пятница, 24 января 2014 г.

Фазилати зани некӯ

Зани солиҳа ин саодату некбахтии дунё мебошад, ки шавҳарашро ба тоату ибодати Худо ёрӣ медиҳад ва дар тамоми умури зиндагӣ ба вай итминону хотирҷамъӣ ва оромиши равонӣ мебахшад.  Расули Худо (с) мефармояд: «Дунё матоъест ва беҳтарин матоъаш зани солиҳа (диндор ва накӯкор) мебошад».
(Имом Муслим)
Ислом ҳамеша мардро тарбиғу ташвиқ мекунад, ки дар интихоби ҳамсар  аз зани солиҳаву диндор ҷустуҷӯ намояд, балки диёнату покдомании занро яке аз усули муҳими хостгории зан гардондааст, ки илова бар ахлоқу атвори ҷуд бошад. Зеро агар диёнати зан заъиф бошад, ифффату шарафи хешро зуд аз даст дода, шавҳарашро беобрӯ мегардонад ва зиндагонии худ ва шавҳарашро тираву сиёҳ месозад.
Бинобар ин Паёмбари Худо (с) дар ҳадисҳои зиёде ташвиқ менамоянд, ки бояд аз зани диндор ва солиҳа ҷустуҷӯ намуд, зеро чунин зан дар бузургтарин умури ҳаёт, ки дин аст, ёру ёвари шавҳараш мебошад ва ҳамеша иффати худ ва шарафи хонаводаро ҳифз менамояд.
    Расули акрам (с) мефармоянд: «Ҳаргоҳ Аллоҳ таъоло ба шахсе зани солеҳаро рӯзӣ диҳад, дар ҳақиқат ӯро бар ободии нисфи динаш ёрӣ намудааст. Аз ин рӯ, дар ободии нисфи дигари динаш аз Худо битарсад».
(Ривояти Ҳоким)
Саъд ибни Абӯваққос ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Чаҳор чиз нишонаи некбахтист: зани солиҳа, хонаи васеъ, ҳамсояи накӯкор ва маркаби гуворо. Ва чаҳор чизи дигар аломати бадбахтист: ҳамсояи бад, зани бад, маркаби бад ва хонаи танг».
(Ривояти Имом Насои  ва Ироқӣ онро саҳеҳ гуфтааст)
Шоири ҳикматгӯ Шайх Саъди шояд аз ҳамин сухани Паёмбар (с) илҳом гирифта бошад, ки чунин мегӯяд:
      Зани бад дар сарои марди накӯ,
    Ҳам дар ин олам ҳаст дӯзахи ӯ,
    Зинҳор, аз қарини бад зинҳор,
    Ва қино, раббано азоба-н-нор.
Ва низ он Ҳазрат (с) фармуд:
«Беҳтарини занони шумо он аст, ки чун шавҳар ба сӯяш назар кунад, хушҳолаш созад ва чун фармонаш диҳад, итоаташ кунад ва чун шавҳар аз ӯ ғоиб шавад, моли ӯро ва нафси худро ҳифз менамояд (аз хиёнат)».
(Ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим)
«Занро барои чаҳор чиз издивоҷ карда мешавад: барои мол ва насаб ва ҳусну ҷамол ва диёнаташ. Пас бо зани диндору солиҳа издивоҷ кун, камёбу некбахт мегардӣ».
(Имом Бухори ва Муслим)

Эҳтиром ва нигаҳдории мақоми зан


Хонаводае, ки пояҳои он бар ососи меҳру мухаббат, садоқат ва эҳтироми зану шавҳар бино ёфтааст, хонаводаи хушбахт аст. Зану шаҳар бар ҳам ҳуқуқе доранд, ки риояти онҳо барои ҳар ду ҳатмист. Зеро бидуни риояти он ҳуқуқ пояҳои хонавода мунҳадим мегарданд.
Занон бар шавҳарони худ дорои ҳуқуқе ҳастанд, ки бахше аз онҳо ҳуқуқи маънавӣ ва бархе дигар ҳуқуқи моддӣ мебошанд.
Ҳуқуқи маънавии онҳо иборатанд аз:
1.    Муошират ва рафтори нек.
Занон барои шавҳароношон амонат қарор дода шудаанд ва муоширати нек, бархӯрди лафзию амалии саҳеҳ ва муҳтарамонаи шавҳар бо ӯ воҷиб аст, зеро Худованди мутаъол мефармояд:
«Ва бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагонӣ кунед, зеро агар онҳоро нописанд кунед, пас, шояд шумо чизеро нописанд кунед, ки Худо дар он чиз хайри бисёрро пайдо кунад».
Нисо – 19
Ҳамчунин Расули Худо (с) мефармояд: «Ҳеҷ марде набояд, бо ҳамсараш душманӣ кунад ва ӯро озор диҳад, агар яке аз ахлоқи ӯро написандад, мумкин аст аз ахлоқи дигари ӯ розӣ бошад».
Аҳмад ва Муслим
Инчунин Паёмбари Худо (с) дар мавриди рафтори нек бо занон таъкид намуда, фармудааст:
«Имони мӯъминоне комилтар аст, ки ахлоқи онҳо беҳтар бошад ва беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо ҳамсарони худ беҳтарин рафторро дошта бошанд».
Аҳмад Тирмизӣ
Ҳамчунин фармудаанд:
«Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо занон ва фарзандони худ рафтори беҳтаринро дошта бошанд ва ман барои хонаводаам аз ҳамаи шумо беҳтарам».
Тирмизӣ
Муошират ва рафтори хуб ин аст, ки мард бо ҳамсараш аз беҳтарин калимот ва писандидатарин кирдор истифода кунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ  бо гуфтору рафтори худ занро мавриди азияту озор қарор надиҳад ва ба каромату шахсият ва манзалати ӯ беэҳтиромӣ нанамояд ва бо хашму хушунат бо ӯ бархӯрд накунад ва дар мавриди махориҷи зиндагии ӯро дар ҳадди тавон розӣ нигаҳ дорад, аз хасисию бухл парҳез кунад ва дар ҳузури занаш аз занони дигар таъриф ва тамҷид нанамояд. Зеро худованди мутаъол мефармояд:
«Ва онҳоро барои зарар расонидан нигоҳ мадоред, то ситам кунед; ва ҳар ки чунин кунад, пас, ҳамоно бар хештан ситам кардааст».
Бақара – 231
2.    Муҳофизат аз каромати зан
Дар зиндагии хонаводагӣ зану мард шахсияти якдигарро комил менамоянд ва ҳар чизеро, ки каромат ва шахсияти яке аз онҳоро ҳифз намояд ё онро халалдор намояд, бевосита ба ҳам таъсир мерасонад. Аз он ҷо ки мард нисбат ба зан маъмулан тавоноии аз ҷисмӣ ва иродии бештар бархӯрдор аст, лозим аст ҳурмат ва каромати зан, ки шарики зиндагиаш аст посдорӣ намояд ва бо ҳар чизе ки сабаби ба вуҷуд омадани нофаҳмӣ ва ё зарару зиён байни онҳо мегардад, пешгирӣ намояд.
Ғайрати мард нисбат ба ҳамсари худ падидаи фитрӣ ва табиӣ аст.  Рӯзе Саъд ибни Ибода (р) аз Паёмбари Худо (с) пурсид: «Агар мардеро ҳамроҳ бо ҳамсарам бубинам, иҷоза дорам бо нӯки шамшерам шиками ӯро пора кунам?» Паёмбари Худо (с) хитоб ба атрофиён фармуд: «Мумкин аст аз ғайрати Саъд дар шигифт шуда бошед, аммо ман (ба хотири эҳтироме ки Худованд баро ҳурмати инсон қоил аст) аз ӯ бештар ҳассосият дорам, зеро Худованд аъмоли зишти пинҳон ва ошкорро ҳаром гардонидааст».
Бухорӣ
Мутаассифона дар миёни ҷавонони мо дар мавриди эҳтироми занҳояш саҳлангорӣ ба чамш мехӯрад, ба гунае ки наварӯсеро мебинем, ки либосҳои зебою ҷалбкунандае ба бар намуда, ки сабаби чашмчаронии мардҳои бегона мегардад, ки ин аз беғайратии ҳамсари ӯ дарак медиҳад. Бешак чунин ҷавоне ҳаққи зани худро адо нанамудааст ва шахсияту каромати занро низ нашнохтааст.
Мард вазифадор аст, ки ба зани худ эҳтиром бигзорад ва аз ҳар гуна рафтор ва кирдоре, ки сабаби нороҳатии ӯ мешавад, парҳез намояд. Зеро занон инсонҳое бо ҳурмат ва кароматанд, набояд бо ӯ ҳамчун барда ва хидматгор бархӯрд шавад ва ё танҳо ба ӯ бо нигоҳи лаззатҳои ҷисмӣ нигоҳ шавад. Ва ин одамҳои ноаҳл ва ноогоҳанд, ки бо занон беҳурматӣ намуда, бо тавҳину истеҳзо бархӯрд мекунанд. Зеро Худованди мутаъол мефармояд:
«Мо фарзандони Одамро муҳтарам ва гиромӣ гардонидаем».
Исро – 70
3.    Бароварда намудани ниёзи ҳамсар
Мард равобити хонаводагиро бар асоси маслиҳат ва манфиати муштарак қарор медиҳад. Зан низ ҳамчун мард ниёз ба таъмин ва такмили ғаризаи ҷинсӣ дорад ва мард лозим аст дар ҷиҳати бароварда намудан ва комил гардонидани ниёзаш танҳо дар фикри худ набошад ва ба зан ҳам таваҷҷӯҳ кунад, то заминаи таваҷҷӯҳашро ба дигарон аз миён бардорад ва дар воқеъ пешгирӣ аз мушкил бисёр беҳтар аз пардохтан ба ҳалли он аст.
Ин ҳаққи зан дар суннати Паёмбар (с) низ собит шудааст.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармудааст:«Абдуллоҳ, шунидаам ҳама рӯзҳоро рӯза мегирӣ ва бисёре аз авқоти (вақтҳои) шабро ба намози шаб мепардозӣ?». Гуфтам: «Бале, дуруст аст ё Расулаллоҳ (с)». Паёмбар (с) фармуданд: «Ин корро макун! Гоҳе бархе аз рӯзҳоро рӯза бигир ва дар бархе аз рӯзҳо аз гирифани рӯза худдорӣ кун! Ба дар бархе аз шабҳо намоз бигзор ва шабҳои дигарро истироҳат кун. Зеро ҷисму чашмон ва ҳамсарат ҳар кадом ҳақ ва ҳуқуқе бар ӯҳдаи ту доранд ва ҳаққи ҳар якро ба хубӣ адо кун!». Паёмбари Худо (с) аз ин тариқ хостанд, ки таваҷӯҳи мусалмононро ба масъулияти худ дар баробари таъмини ниёзҳои табии худ ва ҳамсар ҷалб намоянд.
То ҷое ки қиём ба масъулияти заношӯӣ ба унвони навъе аз ибодат ба шумор меояд ва дар муқобили он подош насибашон мегардад. Зеро Паёмбари Худо (с) фармудааст: «…Ҳамбистарии шумо бо ҳамсарони худ эҳсон ва садақа аст». Хидмати эшон гуфта шуд: «Эй Паёмбари Худо (с) мо ки ба хотири таъмини ниёзи табиии худ бо ҳамсаронамон ҳамбистар мешавем, подоши ухравӣ ҳам хоҳем дошт?!» Расули Худо (с) фармуданд: «Агар аз роҳи ҳаром ин корро анҷом медодед, магар мавриди муҷозот қарор намегирифтед? Ва адои ин масъулият аз роҳи ҳалол ва раво ҳам дорои аҷр ва подош аст».
Муслим
Ибни Қудома мегӯяд: «Ҳар гоҳ мард узре надошта бошад, иқдом ба ҳамбистарӣ бо ҳамсараш бар ӯ воҷиб аст». Имом Молик низ ҳамин раъйро дорад. Дар ривояти Каъб омадааст: «Ҳазрати Умар (р) замоне ки миёни зану шавҳаре доварӣ мекард, мефармуд: «Ин хонум бар ту ҳақ ва ҳуқуқе дорад, агар мехоҳӣ ҳаққи ӯ ва адолатро риоят намоӣ, ҳар чаҳор рӯз як бор бо ӯ ҳамбистарӣ кун ва аз мушкилот ва нороҳатии ӯ пешгирӣ намо».
4.    Ҳифзи асрори заношӯӣ
Яке аз ҳуқуқе, ки зан бар дӯши шавҳари худ дорад, он аст, ки дар мавриди масоили хусуси миёни онҳо чизеро барои дигарон бозгӯ нанамояд. Зеро Имом Муслим аз Абӯсаъиди Худрӣ нақл намудааст:  Расули Худо (с) фармудааст: «Бадтарин ҷойгоҳ рӯзи қиёмат мутааллиқ ба мардоне аст, ки бо ҳамсарони худ ҳамбистар мешаванд ва сипас асрори ҳамбистариро ба дигарон бозгӯ менамоянд».
Имрӯз ҷавонони зиёдеро вомухӯрем, ки ин одати бадро доранд ва аз муносибатҳои ӯ ва ҳамсараш ба дӯстонаш бозгӯ менамояд, ки чинину чунон кардам. Ба ин тариқ мехоҳад барои дӯстонаш «мардонагӣ»-и худро нишон диҳад, аммо чуноне ки зикр шуд, ин асрори зану шавҳар буда, бозгӯи он барои дигарон гуноҳ ва амали зишт ба шумор меравад.
Ба таври хулоса мард ӯҳдадор аст, ки ҳуқуқи зерро риоят намояд, то аз шарофат ва каромати зан чизе коста нагардад:
1.    Пардохтани комили маҳрия: Табаронӣ дар китобҳои «Васит» ва «Авсат» нақл менамояд, ки «ҳар марде ки бо зане издивоҷ намояд ва маҳрияро кам ё зиёд барои ӯ муайян кунад ва қасди пардохти онро надошта бошад, ба унвони зинокор назди Худованд мавриди муҳосаба қарор хоҳад гирифт».
2.    Эҳсоси оромиш: Мард ҳамсари худро ба унвони шарики ғаму шодӣ ва мояи оромишу осудагии зиндагии худ бидонад.
3.    Таҳияи маскани муносиб: Шавҳар бояд барои занаш маскани муносиберо муҳайё созад, то каромат ва эҳтироми зан маҳфуз бимонад.
4.    Омӯзиш: Барои шавҳар лозим аст, ки занро дар омӯзиши масъулиятҳои динӣ ва фарҳанги ахлоқӣ раҳнамоӣ, кӯмак ва водор созад.
5.    Мард бояд аз фароҳам омадани шароите, ки ба ихтилот (омезиш)-и байни занаш ва мардони бегона оварда мерасонад, ҷилавгирӣ намояд.
6.    Кушодарӯӣ: Барои шавҳар лозим аст, ки бо ҳамсари худ хушақлок ва кушодарӯй бошад, ба хотири ризоияти зан бо ӯ ба шӯхию саргармӣ бипардозад ва ӯро мутаваҷҷеҳ намояд, ки аз самими қалб дӯсташ медорад.
7.    Чашмпӯшӣ (аз иштибоҳҳои кӯчак): Мард набояд аз ҳамаи ҳаракот ва кирдору гуфтори ҳамсараш – ба вижа дар ҳузури дигарон – айб бигирад ва беҳтар он аст,к и аз бисёре аз иштибоҳҳои кӯчаки ӯ чашмпӯшӣ намояд ва дар ҳангоми зарурат дар хилват ӯро насиҳат кунад.
8.    Кашф нанамудани асрори хонаводагӣ: Ба хотири ҳифзи ҳурмат ва каромати худ ва ҳамсар ва адои вафои ба паймони муштараки зиндагӣ аз бадгӯӣ ва кашфи асрораш назди дигарон худдорӣ кунад.

Агар шавҳар аз зан розӣ бошад…

Аз модари мӯъминон ҳазрати умми Салама (р) ривот шудааст, ки Паёмбари Худо(с) фармуданд: «Агар зане дар ҳоле вафот намояд, ки шавҳараш аз вай розӣ бошад, аз аҳли Биҳишт хоҳад буд».
Шарҳ:
Аз ин ривоят маълум мегардад, ки хушнудии шавҳар  сабаби биҳиштӣ гардидани зан хоҳад шуд. Бинобар ин набояд зан   ба хотири кӯчактарин чиз бо шавҳараш хархаша намуда, дар масоили пулию молӣ шавҳарашро азият диҳад ва ё ба ҳолати хушӣ ё нохушии шавҳараш бетаваҷҷӯҳ бошад. Чунин амалҳо аз рафтори занони биҳиштӣ нест.  Тавре мушоҳида мешавад, баъзе аз занҳо ҳангоми пирӣ ва заифии шавҳаронашон ҳеҷ гуна таваҷҷӯҳ ба шавҳаронашон надоранд, ҳол он шавҳар дар айёми пирӣ ниёз ба кӯмак ва хидмат дорад. Ҷои тааҷҷуб аст,  ки ин шавҳар ҳамон шахсест, ки дар ҷавонӣ ба хуби хизматашро менамуд, аммо чи шуд ҳоло ки шавҳар ниёз ба кӯмаки бештар дорад,   ҳеҷ гуна  таваҷӯҳе ба онҳо  намешавад, яқинан чунин шавҳаре дар ҳоле аз хоҳад рафт, ки аз ҳамсараш розӣ нахоҳад буд. Дар натиҷа, чунин зане  низ вориди биҳишт нахоҳад гардид. Мутасифона баъзе шавҳарон низ ҳамин бархурди манфиро нисбат ба ҳамсаронашон доранд, ки дар ҷавонӣ ба хуби хоҳишоти онҳоро бароварда менамоянд, аммо ба ҳангоми пирӣ ва ё беморӣ онҳоро раҳо намуда, думболи ҳамсарони дигаре хоҳанд буд. Яқинан чунин шавҳарону ҳамсарон аз аҳли Биҳишт нахоҳанд буд…
Ин ҷо дар муолиҷаву ҳалли ин муаммо кордониву хирадмандии зан маълум мегардад, ки ҳатман муваффақияту пирӯзӣ насибаш мешавад. Ба хусус, вақте бовариву  муҳаббати шавҳарро ба даст оварда бошад, зеро муҳаббат муҳаббату дӯстиро афзун мегардонад ва беҳтарин роҳи ислоҳ кардан ба ҳисоб меравад.
Яке аз донишмандон мегӯяд: «Муҳаббату дӯстӣ гоҳо нафсҳои саркашро рост мекунад. Чӣ тавре ки аҳёнан пояҳои зиндагиро барҳам зада, хароб менамоянд». Аз ин рӯ, мавзӯи чӣ гуна истифода кардани муҳаббат ва фаҳмидани мафҳуми он яке аз мавзуъҳои муҳим гардида, ки бояд онро омӯхта ва таҳлилу баррасӣ намоем.
Зан бо табассуми зебо ва бо тамоми ҳаракатҳои хайрхоҳонаи чеҳрааш метавонад, ки дар дили мард осори лутфу меҳрубонӣ ва шафқату навозиши махсусро бигузорад ва ҳадафҳои зиёдеро дар таҳсину беҳдошти фазои он хонаводагӣ таҳаққуқ бахшад. Чӣ тавр шавҳаратро ҳифз намуда, некбахташ мегардонӣ? Бар дӯши зан нақши бузург ва масъулиятнокест барои некбахтсозиву муҳофизат кардани шавҳар аз фитнаву домҳои фасоде, ки дар беруни хона ҳастанд.
Ин домҳои фасоду фитна гуногуну хатарнок ва инҳирофкунанда мебошанд. Зани хирадманду бомаърифат ҳамон аст, ки шавҳари худро аз фитнаву фасоди роҳҳо халос намуда, машғули саргарми хеш месозад ва тамоми мазоҳири ҷалбкунандаи берун ва чизҳои отифабарангез дар назди ҳикмату равоншиносӣ ва ҷаззибияти чунин зани бомаърифат нопадид гашта, ҳушу ҷони шавҳар мафтуни мамлуки ӯ мегардад.
Зани комёб ҳамон аст, тамоми майлу хоҳишҳои шавҳарашро омӯхта, ҳама чизҳои отифабарангези ӯро чун ранги либосҳои зоҳирӣ ва дохилӣ ва услуби ороиши мавриди писандидаашро низ медонад. Яке аз хатоҳои бузурги бонувон, ин хунукназарӣ ба сару либоси худ дар хона мебошад, то дараҷае, ки шавҳарон вақти бозгашт аз кор дар ҳамсарони худ ба ҷои бӯи атру гул бӯи ошпазхона ва мӯйҳои тамизнашударо пайдо мекунанд.
Бинобар ин, тааҷҷуб накун вақте зани зебоеро мебинӣ, ки шавҳараш ба ӯ аҳамият намедиҳад ва дунболи дигар хонум равон аст. Дар ҳоле, ки зани на онқадар зеборо мебинем, ки дили шавҳарро бо тамоми авотиф ва эҳсосот ба даст овардааст. Бидуни шакку шубҳа дар ин мавридҳо фақат зан ҷавобгар асту бас, на дигарон.
Мо бонувони азизро насиҳат мекунем ба шаклу сурати худ ва зиннату ороиши хеш дар хона сахт аҳамият диҳанд ва ҳеҷ гоҳ шавҳарони худро вақти бозгашт аз кор бо шикояти мушкилоти хонаву кӯдакон пешвоз нагирад. Балки барои онҳо фазои ором, роҳатбахш ва атрогин омода созанд. Чунончи, пешгирӣ аз ғавғои кӯдакон бо машғул сохтани онҳо ба қироати китобу маҷаллаҳои кӯдакона, хушбӯй кардани утоқи истироҳатии шавҳар, хомӯш сохтани чароғхои баланди он. Ҳамчунин барои шавҳарон хӯрокҳои дӯстдоштаашро тайёр намуда, чун номгӯи ғизоҳои ғайримуқарариӣ тақдим намояд.
Хулоса, барои истироҳат ва дур сохтани хастагиҳои ҷисмӣ ва рӯҳии онҳо аз тамоми фикрҳову услубҳои хуб истифода намоянд. 
Дини мубини Ислом барои зан ҳуқуқи зиёде муқаррар намуда, бар дӯшаш баъзе масъулиятҳоро низ гузоштааст. Бузургтарин масъалияти зан ҳаққи шавҳар мебошад. Ин ҷо чанд ҳадис дар тарғиби итоати шавҳар барои зане, ки некбахтии абадии дунёю охиратро мехоҳад, бозгӯ менамоем.
Расули Аллоҳ(с) мефармоянд: «Ҳар вақте ки зан панҷ вақт намозашро ба ҷой орад ва рӯзаи моҳи Рамазонро бидорад ва андоми худро аз маъсияту гуноҳ ҳифз намояд ва аз шавҳараш итоат кунад, барояш (рӯзи қиёмат) гуфта мешавад, ки аз кадом дарҳои биҳишт хоҳӣ, бидаро».
Ибни Ҳиббон
Ва инчунин фармудаанд:  «Кадом зане, ки бимирад ва шавҳараш аз ӯ розӣ бошад, ба биҳишт дохил мегардад». 
Имом Тирмизӣ
«Ҳар гоҳ мард ҳамсарашро ба бистар даъват намояд ва ӯ хоҳиши шавҳарро иҷро накарду шавҳараш бар вай хашм гирифта хобид, малоикаҳо то субҳ ин занро лаънату нафрин мекунанд». 
Бухорӣ ва Муслим
Аз Расули акрам (с) пурсиданд: «Кадом занҳо беҳтаранд?» Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳамон зане, ки чун шавҳар ба вай назар кунад, хурсандаш месозад ва чун фармонаш диҳад, итоат менамояд ва дар тани худ ва моли шавҳар бо шеваи бад рафтору муомила намекунад».  


Муомилаи накӯ бо шавҳар

Ин ҷо дар муолиҷаву ҳалли ин муаммо кордониву хирадмандии зан маълум мегардад, ки ҳатман муваффақияту пирӯзӣ насибаш мешавад. Ба хусус, вақте бовариву  муҳаббати шавҳарро ба даст оварда бошад, зеро муҳаббат муҳаббату дӯстиро афзун мегардонад ва беҳтарин роҳи ислоҳ кардан ба ҳисоб меравад.
Яке аз донишмандон мегӯяд: «Муҳаббату дӯстӣ гоҳо нафсҳои саркашро рост мекунад. Чӣ тавре ки аҳёнан пояҳои зиндагиро барҳам зада, хароб менамоянд». Аз ин рӯ, мавзӯи чӣ гуна истифода кардани муҳаббат ва фаҳмидани мафҳуми он яке аз мавзуъҳои муҳим гардида, ки бояд онро омӯхта ва таҳлилу баррасӣ намоем.
Зан бо табассуми зебо ва бо тамоми ҳаракатҳои хайрхоҳонаи чеҳрааш метавонад, ки дар дили мард осори лутфу меҳрубонӣ ва шафқату навозиши махсусро бигузорад ва ҳадафҳои зиёдеро дар таҳсину беҳдошти фазои он хонаводагӣ таҳаққуқ бахшад. Чӣ тавр шавҳаратро ҳифз намуда, некбахташ мегардонӣ? Бар дӯши зан нақши бузург ва масъулиятнокест барои некбахтсозиву муҳофизат кардани шавҳар аз фитнаву домҳои фасоде, ки дар беруни хона ҳастанд.
Ин домҳои фасоду фитна гуногуну хатарнок ва инҳирофкунанда мебошанд. Зани хирадманду бомаърифат ҳамон аст, ки шавҳари худро аз фитнаву фасоди роҳҳо халос намуда, машғули саргарми хеш месозад ва тамоми мазоҳири ҷалбкунандаи берун ва чизҳои отифабарангез дар назди ҳикмату равоншиносӣ ва ҷаззибияти чунин зани бомаърифат нопадид гашта, ҳушу ҷони шавҳар мафтуни мамлуки ӯ мегардад.
Зани комёб ҳамон аст, тамоми майлу хоҳишҳои шавҳарашро омӯхта, ҳама чизҳои отифабарангези ӯро чун ранги либосҳои зоҳирӣ ва дохилӣ ва услуби ороиши мавриди писандидаашро низ медонад. Яке аз хатоҳои бузурги бонувон, ин хунукназарӣ ба сару либоси худ дар хона мебошад, то дараҷае, ки шавҳарон вақти бозгашт аз кор дар ҳамсарони худ ба ҷои бӯи атру гул бӯи ошпазхона ва мӯйҳои тамизнашударо пайдо мекунанд.
Бинобар ин, тааҷҷуб накун вақте зани зебоеро мебинӣ, ки шавҳараш ба ӯ аҳамият намедиҳад ва дунболи дигар хонум равон аст. Дар ҳоле, ки зани на онқадар зеборо мебинем, ки дили шавҳарро бо тамоми авотиф ва эҳсосот ба даст овардааст. Бидуни шакку шубҳа дар ин мавридҳо фақат зан ҷавобгар асту бас, на дигарон.
Мо бонувони азизро насиҳат мекунем ба шаклу сурати худ ва зиннату ороиши хеш дар хона сахт аҳамият диҳанд ва ҳеҷ гоҳ шавҳарони худро вақти бозгашт аз кор бо шикояти мушкилоти хонаву кӯдакон пешвоз нагирад. Балки барои онҳо фазои ором, роҳатбахш ва атрогин омода созанд. Чунончи, пешгирӣ аз ғавғои кӯдакон бо машғул сохтани онҳо ба қироати китобу маҷаллаҳои кӯдакона, хушбӯй кардани утоқи истироҳатии шавҳар, хомӯш сохтани чароғхои баланди он. Ҳамчунин барои шавҳарон хӯрокҳои дӯстдоштаашро тайёр намуда, чун номгӯи ғизоҳои ғайримуқарариӣ тақдим намояд.
Хулоса, барои истироҳат ва дур сохтани хастагиҳои ҷисмӣ ва рӯҳии онҳо аз тамоми фикрҳову услубҳои хуб истифода намоянд.

Ду насиҳат аз модар ба духтар

Насиҳати якум
Умома бинти Ҳориси Тағлабӣ яке аз наҷибтарину беҳтарин занони араб  ба шумор меравад ва дар панду ахлоқ ҳикматҳои машҳуре дорад. Вақте Ҳорис ибни Амр, шоҳи Кинда духтари Умома, яъне Умми Иёсро ба ақди никоҳи худ  даровард ва намояндагони шоҳ хостанд ӯро ба сӯи шавҳараш баранд, модараш ӯро дар шаби зифофи вай бо шавҳар як васияти ниҳоят арзиштманде намуд, ки дар он чунин гуфтанд:
«Духтаракам, ҳамоно агар касе ба хотири одоби хуб ё насаби машҳур васият намудан,  тарк мешуд, ман ҳатман ин корро мекардаму туро роҳат мегузоштам. Вале васият ин гӯшзади шахси оқил ва танбиҳу огоҳӣ додани ашхоси ғофил мебошад. Духтаракам, агар зане бо сарватмандии падараш метавонист, ки аз шавҳар бениёз гардад, ҳароина ту бениёзтарини мардум аз шавҳар будӣ. Вале мо барои мардон ва мардон барои мо офарида шудаанд.
Духтаракам, дар ҳақиқат, ту хонае, ки дар он бузург шудӣ ва марзу буми худро тарк мегӯӣ ва ба хонаи ноошно ва дӯсте, ки бо ӯ унс нагирифтаӣ, меравӣ. Бинобар ин, барояш чун каниз бош, ӯ ғуломи ту мешавад аз ман даҳ хислатро ба гуш гир, иншоаллоҳ онҳо сабаби иззату обрӯи ту хоҳад гардид:
Хислати якум ва дувум зиндагии каноатмандона ва муомилаи хуб бо итоату фармонбардории шавҳар. Зеро қаноатмандӣ дилу равони касро роҳат мебахшад ва муъоширати хуб сабаби хушнудии Худо ва бандагонаш мегардад.
Хислати сеюм ва чорум эҳтиёт кардани дида ва бинии шавҳар. Аз ин рӯ, эҳтиёт кун, ки мабодо чашми ӯ бар чизи зишти ту наафтад ва беҳтарин бӯй аз ту ба машомаш бирасад ва бидон духтаракам, ки беҳтарин ҳусну ороиши безаҳмат, ин сурма аст ва инчунин об гуворотарин чезест, ки ҷустуҷӯяш менамоем.
Хислати панҷум ва шашум муайан кардани вақти хӯрокхӯрӣ ва омодасозии соату шароити хобаш. Зеро оташи гуруснагӣ сӯзанда ва вайронсозии истироҳату хоб харобкунандаи асаб аст.
 Хислати ҳафтум ва ҳаштум муҳофизати хонаву молаш ва аҳамият додан ба номусу шараф ва фарзандонаш мебошад. Зеро нигоҳдории молу сарват қадр намудани ранҷу заҳмати ӯст ва ҳимояти номусу шарафи хонаводагии ӯ ва фарзандонаш тадбиру раҳбарии оқилонаи занро ифода менамояд.
Хислати нуҳум ва даҳум ҳаргиз сирру розашро фош макун ва аз ҳеҷ фармонаш саркашӣ макун, зеро агар сиррашро ошкор намудӣ, аз ғадру хиёнаташ эмин намонӣ  ва агар аз амраш саркашӣ намудӣ, дар дилаш кинаву кудурат мегузорӣ.
Ҳамчунин ҳаргоҳ ӯ ғамнин бошад, аз хурсандиву хушҳолӣ дар назди вай парҳез кун ва чун хурсанд бошад, аз ғамгиниву андӯҳгинӣ дар пеши рӯи вай чилавгири кун. Зеро амали нахуст кӯтоҳиву камбудӣ маҳсуб мешавад ва амали дуввумӣ  танҳо  мукаддарсозиву нороҳат кардани ӯ мебошад.
Ҳар қадаре  ки ӯро эҳтирому иззати зиёд намоӣ, ҳамон қадар туро азизу гиромӣ медорад ва ҳарчӣ бештар ба хулқу атвор ва хостаҳояш мувофиқ ойӣ, ҳамон андоза ёру  ёвари бардавоми ту хоҳад шуд. Бидон, эй духтарам ки, ту ҳаргиз ба ин ҳадаф даст намеёбӣ, то ин ки хушнудии ӯро бар хушнудиву ризоияти худат муқаддам бигзорӣ. Ҳамчунин тамоми майлу хоҳишоти ӯро бар хоҳишоти худат муқаддам гузошта, амал намоӣ ва Худованди бузург бароят аҷру подош ва саодату некбахтӣ медиҳад ва туро дар паноҳи Ҳақ таъоло супурдам.
Насиҳати дуюм
Модаре духтарашро вақти издивоҷ васият намуда гуфт:
«Эй духтарам, аз тозагии ҷисмат ғофил мабош, зеро назофату тозагӣ нуру ҷило бахшида, туро мақбули писанди шавҳарат мегардонад. Ҳамчунин тамоми нуқсу бемориҳоро аз баданат дур сохта, ҷисматро бар кору бори зиндагӣ нерӯманд месозад ва инро бояд гуфт, ки аз зани чиркин табиату мизоҷи мардонро бад меояд ва чашму гӯши онҳо аз ӯ нафрат дорад ва чун бо шавҳарат рӯ ба рӯ шудӣ, бо чеҳраи хандону кушода бархӯрд кун, зеро агар муҳаббат ҷисм бошад, кушодрӯӣ рӯҳу ҷони он ба ҳисоб меравад».
Таҳияи Маҳмуд Сангинов

Модарамон Оишаи Сиддиқа (р)

Модарам Оишаи Сиддиқа (р)
Баъд аз биъсати Расули Аллоҳ (с) дар хонаи пур аз сидқу сафо ва имонии Абӯбакр (р), хонае, ки қабл аз дигарон партавҳои офтоби биъсати набавӣ бар он тобид ва қабл аз ҳама нури тавҳид ва яктопарастӣ дар онҷо зоҳир шуд, духтаре дида ба ҷаҳон кушод, ки номи муборакашро Оиша (р) гузоштанд. [1]
Ном, куния ва хонадон
Номи муборакаш  Оиша, лақабаш Сиддиқа ва Умму-л-мӯъминин хитобаш мекарданд . Кунияаш Умму Абдуллоҳ буд ва аз лақаби Ҳумайро [2]  низ барои ӯ истифода мекарданд . Бештари вақтҳо Паёмбари Аллоҳ (с) Оиша (р)- ро ба «Бинти Сиддиқ» садо мекарданд. [3] 
Дар байни арабҳо куния нишонаи шарофатмандӣ ва рамзе барои фазилат ва  ифтихори инсонҳо ҳисоб меёфт . Ҳазрати Оиша, ки  фарзанде надошт, аз куния ҳам бархӯрдор набуд . Боре бо таассуфи зиёд ба Расули Аллоҳ (с) гуфт, ки тамоми занҳои Набии акрам (с) бо номи фарзандҳои пешини худ, дорои куния мебошанд, аммо ман кунияи худро бо номи чи касе бигзорам ? Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Кунияи худро бо номи хоҳарзодаат Абдуллоҳ бигзор». [4] 
Оиша (р) қурайшинасаб буда, аз тарафи падараш ба қабилаи Тамим ва аз тариқи модарӣ ба қабилаи Канона мепайвандад. Силсилаи насаби  падарии модарам Оиша  ба ин қарор аст: Оиша духтари Абӯбакри Сиддиқ ибни Абӯқаҳофа Усмон ибни Омир ибни Амр ибни Каъб ибни Саъд ибни Тайим ибни Мура ибни Каъб ибни Луӣ ибни Ғолиб мебошад. Аз тарафи модар, Оиша духтари Умми Румон духтари Омир ибни Увайм ибни Абдушамс ибни Итоб ибни Узина Ибни Басиъ ибни Ваҳбон ибни Ҳорис ибни Ғунам ибни Молик ибни Канона аст. Насаби ҳазрати Оиша бо Паёмбари Худо (с) дар пушти ҳафтум ё ҳаштум ва аз тарафи модар дар ҷадди даҳум ё ин ки ёздаҳум ба ҳам мепайванданд. [5] 
Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ, падари бузургвори  модарам Оиша (р) дар соли  сенздаҳуми ҳиҷрӣ аз олам даргузаштанд, дар мавриди вафоти модараш ихтилофҳо ба назар мерасанд, таърихнигорон дар ин бобат навиштаанд, ки дар солҳои панҷум то шашуми ҳиҷрӣ вафот намудааст. [6]
Имом Бухорӣ дар китоби « Ат-ториху-с-сағир »- и худ Умми Румонро дар зумраи афроде қарор додааст, ки дар замони ҳазрати Абӯбакр (р) вафот намудаанд ва ин ба ривояти аввалӣ эътироз намудааст. Бухорӣ дар Саҳеҳ ба санади дуруст аз Масруқ ва ӯ аз Умми Румон модари Оиша (р) ривоят кардааст, ки мегӯяд: «Баъд аз ин ки Оиша аз тӯҳмат иттилоъ ёфт, беҳӯш шуд». [7] 
Бухорӣ ривоят мекунад: «Алӣ ибни Зайд аз Қосим ривоят кардааст, ки Умми Румон дар асри Паёмбар (с) вафот намудааст, аммо ин ривоят ҷои баҳс аст ва ривояте, ки аз Масруқ нақл шудааст, дорои санади беҳтар мебошад». [8] 
Ибни Ҳаҷр дар китоби худ – «Таҳзибу-т-таҳзиб» чунин баён намудааст: «Бухорӣ тасриҳ доштааст, ки ҳар кас бигӯяд, ки Умми Румон дар қайди ҳаёти Паёмбар (с) вафот намудааст, иштибоҳ мекунад ва ривояти Масруқ саҳеҳ мебошад». [9]  Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ҳам Бухориро таъйид намуда, дар китобаш далелҳои қонеъкунанда ва таҳқиқоти арзишмандро ироа додааст ва баён кардааст, ки сухани Бухорӣ саҳеҳ мебошад.
Валодати модарам Оиша (р)

Умми Румон дар ибтидо бо Абдуллоҳ Аздӣ издивоҷ намуда буд, пас аз вафоти ӯ ба ақди Абӯбакри Сиддиқ (р) даромад ва аз ҳазрати Абӯбакр (р) соҳиби ду фарзанд ба номҳои Абдурраҳмон ва Оиша (р) шуд . Дар мавриди валодати Оиша (р)  муаррихон ва сиратнигорон таърихи муаянеро нанавиштаанд. [10]
Саҳеҳтарин таърих барои таваллуди Оиша (р) охирҳои соли панҷуми биъсат, баробар бо соли 614- уми меломӣ мебошад. [11]  Аз ин рӯ хонаи Сиддиқи акбар (р) он бурҷи саодате буд, ки нурҳои тобноки хуршеди Ислом пеш аз ҳама  дар он партав афканда буд . Бинобар ин, ҳазрати Оиша (р) аз он афроди баргузидаи Ислом мебошад, ки гушҳои ӯ ҳеҷ гоҳ овози куфр ва ширкро нашнидааст. [12] 
Ҳазрати Оиша (р) фармудааст: «Замоне ки падару модарамро шинохтам, онҳоро мусалмон ёфтам». [13]
Даврони кӯдакӣ
Дар ҳар ҳаракати ҳазрати Оиша (р) аз даврони кӯдакӣ осори саодат ва хушбахтӣ намоён буд . Кӯдакон одатан, дар айёми кӯдакӣ саргарми бозӣ мешаванд. Ҳазрати Оиша (р) низ,  дар тифлӣ алоқаи зиёде ба бозӣ дошт ва духтаракҳои маҳалла назди ӯ гирд омада бозӣ мекарданд, аммо эҳтиром ва адаби Расули акрам (р)-ро ҳамеша мадди назар дошта, ба ҷо меовард. Ӯ аз байни бозиҳо бештар ду бозӣ- «арӯсакбозӣ» ва « туббозӣ»-ро дӯст медошт. [14]
Оиша (р) бозӣ мекард  ва дӯстонаш ҳуҷум меоварданд,   иттифоқан Расули акрам (с) меомад, ӯ арӯсакҳоро зуд пинҳон мекард ва дугонаҳои Оиша (р) бо дидани Расулуллоҳ (с) махфӣ мешуданд. Паёмбар (с) бо кӯдакон муҳаббати хосе доштанд ва бозии онҳоро бад намедонист, бинобар ин духтаронро дубора садо мекард ва мегуфт бо Оиша бозӣ кунед». [15] 
Аллома Надавӣ дар китоби худ  ”Оиша” (р) овардааст, ки «Боре Оиша (р) арӯсакбозӣ мекард, ки Расули акрам (с) расиданд ва дар байни арӯсакҳо як асбе буд, ки дар ду паҳлӯяш  бол зада шуда буд, он Ҳазрат (с) пурсиданд, ки ин чист? Оиша (р) ҷавоб дод, ки асп аст.  Паёмбар (с) фармуданд, ки аспҳо бол надоранд. Оиша гуфт: Аспҳои Сулаймон (а), ки бол доштанд. Он ҳазрат (с) аз ин ҳозирҷавобӣ хушҳол шуданд». [16]  Аз ин ҷо метавон ба ҳозирҷавобии фитрии Оиша, воқеияти мазҳабӣ, заковату зеҳн ва ба суръати фаҳмиши  ӯ пай бурд.
Кӯдакон одатан, дорои табиат ва фитрати ягона мебошанд. Ба чизе аз назари ақлӣ аҳамият намедиҳанд ва ҷизе ҳам аз назари онҳо қобили таваҷҷӯҳ  намебошад. Маъмулан, то сини 8-9 солагӣ наметавонанд ба умқи сухане пай бибаранд, аммо ҳазрати Оиша (р) дар ин хусус  аз табиати вижае бархурдор буд. Ӯ хотирот ва ҳарфҳои кӯдакиро истинбот менамуд. Агар ояте ба гушаш бархурда буд, онро низ ба ёд дошт.
Оиша (р) мефрмояд, ки  ояти «بل الساعة موعدهم و الساعة ادهئ و امر » (Қамар-46) дар Макка нозил шуд, ки ман кӯдаке будаму бозӣ мекардам». [17] 
Оиша (р) ҳангоми ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Мадина, ҳаштсола буд, аммо дар камсинӣ ҳофиза ва ҳушёрии тавре буд, ки тамоми воқеаҳои ҳиҷрати набавӣ ва масоили ҷузъии онро  низ ба ёд дошт. Ба ҷуз ӯ ҳеҷ саҳобае тамоми воқеаҳои ҳиҷратро пай дар пай ва пурра ҳифз накарда аст. [18] 
Ҳузури фаъол ва таъсирноки  Оиша ва Асмоа (р) дар сафари ҳиҷрати Паёмбар (с) ва Абӯбакр (р) саршор аз тарбияте буд, ки ба дасти падари бузургворашон парвариш ёфта буданд . Онҳо ҳангоми рафтани Паёмбар (с) ба хонаи Абӯбакр (р), аз фармони ҳиҷрат огаҳӣ ёфтанд ва бедаранг барои Расули Худо (с) ва падарашон тӯша ва ғазои сафар омода карданд . Оиша (р) мегӯяд: «Ман ва Асмоа, фавран барои Расули Худо (с)  ва падарамон бор ва ғазои сафар омода кардем ва онро дар як борхалтаи чармин гузоштем. Асмоа порае аз доманашро ҷӯдо кард, то ин ки даҳони борхалтаро бибандад ва аз он ҷо лақаби «Соҳиби ду доман»-ро гирифт». 

четверг, 23 января 2014 г.

Зани пушаймон (Ҳикоя)

ҲИКОЯ

Занеро ман медонистам, ки бо сатру ҳаё ва тоъатгузор буд, вале ҳангоми ҷавонияш ба сабаби камилмии худ ба дуои падар гирифтор шуда буд, ва то дами марг сазои он рафтори ношоямашро мечашид.

Ҳангоми ҷавонии вай чашмони падараш кӯр шуда буданд ва он духтари ҷавон бо ҳамроҳи падари кӯр ва модараш дар як утоқ хоб мерафтанд. Шабона падари кӯрашро назорат мекард, то ба бистари модараш наздик нашавад. Чун падараш нобино буд гумон мекард духтараш хоб аст ва ба бистари ҳамсараш наздик мешуд, дар ин ҳол он духтар пояшро дар мобайни онон дароз карда мегуфт, ки ман бедорам. Падари нобино дами сард мекашид ва мегуфт: Худованд осудагиятро бигирад! Чунин кори бади духтар ва дуои бади падар дар ҳафтае ду ё се бор такрор меёфт. Оқибат рӯзе фаро расид, ки он духтарро ба шавҳар доданд ва келин дар хонае шуд, ки ду хушдоман дошт, модар ва бибии шавҳараш. Аксари занон чӣ мусибат будани хушдомани бадқаҳрро медонанд ва худ тасаввур кунед, ки агар чунин хушдоман дуто бошад чӣ гап мешавад? Духтари ҷавон дар зери сиёсати ду хушдоман зиндагии бисёрсолаи сангине дошт ва худаш иқрор мекард, ки ин натиҷаи ҳамон дуои "Худо осудагиятро бигирад"-и падар аст. Аммо бо ин қиссаи ғамангези он зан ба поён намерасид ва чунин кор такрор ҳам шуда буд, ки ба ҷои фарзанд ба чизи дигаре бордор мешуд ва борҳо дар зери ҷарроҳии духтурон қарор мегирифт ва моҳҳои дарозро дар беморхонаҳо сипарӣ мекард. Албатта медонист, ки ин ҳама натиҷаи он дуои бади падар аст. Бо вуҷуди ин сахтиҳо ҳаёт пеш мерафт ва фарзандонаш ба воя мерасиданд. Ӯ дар хонае зиндагӣ мекард, ки духтарашро ба шавҳар медоданд ва ҳуқуқи онро надошт бипурсад, ки домодаш кист ва чӣ ном дорад.

Солҳо мегузаштанд ва сатиҳову душвориҳоро пушти сар мекард, то ки воқеаҳои талхи кишвар ба вуқуъ пайвастанд ва шавҳару писарони бо чунин сахтӣ тарбия кардаашро дар пеши чашмонаш куштанд ва хонаашонро оташ заданд. Шояд касе бигӯяд, ки чунин кушторро бисёриҳо аз сар гузарониданд ва ба дуои падар онро нисбат додан чандон дуруст нест? Ҷавоб мегӯем, ки шояд чунин ҳам бошад, вале ин куштор барои он зан муқаддимаи мусибати дигаре буд, ки ба вуқуъ пайвастани онро ғайри Аллоҳ таъоло касе намедонист.

Ҳангоме ин зани мусибатзада ба ноҳияи дигар ба хонаи бародарани ҷавонаш фирор мекунад ва бародараш ӯро ба чунин ҳол мебинад аз сактаи қалб бародари ҷавонаш ба таври фоҷиавӣ вафот мекунад. Оқибат рӯзе фаро расиду ин зани мусулмон бо ғаму андуҳи зиёд ин оламро падруд гуфт ва тавбаву надомати худро аз ҳеҷ касе пинҳон намекард. Агар касе барои гуноҳи кардааш як бору даҳ бор тавба кунад, ин зан бошад як умр тавба кардааст. Аз ин рӯ, умед аз фазлу карами Аллоҳ таъоло ин ҳаст, вайро бибахшад ва дар ивази мусибатҳои дар дунё кашидааш подошҳои бузургаш бидиҳад, зеро надониста хато карда буд. Аммо барои дигар мусулмонон воқеаҳои ҳаёти ӯро мадрасаи панду ибрат бигардонад, то аз дуои бади падару модар ҳазар бикунанд.

НОМАИ ЗАН БА ШАВҲАР

Ин  ҳарфҳоро аз самими дил  барои  ҳар шавҳаре, ки хоҳиши зиндагонии босаодат дар дунёву охиратро дорад, менависам. ин суханони шикваомезро барои  ту, эй шавҳари меҳрубонам менависам, то ки  Худованди бузург онро калиди қалби ту  гардонад ва барои  ҳар шахсе, ки хоҳони зиндагонии  босаодат аст намунаи ибрат гардад. Эй шавҳари азизу меҳрубонам ин сатрҳоро аз умқи қалб бо оҳанги шиква оғоз менамоям аз номи  худ ва аз номи  ҳама занони ҳамтои ман, ба ту  ва мардони мисли ту менависам, шикваи аксар занон ба ҳамдигар мушобеҳ аст.
Бале сатрҳое, ки феълан  хонандаи гиромӣ мехонӣ аз умқи дили яке аз хоҳарони мост, ки аз шавҳари худ шиква мекунад. Чун бо сузу гудоз аст ман ба ҳамаи мардони тоҷике, ки соҳиби оила ҳастанд пешкаш мекунам, то ки бидонанд, ки чи камбудиҳое аз эшон сар мезанад. плтимоси ман ин аст, ки сатрҳоро бо таҳаммул бихонанд, то бидонанд, ки дар назди ҳамсарон чи норасоиҳое аз онҳо содир мешавад. Эй шавҳари меҳрубонам, аз ин хотироте, ки аз зиндагонии якҷояамон дорам солҳо гузашт, вале дар  назари ман  он рўзҳои гузашта доим мунакисанд. Эй шавҳари азизам, ту худ огоҳӣ, ки мегўянд инсони хушбахт он аст, ки гузаштаи худро аз ёд набарорад, то барояш ибрат шавад. Ҳар лаҳзаи ҳаёти заношўйи дафтарест варақногардонида, ки пур аз воқеъаҳои хушу нохуш аст, ки ба ёд наовардани он  иштибоҳест бузург.
Эй шавҳари меҳрубонам ин сатрҳое, ки мехонӣ хотиротест, ки ман онро рўйи қоғаз нигоштам, то барои ту ёдгор бимонад ва туро ба андеша водор  созад. Ёд дорӣ, эй шавҳари меҳрубонам, ки рўзе ба хонаи мо  равон будем ва дар роҳ марде ба сўям бо нигоҳи фосиқона назар кард,. Ту ки шавҳари ман  ва пушту паноҳи манӣ бепарвоӣ зоҳир кардӣ, ва ба ў чизе нагуфтӣ.
Ёд дорӣ, рўзе ба хонаамон чанд марде меҳмон шуд. Ту ба ман  амр кардӣ, ки бо онҳо бо даст салом кунам, зеро онҳо  писарҳои амаки туанд. Ҳол он ки Расули акрам (с)  дар ҳадиси муборакаш фармудааст: «Ҳевар (додари шавҳар) марг аст».
Шавҳари меҳрубонам, огоҳ бош, ки ғайрати мард далолат ба эмони ў мекунад ва ин яке аз одатҳои  хуби марди мусалмон аст. Ва пслом ба ин ташвиқ мекунад. Эй шавҳари меҳрубонам огоҳ бош, ки ғайрати мардӣ отифаест олӣ ва он танҳо дар вуҷуди родмардон маскан дорад ва онҳо иззату номуси занони худро  ҳифз менамоянд. Куҷост ин ғайрати мардии ту, то ки  номи маро дар назди мардони номаҳрам ба забон наорӣ.
Шавҳари меҳрубонам огоҳ бош, ки ғайрати мардӣ ҳосил намешавад магар ба он сабаб, ки мабодо марди дигаре ба ҳарими ў чашми тамаъ андозад. Шавҳари меҳрубонам намехоҳам, ки ту дар зиндагӣ маро мавриди шакку шубҳа қарор бидиҳӣ, балки аз ту мехоҳам ки ғайрати мардиятро дар мавриди зарурӣ дуруст  истифода барӣ. Зеро  бе обруву бе иззат шудани ман барои ту бетаъсир намемонад ва ба саъодати  дунявӣ ва ухравии мо таъсир дорад.
Шавҳари  азизам, мехоҳам, ки дар зиндагӣ ба ман аҳаммияти хосе қоил шавӣ. инчунин  мехоҳам, ки худро дар ҳаёти  ту шахси муҳим ҳисобам. Оё ман ба ин ҳақ надорам?
Ёд дорӣ азизакам рўзе таъомамро  ним соат дертар  омода сохтам ва он ҳам бошад  аз сабаби  машғулият ба корҳои хона  сар зад. Ёд дорӣ, ки чӣ қадар ғазабнок шудӣ ва  дар  назди фарзандон ба ман суханони носазо гуфтӣ. Аз ҳама ногувораш ин буд, ки  ин корро ба ҳама хабар додӣ. Оё  ин аст ҳифзи номуси ман ва эҳтироми ҳамсар? Огоҳ бош, ки он кўтоҳие, ки аз ман сар зад онро ба гардан мегирам, вале он аз танбалии ман набуд. Балки шустушуйи либос ва рубу чини хона  аз як тараф ва нигоҳубини тифли хурдсоламон, ки он лаҳза табби зиёд дошт ва шаб мижа таҳ накард аз суйи дигар  машғулам кард. Он шаб ман ҳамроҳи кўдак хоб  нарафтам, ту бошӣ осуда хоб кардӣ ва ман ба он хотир, ки туро ташвиш надиҳам бемории тифлро ошкор накардам.
Шавҳари меҳрубонам дониста бош, ки ман як инсони  заифам. Мисли ту дасту бозуи боқувват надорам. Бо ин заъфу нотавониам маро дар ҳар кор ҳама вақт сарзаниш мекунӣ. Охир,  ҷонакам, ба ман раҳм намо. Шавҳар набояд ҳамсарашро вақту новақт сарзаниш кунад. Балки мебояд  ўро бо беҳтарин усул навозишу эҳтиром намояд. Эй ҷонакам, ман ҳаргиз намегўям, ки ба камбудиҳои ман чашм пуш ва чизе нагўй.  Балки онро ба ман тарзе  гўшрас кун, ки ман суханонатро ба ҷону дил бипазирам, на бо тарсу таҳдид. Азизам худат медонӣ, ки ҳар сухан  ҷо ва ҳар нукта маконе дорад. Аз ту як хоҳиш дорам, ки узри шахсеро, ки аз ту узр мехоҳад бипазир. Чунон ки гуфтаанд:
Оби равон бе хасу хошок нест,
Одамӣ аз айбу ҳунар пок нест.
Оё аз ҳадиси Расули акрам (с) хабар надорӣ, ки эшон гурўҳе аз мардонро насиҳат карда, чунин фармудаанд:
«Шуморо васият мекунам, эй мардон, ки бо занон хушмуомила бошед, зеро зан аз  қабурғаи  мард офарида шудааст. Ва ҳаройна каҷтарин ҷойи  қабурға қисмати болоии он аст».
(ин ҳадис бо ривояти Бухорӣ ва Муслим аст.)
Огоҳ бош, эй азизам, ки саъодати  хонавода ба дур будани мо аз  хушунат вобаста аст. Бовиқор будани ту, дар наздам обруву иззататро зиёд менамояд. Ёд дорӣ эй шавҳари меҳрубонам, ки борҳо  бехобӣ кашидам ва тани нозуку заифам аз пешвозу гусели меҳмонҳоят хаста шуд. Бо чӣ шавқу самимият дастурхон мегустурдам ва ҳар чӣ дилатон мехост аз хўрданӣ омода мекардам. Баъд аз гусели меҳмонон ошхонаро тоза карда хонаҳоро ба тартиб меовардам. Вале афсус, эй шавҳари азизам, аз Шумо калимае шукру ризо нашунидам.
Шавҳари меҳрубонам ба ростӣ чӣ қадар калимаи зебост калимаи шукру сипос ҳангоме, ки  бароят гуфта мешавад. Зеро сухани хуш гуфтан ба ҳар мусалмон садақа маҳсуб мешавад. Пас куҷост он суханони хушу зебоят бо  мани заъифу нотавони паршикаста.
Шавҳари меҳрубонам, ягона чизе ки аз ту мехоҳам оромии хотир ва зиндагии осуда аст, ки солҳост, ки мунтазири онам. Оё он чӣ мехоҳӣ ба ҷо наовардаам? Оре, бо ин ҳама нотавонӣ ҳар  чӣ дар тавонам буд бароят анҷом додам. Агар андаке ҳам маро эҳтиром мекунӣ, пас он чи ман мехоҳам бароям бидеҳ. Зеро аз як даст садо намебарояд. Дасти дигаре зарурат дорам ва мехоҳам, ки он дасти ту бошад. Пас куҷост он даст.
Ёд дорӣ,  эй шавҳари меҳрубонам, ки шабе ҳамроҳ аз меҳмонӣ аз назди падару модарам бармегаштем. Ба муҷарради ворид шудан ба утоқи хоб, ки бароям макони амну оромиш аст, дар ҳол ба бадгўии падару модар ва бародаронам оғоз кардӣ. Ва ба ин қонеъ нашуда, ҳисси бадбиниатро ошкор кардӣ. Он дидорбинии ман ба сифр баробар шуд. Ба ростӣ ин дидорбинӣ, маро хеле хушнуд карда буд, вале он хушнудии маро ба мусибат мубадал кардӣ. Агар маро дўст медорӣ, пас аҳли оилаи маро низ эҳтиром намо. Агар фарзандонатро дўст дорӣ пас бо хоҳару бародаронам низ хушмуомила бош. Эй шавҳари меҳрубонам, огоҳ бош, ки ҳар рафторе, ки бо ман мекунӣ ҳамин гуна бо худат рафтор карда мешавад. Агар бароям латиф бошӣ бароят каниз мегардам. Агар бароям осмон шавӣ бароят замин  мегардам. Ман низ аз ту он чизеро, ки аз ман талаб менамоӣ дархост мекунам. Ту аз ман талаб менамоӣ, ки хонаводаи туро эҳтиром намоям ман низ аз ту ин хоҳишро дорам. Ва албатта, ман низ ба ин ҳуқуқи комил  дорам. Ёд дорӣ, эй шавҳари меҳрубонам, ки борҳо маро танҳо гузоштӣ ва бисёр шабҳо аз хона берун мерафтӣ. Вале медонам, ки ту бо рафиқонат дар сайру гашт ва маҳфилҳо ва шабнишиниҳо ҳастӣ. Вале ман танҳоям. Гўё ман як асбоби хонаи ту ҳастам. Бо чунин ҳол рўзҳову моҳҳо ва солҳои ҳаётам гузашт. Вале ман боз ҳам чашм мепўшам ва таъаҷҷуб  ҳам намекунам. Вале бароям аҷиб аст, ки шабе чун ҳарвақта  ба хона дер омадӣ.
Ман хостам бароят навигарие муҳайё созам. Он шаб  бароят оби мева омода сохтам ва хонаро оростам ва худро низ зебу зинат додам. Чун пешвозат гирифтам бо чеҳраи гирифта дағалона ба ман гуфтӣ:
- Эй моне, осуда гардам. имрўз серкор ва серташвиш будам, хеле хастаам. Феълан ниёзе ба ин зебу зинати ту надорам, хоб рафтан мехоҳам.
ин буд охирин сухане, ки он шаб бо ман гуфтӣ. Он шабро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунам. Маро танҳо гузоштӣ ва ба ҷойи хоб дароз кашидӣ. Эй шавҳари меҳрубонам охир ман марди қавибозу ё зани оҳанин нестам. Балки ман занеам, ки бар болои ту ҳуқуқҳои худро дорам. Охир ту мехоҳи хастагиатро  дар сўҳбат бо  дўстонат барорӣ. Вале ман мехоҳам хастагиамро танҳо бо ту сипарӣ кунам.
Охир бо ман бисоз ва аз  зиндагӣ дилсардам  макун. Аз ин  суханонам ҳайрон машав. Орзу дорам, лоақал дар мақому мартабаи рафиқонат бошам. Вале афсус, ки мисли онҳо ҳам нестам. Алоқаи мо бо муносибати  зану шавҳар чандон монанд  нест. Гўё ману ту ду ҳамсояи дур ҳастем. Эй шавҳари азизам муносибате, ки боиси рушди муҳаббати зану шавҳар мешавад бо улфат, лутф ва машварату суҳбат ба ҳамдигар қавӣ мегардад. Бале ман ба ту ниёз дорам. Пас бозгард ба сўям. Бале бо таъкид ва бо исрор ба ту мегўям бозгард ба сўйи кошонаат, эй шавҳари меҳрубонам. Ман ва фарзандонат муштоқи дидори ту ҳастем. Эй шавҳари меҳрубонам ман боре ҳам ёд надорам, ки ту ба ман имкон дода бошӣ, ки дар ғамҳоят шарик бошам. Ё барои коре бо ман машварат карда бошӣ.
инчунин ёд надорам, ки  барои  хатоҳоят аз ман узр пурсида бошӣ. инро ҳам медонам ки дар андешаи ин кор ҳам нестӣ. Ман  ёд надорам, ки рўзе маро  дар ҳаллу фасли умури хона ҳамроҳи карда бошӣ. инчунин боре ҳам ёд надорам, ки бо ман изҳори муҳаббат карда, маро бо лутфу меҳрубонӣ ба оғўш гирифта бошӣ. Охир  ин ҳама шиканҷаҳои рўҳӣ то кай домангири ман аст. Шоири бузург чӣ хуш гуфтааст:
Ё раб чи чашмаест муҳаббат, ки ман аз он,
Як қатра об хўрдаму дарё гиристам.
Шавҳари меҳрубонам, ман намегўям, ки ту шоир шав ва дар васфи ман шеър навис. Вале хоҳиш дорам, ки латифу меҳрубон бошӣ ва ба ман сухани хўш бигўйи ва изҳори сипос намои. Бовар кун дар ин суханони оддӣ натиҷаи хубе маҳфуз аст, ки муҳаббатро тавлид мекунад. Чӣ қадар орзу дорам, ки лоақал дар пораи қоғаз изҳори муҳаббататро ба ман пешкаш намои, то онро хонда сарам ба осмон бирасад. Бовар кун ин амал бароям тамоми хушиҳои зиндагиро фароҳам месозад. Шавҳари азизам биё мардонагиятро биозмой ва боре ҳам бошад бароям сухани хубе ҳадя намо. Ба ростӣ ман ба он ниёз дорам. Аз ин тарзи зиндагӣ хаста шудам. Аз ту илтиҷо менамоям, ки имшаб онро бароям анҷом бидеҳ.
Ёд дорӣ шавҳари азизам, чун рўзона туро намебинам шабе бо иштиёқи зиёд аз саргузашти навҷавониям ба ту қисса намудам. Аммо вақте ба сўят нигаристам, фаҳмидам, ки ба суханони ман таваҷҷуҳе надорӣ ва мехоҳи бо телефон ба касе занг занӣ ва ё диқататро ба рўзнома ҷалб намоӣ, ё хоб биравӣ.  Бале шавҳари меҳрубонам баростӣ ин гуна рафтори ту равонамро хароб месозад ва каромати занонаамро маҷрўҳ менамояд. Вақте чунин рафтор мекунӣ худро дар наздат одами беарзиш ҳис мекунам. Ё худ ҳангоми сухан гуфтанам суханонамро қатъ менамоӣ.  Ба рости ин амалҳои ту муҳаббати ҳамнишиниатро мемиронад. Ҳатто гоҳ-гоҳе ки бо ҳам сари дастархон таъом мехўрем намехоҳӣ, ки бо ту ҳазлу шўхӣ намоям ё ин ки бо ман чунин рафторро лоиқ намебинӣ, оё чунин нест? Ту мехоҳӣ аз ман дур бошӣ. Охир ин ҳама ҷабру ҷафо барои чӣ. Оё суханони  муаллими башарият Муҳаммад (с)-ро  нашунидаӣ, ки фармудааст:
«Беҳтарини Мўъминон  аз рўи имон хушахлоқтарини онҳост. Ва  беҳтарини шумо шахсест, ки бо занаш рафтораш беҳтар бошад»
(ин ҳадис ба ривояти Тирмизист)
Шавҳари азизам, огоҳ бош, ки бадахлоқият бо ман ва ба тартиб наовардани сару рўят ва зинат надодани андомат, бароям хеле сангин аст. Оё нашунидаӣ суханони Худоро, ки гуфтааст:
Сухани Худо:
Бояд, ки занони муталлақа (талоқшуда) то се бор пок шудан аз шавҳар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рўзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар раҳми онон офаридааст, пинҳон доранд.  Ва дар он айём агар шавҳаронашон қасди ислоҳ дошта бошанд, ба бозгардониданашон сазовортаранд. Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, монанди вазифае, ки бар ўҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирўзманду ҳаким аст!
(Сураи Бақара, ояти 228)
Дар ҳоле, ки ту аз ман талаб менамоӣ, ки ҳамеша зебову ороста бошам. Ҳатто аз ман талаб менамоӣ, ки ба монанди он занҳое, ки дар ойинаи нилгун мебинӣ ороста бошам. Оё ман боре ҳам хостаатро набаровардаам?  Охир ман аз ту лутфу меҳрубонӣ мехоҳам ва ман низ эҳсос дорам он гунае, ки ту дорӣ. Охир ман пораи гушт нестам, ки болои рахти хобат афканда шуда бошам. Ва ё бозичаи дасти ту нестам, ки танҳо хоҳишоти нафсониатро бароварда созам. На, эй шавҳари азизам, агар чунин фикр дошта бошӣ ғалат кардаӣ.
Аз ту мехоҳам он чиро, ки ту аз ман мехоҳӣ. Дониста бош.
Ёд дорӣ, эй шавҳари азизам, ки чанд рўз пеш аз сафар бозгаштӣ, шаб аз нисф гузашта буд ва аз омаданат пешаки хабар надодӣ. Ногоҳ садои занги дарро шунидам ин бароям аҷиб нест. Аҷибаш дар он аст, ки ту аз ман дар ғазаб шудӣ ва ба ман нигариста гуфтӣ, ки чаро худамро бароят омода насохтаам. Боз ранҷида, гуфтӣ, ки ту ҳамеша хоҳишоти маро иҷро намекунӣ ва гўё  ман ба ту  бетаваҷҷуҳи зоҳир мекардаам.
Ба ростӣ аз омаданат хабар надоштам ва вақти бозгаштат нисфи шаб буд. Вале агар хабар медоштам, то субҳ мунтазират менишастам.
Ёд дорӣ, эй шавҳаракам, ки вақте аз ту барои ҳоҷатҳои оилавӣ чизе талаб мекунам дар ғазаб мешавӣ, чашмҳоят давр зада фишорат баланд мешавад. ин лаҳза ба ман бо алфози қабеҳ ҷавоб медиҳӣ.
Охир он камбудиҳо ё норасоиҳое, ки дар рўзгори мост ғайр аз ту касе  ҳал намекунад. Бар зами ин агар омада, норасоиеро бинӣ бар сарам дод мезанӣ, ки масъулиятшинос нестам. Оё медонӣ, эй шавҳари азизам, ки нафақаи ман ва фарзандонам бар гарданат воҷиб аст. Ва медонӣ, ки кафили ман тўйи. Эй шавҳари азизам охир ман он чизҳоеро, ки дархост мекунам, барои як худи ман нест. Онро ман ба хонаи падару модарам ҳам равон намекунам. На, қасам ба Худо, чунин корро ҳаргиз нахоҳам кард, зеро нигаҳбонии моли ту бар ман воҷиб аст. Он ҳама барои ту ва фарзандони ту ва меҳмонони ту аст.
Чуноне ки гуфтӣ гўё ман туро ба харидани ашёи қиматбаҳо маҷбур месохта бошам. Бароят чунин мегўям, ки  чи қадар орзу доштам, ки ту худ бе гуфтаи ман асбобу анҷоми ниҳоят заруриро бихарӣ. Ту боши аз ман талаб дорӣ, ки аз баҳри он чизҳо бигузарам ва зиндагии худро мувофиқи моҳонаи ту сипарӣ созам. Эй азизи ман аз пашша фил насоз. Биё якҷоя барои рафъи мушкилоти зиндагӣ машварат намоем ва хонаамонро ободу осуда созем ва фарзандонамонро тарбияи хуб диҳем. Биё мизонияи сарфу харҷи як моҳаи хонаро тартиб диҳем. Ман низ бо он розӣ ҳастам. Ва аз моҳонаи ту чизе бештар талаб накардаам. Огоҳ бош, ки лаззати ҳаёти зану шавҳар дар якдигарфаҳмист. Ёд дорӣ эй шавҳари азизам, ки рўзе таҳдид ба талоқам намудӣ ва  ҳушдорам додӣ, ки агар чунин вазъ идома ёбад зани дигаре хоҳам гирифт.
Огоҳ бош, эй шавҳари азизам, ки ман ба он чи Худованд мубоҳ гардонидааст, ҳаргиз муқобил нестам Вале ягона чизе ки хушам намеояд он аст, ки ҳар гоҳе мушкиле пеш ояд аз зангири сухан мегўйи ва ин суханонро чун  гарданбанд дар гардани ман меандозӣ. Охир ман ҳам зан ҳастам, ҳангоми чунин сухан гуфтанат худро таҳқирнамуда меҳисобам ва ин услубат хеле услуби бад аст. Ҳар вақте ки чунин мегўӣ қадрат дар наздам паст мешавад. Ман зан ҳастам ва чунин мепиндорам, ки  ин услуби марди заиф аст, ки аз  ҳалли мушкилоти хонавода оҷиз аст.  Магар зани дигар талабот надорад? Ў низ зан аст ва мехоҳад мушкилоташро ҳал созад. Дар он ҳолат чи баҳона пеш меорӣ ва саратро ба куҷо мезанӣ. Ё боз дар фикри гирифтани зани дигар мешавӣ. На, эй азизакам, ман чунин меҳисобам, ки ин пиндор пиндори марди заъиф аст.
Эй азизакам мехоҳам, ки андешаи пухта дошта бошӣ ва  аз ту фахр кунам на нафрат. Ба ёд ор, эй шавҳари азизам, ҳар гоҳе миёни мо мушкилоти хонаводагӣ пеш ояд дар ҳол гушаки телефонро мебардорӣ ва дар як лаҳза ин сирри оилавиро  ба баъзе аз рафиқонат ё наздиконат хабар медиҳӣ. Ростӣ аз ин кори ту шармам меояд. Ту, шавҳари азизам сирри хонаро бароварда аз як шахси бегона маслиҳат ё кўмак мепурсӣ? Бисёр мехоҳам, ки он мушкили пешомадаро бо ҳам ҳал намоем ва овозаи он аз остонаи дари хонаи мо берун нашавад. Яқин медонам, ки ту низ тарафдори ман ҳастӣ.
Ба ёд ор, эй шавҳари азизам, ки баъзе аз рўзҳо ту ғазаболуд вориди хона мешавӣ. Албатта медонам, ки вазнини зиндагиро бар душ дорӣ, вале чаро интиқоми нобарориҳоятро аз ман мегирӣ ва дар он ҳолат ба ман ҳар чи хоҳӣ мегўйи.  Шавҳари азизам як каме биандеш ба фикрам бояд як фарқияте бошад. Бояд бидонӣ, ки ҳаёти хонаводагии ману ту чизи дигар ва ҳаёти корхонагии ту тамоман чизи дигар аст. Бояд миёни ин ду ҳаёт фосилае барқарор созӣ.
Дигар ба ман сухани носазо магў, зеро ман аз ҷумлаи зердастони корхонаат нестам. Ҳол он ки бо зердастон низ касе чунин дашному таҳқирро раво намебинад. Ва низ огоҳ бош, ки тавре, ки ту берун аз манзил заҳмат мекашӣ ман низ дар хона машғулияти зиёд дорам. Намехоҳам корҳои анҷом додаамро ба ту хотиррасон кунам, зеро ҳамааш ба худат маълум аст. Худат медонӣ, ки ман дар хона осудаву ором наменишинам, балки мисли ту арақи ҷабин мерезам.
Шавҳари азизам як чизи дигарро ба ёдат меорам шабе мисли ҳарвақта ба ман ваъда додӣ, ки фалон соат ба хона меоӣ, вале дар вақти ваъдагӣ наомадӣ. Ман хеле интизорат шудам,  хўрок низ нахўрдам, то ҳамроҳ хўрок хўрем. Ба ростӣ хўрокро чанд бор гарм ҳам кардам. Ман пайваста ба соат нигариста дақиқаҳоро мешумурдам. Вақте ту вориди хона гаштӣ Худоро шукр намудам, ки ба дидорат мушарраф шудам. Вале ҳайҳот, ин ҳама омодагиҳо барабас рафт. Пас аз ворид шудан дар ҳол ба ҷойи хобат равон шудӣ ва ба пуштат нигоҳ накарда нимғурма гуфтӣ, ки маро субҳ барвақт бедор кун, ки кори заруре дорам.
Шавҳари азизам куҷост эҳтироми он бедорхобӣ ва интизориҳои ман. Аз хўроки омодакардаам луқмае ҳам нахўрдӣ. Эй шавҳари меҳрубонам аз ту муъомилаи накуро чашминтизорам. Ҳарчанд дилат ҳам нахоҳад ба хотири ман ин корро бикун. Агар натавонӣ боре худро маҷбур намо.
Шавҳари меҳрубонам солҳост, ки ҳаёти оилавии мо ҳамеша якранг аст. Саҳар ту ба кор мешитобӣ. Баъд аз кор ба ҷое меравӣ, ки ман аз он ҳанўз ҳам огоҳ нестам. Танҳо баъд аз як поси шаб туро мебинам. Он ҳам бошад то лаҳзаи хоб бурдани ману ту. Пас  куҷост он суҳбатҳои гарму самимонаи ману ту ва гирдиҳамоиҳо бо аҳли оила  дар аторфи як суфра. Ҳайҳот, вориди хона шуда таъом хўрда хоб мекунӣ ва пагоҳи  аз  хоб хеста ба кор меравӣ. Ба рости солҳост, ки ин гуна ҳаёти дилгиркунанда идома дорад. Хаста шудаам. Роҳи ҳалли ин мушкилро хоҳонам.
Эй шавҳари азизам, аз ту ба як саволам посух  металабам. Охирин бор кай ба ман ҳадяе овардӣ. Посухи ин саволро ба виҷдонат ҳавола мекунам.
Ёд дорӣ шавҳари меҳрубонам, боре гуфтамат, ки ба хонаамон хешовандони ман меҳмон мешаванд. Бо шунидани ин сухан дар ғазаб шудӣ. ин масъаларо аз ёд набарор, ки  эҳтироми хонаводаи ман эҳтироми ман аст. Ва таҳқиру беэҳтиромӣ нисбат ба онҳо таҳқиру беэҳтиромӣ нисбат ба ман аст. Аммо аз ман талаб менамоӣ, ки  аҳли хонаводаи туро бо лутфу меҳрубонӣ ва чеҳраи кушода пазироӣ намоям. Вале чаро ман ҳуқуқ надоштаам, ки аз ту ҳамин дархостро кунам.
Ба ёдат ҳаст шавҳари азизам, ки ту ҳангоми хастагӣ ё дер ба хона омаданат аз ман хоҳиш менамоӣ, ки вақти намози бомдод бедорат накунам. Ҳуқуқҳои маро ту поймол кардаӣ. Вале чаро ҳаққи Худоро ба ҷо намеорӣ. Огоҳ бош, ки ин масъала хеле хатарнок аст, зеро қасдан тарк намудани намоз куфр аст. Намоз масъулияти хеле бузург аст. Охир чизе, ки мусалмону кофирро аз ҳам фарқ  мекунонад ҳамин намоз аст. Пас аз Худо битарс, охир ту бояд барои фарзандонат намунаи ибрат бошӣ. Аз Худо битарс! Аз Худо битарс!.
Як чизи дигарро ба ёдат меорам ва худат ҳам медонӣ, ки барои ин масъала ман борҳо таъкидат кардаам, ки ин одатҳои хабисатро тарк намо. ин одатҳои нописанди ту аз қабили кашидани носу сигор ва истеъмоли нушокиҳои спиртӣ аст. Ба рости ин камбудиҳои ту ба ман ва фарзандонам нохуш вст.
Огоҳ бош, ки оянда дар назди онҳо ҳақиру камаҳамият мегардӣ. Аз ин суханонам тааҷҷуб манамо, зеро воқеият дорад. Боз ҳушдорат медиҳам, ки агар минбаъд ин корҳоят идома ёбанд ва бинӣ, ки яке аз фарзандонат роҳи носавоберо пеша кардааст дар он ҳол на тааҷҷуб кун ва на ғазаб, зеро ў пайрави падар шудааст.
Чуноне, ки гуфтаанд:
-  Шахсе, ки пайрави падар аст гумроҳ нашудааст.
Ёд дорӣ, эй азизам, боре фарзанди бузургамонро лату куб кардӣ он ҳам бошад барои як кори ночиз. Дар ҳоле ки он лату куби ту хеле дарднок буд. Куҷост услуби насиҳат ва адаб додани фарзанд. Ту бояд бо ў чунин рафтор наменамудӣ. инчунин боре фарзандони кўчакамон дар коре хато карданд. Ман онҳоро адаб дода аз бозӣ маҳрум кардам ва бозичаҳояшонро аз дасташон гирифтам. Ту бошӣ дар назди кўдакон маро сарзаниш кардӣ ва дубора бозичаҳоро ба дасташон додӣ. Огоҳ бош, ки чунин тарзи тарбия нодуруст аст ва чунин амали ту кўдаконро ба хатокорӣ водор месозад. Зеро онҳо мепиндоранд, ки пуштибоне доранд ва ҳар коре хоҳанд мекунанд ва маро, ки доим ҳамроҳи эшонам гуш намекунанд. инчунин ҳангоми ҳадя додан ба фарзандонат туро одил намебинам. Зеро гоҳе ба яке  ҳадя меорӣ ва гоҳе ба дигарӣ. Ва гоҳе ба яке ҳадя намедиҳӣ дар ҳоле ки ў лоиқи ҳадя аст ва баракс ҳадяро ба шахси нолоиқ медиҳӣ.
Эй шавҳари азизам, дар тарбияи фарзандонамон бикуш ва ҷаҳд намо, зеро онҳо самари зиндагии мо ҳастанд. Эй шавҳари азизам, ёд дорӣ, ки ҳама кори хона ва тарбияи фарзандон бар души ман аст. Ба он хотир ки ту шабҳо дер меойи ва доим бо дўстонат ҳастӣ. На азизам ҳама кори хонаро бар души ман гузоштанат хатост. Охир ман  соябоне мехоҳам, ки сарпарасти ман ва аҳли оилаам бошад. Хуллас марде бошад, ки лаҷоми умури хонаводаро бо дасти пурқувваташ гирад.
Эй шавҳари азизам монанди баъзе  мардон мабош, ки зимоми умури хонаро ба дасти занҳояшон додаанд. Ман зан ҳастам эҳтиёҷ ба мардонагии ту дорам. Оё намедонӣ, ки Худованди карим дар Қуръони карим гуфтааст:
Сухани Худо:
Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шўй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон (барои панд гирифтан ва ислоҳ шудан). Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш магиред. Ва Худо баландпояву бузург аст!
(Сураи Нисо, ояти 34)
Дар ҷой дигар чунин гуфтааст:
Сухани Худо:
Чун фарзанди хеш бизод, гуфт:  «Эй Парвардигори ман, ин ки зойидаам, духтар аст ва Худо ба он чӣ зоида буд, донотар аст ва писар  чун духтар нест. Ўро Марям ном ниҳодам. Ў ва фарзандонашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту меоварам».
(Сураи Оли имрон, ояти 36)
Огоҳ бош, ки шумо мардон зимоми умури хонаводаро бояд ба даст гиред, зеро мард асл буда зан ҷузъе аз ўст. инчунин зан аз қабурғаи чапи мард офарида шудааст ва инчунин зан ноқисулақл ва ноқисуддин аст. инчунин зан заъиф аст, зеро ў бо ҳолатҳои гуногун монанди бемории занона, ҳомилагӣ ва таваллуди фарзанд рў ба рў мешавад.
Шавҳари меҳрубонам ман марде мехоҳам, ки тамоми умури зиндагимонро роҳнамоӣ кунад. Бале мехоҳам онро ва мехоҳам, ки он мард ту бошӣ. Ёд дорӣ эй шавҳари азизам, ҳангоме, ки ман бемории занона мешавам ту бошӣ аз ман талаби қонеъ кардани ҳуқуқи худ ва саробонии фарзандонат ва меҳмондории меҳмононатро менамоӣ. Эй шавҳари азизам, ин ҳама талаботе, ки ту дорӣ ман бароварда наметавонам, зеро ман низ инсонам гоҳ хурсандам гоҳ хаставу бемор. Бидон, эй шавҳаракам ин навоқисе, ки ба мо Худованд лоиқ дидааст ба тамоми духтарони Ҳавво хос аст. Ту низ бояд инро дарк намоӣ.
Ёд дорӣ шавҳари азизам, ки рўзе дар дастат ҳафтанома буд ва ҳангоми варақгардонӣ расми занони зебоеро дар он дида ба таърифу тавсифи он расмҳо пардохтӣ. Албатта, аввалан ин нишонаи он аст, ки аз Худо наметарсӣ ва ба илме, ки Худо ба ту додааст амал намекунӣ, сониян рашки манро ба назар намеорӣ? Охир ман зан ҳастам ва ин корат нисбат ба ту нафратамро бедор месозад. Дигараш ин ки ба шаъни ту чунин амал намезебад.
Азизам ин занҳои  бешарму беҳаёи нимурён ва зебосанамҳое, ки дилат ба эшон моил аст савганд ба Худо ҳамаи онҳо шайтонҳои инсиянд. Огоҳ бош, ки онҳо фосидкунандагони ахлоқи ҷавононанд. Онҳо аз чунин мардони булҳавас дину иззат ва обруяшонро мерабоянд. Ман аз он метарсам, ки ин нигоҳҳои гурусначашмонаи ту ба ин гуна занҳои нимбараҳна туро аз рағбат ба зани ҳалолат  бенасиб мегардонад. Ва оқибат низоми хонаводагии моро аз байн хоҳад бурд, ва ҳаётамро ба ҷониби фисқу фуҷур савқ медиҳад, ки нигоҳат сабабгори он мешавад.
Огоҳ бош, ки нигоҳ доштани чашм аз номаҳрам яке аз самараҳои имон аст. инчунин дониста бош, ки маънои ҳақиқии зебоӣ дар мўйҳои жулида, лабҳои сурх ва  бадани урён нест. Балки ин кор як бемории муҳлик асту бас. Балки зебогии аслӣ дар рўҳи пок, рафтор ва ахлоқи накуст. Огоҳ бош, эй шавҳари меҳрубонам, ки қаноат хазинаи беинтиҳост. Чуноне, ки Худованди карим  фармудааст:
Сухани Худо:
Агар занону мардоне аз онҳоро (кофиронро) аз як зиндагии хуш баҳраманд сохтаем, ту ба онҳо манигар. ин барои он аст, ки имтиҳонашон кунем. Ризқи Парвардигорат беҳтару пойдортар аст!
(Сураи Тоҳо, ояти 131)
Дар хотима, эй шавҳари меҳрубонам аз ту сипосгузорам, зеро ин номаи бо сузу гудоз нигоштаи маро бо сабру таҳаммул хондӣ ва умедворам, ки дар ҳаёти минбаъдаи оилавиамон саҳифаи  ҷадиде боз хоҳем намуд ва он саҳифаҳои сиёҳро аз байн хоҳем бурд. Эй шавҳари  меҳрубонам ман суханони дар мактубат ба ман навиштаатро ҳаргиз фаромўш нахоҳам кард. Ту гуфта будӣ,  ки сарзаниш собуни дил аст.
Пас инак ману ту якдигарро ба хотири ислоҳи камбудиҳоямон сарзаниш намудем. инак вақти он расидааст,  ки якдигарро  бубахшем. Ман он камбудиҳоямро, ки дар номаат зикр кардаӣ   ислоҳ мекунам ва аз ту низ чунин умед дорам. Биё дилҳоямонро бо собуни сидқ бишўем, то аз ҳама навоқис пок гардем.
Эй шавҳари меҳрубонам аз Худо таманнои онро дорам, ки бо саъодат зиндагонӣ карданро насибамон гардонад ва  ту нохудои сафинаи ҳаёти мо бошӣ, эй маҳбубтарин ҳамнафаси ман.  Орзумандам, ки сафинаи ҳаёти мо дар баҳри ишқ доимо шиновар бошад. Бо салому эҳтироми фаровон дуъогў ва хайрхоҳи ту ҳамсари бовафоят. 

Ба қалами: Муҳаммадиқболи Садриддин.

НАСИҲАТИ МОДАР

Фарзанди азизам рӯзе маро пир хоҳи дид... Дар он лаҳза хоҳиши ман аз ту чунин аст:Дар муқобили рафтор ва гуфтори пиронаам сабур бош! Ҳангоме,ки дасти ман меларзад ва луқма аз даҳонам меафтад ва либосҳоямро олуда мекунад... Он лаҳзае,ки либосамро пӯшида наметавонам.... Он лахзае ,ки буйи бадам нороҳатат мекунад... Он лаҳзае,ки зебогии ман хушбуйии ман меравад... Бо ман босабр бош ва маро маломат макун! Ба ёд ор он замонеро ки хурдсол буди туро аз гаждиҳо тоза мекардам,хушбуйи мекардам,лабу даҳонат ки аз хурдани таом олуда шуда буд пок мекардам ва онҳоро мебусидам... Ман касе ҳастам,ки туро тарбия кардам.Ман касе ҳастам ки туро ҳаётро омухтам пас чигуна имруз ту маро мегуи фалон корро бикун ва фалонашро не? Аз фаромушхотирии ман аз оҳиста сухан гуфтани ман нороҳат машав,зеро ман худро хушбахт меҳисобам вақте ки бо ту сухан мегуям... Вақте,ки пойҳоям қуввати бардоштани манро надоранд ва мехоҳам бо ту ба ҷое биравам ва оҳиста оҳиста қадам мегузорам пас бо ман мехрубон бош ва нороҳат машав, ба ёд биёр он рузеро ки туро дар оғуши худ бардошта мебурдам то ин ки роҳгардиро омухти... Харгиз шарм мадор вақте,ки имруз аз дасти ман мегири . Фардо ту низ муҳтоҷ ба касе хоҳи шуд ки дасти туро бигирад. Фаромуш накун ки ман мисли ту аз ҳаёт умед надорам балки ман маргро интизорам пас бо ман бош! Вақте,ки кадом хатои гузаштаи маро ба ёд меори бо ман кинагирию душмани макун зеро ки ман танҳо манфиату фоидаи туро мехостам агарчи дар назари ту хато намоён мешуд. Ягона чизе ки аз ту мехоҳам хатоҳои маро бубахш,Худованд айбу хтоҳои туро бибахшад. Ҳануз ҳам табассуми ту хандаҳои ту маро хурсанд мекунад пас манро аз онҳо маҳрум макун! Фарзанди азизам: ҳангоми таваллуд шуди бо ту будам пас хангоми марг бо ман бош!!! Худовандо падару модари моро биёмурз ва онҳоро шомили раҳматат бигардон. Омин.

НАСИҲАТ БА ФАРЗАНДОН

* - Ба фарзандат магӯ, биё, намоз бихон ва илло ба дӯзах хоҳӣ рафт, балки бигӯ, эй ҷигаргӯшаам, биё, то намоз бихонем, то ҳама хонадон аз аҳли биҳишт гардем.
* - Ба фарзандат магӯ, эй танбал, бирав, ҳуҷраатро мураттаб кун, ки мисли харобазор шуда аст, балки бигӯяш, ки эй нури чашми падар, ту ки тозагиву тартибро дӯст дорӣ, оё мехоҳӣ, ки касе ёварият кунад, то ҳуҷраатро ба назму тартиб дарорӣ?
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй хирасар, чанд бор гуфтамат, ки дар хонаву кӯча тӯпбозӣ макун, балки бигӯ, ҷони падар, медонам, ки ту истеъдоди тӯпбозӣ дорӣ, аммо хонаву кӯча ҷои тӯпбозӣ нест, бо ёронат як рӯзе дар ҳафта ҷамъ шавед ва дар варзишгоҳи мактаб бозӣ кунед ва қисме аз маблағи иҷораи варзишгоҳро ман мепардозам.
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй бефаҳм, бархезу дарсҳоятро бихон, бозиро тарк кун, чун дарсхонӣ муҳимтар аст, балки бигӯ, эй шодии қалбам, чун аз хондани дарсҳоят фориғ шудӣ, агар хоҳӣ, ман низ муддате чанд дар бозиятон мушоракат мекунам.
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй бетамиз, чанд борат бигӯямат, ки дастонатро баъди тановули таъом бишӯй, ё бархезу дандонатро бишӯй, ё ки ҳар бор ҳатман ман як гапро бигӯям? Балки бигӯй, ки Паёмбарамон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро фармуда аст, ки "ан-назофату мина-л-имон" – "тозагӣ аз имон аст", ман низ шод мешавам, ки дар пайравӣ аз ин сухани Паёмбар дастонат, ё дандонҳоятро бишӯӣ ва маро шод гардонӣ.
 
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй аблаҳ, ту ба ҷуз девори хона ҷои дигаре наёфтӣ, ки бинависӣ? Балки бигӯ, писаракам, ҳадисе аз аҳодиси Паёмбарро {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}, ё ҳикматеро бо хатти худ зебо бинавис, то онро дар девор биовезаму ҳама аҳли байт ва меҳмонон аз маънии он баҳра баранд ва аз хушнависии ту лаззат. 
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй беҳудакор, ин чи расми бемаъниву пурхатти каҷҷу килеб аст, ки кашидаӣ, балки бигӯ, ки эй писаракам, оё метавонӣ, ки бароям шарҳ бидиҳӣ, ки чи чизеро расм кашидаӣ? Ин хонаи кист ва ин дарахт чи ном дорад ва ин мошини кист ва ғайра...
* - Ба фарзандат магӯ, ки ба паҳлуи чап махоб, балки бигӯ, Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} моро омӯзонида аст, ки бар паҳлуи рост бихобем ва дуъоҳои зебоеро пеш аз хоб бигӯем. Оё мехоҳӣ, мисли Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бихобӣ ва мисли ӯ зикрҳои хобро бигӯӣ ва хобҳои ширинтаринро бибинӣ? Эй писаракам, мехоҳӣ, ки яке аз устодони карате ҷондори хосат бошад? Оё мехоҳӣ, ки касе аз башар не, балки фариштае ҳимоятгарат бошад? Мегӯяд, ки бале. Бигӯ, ояти курсиро бихон, то Худои таъоло бароят фариштаеро ҳамчун ҷондор (телохранител) бифиристад, ки то субҳдам посбоният кунад.
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй занбурсифат, ширинии зиёд махур, ки дандонҳоят мисли пирони садсола сиёҳ мешаванд, балки бигӯ, бароят дастур дода будам, ки рӯзе се бор ширинӣ бихӯрӣ, зеро яқин дорам, ки дандонҳоятро мешӯӣ.
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй нодон, чаро ба чунин суоле осон посух додан наметавонӣ? Балки бигӯ, ки шояд, ин суол ба ёрмандӣ ниёз дорад, аммо суоли дигарат медиҳам, ки онро худат ба танҳоӣ ҳал кунӣ, зеро суол осон асту ту писари зирак.
 
Ба фарзандат магӯ, ки вақтатро бо бозии хонасозӣ зоеъ макун, балки бигӯ, эй писаракам, ҳунари меъморӣ дорӣ, бо ҳамин бозичаат бароям хонае бисоз, то хонаамро бибинаму ҳунари меъмориятро бори дигар баҳо диҳам.
Ба фарзандат, магӯ, ки эй шикампараст, бисёр махӯр, ки вазнат зиёд шуда асту ҷисмат ситабр, балки бигӯ, эй писарам, биё баъди як соати таъом хурдан бо ҳам тӯпбозӣ мекунем, ё ним соат дар ҳавои тоза варзиш кунем.
Ба фарзандат, магӯ, ки чаро дар вақт намозро намехонӣ, балки чун вақти намоз фаро расид, худ бархез ва бигӯ, ки эй писаракам, иқомати намозро бидеҳ, то якҷо намозро бихонем.
Ба фарзандат, магӯ, ки эй пургӯй, бисёр гап мазан, бо пургӯиҳоят гӯшамро ба дард овардӣ, балки бигӯяш, ки писаракам, суханвари чарбзабон мешавӣ ва барояш мавзӯъеро муайян кун, то дар ҳузури аҳли хонавода баъд аз таъом хурдан ба муддати 3 дақиқа суханронӣ кунад, то рӯҳияи суханвариро дар ӯ парвариш диҳӣ.
Ба фарзандат, магӯ, ки эй фарзандам, чун бузург шудӣ, садақа бидеҳ, балки бигӯ, эй ҷони падар, бархез, биравем ва кори хайре бикунем, ба ятиме садақае бидиҳем, мустамандеро дастгирӣ кунем, ҳоҷати бенавоеро бароварда созем. Онгоҳ, чун ба пеши ятим, мустаманд, ё бенавое расидӣ, молро дар каффи фарзандат бинеҳ, то садақаро ба ятиму мустаманд таслим кунад, то ин кораш барояш дарсе ибратомӯзи фаромушнашаванда гардад.
 
Ба фарзандат, магӯ, ки эй фарзандам, чаро зиёд мехобӣ, балки бигӯ, эй азизам, барвақттар бихоб ва занги соат, ё телефонро барои бомдод бигзору моро барои намози бомдод бедор кун, то аз савоби намози ҳама аҳли хонадон бархурдор шавӣ. Фарзандонат ва аҳли хонаводаро ба навбат бар ин кор бигумор, то ҳар рӯзе яке масъули бедор кардани аҳли хонадон бошад, то рӯҳи масъулиятшиносӣ дар онон пайдо шавад. Ва барояшон ҷоизаи хубе ҳам таъйин фармо! 
Ба фарзандат, магӯ, ки эй фарзандам, чаро дурӯғ мегӯӣ, балки қабл аз ҳама, ҳар сухане ки мегӯӣ, сухани рост бигӯ, ҳатто дар шӯхиҳоят ва ба ҳар ваъдае ки медиҳӣ, вафо кун ва низ чун фарзандат гуноҳе мекунад, бар ӯ сахт магир, чунки уқубати сахт кардан ва маломатҳои паёпай мӯҷиби дурӯғгӯии фарзанд мешаванд. Агар гуноҳе аз фарзандат сар занад, барояш шарт бигзор, ки агар рост, бигӯяд, аз маломату иқоб афв хоҳад шуд.
Дар тарбияи фарзанд талқини хушбинона ва суханони дилгармкунандаро кор банд ва дар дили ӯ ва зеҳни ӯ рӯҳи бовариро биангез ва аз суханони сахт ва рӯҳшикан бипарҳез ва ӯро бо таҳдид карданҳои паёпай ва суханони қабеҳу дурушт тарсу магардон!
Чун фарзандатро аз чизе манъ мекунӣ, ба ҷои он бадиле сазовор тақдим дор, агар аз кори баде манъаш мекунӣ, бадии онро барояш шарҳ бидеҳ ва кори некеро ба ҷои он пешниҳодаш кун!
Беҳтарин тарбияи фарзанд тарбияи амалист, ки худ он корро анҷом бидиҳӣ, онгоҳ фарзандат бе гуфтану амр кардан аз рӯи тақлид анҷомаш медиҳад, зеро падару модар дар бисёре аз хонадон масали аъло ҳастанд ва намунаи пайравӣ. Чи бадбахт аст падаре, ки барои фарзандаш намунаи пайравии нек набошад.(ф,н)