среда, 16 апреля 2014 г.

Сарчашмаи ахлоқи неку

Фарзанди Луқмон аз падар пурсид, ки кадом хислат дар мардум некӯтар аст?
Луқмон гуфт: -Дини пок.
Писараш пурсид: -Агар ду хислат бошад чӣ?
Луқмон ҷавоб дод: -Дини пок ва мол.
Боз пурсид: -Агар се хислат бошад чӣ?
Луқмон гуфт: -Дини пок, мол ва ҳаё.
-Чун чаҳор хислат бошад?
-Дини пок, мол, ҳаё ва хулқи накӯ.
-Чун панҷ хислат бошад?
-Дини пок, мол, ҳаё, хулқи накӯ ва саховат.
-Чун шаш хислат бошад?
Луқмон гуфт: -Эй писар, ҳар киро ин 5 хислат бошад, ӯ мӯъмин аст ва назди Худо валӣ асту аз Шайтон дур аст.


Аз Хоҷа Муҳаммад ибни Ҳакими Тирмизӣ (р) савол карданд: -Кадом гуноҳ аст, ки дар вай хавфи завол (рафтан)-и имон бештар аст?
Ӯ гуфт: «Се гуноҳ аст, аввал шукр нагуфтан ба ёфтани неъмати имон. Дуюм, натарсидан аз заволи имон. Сеюм, озори аҳли имон.
Пас аз озурдани дили мардум парҳез бояд кард:
Макун то тавонӣ дили халқ реш,
В-агар мекунӣ, меканӣ бехи хеш.


Ҳазрати Усмон (р) фармудаанд: -Шахсе ки панҷ вақт намозро барпой дорад, Худованд ба ӯ 9 чиз ато мекунад:
1. Ӯро маҳбуби худ қарор медиҳад.
2. Ба ӯ тандурустию саломатӣ ато мекунад.
3. Фариштагон ӯро муҳофизат менамоянд.
4. Ба хонааш баракат меояд.
5. Бар чеҳрааш нури солиҳон зоҳир мешавад.
6. Дилаш нарм мешавад.
7. Аз Пули Сирот мисли барқ мегузарад.
8. Аз ҷаҳаннам наҷот меёбад.
9. Дар ҷаннат ҳамсоягии касоне ӯро насиб мешавад, ки дар мавриди онҳо «Ло хавфун алайҳим ва ло ҳум яҳзанун» гуфта шудааст. Яъне, «на тарсе барояшон хоҳад буд ва на андӯҳгин хоҳанд гашт».


Ҳазрати Алӣ (р) фармуданд: Хавфноктарин чизе, ки ман нисбат ба шумоён аз он метарсам, 2 чиз аст: яке орзуи тӯлонӣ ва беҳад, дигаре пайравӣ аз ҳавою ҳавас. Зеро орзуи тӯлонӣ охиратро аз ёди шахс мебарад ва онро фаромӯш мекунад. Аммо пайравӣ аз ҳавою ҳавас нафси шахсро аз дарки ҳақиқат бозмедорад».
 

Чанд нафар аз Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) аломатҳои парҳезкоронро пурсиданд. Ӯ дар ҷавоб чунин фармуд:
-Нишонаи якуми парҳезкор босабр будан аст дар муқобили балову мусибатҳо. Шахси парҳезкор монанди дигарон дар мусибат доду фарёд ва бесабрӣ намекунад.
-Розӣ будан ба қарори илоҳӣ нишонаи дуюми парҳезкорист. Парҳезгор худро мисли чӯй (тӯбча)-е мепиндорад, ки тамоми чархишу ҳаракатҳояшро аз чавгони тақдири Худованд медонад.
-Нишонаи дигари парҳезкорӣ он аст, ки дар муқобили неъматҳои Ӯ Таъоло шукргузор аст ва носипосӣ намекунад.
-Шахси парҳезкор ба фармудаҳои Қуръон ва тавсияҳои Расули Акрам (с) амал мекунад.


Дар «Саҳеҳ»-и Абӯисои Тирмизӣ (р) аз Расули Акрам (с) ҳадиси мазкур ривоят шудааст: «Битарс аз Худованд ҳар ҷо ки бошӣ, парҳезкориро шиори худ соз, зеро тақво ҷамъкунандаи тамоми некиҳост. Аз паси бадӣ (и беихтиёр содирнамуда) некӣ кун, то он бадиро маҳв кунад».
Дар «Ҳадоиқул ҳақоиқ» омадааст, ки хулқи некӯ ду навъ аст, яке бо Худованд, яке бо бандагони вай. Аммо он чи бо ҳақ аст, тарки хилоф аст ва он чи бо халқ аст, ҳусни инсоф аст. Боре саҳобагон аз Расули Акрам (с) пурсиданд, ки «хулқи накӯ чист?» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Хулқи накӯ он аст, ки ато диҳӣ он касро, ки туро маҳрум кунад (ба ту чизе надода буд) ва бипайвандӣ (рафтуо кунӣ) бо он кӣ аз ту бибурад (қатъи рафтуо кунад) ва авф кунӣ касеро, ки бар ту зулм кунад».


Ҳазрати Алӣ (р) ба писари худ Ҳасан (р) гуфт: «Ҳусни хулқ дар се чиз аст: дар иҷтиноб (худдорӣ) аз ҳаром, талаби ризқи ҳалол ва кушодарӯию кушодадастӣ бар аёли худ».
Баъзе аз уламо гуфтаанд, ки ҳусни хулқ он аст, ки аз ҳақ дурӣ накунӣ, дар душворию осонӣ аз ҳақ рӯгардон нашавӣ. Ҳамчунин ки дар ҳоли неъмат аз Худо розиву хушнуд ҳастӣ, дар ҳоли меҳнат (душворӣ) низ ҳамчунон бошӣ. Агар офият диҳад, шукр кунӣ ва агар бало фиристад, сабр кунӣ ва аз бало ба касе шикоят накунӣ.


Дар «Муназзаҳатун навозир» мегӯяд, ки Алӣ (р) ғуломи худро бихонд, ӯ ҷавоб надод. Бори дуюму сеюм бихонд, боз ҷавоб надод. Ҳазрати Алӣ (р) бархосту биёмад ва ғуломро хуфта дида гуфт: «Туро садо кардам, овози ман шунидӣ? Ғулом ҷавоб дод: «Эй амиралмӯъминин, се бор садо кардед».
Алӣ (р) гуфт: -Пас чаро ҷавоб надодӣ?
Ғулом гуфт: -Аз он ки эътимод доштам ба хулқи шумо.
Ҳазрати Алӣ (р) гуфт: -Туро ба хотири Худо озод кардам.


Дар «Тазкирот ул авлиё» меорад, ки Султонулорифин Абӯязиди Бастомӣ пайваста дар гӯристон мегашт. Як шаб Боязид мерафт, ҷавоне аз маъруфони вилоят меомад. Барбат (асбоби мусиқӣ)-е бар даст дошт ва менавохт. Боязид ӯро дида гуфт: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ». Ҷавон барбатро бар сари Боязид зад ва барбат бишкаст. Боязид ба хона рафта, яке аз муридонашро бихонду гуфт: Барбат чӣ қадар арзиш дорад?
Чун мурид нархи барбатро фаҳмид, пули онро дар хирқае баст ва қадре ҳалво бо он ҳамроҳ намуда ба он ҷавон фиристоду гуфт: «Ҷавонро бигӯ, ки Боязид мегӯяд, дирӯз он барбатро ба сари мо задӣ, барбат бишкаст. Ин маблағро ба ивази он барбат сарф кун ва ин ҳалворо бихӯр то ғуссаи шикастани он аз дили ту биравад».
Ҷавон чун хабар ёфт, биёмад ва аз Боязид узр хост ва тавба кард ва чанд ҷавони дигар ҳамроҳи ӯ тавба карданд. Ин ҳама аз баракати он як хулқи некӯи Боязид буд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий