среда, 16 апреля 2014 г.

Бовари ба Худованди тавоною барҳақ

Ҳотими Асам аз мардони бузурги солеҳу шоиста буд. Қалби ӯ соле аз солҳо барои ҳаҷ кардан иштиёқ намуд ва ҳол он ки нафақаи сафарро надошт. Сафараш бинобар ин ҷоиз намешуд, балки ҳаҷ то даме, ки барои аҳлу фарзандон нафақае нагузори, ки онҳо рози бошанд, воҷиб намешавад. Ҳангоме, ки вақти ҳаҷ кардан рӯй овард духтараш ӯро ғамгин дарёф, ки гиря мекард. Он духтараш бисёр солеҳа буд. Ба падараш гуфт: Эй падарҷон! Туро чӣ ба гиря овардааст?


Гуфт: Ба мо Ҳаҷ рӯй овардааст.
Гуфт: Пас чаро ту ҳаҷ намеравӣ?
Гуфт: Нафақа. (яъне нафақаи ҳаҷро надорам).
Гуфт: Худованд ба ту рӯзӣ медиҳад.
Гуфт: Нафақаи шумо чӣ? (яъне ман агар тавонистам, ки ба ҳаҷ равам шуморо нафақа дода наметавонам, ҳоли шумо чӣ мешавад?).
Гуфт: Худованд ба мо рӯзӣ медиҳад.
Гуфт: Вале ҳалли масъала дар дасти модарат аст.
Духтар ба назди модараш рафт то модарашро дар ин масъала қонеъ намояд ва ризояташро бигирад. Дар ниҳояти амр ба он марди бузургвор модар ва фарзандон гуфтанд: Ту ба ҳаҷ рав, Худованд моро рӯзӣ медиҳад.
Вақте сафар кард барои онҳо нафақаи се рӯзаро гузошт. Худаш бошад ба ҳаҷ ҳаракат намуд, дар ҳоле ки моли доштааш барои ҳаҷ кифоямандӣ намекард. Аз пушти як қофилае мерафт, дар аввали роҳ буданд, ки каждуме раиси қофиларо газид. Нафарони қофила касе талаб намуданд, ки раиси қофиларо дуо бихонад ва муолиҷа намояд. Ин буд, ки Ҳотимро пайдо карданд. Ӯро дуъо хонд. Худованд ҳам дар ҳамон соат шифояш бахшид ва офияташ дод.
Раиси қофила гуфт: Нафақаи рафту омади ту бар гардани ман.
Ҳотим гуфт: Эй бори Илоҳо! Ин тадбири ту нисбати ман аст, пас ту ба ман тадбиратро дар аҳлу байтам нишонам деҳ.
Он се рӯз ҳам гузаштанд. Нафақае, ки барои фарзандон гузошта буд, он ҳам ба охир расид. Гуруснагӣ оҳиста-оҳиста ба онҳо ҳамла мекард ва таъсири худро мерасонид. Онҳо ба маломат намудани он духтар шурӯъ карданд ва духтар бошад механдид.
Гуфтанд: Чӣ туро ба ин сурат ба ханда овардааст, ки гуруснагӣ қариб аст моро ба ҳалокат бирасонад.
Гуфт: Ин падари мо ризқдиҳанда аст ё хурандаи ризқ?
Гуфтанд: Хурандаи ризқ. Ризқдиҳанда бошад, он Аллоҳ таъоло аст.
Гуфт: Пас хурандаи ризқ рафт вале ризқдиҳанда бошад боқӣ мондааст.
Дар ин ҳоле, ки бо онҳо сухан мегуфт, ногаҳон диданд, ки дар куфта шуд.
Гуфтанд: Кист дар назди дар?
Кубандаи дар гуфт: Амири муъминон аз шумо оби нушиданӣ талаб дорад.
Он духтар машкро аз об пур намуда ба онҳо дод. Халифа обро нӯшид ва дар он ҳаловату шириниеро эҳсос намуд, ки пеш аз ин чунин лаззатро дар об надида буд.
Гуфт: Ин обро аз куҷо овардед?
Гуфтанд: Аз хонаи Ҳотим.
Гуфт: Ӯро фарёд кунед, то ман ба ӯ инъоме диҳам.
Гуфтанд: Ӯ дар ҳаҷ аст.
Амири муъминон камарбандашро, ки он миёнбанде буд аз матоъи қимматбаҳо ва бо ҷавҳар нишондашуда, баркашида гуфт: Ин барои онҳо аст.
Сипас гуфт: Касе болои ман дасте дошта бошад, ба маънои ин ки касе маро дӯст медошта бошад (инчунин корро анҷом диҳад), ин буд, ки ҳамаи вазирон ва тоҷирон камарбандҳояшонро барои онҳо кашида доданд. Як туда аз камарбандҳо ҷамъ шуд. Яке аз тоҷирон он камарбандҳоро бо моле, ки хонаи Ҳотимро қариб пур аз тилло намуд, ки то маргашон барояшон басанда буд, харид ва ба соҳибони камарбандҳо камарбандҳояшонро баргардонида дод.
Онҳо дарҳол рафта таъом хариданд, дар ҳоле ки хандону шодмон буданд, аммо духтар бошад гиря мекард.
Модараш ба ӯ гуфт: Кори ту бисёр тааҷҷубовар аст, эй духтаракам. Мо аз гуруснагӣ гиря мекардем ҳол онки ту механдиди. Акнун, ки Худованд бар мо кушоишро овардааст, ба ту чӣ шуда ки гиря мекунӣ?
Духтар гуфт: Ин махлуқе, ки ҳатто барои худаш на манфиате расонида метавонад ва на зараре, яъне халифа, ба тарафи мо назари меҳрубононае кард, ки моро аз марг наҷот дод, пас назари шумо дар мавриди Соҳиби мулк, яъне Худованде ки дорои ҳама чиз аст, дорои расонидани манфиат ва зарар аст, чист?
---
Ин боварии устувор ва такя ба Худованд аст. Ин эътимод ба Ризқдиҳандаи соҳиби Қувваи мустаҳкам аст. Ин қувваи имон аст ва қувваи таваккул бар Худованди мутаъол. Субҳоналлоҳ пас эътимоду боварию таваккули мо дар ин маврид дар кадом ҳолатҳо бошад?

Комментариев нет:

Отправить комментарий