воскресенье, 4 мая 2014 г.

Пандҳои Анушервони Одил

Дар рӯзгори Анӯшервони одил ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва одамони он аср парҳезгор буданд. Як рӯз Анӯшервони Абузарҷмеҳрро талаб кард ва гуфт: «Мехоҳам Сухане чанд муфид, дар лафзи андак, маъноии бисёр ҷамъ созӣ, чунонки дар дунё ва охират судманд бошад».
Абузарҷмеҳр як сол мӯҳлат хост ва ин чанд каламотро ҷамъ кард ва «Зафарнома» ном ниҳод ва ба назди Анӯшервон бур два ӯро хуш омад ва фармуд, ки ин каломат ба оби зар навиштанд ва доим бо худ медошт ва аксаран вақт ба мутоилаи ин китоб мешуд.
Абузарҷмеҳр забон бикшод ва Гуфт: « — Аз устоди худ истифода менамудам ва ӯ ҷавоб мегуфт». Гуфтам: « Эй устод аз худои азза ва ҷалла чӣ хоҳам, ки ҳамаи некӯиҳо хоста бошам? « Гуфт: 
« Се чиз: тандурустӣ ва эминӣ ва тавонгарӣ». 
Гуфтам: « Корҳо ба ки супорам? « Гуфт: 
«Ба он кас, ки хештан шоиста бошад. 
« Гуфтам: « Аз ки эмин бошам?» 
Гуфт: « Аз дӯсте, ки ҳосид набошад». 
Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки биҳиштро сазовор бошад?» 
Гуфт: « Илм омӯхтан ва ҷавонӣ ба кори ҳақ машғул будан».
 Гуфтам: « Кадом айб аст, ки наздики мардум мӯътабар намояд?»
Гуфт: « Ҳунари худ гуфтан». 
Гуфтам: «Чун дӯстӣ падид ояд, чӣ гунна аз вай бибояд бурид?» 
Гуфт: « Бе се чиз: ба зиёраташ кам рафтан, аз ҳолаш нопурсидан ва ҳоҷат нахостан». 
Гуфтам: « Корҳо ба кӯшиш бувад ё ба қазо?» 
Гуфт: « Кӯшиш қазоро сабаб аст». 
Гуфтам: « Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ некӯтар?» 
Гуфт: « Аз ҷавонон шарму далерӣ ва аз пирон донишу оҳистагӣ». 
Гуфтам: « Ҳазар аз кӣ бояд кард, то растагор шавам?»
 Гуфт: « Аз мардуми чоплус ва хасис, ки тавонгар шуда бошанд». 
Гуфтам: « Сахӣ кист?» 
Гуфт: « Он кас, ки саховат куна два дилшод шавад». 
Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки мардум ҷӯянд ва касе тамом дарнаёфт?» 
Гуфт: « Се чиз: тандурустӣ ва шодӣ ва дӯсти мухлис».
Гуфтам: « Некӯӣ беҳтар ё аз бадӣ дур будан?» 
Гуфт: « Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи некӯиҳост».
Гуфтам: « Ҳеҷ ҳунар бошад, айб шавад?» 
Гуфт: « Саховате, ки бо миннат бувад».
Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки донишро биафзояд?» 
Гуфт: «Ростӣ». Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки ба далерӣ нишон аст?»
 Гуфт: « Авф кардан чун қодир шавӣ».
Гуфтам: « Он кас, ки ҳаргиз намирад?» 
Гуфт: « Ҷалла- ул – ало». 
Гуфтам: « Кӣ ӯро айб набошад?» 
Гуфт: « Азза ва ҷалла».
 Гуфтам: « Корҳо, ки ақлан кунанд, чӣ накӯтар?»
 Гуфт: « Он ки бадро аз бадӣ нигоҳ доранд». 
Гуфтам: « аз айбҳои мардум кадом зиёнкортар аст?». 
Гуфт: « Он айб, ки аз мардум пӯшида набошад». 
Гуфтам: « Аз зиндагонӣ кадом соат зоеътар аст?» 
Гуфт: « Он аст, ки некӯ дар ҳаққи касе тавонад кард ва накунад». 
Гуфтам: « Аз фармонҳо хор набояд дошт?» 
Гуфт: « Се аввал фармони худо – дувум – фармони оқилон: — савум- фармони падару модар». Гуфтам: « Беҳтарин зиндагонӣ чист?. 
Гуфт: « Муфлисӣ». 
Гуфтам: « Чӣ беҳтар» 
Гуфт: « Хушнудии ҳақ». (« Пирӯзнома»)


Юнони дастур нома навишт ба Анӯшервони одил ва пайғомҳо дод дар боби хирад, яъне он чи хирад фармояд. Нӯшервон чун нома бихонд, биписандид ва ҷавоб фармуд ва гуфт: «Эй ҳакими некӯ, гузаронидӣ пайғоми хирад, зеро ки мо ва он касон, ки пеш аз мо буданд, ҳама аз хирад ороста гаштанд. Ман акнун чигуна мухолиф бошам хирадро, ки хирадманд наздиктарин касест бо Эзиди таоло ва хирад ҳамчун офтоби ҷаҳон аст ва дили некиҳост ва хирад бо ҳама кас некӯст ва бо меҳтарону бузургон некӯтар ».
Хирад бар тани мардум ҳамчун тариест дар дарахт. Чун дарахт тар бошад, ҳама халқ аз бӯйи гулу баҳор ва меваи ӯ шодмона бошанд ва чун тарӣ аз ӯ шуд, ҷуз кандан ва сӯхтанро нашояд. Пас мардум низ ҳамчунин аст, то ба хирад аст, сӯҳбати ӯ муборак аст ва пайвастан бо вай некӯст. Ва чун хирад аз ӯ шуд, ҷуз маргро нашояд.
Нӯшервон гӯяд: «Ман чигуна хирадро рад кунам ва он чи хирад фармояд, накунам, ки ҳеҷ чиз подшоҳро ва ғайри подшоҳро беҳтар аз хирад нест, ки ба рӯшноии хирад зишт аз накӯ ҷудо шавад ва нек аз бад ва дурӯғ аз рост».

Комментариев нет:

Отправить комментарий