пятница, 14 июня 2013 г.

Муҳаббати Худо


Муҳаббати Худо, лаззату ҳаловати имон аст,
Ҳар кӣ аз он бе насиб гашт дар зарару хусрон аст.
Муҳаббати Худо, маънии зиндагиву роҳати ҷон аст,
Ҳар кӣ ин неъматро дорад донишманду нуктадон аст.
Муҳаббати Худо, ҳидояти дасту пову гӯшу чашмон аст,
Ҳар кӣ аз он маҳрум бошад осию парешон аст.
Муҳаббати Худо, дидаи қалбу қалби ирфон аст,
Ҳар кӣ онро ба даст овард абадул-абад хандон аст.
Муҳаббати Худо,розу ниёзу нолаву афғон аст,
Ҳар киро ин насиб нест абадул-абад гирён аст.
Муҳаббати Худо, шавқу завқу суруру ҳаяҷон аст,
Ҳар киро ин ато шавад шайтон аз ӯ гурезон аст.
Муҳаббати Худо, шифои қалбу доруву дармон аст,
Ҳар киро ин дода нашуд дар воқеъ хонавайрон аст.
Муҳаббати Худо, дили пурғаму чашми гирён аст,
Ҳар кӣ онро ҷусту дарёфт аз ҷумлаи хушбахтон аст.
Муҳаббати Худо, дар роҳи ҳақ чароғи тобон аст,
Ҳар кӣ аз он бе баҳра шуд байни зулумот ҳайрон аст.
Муҳаббати Худо, ранҷу машаққату имтиҳон аст,
Ҳар кӣ дар ин роҳ сабр кард дар биҳишт байни ҳурон аст.
Муҳаббати Худо, душманӣ бо нафсу шайтон аст,
Ҳар киро ин муяссар нест асиру дар зиндон аст.
Муҳаббати Худо, оҳи саҳару қалби ларзон аст,
Ҳар кӣ инро касб намуд дар амон аст дар амон аст.
Муҳаббати Худо, сарвату хазинаву кон аст,
Ҳар киро ин рӯзӣ нашуд мискину нотавон аст.
Муҳаббати Худо, ҷонфидоӣ дар майдон аст,
Ҳар кӣ шоистаи ин шуд абад зинда ҷовидон аст.
Муҳаббати Худо, ихлосу яқину эҳсон аст,
Ҳар кӣ инро фаромӯш кард рӯзи ҳашр сад пушаймон аст.
Муҳаббати Худо, даъват ба сӯи Қуръон аст,
Ҳар кӣ инро пеша намуд ҳаққо, ки марди мардон аст.
Муҳаббати Худо, муҳаббати пайғамбару мӯъминон аст,
Ҳар кӣ аз он рӯй гардонад кофиру бе имон аст.
Муҳаббати Худо, фирор аз дунёи фаттон аст,
Ҳар кӣ инро сазовор шуд саодатманди даврон аст.
Муҳаббати Худо, бо Худо аҳду паймон аст,
Ҳар кӣ онро вафо накард маъвояш нори сӯзон аст.
Муҳаббати Худо, биҳишту ҳуру ғилмон аст,
Дар ин роҳ ҳар кӣ ҷон бахшид подош дидори Раҳмон аст.
Сайфуллоҳи Истаравшани

Комментариев нет:

Отправить комментарий