четверг, 8 мая 2014 г.

Тақво чист?

Тақво чист? Баҳси мо дар ин навиштор ва иншоаллоҳ дар мақолаи баъд, дар бораи тақво хоҳад буд. Тақво, яке аз калимаҳоест, ки бисёр бар забонҳо ҷорӣ мешавад. Ин калима, як калимаи арабист аз решаи “виқоя” ба маънои “ҳифз” ва “нигаҳдорӣ”. Роғиб дар “Муфрадотул-Қуръон” мегӯяд: “Виқоя иборат аст аз муҳофизати чизе аз ҳар он чи ба он зарару зиён мерасонад, ва “тақво” яъне ҳифзи нафс аз он чи бим меравад. Маънои аслии “тақво” ҳамин аст… Тақво дар истилоҳи шариат ҳам иборат аст аз: нигаҳдории нафс аз он чи инсонро ба гуноҳ мекашонад. Ва ин, бо тарки чизҳои манӯъ ва ҳаром сурат мегирад”. Тақво, тарс нест, балки худнигаҳдорист Марҳуми шаҳид Мутаҳҳарӣ дар ин замина ба як нуктаи зарифе ишора кардаанд, мегӯянд, дар забони форсӣ, одатан “тақво”-ро ба “парҳезгорӣ” ё “тарс” тарҷума мекунанд. Масалан, дар тарҷумаи “Ҳудан лил-муттақин” мегӯянд: “Ҳидояте барои парҳезкорон”, ё дар мавриди “Иттақул-лоҳ” гуфта мешавад: “Аз Худо битарсед”. Ҳар чанд ин маъноҳо хато ҳам нест, аммо дар мавриди калимаи “тақво” бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки агарчи лозимаи тақво ва муҳофизати нафс аз чизе, тарки он чиз ё дурӣ гузидан аз он аст, вале чунин нест, ки маънои “тақво” ҳамон тарк ва парҳез бошад, бинобар ин, шояд беҳтар бошад “тақво”- ро ба “худнигаҳдорӣ” тарҷума кунем. Сабабаш ҳам ин аст, ки вақте “тақво”-ро ба парҳез ва ё тарс тарҷума мекунем, шояд мардум бо шунидани калимаи “тарс аз Худо”, ин суол барояшон пеш ояд, ки магар Худованд касест тарснок? Ӯ, ки камоли мутлақ ва шоистатарин зот барои дӯст доштан аст, чаро аз ӯ битарсем? Посух ин аст, ки ба қавли марҳум шаҳид Мутаҳҳарӣ, худи Худованд ҳаргиз мӯҷиби тарс нест, балки аз адолати илоҳӣ бояд тарсид. Дар дуо ҳаст, ки “Ё ман ло йурҷо илло фазлуҳ ва ло йухофу илло адлуҳ!” яъне “Эё он касе ки ҷуз ба фазлу марҳаматаш умед намебанданд, ва ҷуз аз адолаташ бим намеравад!” Боз, адолат ҳам ба навбати худ, амри ваҳшатноке нест, балки инсоне ки аз адолат метарсад, дар ҳақиқат аз худ метарсад, ки дар гузашта гуноҳе аз ӯ сар зада, ё бим дорад, ки дар оянда нисбат ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз кунад. Бинобар ин, масъалаи хавфу раҷо низ ҳамин аст, ки аз тарафе мӯъмин бояд аз туғёну саркашии нафси аммораи худ биҳаросад, ки мабодо зимоми умур ба дасти нафс бияфтад, ки ин ҳамон “хавф” аст, ва аз тарафи дигар, нисбат ба зоти Худованд эътимод ва итминон дошта бошад, ки ҳамеша ӯро ёрӣ хоҳад кард, ки ин ҳамон “раҷо” аст. Пас, “тақво” аз назари ислом ҳамин аст, яъне “худнигаҳдорӣ”. Инсон агар бихоҳад зиндагии дурусте дошта бошад, ки ҳар инсоне новобаста аз худонобовар ва ё худобовар буданаш, хоҳони зиндагии дурусте мебошад, ночор бояд аз як хатти муайяне дар зиндагии худ пайравӣ намояд, ва маълум аст, ки лозимаи ҳаракат дар як масири муайян, он аст, ки худро аз умуре, ки мувофиқи ҳавасҳои зудгузари вай буда, вале бо ҳадафе, ки пеши рӯй гирифтааст мунофот доранд, нигаҳдорӣ кунад. Масалан, як ҷавон пеши рӯи худ чунин ҳадафе қарор бидиҳад, ки дар оянда як олим ва донишманд ва барои ҷомеаи худ фарди судманде бошад, он гоҳ биравад ба думболи донишомӯзӣ. Ҳар чанд ҳаваси ҷавонияш ӯро ба тарафи айшу нӯш мехонад, вале ӯ ҳамаи ин умури зудгузарро барои худ ҳаром гардонида, шабу рӯзи худро бо хондану мутолеа мегузаронад, чаро? Чун мехоҳад ба ҳадафи худ бирасад. Кори ин ҷавон ҷуз “тақво” нест, яъне ӯ худро аз умуре, ки монеи расидан ба аҳдофаш аст, нигаҳ медорад. Касе ки ҳадафе ҷуз Худо надорад, барои расидан ба матлуби худ, хештанро аз чизҳое, ки монеи расидани Ӯ ба матлубаш аст нигаҳ медорад. Ин, тарс нест, балки худнигаҳдорист, ки гуфтем тақво ҳамин аст. Тақвои заъф ва тақвои қувват Матлаби дигаре, ки марҳуми шаҳид дар ин замина ёдовар мешавад, ин аст, ки мегӯяд, ҳифзу нигаҳдорӣ аз хатоҳо ва гуноҳонро ба ду шакл метавон баррасӣ кард: тақвои заъф ва тақвои қувват. Дар навъи аввал, инсон барои муҳофизати худ аз олудагии гуноҳон, аз мӯҷиботи онҳо, яъне чизҳое ки сабабгори вуқӯъ дар гуноҳон мешавад, фирор мекунад; яъне худро ҳамеша аз муҳити гуноҳ дур нигаҳ медорад. Аммо тақвои қувват ин аст, ки инсон дар руҳи худ ҳолат ва қуввате падид оварад, ки ба вай як масунияти руҳӣ ва ахлоқӣ бидиҳад; яъне инсон аз лиҳози руҳӣ ба қадре қавӣ шавад, ки агар фаразан дар муҳите, ки васоили гуноҳ ҳам фароҳам аст қарор бигирад, он ҳолат ва малакаи руҳӣ, монеъ аз олудагии вай ба гуноҳон шавад. Дар замони мо, бештари мардум тасаввурашон азтақво, ҳамон навъи аввал аст ва шояд иллати пайдоиши ин тасаввур он бошад, ки аз аввал, тақворо барои мо “парҳезгорӣ” тарҷума кардаанд ва тадриҷан парҳез аз гуноҳ, ба маънои парҳез аз мӯҷиботи гуноҳ талаққӣ шуда ва бад-ин шакл, калимаи “тақво” маънои инзиво аз ҷомеаро ба худ гирифтааст. Дар китобҳои ахлоқӣ гоҳе аз иддае ёд мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз зиёдии калом ва гуфтани сухани беҳуда, сангрезае дар даҳон мениҳоданд, то сухан гуфтан барояшон мушкил шавад; яъне иҷбори амалӣ барои худ дуруст мекарданд, ва ин, намунаест барои тақвои заъф. Ин гуна иҷтинобу дурӣ гузиданҳо агар камол маҳсуб шавад, ба унвони муқаддимае аст, ки дар мароҳили аввалия барои пайдо шудани малакаи тақво фоида доранд, аммо ҳақиқати тақво ва камоли воқеии он ҳамон руҳияи олӣ ва муқаддасе аст, ки боис шавад бидуни иҷбори амалӣ ва ҳатто бо муҳайё будани васоили гуноҳ, инсон аз он дурӣ гузинад. Тақво маҳдудият нест Пас, тақво маҳдудият нест, чунон ки бархе гумон мекунанд, балки масуният аст. Тақво барои руҳ, монанди хона барои зиндагӣ ва либос барои тан аст. Хонаву либосро маҳдудкунандаи озодии башар намедонем, балки онро боиси масунияти зиндагии инсон аз балоҳо, сармо, гармо ва ғайра мешуморем. Тақво низ чунин аст.

Хушбахти чист?

Мафҳуми саъодат ва маънои онро фаҳмидан яке аз матолиби муҳими ҳар як фард ва муҷтамаъи инсоният ба шумор меравад, ва яке аз саволҳои муҳим дар зиндагии инсон пин аст ки:
Саъодат чист? Саъид ва хушбахт кист?  Саъодати воқиъи дар чист? Ва чигуна инсон метавонад саъодати воқиъиро пайдо кунад?
Албатта пайдо кардани ҷавоби дуруст ба ин саволҳо сабаби ҳал барои бисёре аз мушкилоти мову шумо шуда метавонад.
Пас фаҳмидани маънои саъодат амри бисёр муҳиме дар зиндагии мову шумо ба шумор меравад.
Саъодат дар фарҳанги ҳар миллат ва ҳатто ҳар инсон мафҳум ва таърифи мухталифе дорад.ҳар гуруҳе саъодатро ба шакли хос ва завқи худ таъриф ва шарҳ дода, ва барои худ мафҳуми хосе дар саъодат дорад.
Уламо дар таърифи саъодат ва хушбахти мегуянд:
Хушбахти: Расидан ба ҳар навъ камолеки инсон қудрати расидан ба онро дошта бошад.
Ва ё ба иборати дигар: Саъодат иборат аз истифода бурдании саҳиҳ ва дуруст аз неруҳои мухталифи модди ва маънавиеки парвардигор онро дар тасарруф ва ихтиёри инсон гузошта аст.
Ин мафҳуми саъодатро Худованд дар Қурони карим бо зебои хоси худ муарифи карда аст, Худованд мефармояд:
Ва савганд ба нафси одами,ва ба онки уро сохта ва пардохта карда аст,сипас гуноҳ ва тақворо барои у илҳом карда аст, ( қасам ба ҳамаи инҳо) касе растагор ва комиёб мегардад ки нафси худро покиза дорад.( аз маъсияту гуноҳ).
Ва касе ноумед ва ноком мегардад ки нафси худро пинҳон бидорад ва бипушонад онро ( бо маъсият ва гуноҳ) .
Аз ин оятҳои бузург мо сароҳатан маълум мегардад ки  фалоҳ ва хушбахтии инсон дар (пок нмгоҳ доштани  нафс аз гуноҳу маъсият) .
Ва агар мо тааммул ба ҳақиқати пайдоиши инсон дар ин дунё кунем, барои мо зоҳиран маълум мегардад ки ҳадаф аз пайдшши ҷаҳон ва инсон расонидани инсон ба камоли фазилат ва болотарин камоли инсоният аст.
Бинобарин метавонем гуфт ки инсогн фитратан махлуқи саъодат талаб аст, ва ҳамаи инсонҳо мехоҳанд худро ба саъодати гум кардаи худ бирасонанд.
Вале  дар ин шаке нест ҳар инсон барои расидан ба хушбахти роҳҳо ва васоили мухталиферо истифода ва пешбини менамояд.
Баъзе инсонҳо хушбахтиро танҳо дар расидан ба (лаззати) зоҳири медонанд.
Ва баъзе дигар хушбахтиро дар расидан ба лаззатҳои ботини муарифи мекунанд, монади лаззат ёфтани инсон дар ёди Худо.
Уламо чунин ақида доранд ки ҳар кадом аз (хушбахти ва бадбахти) барои худ маънои хосе доранд масалан: руҳ дорои хушбахти ва бадбахти аст, ва ҷисмҳам  хушбахти ва бадбахти ба таври хоси худ аст. Бинобарин Қурони карим инсонро мавҷуди мураккаб аз ҷисму руҳ шиносои карда аст, руҳи абади ва ҷисми тағир ёбанда.
Барои ҳамин ончизеки танҳо марбут ба саъолати руҳ аст монанди илм, тақво ва амсоли он, аз саъодатҳои инсон ба шумор мераванд.
Ва ҳамчунин умуреки саъодати ҷисм ва руҳро дар бар мегирад, аз саъодатҳои инсон ба шумор меравад монанди неъмати мол ва фарзанд ба шарти онки инсон аз ёди Парвардигораш дур нашавад ва дилбастаги ба ҳаёти дунё надиҳад.
Ҳамчунин аз хушбахтии инсон корҳое аст ки бар ҷисм ва бадан сахтиро ба вуҷуд меорад вале аз хушбахтии руҳ ба шумор меравад, монанди қабули сахтиҳо ва мушкилоти ҷисмони дар роҳи Худо, нафақа кардани молҳо дар роҳи Худо.
Аммо корҳоеки дар руҳ бадбахтир ба вуҷуд меорад ва мнчунин хушбахтии ҷисмонироҳам дар бар мегирад монанди: корҳоеки танҳо лаззати дуняви ва ғайри машруъ дршта бошад.
Ва ингуна корҳо сабаби фаромуши аз ёди Худо мегардад.
Ингуна корҳоро Худованд на саъодат балки шақоват ва азоб барои инсон шуморида аст. Дини мубини ислом инсонро огоҳ месозад ки мафҳуми зиндаги ин нест ки танҳо инсон худро ба лаззат ва ранҷҳои дуняви машғул ва саргардон кунад. Балки зиндагии абади ва ҷовидона он аст ки инсон худро ба лаззатҳо ва ранҷҳоеки вобастаги дар роҳи Худо доранд машғул кунад.
Ва худи инсон метавонад ин ду намуд зиндагиро барои худ интихоб кунад.
Ва дини мубини ислом дар ин корҳо адлро муроот карда барои истифода бурдан аз лаззатҳои модди ва маънави барои инсон ҳудуд муаян карда  аст ки инсон пайрави кунад аз дини ислом ки дини дунё ва охират аст ва ҳидоят ёбад.
Ва пайрави аз усули дини ислом сабаби саърдат ва хушбахтии дунё ва охирати инсон хоҳад шуд. Албатта саъодат ва хушбахти барои худи инсон аст то оромиши бештар дошта бошад.
Ва барои касонеки саъодатро танҳо дар моли дунё медонанд бояд гуфт ки: мол ва сарвату қудрат ҳеҷвақт сабаби хушбахти ба ҳисоб намераванд зеро молу сарват сатҳи зиндагии инсонро баланд мекунанд аммо ҳамеша барои инсон ороми намебахшанд.
Яке аз донишмандони Ангилис мегуяд: барои мардуми оқил молу сарват сабаби изтироб ва бадбахти аст.
Ва масалаи муҳим барои мо ин аст ки кушиш кунем молики молики молу сарвати худ бошем, на бандаи молу сарватамон шавем.
Ва мо бояд амири нафс бршем на асири он.
Чун касонеки дар ишқи молу сарват фуру рафтаанд ҳамеша худро асири он сохтаанд, ва ҳамеша дар фикри он ҳастанд ки молу сарвати худро аз даст надиҳанд инчунин ҳамеша дар фикру ғами он гирифтор ҳастанд.
Бояд донист ки ингуна инсонҳо ҳеҷвақт хуши ва хушбахтиро нахоҳанд дид.
Ва  инчунин бояд донист ки дар кафан ҷайб нест » Агар дар гумон боши ки сарвати худро бибари ё набари».
Инсон чигуна метавонад саъодати ҳақиқиро дарёбад?
Якум: касб кардани ризогии Худованд.
Аввалин чизеки инсонро ба саъодати ҳақиқи мерасонад он касб карлани ризогии Хадоҷванд аст.
Худованд мефармояд:
Савганд ба замон инсонҳо ҳама дар хасоратанд, магар касонеки эмон меоваранд, ва корҳои шойста мекунанд, ва ҳамдигарро барои дастгири ба ҳақ насиҳат амекунанд, ва якдигарро ба сабр тавсия мекунанд.
Пас мебинем ки Худованд дар ин сура танҳо касонеро аз ҳалокат ва бадбахти истисно карда аст ки аъмоли неки ки сабаби ризогии Худост анҷом медиҳанд.
Уламои илми ахлоқ мегуянд: Хушбахт касе аст ки зиндагии хуш дошта бошад, ва ингуна зиндагиро инсон ба ғайр аз ризогии Худо дар дигар чиз ба даст оварда наметавонад.&
Дуюм: Тақво ва парҳезгори.
Дуюумин кореки инсонро ба саъодати ҳақиқи мерасонад Худованд онро дар Қурони карим баён карда  мефармояд:
Касе комиёб мешавад ки нафси худро покиза дорад» аз маъсият ва гуноҳ».
Пас саъодат ва хушбахти насиби касоне мегардад ки  нафси худро аз маъсият ва гуноҳҳо нигоҳ доранд.
Ва бадбахт касест ки ба гуноҳ ва маъсият ру биёварад.
Яке аз сабабҳои фиристодани китобҳои осмони  ва Пайғамбарони Худо дар руй замин ин буд ки барои мардум роҳи зиндаги ва расидан ба зиндагии хушбахтонаро нишон диҳанд.
Пайғамбарони Худо фиристода шуданд то роҳи хайр ва роҳи расидан ба саъодатро ба  мардум тиълим диҳанд. Ва ахлоқт хайрхоҳи ва меҳрубониро ба онҳо бифаҳмонанд.&
Сеюм: Ёди Худованд.
Муҳимтарин кореки дар руҳи инсон оромиш ва хуши мебахшад он ёди Худо мебоошад.
Худованд мефармояд:
Он касонеки эмон меоваранд ва дилҳояшон ба ёди Худо оромиш пайдо мекунад, ҳамоно дилҳо ба ёди Худо оромиш мегиранд.
Албатта ру гардонидан аз ёди Худо сабаби сияҳ рузи ва бадбахти мебошад.
Худованд мефармояд:
Ва ҳар касе аз ёди ман ру гардонад зиндагии танг хоҳад дошт ва рузи қиёмат уро нобино бар мехезоронем.
Касонеки саъодатро дар ҷамъи мол ва сарват медонанд дар иштибоҳанд.&
Таҷриба ҳақиқатро баён карда аст ки мол, ва дороии зиёд ҳеҷ вақт инсонро ба хушбахти намерасонад балки ғолибан мол ва сарват аст ки сабаби мусибатҳо ва фалокатҳои гуногун мешавад.
Чаҳорум: Амали нек .
Худованд дар Қурони карим аъмоли некро монанди ҷиҳод дар роҳи худо, амр кардан ба кори хайр, манъ кардан аз кори  бад, баҷо овардани шукри неъматҳо ва тавба карданро мояи зиндагии хушбахтона муарифи карда аст.
ПанҷумҲамнишини бо уламо ва бузургон.
Пайғамбари худо мефармояд:
«Хушбахтарини инсонҳо касоне ҳастанд ки бо уламо ва шахсиятҳой бузургвор ҳамнишини дошта бошанд».
Шашум: Доштани фарзандони солиҳ.
Зани солиҳ ва манзили шойста аз сабабҳое аст ки dj-tmан инсонро ба хушбахтии ҳақиқи мерасонад.
Дар ҳадиси дигаре аз Пайғамбари Худо ривоят шуда аст ки мефармояд:
» من سعادة المرء المسلم : الزوجة الصالحة, والمسكن الواسع, والمركب الهنيء, والولد الصالح»
Тарҷума:» Аз хушбахтии марди мусалмон доштани зани солиҳа, ва хонаи кушод, ва савораи хуб, ва фарзанди солиҳ аст «.
Бародарон ва хоҳарони муҳтарам ва гироми:
Насиҳат ва тавсияи ихлосмандона ва дустонаву бародаронаи ман барои расидан ба зиндагии хушбахтона ин аст: Бо худ аҳд кунем ки муртакиби гуноҳ нашавем.
Ман муътақидам ки ҳарчи гуноҳ камтар бошад зиндаги хушбахтонатар хоҳад шуд.
Инчунин ахлоқи хубро набояд фаромуш кунем, ва ҳарчизеки сабаби  бадбахтии мо мешавад аз он дури бояд ҷуст, ва инсон набояд думболи мол ва дунё рафта ҳамеша дар фикри пулу мол ва дорои дунё бошад.
Ва дар ин ҳеҷ шаке нест ки инсон бояд дар зиндаги заҳмат бикашад то муҳтоҷи дигарон набошад, ва дасташро барои дигарон дароз накунад.
Ва худро пурра ба дунё ва талаби он надиҳад.
Дар охир аз худованд талаби дуъо мекунем ки моро аз ҷумлаи саъодатмандон бигардонад. Парвардигоро бар нафсҳои худ зулм кардаем ва агар моро тараҳҳум накуни аз ҷумлаи ҳалокшавандагон хоҳем шуд.
Нависанда: Аминудин Саъиди.
Тарҷума: Абдуссатори Ҳақназар.

среда, 7 мая 2014 г.

Тозагию поки ва хушбӯи барои ҳама воҷиб аст

.
     Зане назди Умар (р.а) омада, аз шавҳари худ шикоят намуда, аз халифаи мусалмонон талаб намуд, ки уро талок диҳад. Умар (р.а) мардеро назди шавҳари Ӯ равон карда, назди худ хонд. Шавҳари зан омад ва Умар (р.а) уро дид, ки либосҳои даридаву фарсуда ва муйи жулида дораду ба покии бадану сару либоси худ бепарво аст. Пас Умар (р.а) асҳоби худро амр намуд, то он мардро бурда сару либосашро дигар кунанд ва ба Ӯ бигӯянд, то гармоба равад ва муйи сарашро ба тартиб дарорад ва ба худ аҳаммият диҳад. Ҳангоме ки мард ин фармудаҳоро иҷро кард, Умар (ра) уро назди ҳамсараш даровард. Вакте, ки назди ҳамсараш ворид шуд дар лаҳзаи аввал ҳамсараш уро нашинохт ва аз у ҳаё намуд. Мард гуфт: ман шавҳари ту ҳастам, оё маро намешиноси? Чун зан бо диққат назар кард, шавҳарашро шинохт ва хушнуд шуд. Зан дарк намуд, ки амирулмуъминин Умар (р.а) сабаби ислоҳи шаклу андоми шавҳараш ва ислоҳи ҳоли ҳардуи онҳо шудааст. Умар (р) дар он ҳангом фармуд: «Савганд ба Худо (ҷ.ҷ), ҳамоно занхо дӯст доранд, ки шумо мардҳо барояшон худро зинат диҳед, ҳамчуноне шумо мехоҳед, ки онҳо бароятон худро зинат диҳанд». Ҳамоно дини мубини Ислом дини покию назофат ва интизом аст, мову шумо мардону занонро ба аҳамият додан ба покию назофат ва хайёти зебо амр мекунад. Паёмбари гироми (с.а.с) мефармоянд: «Шахсе, ки дорои муйи дароз бошад, пас бояд онро нигоҳубин намояд». (Ин ҳадисро Молик ривоят кардааст) Яъне ба покию тозагии он аҳамият диҳад, онро шона занад. Худи Паёмбар (с.а.с) дар чашмаи об нигариста мӯяшро шона мезад, яъне чашмаи обро ҳамчун ойина истифода мебурданд. (Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст)
Истифода аз атр ва анвои хушбӯиҳо равиши бисёр писандида ва мавриди алоқаи Расули Акрам (с.а.с) мебошад. Бӯйҳои хуш ва гуворо боиси оромии асаб мешаванд. Истифодаи хушбӯӣ дар баъзе мавридҳо савоб ҳам дорад. Масалан, рӯзи ҷумъа, ҳангоми ба намози ҷамоат рафтан, рӯзи ид, ширкат дар маърака истифода аз хушбӯӣ мустаҳаб аст.
Расули Акрам (с.а.с) гоҳе аз хушбӯиҳо истифода мекарданд, аммо аҳли тасаввуф ва уламои тариқат эътиқод доранд, ки ҷисми поки Расулуллоҳ (с.а.с) ба таври табиӣ муатару хушбӯ буд. Аз арақи бадани Расулуллоҳ (с) бӯи хуш меомад. Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) аз куҷое, ки мегузаштанд, аз он ҷо бӯи хуш ба атроф паҳн мешуд. Бо вуҷуди ин расули Худо (с.а.с) бо мақсади таълим ба саҳобагон аз бӯйҳои хуш истифода мекарданд. Чунончи, Анас ибни Молик (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Акрам (с.а.с) зарфе пур аз хушбӯй доштанд, ки аз он истифода мебурданд. Мушку анбар хушбӯии табиӣ буда, аз ҳар гуна маводи химиявӣ пок ҳастанд ва тақвиятдиҳандаи мағзи сари инсонанд.
Бибиоишаи Сиддиқа (р) бар бадану либоси мубораки Расули Акрам (с.а.с) хушбӯӣ мемолиданд. Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки хушбӯ намудани мард ба воситаи ҳамсараш суннат аст. Муаттар кардани риш низ амали писандида мебошад, зеро Паёмбари гиромӣ (с.а.с) чунин менамуданд.
Касе ки ба ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) хушбӯӣ ҳадя мекард, онро рад намекарданд. Аз ин рӯ хушбӯӣ ҳадя додану гирифтан дар ислом аз одати писандида маҳсуб мегардад. Пазируфтани ҳадя боиси дилҷӯии ҳадядиҳанда мегардад.

вторник, 6 мая 2014 г.

Эй мардум

ЭЙ ИНСОН!!! Аз торикии шаб метарси аммо аз торикии қабр чаро на? 
-Дар ҷаннат мехоҳи дохил шави аммо дар масҷид чаро на? 
-Ришваю пора дода метавони аммо ба як бечора ғизо чаро на ? 
-Китобҳои гуногунро хонда метавони аммо Қуръони покро чаро на?
-Оҳангҳои шарқию аврупоиро гӯш карда метавони аммо сураҳои Қуръонро чаро на?
-Барои комёб шудани имтиҳони дунявиат тамоми шаб бедор мемони аммо барои имтиҳони охират чаро на?
-Ба хотири филмҳои туркию ҳинди ҳар рӯз ашк мерези аммо барои дидори -Аллоҳи бе мислу монанд охир чаро на?
-Паёмҳои мунхарифу фосиқиро ба дӯстонат интишор мекуни аммо панду насиҳатро чаро на?

Аллоҳ бузургу тавон аст Ҳамеша ба ёди Ҳолиқи якто бошед азизони дил.
Эй мардум! Тавба намоед ва ба сӯи Худо бозгардед нияту қасди худро поку ҳалол гардонед.Аллоҳи якто шунаво ва қабулкунандаи тавба аст. Тавбакунандагонро мебахшад.
«Агар ёд кунед Худованди барҳақро ӯ шуморо кӯмак ва нусрат мебахшад».

воскресенье, 4 мая 2014 г.

Насиҳатнома

Писари азизам  агар ҳар касе набошӣ, писандкор бошу қонеъ, то бузургтару бебоктар (далертар) дар ҷаҳон ту бошӣ. Оқилӣ ҳаргиз ба ситам натавон омӯхт.
Ва бидон, ки ақл аз ду гуна аст: яке ақли табиат дода, дигаре ақли ба заҳмат ба даст омада, яъне ғайритабиӣ. Онро, ки ақли табии бувад, хирад хонад. Ақли табиӣ ҳадяи худост, онро ба таълим аз муаллим натавон омӯхт. Агар ҳақтаоло ба ту ақли табиӣ дода бошад, ту барои ақли ғайритабиӣ ранҷ бару биомӯз. Ақли худододаро бо ақли бадастовардаат ёр кун, то беназири замон бошӣ.
Пас агар худодод набошад, ману ту илоҷ надорем. Барои ба даст овардани ақл зиёдтар бикӯш, чандон, ки тоқат бошад биёмӯз, то агар аз ҷамъи донишмандон набошӣ, боре аз ҷамъи доноён бошӣ. Аз ин ду якеро дошта бошӣ, беҳ аз он ки надошта бошӣ.
Акнун бидон, эй писар ва биёмӯз, ки хирад ба ҳикмат тавон ёфт. Чунонки Аристотолиси ҳакимро пурсиданд, ки қуввати хирад аз чист?
Гуфт: Ҳама касро қувват ва ғизо бошад ва ғизои хирад ҳикмат аст.
Унсурулмаолии Кайковус.

Пандҳои Анушервони Одил

Дар рӯзгори Анӯшервони одил ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва одамони он аср парҳезгор буданд. Як рӯз Анӯшервони Абузарҷмеҳрро талаб кард ва гуфт: «Мехоҳам Сухане чанд муфид, дар лафзи андак, маъноии бисёр ҷамъ созӣ, чунонки дар дунё ва охират судманд бошад».
Абузарҷмеҳр як сол мӯҳлат хост ва ин чанд каламотро ҷамъ кард ва «Зафарнома» ном ниҳод ва ба назди Анӯшервон бур два ӯро хуш омад ва фармуд, ки ин каломат ба оби зар навиштанд ва доим бо худ медошт ва аксаран вақт ба мутоилаи ин китоб мешуд.
Абузарҷмеҳр забон бикшод ва Гуфт: « — Аз устоди худ истифода менамудам ва ӯ ҷавоб мегуфт». Гуфтам: « Эй устод аз худои азза ва ҷалла чӣ хоҳам, ки ҳамаи некӯиҳо хоста бошам? « Гуфт: 
« Се чиз: тандурустӣ ва эминӣ ва тавонгарӣ». 
Гуфтам: « Корҳо ба ки супорам? « Гуфт: 
«Ба он кас, ки хештан шоиста бошад. 
« Гуфтам: « Аз ки эмин бошам?» 
Гуфт: « Аз дӯсте, ки ҳосид набошад». 
Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки биҳиштро сазовор бошад?» 
Гуфт: « Илм омӯхтан ва ҷавонӣ ба кори ҳақ машғул будан».
 Гуфтам: « Кадом айб аст, ки наздики мардум мӯътабар намояд?»
Гуфт: « Ҳунари худ гуфтан». 
Гуфтам: «Чун дӯстӣ падид ояд, чӣ гунна аз вай бибояд бурид?» 
Гуфт: « Бе се чиз: ба зиёраташ кам рафтан, аз ҳолаш нопурсидан ва ҳоҷат нахостан». 
Гуфтам: « Корҳо ба кӯшиш бувад ё ба қазо?» 
Гуфт: « Кӯшиш қазоро сабаб аст». 
Гуфтам: « Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ некӯтар?» 
Гуфт: « Аз ҷавонон шарму далерӣ ва аз пирон донишу оҳистагӣ». 
Гуфтам: « Ҳазар аз кӣ бояд кард, то растагор шавам?»
 Гуфт: « Аз мардуми чоплус ва хасис, ки тавонгар шуда бошанд». 
Гуфтам: « Сахӣ кист?» 
Гуфт: « Он кас, ки саховат куна два дилшод шавад». 
Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки мардум ҷӯянд ва касе тамом дарнаёфт?» 
Гуфт: « Се чиз: тандурустӣ ва шодӣ ва дӯсти мухлис».
Гуфтам: « Некӯӣ беҳтар ё аз бадӣ дур будан?» 
Гуфт: « Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи некӯиҳост».
Гуфтам: « Ҳеҷ ҳунар бошад, айб шавад?» 
Гуфт: « Саховате, ки бо миннат бувад».
Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки донишро биафзояд?» 
Гуфт: «Ростӣ». Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки ба далерӣ нишон аст?»
 Гуфт: « Авф кардан чун қодир шавӣ».
Гуфтам: « Он кас, ки ҳаргиз намирад?» 
Гуфт: « Ҷалла- ул – ало». 
Гуфтам: « Кӣ ӯро айб набошад?» 
Гуфт: « Азза ва ҷалла».
 Гуфтам: « Корҳо, ки ақлан кунанд, чӣ накӯтар?»
 Гуфт: « Он ки бадро аз бадӣ нигоҳ доранд». 
Гуфтам: « аз айбҳои мардум кадом зиёнкортар аст?». 
Гуфт: « Он айб, ки аз мардум пӯшида набошад». 
Гуфтам: « Аз зиндагонӣ кадом соат зоеътар аст?» 
Гуфт: « Он аст, ки некӯ дар ҳаққи касе тавонад кард ва накунад». 
Гуфтам: « Аз фармонҳо хор набояд дошт?» 
Гуфт: « Се аввал фармони худо – дувум – фармони оқилон: — савум- фармони падару модар». Гуфтам: « Беҳтарин зиндагонӣ чист?. 
Гуфт: « Муфлисӣ». 
Гуфтам: « Чӣ беҳтар» 
Гуфт: « Хушнудии ҳақ». (« Пирӯзнома»)


Юнони дастур нома навишт ба Анӯшервони одил ва пайғомҳо дод дар боби хирад, яъне он чи хирад фармояд. Нӯшервон чун нома бихонд, биписандид ва ҷавоб фармуд ва гуфт: «Эй ҳакими некӯ, гузаронидӣ пайғоми хирад, зеро ки мо ва он касон, ки пеш аз мо буданд, ҳама аз хирад ороста гаштанд. Ман акнун чигуна мухолиф бошам хирадро, ки хирадманд наздиктарин касест бо Эзиди таоло ва хирад ҳамчун офтоби ҷаҳон аст ва дили некиҳост ва хирад бо ҳама кас некӯст ва бо меҳтарону бузургон некӯтар ».
Хирад бар тани мардум ҳамчун тариест дар дарахт. Чун дарахт тар бошад, ҳама халқ аз бӯйи гулу баҳор ва меваи ӯ шодмона бошанд ва чун тарӣ аз ӯ шуд, ҷуз кандан ва сӯхтанро нашояд. Пас мардум низ ҳамчунин аст, то ба хирад аст, сӯҳбати ӯ муборак аст ва пайвастан бо вай некӯст. Ва чун хирад аз ӯ шуд, ҷуз маргро нашояд.
Нӯшервон гӯяд: «Ман чигуна хирадро рад кунам ва он чи хирад фармояд, накунам, ки ҳеҷ чиз подшоҳро ва ғайри подшоҳро беҳтар аз хирад нест, ки ба рӯшноии хирад зишт аз накӯ ҷудо шавад ва нек аз бад ва дурӯғ аз рост».

Таълим ба фарзандон

Ҳар чӣ падару модар гӯянд, фарзанд нек бишнавад ва ба ҷон қабул намояд. Ҳар чӣ фармоянд, ки дар он маъсият (гуноҳ) набошад, зуд ба ҷо орад. Агар эшон аз ҷой бархезанд, ҳамроҳ аз ҷояш хезад. Овозашро дар ҳузури онҳо баланд накунад. Чун даъват кунанд, зуд ҳозир шавад. Ҳамеша дар хушнудии онҳо ҳарис бошад. Худро пеши онҳо ботавозӯъ ва шикастанафс дорад, Хоксору сар дар пеш бошад. Хидматашро ба онҳо ҳаргиз миннат накунад. Дар вақти мурооту муомила ва сухангӯӣ, дар рӯи онҳо нанигарад, пушаймонӣ изҳор нанамояд. Бе дастору иҷозати онҳо сафар накунад. Дар наздашон боодоб нишинад, мисле ки дар намоз менишинад. Дар ҳузурашон сар бараҳна накунад, пой дароз накунад. Дар ҷояшон нанишинад, мисле, ки шогирд дар ҷои устод ҳаққи нишастанро надорад.
Агар ӯро узве дард кунад, то тавонад ба онҳо нагӯяд, то ки ранҷидахотир нашаванд. Агар гурусна бошанд, таъом бидиҳад. Агар бараҳна (луч) бошанд, либос пӯшонад, ба онҳо раҳмдил меҳрубон бошад. Онҳоро ба ном нахонад. Агар ба ҷое раванд, аз паси онҳо қадам гузорад, агар шаб бошад, пешопеши онҳо равад, то агар хатаре пеш ояд, дур созад.
Ғамшарику ҳамдарди онҳо бошад: агар бемор бошанд, дар талаби шифои онҳо бошад ва хайру эҳсонҳо кунад, ки онҳо дар вақташ ба ӯ кардаанд. Ба онҳо пулу мол диҳад, шояд хоҷате дошта бошанду натавонанд гуфтан, то ба он ҳоҷати худ сарф кунанд. Дасти худро дар моли худ кушода кунад ва гӯяд, ки ин молҳои ман фидои шумост. Пеш аз хона баромадан аз онҳо дуо гирад. Ин як шамма аз ҳақҳое, ки бояд дар ҳаёти падару модар аз ҷониби фарзанд риоя шаванд.

среда, 16 апреля 2014 г.

Хуснро бо араки шарм тароват набувад

Имрӯз бисёриҳо аз он шиква мекунанд, ки шарму ҳаё дар ҷомеа камёб шудааст. Иддае ҳар гуна суханони фаҳшро дар ҳузури хурду калон бешармона ба забон меронанд, қисми дигар либосҳои аз доираи одоб дурро ба бар мекунанд.
Уламо шариро сифати олии ахлоқи ҳамида ҳисобидаанд. Шарму ҳаё инсонро водор месозад, ки ҳама гуна беадабӣ ва номаъқулиро тарк намояд ва ҳуқуқи дигаронро поймол накунад.
Ҳазрати Муҳаммад (с), ки худ намунаи беҳтарини ҳаёву имондорӣ буданд, дар сифати шарм фармудаанд:
«Шарм сапоро (куллан ҳамааш) хайр аст». Абуҳурайра (р) нақл кардааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Имон шасту чанд ё ҳафтоду чанд шоха дорад, ки беҳтарини онҳо «Ло илоҳа иллаллоҳ»-гуфтан аст. аммо камтаринашон аз сари роҳ дур кардани чизест, ки ба одамон зарар мерасонад. Шарм яке аз шохаҳои имон мебошад».
Касе ки худро пайрави ахлоқи Муҳаммад (с) мешуморад, бояд ҳаёро шиори худ сохта, аз густохӣ, гуфтани суханони фаҳшу таҳқир худдорӣ намояд. Танҳо инсони дорои шарму ҳаё ба худдорӣ намудан аз ин аъмоли ношоиста қодир аст. Мӯъмини парҳезкор пеш аз ҳама аз Худованд шарм мекунад ва намехоҳад, ки имони хешро ба беадолатӣ омезиш диҳад. Виҷдону имони пок сарчашмаи ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Бо сабаби виҷдон инсон аз хиёнат кардан шарм медорад, зеро медонад, ки Худованд аз гуфтору кирдор ва пиндор (андеша)-и ӯ огоҳ аст. Ҳамин эҳсоси шарм дар назди Худо боиси худдорӣ аз гуноҳу хиёнат мешавад.
Ҳилму сабру меҳрубонӣ сифатҳои наҷиби инсонианд. Худованд ашхоси дорои сифатҳои зикршударо дӯст медорад. Ӯ Таъоло дар оятҳои 34-35 сураи «Фуссилат» мефармояд: «Худиву бадӣ баробар нестанд. Ба ҳамоне ҷавоб деҳ, ки некӯтар аст. Он гоҳ ҳамоне, ки ту душманӣ дорӣ, дӯсти наздики ту мешавад. Аз ин бархӯрдор нест касе, магар сабурон ва бархӯрдор намешавад, магар касоне, ки аз ишон баҳрае бузург дошта бошанд.
Расули Худо (с) дар сифати меҳрубонӣ мефармояд: Ба дурустӣ, ки худованд меҳрубон аст ва ӯ дар ҳама чиз меҳрубониро меписандад».
Паёмбари гиромӣ (с) ҳамеша пайравони худро таълим медоданд, ки нисбат ба дигарон дар муносибат меҳрубон бошанд ва ба одоби сазовор зоҳир кардан ҳидоят менамуд. Ҷорир ибни Абдуллоҳ (р) гуфтааст. Ман шунидам, ки Расули Худо (с) гуфт: «Шахси аз меҳрубонӣ маҳрумбуда, аз хайр маҳрум аст». Пас зарур аст, ки шарму ҳаё ва меҳрубониро ба худ пеша созем.



Гарчи гул дар нозукй машхур дар бахру бар аст,

Хотири шарму хаё аз барги гул нозуктар аст.

Оре, шарму хаё, иффату покдоманй, хислатхои бузурги инсонианд, ки одамиятро зебу зиннат, обрую эьтибор ва фаросат мебахшанд. Шахсе, ки дорой ин хислатхо нест, дар шумори инсонхои асил буда наметавонад, зеро шарму хаё хамчун зару зевар ва ороишоти бузург инсонро зебоиву фасохат ва бузургиву хашамат мебахшанд. Аз ифодаи Бедили бузург:

Хуснро бо араки шарм тароват набувад,
Гули когаз бех аз он гул, ки дар он шабнам нест.
 Барчост, ки гули қогазин низ дар шумори гулхост, лекин чун рангу бу надорад, гулхои зиндаро чойгир буда наметавонад. Инсон низ чи зану чи мард дар холате, ки дорой хислагхои бузурги инсонй, аз кабили иффату покдоманй, номусу ор, вичдон, шарму хаё набошад, гумкардаи хаёти солим аст ва зиндагй дар ягон давру замон барояш таровате бахшида наметавонад.
Одамият дар зиндагй аз дигар махлукоти зинда махз бо ана хамин хусусиятхояш фарк мекунад. Зеро ин хусусиятхои ба инсон хос дар хама мавридхо одамиятро хамчун зару зевар ва либосхои киматбахо оро медиханд. Инсоне, ки орй аз ин гуна хислатхост бевосита дар шумори гайри одамиён аст. Шарму хаё хадди эътидолест, ки инсониятро то як андоза дар чорчубаи муайян нигох медорад, намегузорад ки беиффатона рафтор намояд, сухани бечо гуяд.
Мирзо Абдулкодири Бедил чун омузандаи хакикати бузурги зиндагии чахону инсонофаранда кайд карда:

Аз  хаё магзар, ки дар номусгохи эътибор,
Шарм мардонро викор асту занонро зевар аст.
Бале, шарму хаё хислатхои хамидаи хам занону хам мардои аст. Аз бадихо хазар ва аз носазоихо ор кунанд. Бо амали носазо намебояд даст зад. Аз перохани хаё мебояд пушид. Махсусан, занону духтаронро хаё, зебу зинат ва бузурги мебахшад. Бузурге гуфта: «Зани бехаё вахшатнок аст, чун аждахо. Ин зан на лоиқи мухаббат бувад на хурмат. Марди бономусу ор аз ин гуна зан мегурезад». Бо зани бехаё хатто дустй намебояд. Хамеша аз касони бехаё хазар бояд кард, то покизаву осоишта, баору номус ва бо иффати баланд зиндагй кард.
«Аз сухбати нокасону бехаёхон бипархез! Бо сахро сухбат кун, бо дарё сухбат кун, бо дунё сухбат кун» -гуфта сохибхираде. Инсонй сохиби акду заковати бузург хамеша мекушад, ки аз амалхои бад дар пархез бошад. Хар як кас бояд ба андозаи худ дуст, ёвар, маслихатчй ва ёр интихоб намояд. Чун хамкадам сазовори у набошад, набояд бо у дустй варзид, то нодону зишту бадкору бехаё нагардид. Зеро бузургон гуфтаанд:

Бад бошй аз он, ки бо бадон омезй,
Бо дег чу биншастй сиях бархезй.
 Имрузхо дар чомеа бисёр касонеро вомехурем, ки новобаста аз мухит, шароит ва шахсияти хеш ба амалхои нохубу зиёновар, аз кабили кучагардй, дуздй, куштор, истеъмоли хар гуна маводи нашъаовар ва монанди ин амалхое, ки шахсияти инсонро поймол мегардонанд, даст мезананд. Хатто аксарияти ин гуна афрод занону духтарони махаллии точиканд, ки нангу номус ва ори ин миллати бузурги башариро паст менамоянд. Албатта, ин гуна касон мардумони бехирадеанд, ки чй будани шарму хаё, иффату риёро намедонанд.
Албатта, нокасонеанд, ки на танхо кй будани худ, балки бузургии миллату давлату кавми хешро намедонанд.
Хулоса. шарму хаё нишонахои инсони бузургеанд, ки аз хираду маънавиёт, номусу вичдон - иффату риё ва поктинатию покдоманй хабар доранд.
Бо вучуди хамаи гуфтахои боло наметавон бо насихат дар вучуди хамаи касони бехаё бузургии ин хусусияти инсони асилро чо кард. Наметавон аз нокасе покизакирдоре офарид, агар аз рузи азал Худованди мутаол уро дар дилу тинаташ ин хислатхои бузургро чой надод. Танхо ва танхо бояд аз онон дар канор буд:

Хаё бояд, ки дорад одамизод,

Ки лаънат бар вучуди бехаё бод!

Сарчашмаи ахлоқи неку

Фарзанди Луқмон аз падар пурсид, ки кадом хислат дар мардум некӯтар аст?
Луқмон гуфт: -Дини пок.
Писараш пурсид: -Агар ду хислат бошад чӣ?
Луқмон ҷавоб дод: -Дини пок ва мол.
Боз пурсид: -Агар се хислат бошад чӣ?
Луқмон гуфт: -Дини пок, мол ва ҳаё.
-Чун чаҳор хислат бошад?
-Дини пок, мол, ҳаё ва хулқи накӯ.
-Чун панҷ хислат бошад?
-Дини пок, мол, ҳаё, хулқи накӯ ва саховат.
-Чун шаш хислат бошад?
Луқмон гуфт: -Эй писар, ҳар киро ин 5 хислат бошад, ӯ мӯъмин аст ва назди Худо валӣ асту аз Шайтон дур аст.


Аз Хоҷа Муҳаммад ибни Ҳакими Тирмизӣ (р) савол карданд: -Кадом гуноҳ аст, ки дар вай хавфи завол (рафтан)-и имон бештар аст?
Ӯ гуфт: «Се гуноҳ аст, аввал шукр нагуфтан ба ёфтани неъмати имон. Дуюм, натарсидан аз заволи имон. Сеюм, озори аҳли имон.
Пас аз озурдани дили мардум парҳез бояд кард:
Макун то тавонӣ дили халқ реш,
В-агар мекунӣ, меканӣ бехи хеш.


Ҳазрати Усмон (р) фармудаанд: -Шахсе ки панҷ вақт намозро барпой дорад, Худованд ба ӯ 9 чиз ато мекунад:
1. Ӯро маҳбуби худ қарор медиҳад.
2. Ба ӯ тандурустию саломатӣ ато мекунад.
3. Фариштагон ӯро муҳофизат менамоянд.
4. Ба хонааш баракат меояд.
5. Бар чеҳрааш нури солиҳон зоҳир мешавад.
6. Дилаш нарм мешавад.
7. Аз Пули Сирот мисли барқ мегузарад.
8. Аз ҷаҳаннам наҷот меёбад.
9. Дар ҷаннат ҳамсоягии касоне ӯро насиб мешавад, ки дар мавриди онҳо «Ло хавфун алайҳим ва ло ҳум яҳзанун» гуфта шудааст. Яъне, «на тарсе барояшон хоҳад буд ва на андӯҳгин хоҳанд гашт».


Ҳазрати Алӣ (р) фармуданд: Хавфноктарин чизе, ки ман нисбат ба шумоён аз он метарсам, 2 чиз аст: яке орзуи тӯлонӣ ва беҳад, дигаре пайравӣ аз ҳавою ҳавас. Зеро орзуи тӯлонӣ охиратро аз ёди шахс мебарад ва онро фаромӯш мекунад. Аммо пайравӣ аз ҳавою ҳавас нафси шахсро аз дарки ҳақиқат бозмедорад».
 

Чанд нафар аз Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) аломатҳои парҳезкоронро пурсиданд. Ӯ дар ҷавоб чунин фармуд:
-Нишонаи якуми парҳезкор босабр будан аст дар муқобили балову мусибатҳо. Шахси парҳезкор монанди дигарон дар мусибат доду фарёд ва бесабрӣ намекунад.
-Розӣ будан ба қарори илоҳӣ нишонаи дуюми парҳезкорист. Парҳезгор худро мисли чӯй (тӯбча)-е мепиндорад, ки тамоми чархишу ҳаракатҳояшро аз чавгони тақдири Худованд медонад.
-Нишонаи дигари парҳезкорӣ он аст, ки дар муқобили неъматҳои Ӯ Таъоло шукргузор аст ва носипосӣ намекунад.
-Шахси парҳезкор ба фармудаҳои Қуръон ва тавсияҳои Расули Акрам (с) амал мекунад.


Дар «Саҳеҳ»-и Абӯисои Тирмизӣ (р) аз Расули Акрам (с) ҳадиси мазкур ривоят шудааст: «Битарс аз Худованд ҳар ҷо ки бошӣ, парҳезкориро шиори худ соз, зеро тақво ҷамъкунандаи тамоми некиҳост. Аз паси бадӣ (и беихтиёр содирнамуда) некӣ кун, то он бадиро маҳв кунад».
Дар «Ҳадоиқул ҳақоиқ» омадааст, ки хулқи некӯ ду навъ аст, яке бо Худованд, яке бо бандагони вай. Аммо он чи бо ҳақ аст, тарки хилоф аст ва он чи бо халқ аст, ҳусни инсоф аст. Боре саҳобагон аз Расули Акрам (с) пурсиданд, ки «хулқи накӯ чист?» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Хулқи накӯ он аст, ки ато диҳӣ он касро, ки туро маҳрум кунад (ба ту чизе надода буд) ва бипайвандӣ (рафтуо кунӣ) бо он кӣ аз ту бибурад (қатъи рафтуо кунад) ва авф кунӣ касеро, ки бар ту зулм кунад».


Ҳазрати Алӣ (р) ба писари худ Ҳасан (р) гуфт: «Ҳусни хулқ дар се чиз аст: дар иҷтиноб (худдорӣ) аз ҳаром, талаби ризқи ҳалол ва кушодарӯию кушодадастӣ бар аёли худ».
Баъзе аз уламо гуфтаанд, ки ҳусни хулқ он аст, ки аз ҳақ дурӣ накунӣ, дар душворию осонӣ аз ҳақ рӯгардон нашавӣ. Ҳамчунин ки дар ҳоли неъмат аз Худо розиву хушнуд ҳастӣ, дар ҳоли меҳнат (душворӣ) низ ҳамчунон бошӣ. Агар офият диҳад, шукр кунӣ ва агар бало фиристад, сабр кунӣ ва аз бало ба касе шикоят накунӣ.


Дар «Муназзаҳатун навозир» мегӯяд, ки Алӣ (р) ғуломи худро бихонд, ӯ ҷавоб надод. Бори дуюму сеюм бихонд, боз ҷавоб надод. Ҳазрати Алӣ (р) бархосту биёмад ва ғуломро хуфта дида гуфт: «Туро садо кардам, овози ман шунидӣ? Ғулом ҷавоб дод: «Эй амиралмӯъминин, се бор садо кардед».
Алӣ (р) гуфт: -Пас чаро ҷавоб надодӣ?
Ғулом гуфт: -Аз он ки эътимод доштам ба хулқи шумо.
Ҳазрати Алӣ (р) гуфт: -Туро ба хотири Худо озод кардам.


Дар «Тазкирот ул авлиё» меорад, ки Султонулорифин Абӯязиди Бастомӣ пайваста дар гӯристон мегашт. Як шаб Боязид мерафт, ҷавоне аз маъруфони вилоят меомад. Барбат (асбоби мусиқӣ)-е бар даст дошт ва менавохт. Боязид ӯро дида гуфт: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ». Ҷавон барбатро бар сари Боязид зад ва барбат бишкаст. Боязид ба хона рафта, яке аз муридонашро бихонду гуфт: Барбат чӣ қадар арзиш дорад?
Чун мурид нархи барбатро фаҳмид, пули онро дар хирқае баст ва қадре ҳалво бо он ҳамроҳ намуда ба он ҷавон фиристоду гуфт: «Ҷавонро бигӯ, ки Боязид мегӯяд, дирӯз он барбатро ба сари мо задӣ, барбат бишкаст. Ин маблағро ба ивази он барбат сарф кун ва ин ҳалворо бихӯр то ғуссаи шикастани он аз дили ту биравад».
Ҷавон чун хабар ёфт, биёмад ва аз Боязид узр хост ва тавба кард ва чанд ҷавони дигар ҳамроҳи ӯ тавба карданд. Ин ҳама аз баракати он як хулқи некӯи Боязид буд.

Ҷаннатул фирдавс

Худованд барои муқаррабон, мӯъминон ва касоне, ки ба аъмоли шоиста мулозимат меварзанд ва дастуроти Парвардигорашонро аз ҷумла намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва ғайраро анҷом дода, бо мардум муомилаи хуб мекунанд, муҳаббати дунёи фиребандаро аз дил дур месозанд, бо нафаси Шайтон мубориза мебаранд, подошҳоеро ба назар гирифтааст, ки дар рӯзи қиёмат ба онҳо иноят мекунад. Он подош (мукофот)-ҳо иборатанд аз боғҳо, қасрҳо, меваҳо ва ҳамсарони биҳиштӣ ки сокинони биҳишт аз онҳо истифода намуда, бо сафо ва бе ғам зиндагӣ мекунанд.
Манзили биҳиштиён вобаста ба амали аҳли он аз ҳамдигар фарқ мекунад. Касоне ки бештар амали нек кардаанд, мақому дараҷаю неъматҳои онон ҳам бештар аст.
Олитарин ва бофазилаттарин манзилгоҳи биҳишт «Ҷаннатул фирдавс» аст, ки Худованд дар сураи «Мӯъминун» мефармояд: «Мӯъминони воқеӣ ворисонанд ва биҳишти фирдавсро мерос мебаранд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд».
Дар сураи «Каҳф» низ омадааст: «Касоне ки имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом додаанд, боғҳои фирдавс маҳалли пазироии онҳо хоҳад буд».
Ҳазрати Муҳаммад (с) пайравони худро тавсия додаанд, ки аз Худованд «Ҷаннатул фирдавс»-ро дархост намоянд: «Биҳишт сад дараҷа дорад. Фосилаи ҳар дараҷаи он баробари масофаи осмону замин аст. Олитарин манзили он фирдавс мебошад. Арши илоҳӣ бар болои он қарор дорад ва наҳрҳову ҷӯйҳои об аз он сарчашма мегирад. Вақте аз Худо тақозои биҳишт мекунед, «Ҷаннатул фирдавс»-ро тақозо намоед.
Расулуллоҳ (с.а.с) фармуданд: «Шумо барои ман аз худатон шаш чизро замонат (гарав) диҳед, ман барои шумо Ҷаннатро замонат медиҳам:

1 - Рост бигуед вақте сухан гуфтед.

2 - Вафо кунед, вақте аҳд кардед.

3 - Адо намоед, вақте амонатдор дониста шудед.

4 - Андомҳои ниҳонии худро нигоҳ доред.

5 - Чашмҳои худро (аз назар кардани ба ҳаром) як тараф бигиред.

6 - Дастонатонро боз доред».


Ба дарвозаҳои саъодатмандӣ ва хӯшбахтӣ рӯй овар ва аз ҳар дарвозаи дигар дур бош. Инсони оқил хасми нафсаш мебошад. Ту баъди тавфиқи Худовандӣ метавони, ки барои нафсат саъодатро бисози ва барои он ризоияти комилро амалӣ намои ва имтиёзу бартариро аз дигарон ҳампаймони худат гардони. Ё ки баръакси ин дар мусибат ва ғаму андӯҳ ҳаёт ба сар бибари. Ту бар дарвозаи саъодатмандӣ такя намо ва қасди онро дошта бош ва аз сарчашмаи он об бинӯш. Барои хотири худ роҳат карданро аз ҳама гуна ногувориҳо лозимтар бигир. Ва нафсатро аз ҳар чизе, ки ҳаётатро тира месозад дур бидор ва дарвозаҳои андӯҳ ва дардҳоро бар рӯи ҳаётат бибанд. Кӯшиш намо, то комёбиҳои ҳаётатро, ки пештар буд, баргардони. Вақте ки ҳаёти мардони комёб ва занони комёбро, аз асҳоби киром ва тобеъину, касе аз онҳо ба некӣ пайравӣ намуда ва ҷодаи Муҳаммадиро бар сурати аслияаш нигоҳ дошта ва дар гузашти аём мунҳариф нашуданд, варақ мезани, он мардону заноне, ки аз дигарон ба ҳама сурат бартарӣ доштанд, мутолиъа менамоӣ, шояд ба манозили онҳо бирасӣ, ё ончиро ки дарк кардаанд ту ҳам дарк намои ва ба он ноил шави. Баъд аз дохил шуданат ба ин дарвозаи тиллоӣ, дарвозаи наҷот, дарвозаи ягона, ки аз пушти он сироти мустақим аст, сироте, ки бе шак ба сӯи Аллоҳ мебарад, ба сӯи дидори бемислу монанди Аллоҳ таъоло мебарад, тамоми дигар дарҳоро бар рӯят бибанд… вале боз ҳам ихтиёр дар дасти туст, ки барои нафсат кадоми ин дарвозаҳоро мавриди ихтиёрат қарор медиҳи: дарвозаҳои саъодат ё дарвозаҳои шақовату бадбахтӣ.

Бовари ба Худованди тавоною барҳақ

Ҳотими Асам аз мардони бузурги солеҳу шоиста буд. Қалби ӯ соле аз солҳо барои ҳаҷ кардан иштиёқ намуд ва ҳол он ки нафақаи сафарро надошт. Сафараш бинобар ин ҷоиз намешуд, балки ҳаҷ то даме, ки барои аҳлу фарзандон нафақае нагузори, ки онҳо рози бошанд, воҷиб намешавад. Ҳангоме, ки вақти ҳаҷ кардан рӯй овард духтараш ӯро ғамгин дарёф, ки гиря мекард. Он духтараш бисёр солеҳа буд. Ба падараш гуфт: Эй падарҷон! Туро чӣ ба гиря овардааст?


Гуфт: Ба мо Ҳаҷ рӯй овардааст.
Гуфт: Пас чаро ту ҳаҷ намеравӣ?
Гуфт: Нафақа. (яъне нафақаи ҳаҷро надорам).
Гуфт: Худованд ба ту рӯзӣ медиҳад.
Гуфт: Нафақаи шумо чӣ? (яъне ман агар тавонистам, ки ба ҳаҷ равам шуморо нафақа дода наметавонам, ҳоли шумо чӣ мешавад?).
Гуфт: Худованд ба мо рӯзӣ медиҳад.
Гуфт: Вале ҳалли масъала дар дасти модарат аст.
Духтар ба назди модараш рафт то модарашро дар ин масъала қонеъ намояд ва ризояташро бигирад. Дар ниҳояти амр ба он марди бузургвор модар ва фарзандон гуфтанд: Ту ба ҳаҷ рав, Худованд моро рӯзӣ медиҳад.
Вақте сафар кард барои онҳо нафақаи се рӯзаро гузошт. Худаш бошад ба ҳаҷ ҳаракат намуд, дар ҳоле ки моли доштааш барои ҳаҷ кифоямандӣ намекард. Аз пушти як қофилае мерафт, дар аввали роҳ буданд, ки каждуме раиси қофиларо газид. Нафарони қофила касе талаб намуданд, ки раиси қофиларо дуо бихонад ва муолиҷа намояд. Ин буд, ки Ҳотимро пайдо карданд. Ӯро дуъо хонд. Худованд ҳам дар ҳамон соат шифояш бахшид ва офияташ дод.
Раиси қофила гуфт: Нафақаи рафту омади ту бар гардани ман.
Ҳотим гуфт: Эй бори Илоҳо! Ин тадбири ту нисбати ман аст, пас ту ба ман тадбиратро дар аҳлу байтам нишонам деҳ.
Он се рӯз ҳам гузаштанд. Нафақае, ки барои фарзандон гузошта буд, он ҳам ба охир расид. Гуруснагӣ оҳиста-оҳиста ба онҳо ҳамла мекард ва таъсири худро мерасонид. Онҳо ба маломат намудани он духтар шурӯъ карданд ва духтар бошад механдид.
Гуфтанд: Чӣ туро ба ин сурат ба ханда овардааст, ки гуруснагӣ қариб аст моро ба ҳалокат бирасонад.
Гуфт: Ин падари мо ризқдиҳанда аст ё хурандаи ризқ?
Гуфтанд: Хурандаи ризқ. Ризқдиҳанда бошад, он Аллоҳ таъоло аст.
Гуфт: Пас хурандаи ризқ рафт вале ризқдиҳанда бошад боқӣ мондааст.
Дар ин ҳоле, ки бо онҳо сухан мегуфт, ногаҳон диданд, ки дар куфта шуд.
Гуфтанд: Кист дар назди дар?
Кубандаи дар гуфт: Амири муъминон аз шумо оби нушиданӣ талаб дорад.
Он духтар машкро аз об пур намуда ба онҳо дод. Халифа обро нӯшид ва дар он ҳаловату шириниеро эҳсос намуд, ки пеш аз ин чунин лаззатро дар об надида буд.
Гуфт: Ин обро аз куҷо овардед?
Гуфтанд: Аз хонаи Ҳотим.
Гуфт: Ӯро фарёд кунед, то ман ба ӯ инъоме диҳам.
Гуфтанд: Ӯ дар ҳаҷ аст.
Амири муъминон камарбандашро, ки он миёнбанде буд аз матоъи қимматбаҳо ва бо ҷавҳар нишондашуда, баркашида гуфт: Ин барои онҳо аст.
Сипас гуфт: Касе болои ман дасте дошта бошад, ба маънои ин ки касе маро дӯст медошта бошад (инчунин корро анҷом диҳад), ин буд, ки ҳамаи вазирон ва тоҷирон камарбандҳояшонро барои онҳо кашида доданд. Як туда аз камарбандҳо ҷамъ шуд. Яке аз тоҷирон он камарбандҳоро бо моле, ки хонаи Ҳотимро қариб пур аз тилло намуд, ки то маргашон барояшон басанда буд, харид ва ба соҳибони камарбандҳо камарбандҳояшонро баргардонида дод.
Онҳо дарҳол рафта таъом хариданд, дар ҳоле ки хандону шодмон буданд, аммо духтар бошад гиря мекард.
Модараш ба ӯ гуфт: Кори ту бисёр тааҷҷубовар аст, эй духтаракам. Мо аз гуруснагӣ гиря мекардем ҳол онки ту механдиди. Акнун, ки Худованд бар мо кушоишро овардааст, ба ту чӣ шуда ки гиря мекунӣ?
Духтар гуфт: Ин махлуқе, ки ҳатто барои худаш на манфиате расонида метавонад ва на зараре, яъне халифа, ба тарафи мо назари меҳрубононае кард, ки моро аз марг наҷот дод, пас назари шумо дар мавриди Соҳиби мулк, яъне Худованде ки дорои ҳама чиз аст, дорои расонидани манфиат ва зарар аст, чист?
---
Ин боварии устувор ва такя ба Худованд аст. Ин эътимод ба Ризқдиҳандаи соҳиби Қувваи мустаҳкам аст. Ин қувваи имон аст ва қувваи таваккул бар Худованди мутаъол. Субҳоналлоҳ пас эътимоду боварию таваккули мо дар ин маврид дар кадом ҳолатҳо бошад?

Муъодила


Хоразмӣ, олими риёзидон аз қимату арзиши инсон пурсида шуд, чунин посух дод:
Агар инсон дорои ахлоқ бошад ӯ баробари-1 аст.
Агар инсон дорои ҷамол бошад, ба адади як сифре илова намо баробари 10 мешавад.
Ва агар дорои мол бошад, инчунин сифри дигареро илова кун, баробари 100 мешавад.
Ва агар дорои ҳасаб ва насаб бошад, пас сифри дигареро илова намо, баробари 1000 мешавад.
Вале агар адади як азбайн рафт, ки он ахлоқ аст, қимат ва арзиши инсон азбайн меравад ва танҳо сифрҳо боқӣ мемонанд.