳар касе аз марду зан, ки муъмин бошад ва амали солеҳе ба ҷой орад, ба биҳишт дохил шавад ва беҳисоб рўзиаш диҳанд: (сураи ғофир, ояти 40). Дар сураи Фусиллат, ояти 31 чунин зикр шудааст: «Мо дар дунё дўстдори шумо будем ва низ дар охират дўстдори шумоем. Дар биҳишт ҳар чӣ дилатон бихоҳад ва ҳар чӣ талаб кунед, бароятон фароҳам аст». Аз маҷмўи оятҳо ва ривоятҳо пайдост, ки, ки ҳар чизе, ки биҳиштиён бихоҳанд  дар ихтиёрашон гузошта мешавад, аз ҷумла яке аз неъматҳои биҳишт  ҳурони биҳиштӣ аст, ки дар ихтиёри мардони муъмин гузошта мешавад. Дар ривояте чунин омадааст: агар мақом ва манзалати зан боло бошад ва бихоҳад бо шавҳари дунёияш издивоҷ кунад метавонад ўро интихоб кунад (ва мард наметавонад вайро интихоб кунад), ки дар ин сурат мард ҳамсари ў мегардад вале агар рутбаи  мард болотар буд, ў метавонад занро интихоб кунад (инҷо зан чунин ҳақе надорад), ки дар ин сурат зан яке аз ҳамсарони мард мешавад. Калимаи ҳур ҷамъи ҳуроъ ба маънои зане аст, ки сафедии чашмонаш аз ҳад зиёд аст ва сиёҳии чашмонаш ҳам бисёр сиёҳу зебост ва ё ба маънои зане аст, ки дорои чашмони сиёҳе чун чашми оҳў бошад, ва ҳурони биҳиштӣ мавҷудоти ғайр аз занони дунёянд.ҳамчунин дар мавриди чандҳамсарии занон дар биҳишт ба таври иҷмолӣ бояд гуфт. Аз маҷмўи оятҳо ва ривоятҳо метавон чунин натиҷа гирифт, ки занони муъмине, ки ба биҳишт ворид шудаанд, чунин  дархост надоранд, агарчӣ дархост ҳам кунанд дар ихтиёрашон қарор мегирад. Яке аз неъматҳои бузурге, ки Худованд барои бандагони муъмин ва ботақво дар назар гирифта аст, биҳишт ва неъматҳои фаровону  ҷовидони он аст, албатта ризо ва хушнудии Худованд аз онҳо болотар меистад. Танҳо чизе, ки сабаби ворид шудан ба биҳишт мегардад имон ва амали солеҳи инсон дар ин дунё аст ва ҳар қадаре имони инсон беҳтару  амали солеҳаш фаровонтар бошад, мақом ў дар биҳишт болотар аст ва фарқе миёни зану мард нест, ҳамзамон бояд гуфт, ки  ҳар инсоне метавонад ба чунин мақомоте бирасад.      Барои ворид шудан ба биҳишт, фарқ миёни зану мард нест ва яке аз подошҳои Худованд дар биҳишт «حورالعین» аст, ки қуърон ва ривоёт ба он ишора кардааст. Бинобар ағлаби муфассирин дар биҳишт издивоҷ нест ва тазвиҷи «ҳур-ул-айн» ба маънои қаринӣ кардан ва ато кардани  «ҳур-ул-айн» аз тарафи Худованд ба бандагонаш тафсир шудааст.Ба  саволҳои зикршуда дар асоси  оятҳои қуръони карим ва ривоятҳо посух хоҳем гуфт:Оё барои занҳо низ «ҳур-ул-айн»-ҳои мардона вуҷуд дорад? Оё ҳар ҳуре метавонад фақат як шавҳар дошта бошад?Оё мардҳо дар биҳишт бо ҳуриёни биҳиштӣ издивоҷ мекунанд? Перомуни  ҳурони  биҳиштӣ, ки дар қуръони  карим ба унвони яке аз подошҳони ухравии некўкорон шуморида мешаванд, саволоти зайл матраҳ аст:Дар биҳишт издивоҷ нест.(Идимохи Абдурахим)