среда, 16 апреля 2014 г.

Ҷаннатул фирдавс

Худованд барои муқаррабон, мӯъминон ва касоне, ки ба аъмоли шоиста мулозимат меварзанд ва дастуроти Парвардигорашонро аз ҷумла намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва ғайраро анҷом дода, бо мардум муомилаи хуб мекунанд, муҳаббати дунёи фиребандаро аз дил дур месозанд, бо нафаси Шайтон мубориза мебаранд, подошҳоеро ба назар гирифтааст, ки дар рӯзи қиёмат ба онҳо иноят мекунад. Он подош (мукофот)-ҳо иборатанд аз боғҳо, қасрҳо, меваҳо ва ҳамсарони биҳиштӣ ки сокинони биҳишт аз онҳо истифода намуда, бо сафо ва бе ғам зиндагӣ мекунанд.
Манзили биҳиштиён вобаста ба амали аҳли он аз ҳамдигар фарқ мекунад. Касоне ки бештар амали нек кардаанд, мақому дараҷаю неъматҳои онон ҳам бештар аст.
Олитарин ва бофазилаттарин манзилгоҳи биҳишт «Ҷаннатул фирдавс» аст, ки Худованд дар сураи «Мӯъминун» мефармояд: «Мӯъминони воқеӣ ворисонанд ва биҳишти фирдавсро мерос мебаранд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд».
Дар сураи «Каҳф» низ омадааст: «Касоне ки имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом додаанд, боғҳои фирдавс маҳалли пазироии онҳо хоҳад буд».
Ҳазрати Муҳаммад (с) пайравони худро тавсия додаанд, ки аз Худованд «Ҷаннатул фирдавс»-ро дархост намоянд: «Биҳишт сад дараҷа дорад. Фосилаи ҳар дараҷаи он баробари масофаи осмону замин аст. Олитарин манзили он фирдавс мебошад. Арши илоҳӣ бар болои он қарор дорад ва наҳрҳову ҷӯйҳои об аз он сарчашма мегирад. Вақте аз Худо тақозои биҳишт мекунед, «Ҷаннатул фирдавс»-ро тақозо намоед.
Расулуллоҳ (с.а.с) фармуданд: «Шумо барои ман аз худатон шаш чизро замонат (гарав) диҳед, ман барои шумо Ҷаннатро замонат медиҳам:

1 - Рост бигуед вақте сухан гуфтед.

2 - Вафо кунед, вақте аҳд кардед.

3 - Адо намоед, вақте амонатдор дониста шудед.

4 - Андомҳои ниҳонии худро нигоҳ доред.

5 - Чашмҳои худро (аз назар кардани ба ҳаром) як тараф бигиред.

6 - Дастонатонро боз доред».


Ба дарвозаҳои саъодатмандӣ ва хӯшбахтӣ рӯй овар ва аз ҳар дарвозаи дигар дур бош. Инсони оқил хасми нафсаш мебошад. Ту баъди тавфиқи Худовандӣ метавони, ки барои нафсат саъодатро бисози ва барои он ризоияти комилро амалӣ намои ва имтиёзу бартариро аз дигарон ҳампаймони худат гардони. Ё ки баръакси ин дар мусибат ва ғаму андӯҳ ҳаёт ба сар бибари. Ту бар дарвозаи саъодатмандӣ такя намо ва қасди онро дошта бош ва аз сарчашмаи он об бинӯш. Барои хотири худ роҳат карданро аз ҳама гуна ногувориҳо лозимтар бигир. Ва нафсатро аз ҳар чизе, ки ҳаётатро тира месозад дур бидор ва дарвозаҳои андӯҳ ва дардҳоро бар рӯи ҳаётат бибанд. Кӯшиш намо, то комёбиҳои ҳаётатро, ки пештар буд, баргардони. Вақте ки ҳаёти мардони комёб ва занони комёбро, аз асҳоби киром ва тобеъину, касе аз онҳо ба некӣ пайравӣ намуда ва ҷодаи Муҳаммадиро бар сурати аслияаш нигоҳ дошта ва дар гузашти аём мунҳариф нашуданд, варақ мезани, он мардону заноне, ки аз дигарон ба ҳама сурат бартарӣ доштанд, мутолиъа менамоӣ, шояд ба манозили онҳо бирасӣ, ё ончиро ки дарк кардаанд ту ҳам дарк намои ва ба он ноил шави. Баъд аз дохил шуданат ба ин дарвозаи тиллоӣ, дарвозаи наҷот, дарвозаи ягона, ки аз пушти он сироти мустақим аст, сироте, ки бе шак ба сӯи Аллоҳ мебарад, ба сӯи дидори бемислу монанди Аллоҳ таъоло мебарад, тамоми дигар дарҳоро бар рӯят бибанд… вале боз ҳам ихтиёр дар дасти туст, ки барои нафсат кадоми ин дарвозаҳоро мавриди ихтиёрат қарор медиҳи: дарвозаҳои саъодат ё дарвозаҳои шақовату бадбахтӣ.

Комментариев нет:

Отправить комментарий