пятница, 14 июня 2013 г.

Бо номаҳрамон сухан гуфтан биёмуз!!!



Бори нишоти офият з-он наниҳам, ки оқибат,
Муҷрими нуктае кунад, маҳрамиёни розро
Худованд мефармояд: «Эй ҳамсарони Паёмбар, ҳар кас аз шумо муртакиби кори зишти дархўри уқубат шавад, Худо азоби ўро ду баробар мекунад. Ва ин бар Худо осон аст. Ва ҳар кас аз Шумо, ки ба фармонбардории Худо ва Паёмбараш мудовамат варзад ва кори шоиста кунад, ду бор ба ў подош диҳем. Ва барои ў ризқе кироманд омода кардаем.» (Сураи Аҳзоб, оятҳои 30-31).
Ин афрод ду баробари дигарон азоб мешаванд ва ё подош мегиранд, зеро коре, ки онҳо мекунанд дар воқеъ ду кор аст, яке дар ҳавзаи фардӣ ва дигаре дар ҳавзаи иҷтимоӣ; дар тоат ва ибодат ҳам бад-ин маъност амали солеҳе, ки ў анҷом медиҳад воқеан ҳам ду кори хайр аст яке ҳамон кор, ва дигаре таблиѓ бар дини Ислом аст.
Ин ояти муборака бар занон супориш медиҳад, ки дар сухан гуфтан бо номаҳрамон ба таври ҷиддӣ ва  бомаърифат сухан бигўянд ва аз танозиву зебо сар додани садо ва бархе ҳолате, ки боиси шаҳвати шунаванда мегардад ва шунаванда дар фикри гуноҳ кардан меафтад,  парҳез кунанд.
Ҳангоми сухан гуфтан садои худро бо нозу ишва баланд накунед, ки бемордилон дар шумо тамаъ хоҳанд кард, биноан дуруст суханронӣ кунед. Ин оятҳо ҳарчанд хитоб ба ҳамсарони Паёмбар (с) аст, маънии онро надорад, ки  танҳо мутааллиқи онҳост, ин оят супориш бар тамоми занони мусалмон аст, ки дар гуфтугў бо номаҳрамон ва номаҳраме, ки дар қалбаш маризӣ аст садоятонро бе ноз ва бо маърифат бароред. Ин фармоиш яке аз усули тартиби исломӣ ва риояти покон аст, ки бояд дар ҷаласаҳое, ки ҳамчун меҳмон ҳузур доред, ҷойҳои корӣ, идорӣ ва чӣ дар бозору кўчаҳо ва амсоли ин ботаваҷҷўҳ риоя шавад, ѓафлат аз ин тавсияи қуръонӣ ҷуз ба суди шайтонсифатон нахоҳад буд.
Вобаста бар ин дар сураи Аҳзоб ояти 36 чунин зикр шуда:
«Ҳангоме, ки аз ҷониби Худо ва паёмбараш ҳукме содир шуд, ҳама бояд ба он сар фурў кунанд ва мардону занони боимон мухтор нестанд, ки онро бипазиранд ва ё ба гунае, ки дигар амал кунанд ва ҳар касе Худо ва Расулашро нофармонӣ кунад яқинан ба сурати ошкор гумроҳ шудааст.»
Дар воқеъ,  Худованд ниёз ба тоат ва таслими мардум надорад ва на Паёмбар (с) чашмдоште ба фармонбардорӣ.  Ин итоат бевосита роҳе аст, барои расидан ба масолеҳи воқеъӣ, ки гоҳе огоҳӣ аз он бароят хеле маҳдуд буда,  бехабар мешавӣ, вале Худованд, ки медонад онро тариқи Паёмбараш (с) ба мардум талаби саодат мерасонад.
Худованд мефармояд: «Эй Паёмбар! Ба ҳамсарону духтаронат ва заноне, ки мўъмина ҳастанд бигў: Чодарони худро бар худ фурў пўшанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо омўрзандаву меҳрубон аст.» (Сураи Аҳзоб, ояти 59).
Манзур аз  ояти мазбур ин аст, ки тамоми занони мусалмон худро тавре бипўшонанд, ки зери гулў ва синаҳояшон дар нигоҳи бинанда пайдо набошад ва дар баробари номаҳрамон, муаррифии иффат ва покдомании онҳост, зеро ҳамин амр сабаб мегардад, то аҳли гуноҳ ва шаҳват мутаарризи онҳо нашаванд.
Таҳияи  Идимоҳи Абдураҳмон

Комментариев нет:

Отправить комментарий