вторник, 7 мая 2013 г.

ИТОЪАТ ВА ФАРМОНБАРДОРИИ ЗАНОН.

Хуб бидонед, ки миёни зан ва шавҳар иртиботе ҳаст, ки бо он тамоми умри худро сипарӣ мекунӣ ва агар ҳамдилӣ байни зану шавҳар барқарор бошад, пас ҳеҷ неъмате бузургтар аз ин нахоҳад буд. Агар Худо нахоста ҳамдилӣ байни онҳо набошад, дар дилҳо ҷудоӣ меояд ва ҳеҷ мусибате бузургтар аз ин нахоҳад буд. Ба ҳамин хотир, то ҷое ки имкон дорад, бояд дили шавҳарро ба даст овард. 
Ба даст овардани дили шавҳар, ин яъне чӣ? Яъне дастурамалест, ки аз рӯи он бояд амал кунӣ ва барномаи хушбахтии худро бисозӣ.

ЗАРУРАТИ РИОЯТИ ОДОБ ВА ЭҲТИРОМИ ШАВҲАР
Ҳамеша бо таваҷҷӯҳ ба ҳолати шавҳар муҳаббататро оғоз кун. Агар дидӣ, ки шавҳар дар ҳолати хушҳолӣ асту механдад, ту ҳам бо ӯ бо хушҳоливу ханда муносибат кун. Вале чун нороҳату хаста аст, пас ту ҳам худро хушҳол нишон мадеҳ. Инчунин, ҳеҷ вақт ҳарф ё сӯҳбате, ки бар хилофи майли шавҳар аст, ба миён маёр.
Хуллас, ба ҳар сурате, ки ҳолати шавҳарро дидӣ, ҳамон гуна бо ӯ ҳарф бизан ва ба ёд дор, ки иртиботи зану шавҳар фақат муҳаббати холӣ нест, балки тавъам бо риояти одоб ва эҳтироми шавҳар аст.
Ҳаргиз аз шавҳар анҷоми кореро нахоҳ ва агар шавҳар бо муҳаббат ва ризоият худаш коре кардан хост, ё дар анҷоми он зарурате буд, зарар надорад.

ЧИЗЕ БОЛОТАР АЗ ТАВОНИ ШАВҲАР НАХОҲ
Болотар аз тавоноии шавҳар чизе нахоҳ ва он чизе, ки ба ту мерасад, гарчӣ нони холӣ бошад, онро дар хонаи худат бихӯр.
Ҳатто агар, шавҳар сарватманд ҳам бошад, аз шавҳар чизе дархост макун, чунки инсон аз талаб ва дархост намудан аз дигарон, дар дидаи онҳо кӯчак мешавад ва дар ниҳоят ҳарфи ӯ беарзиш мегардад.

ҚАДРДОНӢ ВА СИПОС АЗ ТӮҲФАИ ШАВҲАР
Агар шавҳар барои ту чизе овард, писандидӣ ё не, дар муқобили шавҳар изҳори хушҳолӣ кун ва ҳаргиз нагӯ, ки ин чизи бад аст ва писанди ман нест. Чунки эҳтимол дорад, ки аз ин гуфтаи ту дили шавҳар би шканад ва дубора бароят чизе наёварад. Ва агар тӯҳфаи шавҳарро таъриф кунӣ, ҳам ӯро хурсанд мегардонӣ ва ҳам ҳавсалаашро барои тӯҳфаи навбатӣ меафзоӣ.
Ҳар гоҳ нороҳат шудӣ, аз шавҳар носипосӣ накун ва чунин ҳарфҳоро ба забон наёр: Ман дар ин хона ҳеҷ чиз надидам, наход тамоми умрамро бо мусибат ба сар барам? Ман аз заҳмати бисёр хаста шудаам. Падарам маро ба ин мусибат андохт!
Баъд аз ин гапҳо бароят ҷое дар дили шавҳар боқӣ намемонад ва дар ҳадиси Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) омадааст, ки "Бештарини аҳли дӯзах занон ҳастанд". Шахсе савол дод, ки чаро занон ин қадар зиёд ба ҷаҳаннам мераванд? Паёмбар ҷавоб гуфт: "Чунки занон нафрин ва лаънати зиёд хонда, аз шавҳар носипосӣ мекунанд".ЗАРУРАТИ ТОЗА ВА МУРАТТАБ БУДАНИ ХОНА ВА АНҶОМИ ШАВҲАР
Анҷоми шавҳар ва хонаро бо салиқаи худат ба тартиб биёр. Хонаат бояд ҳамеша покиза бошад, агар ҷое ифлосу анҷомҳо парешон шуда бошад, ҳатман пеш аз он ки шавҳар бигуяд, дуруст кун.
Лутфу муҳаббат он ҷо аст, ки ҳама чизро бе он ки шавҳар чизе бигӯяд, мураттаб кунӣ ва он чизҳое, ки дар ихтиёрат ҳаст, онҳоро муҳофизат намоӣ.
Ба хотири бетартибу пок набудани хона баҳонаҷӯиву дурӯғ нагӯ, чунки ҳатман маълум мешавад. Мардҳо агарчӣ дурӯғи занро пай баранд ҳам, аксарият аз рӯи ҷавонмардӣ худро ба нофаҳмӣ мезананд, аммо яқинан аз ин рафтори зан хафаву нороҳат мешаванд ва дар натиҷа эътибори инсон аз байн меравад.

ПАРҲЕЗ АЗ БАДЗАБОНӢ
Занони камфаҳм ва беандеша баъзан гапҳое мезананд, ки дар дили мард бадбиниву нороҳатӣ эҷод мекунад. Гоҳе, ки сахт асабӣ мешаванд, аз даҳонашон ҳарфи таънаву маломат берун меояд ва чун оромтар шуданд, пушаймону шарманда ба гирякунӣ сар мекунанд.
Бидон! Баъд аз эҷоди бадбиниву дилмонӣ, агар чор шабу чор рӯз гиря кунӣ ҳам, он ҳолати аввала барнамегардад. Ҳазору як баҳона ҷустан, тавбаву зорӣ кунӣ ҳам, лекин он тавре, ки дар аввал буд; дили софу беолоиш ва он муҳаббати пештараро барқарор карда наметавонӣ. Ҳар вақт, ки сӯҳбат ва ҳатто шӯхӣ мекунӣ, ҳатман дар зеҳнаш ҳамон гапҳои сахту дилхарош бедор мешаванд.
Бинобар ин, бо шавҳари худ бо фикру андеша зиндагӣ намуда, аз нофаҳмие, ки нороҳат мешавӣ ба пурсиданаш шитоб накун. Ба оянда ҳавола кун ва аз вақт интизор бош, то худаш бароят рӯшан кунад.
Шавҳари ман мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба ҷои ман фикр накун ва ба ҷои ман хулоса набарор. Ман, албатта, чанд боре ба фикру хулосаи худ эътимод карда чунин кардам ва оқибат то ҷое расидам, ки вақте шавҳарам аз ман носазо хафа шуд, гуфтам: Ҳеҷ гоҳ ба ҷои ман фикр накун ва ба ҷои ман хулоса набарор. Бале, аз ин гуфта акнун худам сабақ гирифтам.
Нофаҳмиро дар вақти хашму асабоният фаҳм намекунанд. Пас, бигузор мавзӯъ хомӯш шавад, кӯшиш накун, бафоида аст. Аммо баъд, дар як вақти муносибе ба шавҳар оромона фаҳмон. Агар дидӣ, ки боз ҳам ба ӯ сахт расид ва нороҳат кард, пас, дигар ҳеҷ гоҳ аз ин мавзӯъ ҳарфе накушо ва бо рӯи кушода мавзӯи хушҳолиро оғоз кун.ЗАН НАБОЯД БЕ ИҶОЗАТИ ШАВҲАР ЧИЗЕРО БАХШИШ КУНАД

Мувофиқи талаботи дини мубини ислом зан бояд дар ғайби шавҳараш молу сарват ва номуси ӯро ҳифз намояд. Бе иҷозати шавҳар касеро ба манзил роҳ надиҳад. Зеро Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: "Занон нигаҳбони хонаи шавҳаронашон ҳастанд"
Занони пок, парҳезкор ва солеҳа заноне ҳастанд, ки ҳар гоҳ шавҳар онҳоро бинад, шодмон мешавад ва ҳар гоҳ ба онҳо дастуре бидиҳанд, итоат мекунанд. Рӯзи "Ҳаҷҷатул видоъ" ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) зимни васият ва супориш ба ҳамаи мусулмонон фармуданд: " Шумо бар занонатон ҳуқуқе доред. Ҳамчунин онҳо низ бар шумоён дорои ҳуқуқи зиёд ҳастанд. Ҳаққе, ки шумо ба онон доред яке ин аст, ки (занон) онҳоеро, ки шумо онҳоро намеписандед, ба манзилатон роҳ медиҳанд, бо онҳо муошират (сӯҳбат) мекунанд. Ҳаққи занон бар шумоён ин аст, ки бо беҳтарин шева бо онон муомила кунед ва либосу ғизои онҳоро фароҳам созед".
Дар ҳадиси дигари он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) омадааст: "Зан набояд бе иҷозати шавҳараш чизе аз амволи ӯро ба дигарон бибахшад". Шахсе аз ишон пурсид: -Ҳатто иҷозат надорад, ки маводи ғизоиеро ба дигарон бидиҳад?
Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) гуфтанд: -Беҳтарин дороии инсон маводи ғизоӣ аст.
Зан танҳо аз ғизои худ метавонад чизеро ба дигарон бибахшад.
 


Комментариев нет:

Отправить комментарий