четверг, 8 мая 2014 г.

Тақво чист?

Тақво чист? Баҳси мо дар ин навиштор ва иншоаллоҳ дар мақолаи баъд, дар бораи тақво хоҳад буд. Тақво, яке аз калимаҳоест, ки бисёр бар забонҳо ҷорӣ мешавад. Ин калима, як калимаи арабист аз решаи “виқоя” ба маънои “ҳифз” ва “нигаҳдорӣ”. Роғиб дар “Муфрадотул-Қуръон” мегӯяд: “Виқоя иборат аст аз муҳофизати чизе аз ҳар он чи ба он зарару зиён мерасонад, ва “тақво” яъне ҳифзи нафс аз он чи бим меравад. Маънои аслии “тақво” ҳамин аст… Тақво дар истилоҳи шариат ҳам иборат аст аз: нигаҳдории нафс аз он чи инсонро ба гуноҳ мекашонад. Ва ин, бо тарки чизҳои манӯъ ва ҳаром сурат мегирад”. Тақво, тарс нест, балки худнигаҳдорист Марҳуми шаҳид Мутаҳҳарӣ дар ин замина ба як нуктаи зарифе ишора кардаанд, мегӯянд, дар забони форсӣ, одатан “тақво”-ро ба “парҳезгорӣ” ё “тарс” тарҷума мекунанд. Масалан, дар тарҷумаи “Ҳудан лил-муттақин” мегӯянд: “Ҳидояте барои парҳезкорон”, ё дар мавриди “Иттақул-лоҳ” гуфта мешавад: “Аз Худо битарсед”. Ҳар чанд ин маъноҳо хато ҳам нест, аммо дар мавриди калимаи “тақво” бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки агарчи лозимаи тақво ва муҳофизати нафс аз чизе, тарки он чиз ё дурӣ гузидан аз он аст, вале чунин нест, ки маънои “тақво” ҳамон тарк ва парҳез бошад, бинобар ин, шояд беҳтар бошад “тақво”- ро ба “худнигаҳдорӣ” тарҷума кунем. Сабабаш ҳам ин аст, ки вақте “тақво”-ро ба парҳез ва ё тарс тарҷума мекунем, шояд мардум бо шунидани калимаи “тарс аз Худо”, ин суол барояшон пеш ояд, ки магар Худованд касест тарснок? Ӯ, ки камоли мутлақ ва шоистатарин зот барои дӯст доштан аст, чаро аз ӯ битарсем? Посух ин аст, ки ба қавли марҳум шаҳид Мутаҳҳарӣ, худи Худованд ҳаргиз мӯҷиби тарс нест, балки аз адолати илоҳӣ бояд тарсид. Дар дуо ҳаст, ки “Ё ман ло йурҷо илло фазлуҳ ва ло йухофу илло адлуҳ!” яъне “Эё он касе ки ҷуз ба фазлу марҳаматаш умед намебанданд, ва ҷуз аз адолаташ бим намеравад!” Боз, адолат ҳам ба навбати худ, амри ваҳшатноке нест, балки инсоне ки аз адолат метарсад, дар ҳақиқат аз худ метарсад, ки дар гузашта гуноҳе аз ӯ сар зада, ё бим дорад, ки дар оянда нисбат ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз кунад. Бинобар ин, масъалаи хавфу раҷо низ ҳамин аст, ки аз тарафе мӯъмин бояд аз туғёну саркашии нафси аммораи худ биҳаросад, ки мабодо зимоми умур ба дасти нафс бияфтад, ки ин ҳамон “хавф” аст, ва аз тарафи дигар, нисбат ба зоти Худованд эътимод ва итминон дошта бошад, ки ҳамеша ӯро ёрӣ хоҳад кард, ки ин ҳамон “раҷо” аст. Пас, “тақво” аз назари ислом ҳамин аст, яъне “худнигаҳдорӣ”. Инсон агар бихоҳад зиндагии дурусте дошта бошад, ки ҳар инсоне новобаста аз худонобовар ва ё худобовар буданаш, хоҳони зиндагии дурусте мебошад, ночор бояд аз як хатти муайяне дар зиндагии худ пайравӣ намояд, ва маълум аст, ки лозимаи ҳаракат дар як масири муайян, он аст, ки худро аз умуре, ки мувофиқи ҳавасҳои зудгузари вай буда, вале бо ҳадафе, ки пеши рӯй гирифтааст мунофот доранд, нигаҳдорӣ кунад. Масалан, як ҷавон пеши рӯи худ чунин ҳадафе қарор бидиҳад, ки дар оянда як олим ва донишманд ва барои ҷомеаи худ фарди судманде бошад, он гоҳ биравад ба думболи донишомӯзӣ. Ҳар чанд ҳаваси ҷавонияш ӯро ба тарафи айшу нӯш мехонад, вале ӯ ҳамаи ин умури зудгузарро барои худ ҳаром гардонида, шабу рӯзи худро бо хондану мутолеа мегузаронад, чаро? Чун мехоҳад ба ҳадафи худ бирасад. Кори ин ҷавон ҷуз “тақво” нест, яъне ӯ худро аз умуре, ки монеи расидан ба аҳдофаш аст, нигаҳ медорад. Касе ки ҳадафе ҷуз Худо надорад, барои расидан ба матлуби худ, хештанро аз чизҳое, ки монеи расидани Ӯ ба матлубаш аст нигаҳ медорад. Ин, тарс нест, балки худнигаҳдорист, ки гуфтем тақво ҳамин аст. Тақвои заъф ва тақвои қувват Матлаби дигаре, ки марҳуми шаҳид дар ин замина ёдовар мешавад, ин аст, ки мегӯяд, ҳифзу нигаҳдорӣ аз хатоҳо ва гуноҳонро ба ду шакл метавон баррасӣ кард: тақвои заъф ва тақвои қувват. Дар навъи аввал, инсон барои муҳофизати худ аз олудагии гуноҳон, аз мӯҷиботи онҳо, яъне чизҳое ки сабабгори вуқӯъ дар гуноҳон мешавад, фирор мекунад; яъне худро ҳамеша аз муҳити гуноҳ дур нигаҳ медорад. Аммо тақвои қувват ин аст, ки инсон дар руҳи худ ҳолат ва қуввате падид оварад, ки ба вай як масунияти руҳӣ ва ахлоқӣ бидиҳад; яъне инсон аз лиҳози руҳӣ ба қадре қавӣ шавад, ки агар фаразан дар муҳите, ки васоили гуноҳ ҳам фароҳам аст қарор бигирад, он ҳолат ва малакаи руҳӣ, монеъ аз олудагии вай ба гуноҳон шавад. Дар замони мо, бештари мардум тасаввурашон азтақво, ҳамон навъи аввал аст ва шояд иллати пайдоиши ин тасаввур он бошад, ки аз аввал, тақворо барои мо “парҳезгорӣ” тарҷума кардаанд ва тадриҷан парҳез аз гуноҳ, ба маънои парҳез аз мӯҷиботи гуноҳ талаққӣ шуда ва бад-ин шакл, калимаи “тақво” маънои инзиво аз ҷомеаро ба худ гирифтааст. Дар китобҳои ахлоқӣ гоҳе аз иддае ёд мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз зиёдии калом ва гуфтани сухани беҳуда, сангрезае дар даҳон мениҳоданд, то сухан гуфтан барояшон мушкил шавад; яъне иҷбори амалӣ барои худ дуруст мекарданд, ва ин, намунаест барои тақвои заъф. Ин гуна иҷтинобу дурӣ гузиданҳо агар камол маҳсуб шавад, ба унвони муқаддимае аст, ки дар мароҳили аввалия барои пайдо шудани малакаи тақво фоида доранд, аммо ҳақиқати тақво ва камоли воқеии он ҳамон руҳияи олӣ ва муқаддасе аст, ки боис шавад бидуни иҷбори амалӣ ва ҳатто бо муҳайё будани васоили гуноҳ, инсон аз он дурӣ гузинад. Тақво маҳдудият нест Пас, тақво маҳдудият нест, чунон ки бархе гумон мекунанд, балки масуният аст. Тақво барои руҳ, монанди хона барои зиндагӣ ва либос барои тан аст. Хонаву либосро маҳдудкунандаи озодии башар намедонем, балки онро боиси масунияти зиндагии инсон аз балоҳо, сармо, гармо ва ғайра мешуморем. Тақво низ чунин аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий