воскресенье, 4 мая 2014 г.

Таълим ба фарзандон

Ҳар чӣ падару модар гӯянд, фарзанд нек бишнавад ва ба ҷон қабул намояд. Ҳар чӣ фармоянд, ки дар он маъсият (гуноҳ) набошад, зуд ба ҷо орад. Агар эшон аз ҷой бархезанд, ҳамроҳ аз ҷояш хезад. Овозашро дар ҳузури онҳо баланд накунад. Чун даъват кунанд, зуд ҳозир шавад. Ҳамеша дар хушнудии онҳо ҳарис бошад. Худро пеши онҳо ботавозӯъ ва шикастанафс дорад, Хоксору сар дар пеш бошад. Хидматашро ба онҳо ҳаргиз миннат накунад. Дар вақти мурооту муомила ва сухангӯӣ, дар рӯи онҳо нанигарад, пушаймонӣ изҳор нанамояд. Бе дастору иҷозати онҳо сафар накунад. Дар наздашон боодоб нишинад, мисле ки дар намоз менишинад. Дар ҳузурашон сар бараҳна накунад, пой дароз накунад. Дар ҷояшон нанишинад, мисле, ки шогирд дар ҷои устод ҳаққи нишастанро надорад.
Агар ӯро узве дард кунад, то тавонад ба онҳо нагӯяд, то ки ранҷидахотир нашаванд. Агар гурусна бошанд, таъом бидиҳад. Агар бараҳна (луч) бошанд, либос пӯшонад, ба онҳо раҳмдил меҳрубон бошад. Онҳоро ба ном нахонад. Агар ба ҷое раванд, аз паси онҳо қадам гузорад, агар шаб бошад, пешопеши онҳо равад, то агар хатаре пеш ояд, дур созад.
Ғамшарику ҳамдарди онҳо бошад: агар бемор бошанд, дар талаби шифои онҳо бошад ва хайру эҳсонҳо кунад, ки онҳо дар вақташ ба ӯ кардаанд. Ба онҳо пулу мол диҳад, шояд хоҷате дошта бошанду натавонанд гуфтан, то ба он ҳоҷати худ сарф кунанд. Дасти худро дар моли худ кушода кунад ва гӯяд, ки ин молҳои ман фидои шумост. Пеш аз хона баромадан аз онҳо дуо гирад. Ин як шамма аз ҳақҳое, ки бояд дар ҳаёти падару модар аз ҷониби фарзанд риоя шаванд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий