Вақте, ки яке аз наздиконамон ҷони худро ба Худованд таслим намояд, чашмҳои ўро бо дастони худ бипўшем ва барои ў дуо намоем ва рўи ўро бо матое пӯшида (Инна лиллаҳи ва инна илайҳи роҷиъун) бигўем. Яъне: (Ҳароина мо аз они Худоем ва ҳароина ба сўи Ў боз хоҳем гашт".
Худованди мутаъол мефармояд:
"Ва сабркунандагонро башорат бидеҳ. Ононе, ки чун ба онҳо сахтӣ бирасад, гўянд: Ҳароина мо аз они Худоем ва ҳароина ба сўи Ў боз хоҳем гашт. Барои ин гурўҳ аз ҷониби Парвардигорашон, дурудҳо ва онон роҳёфтагонанд". (Сураи Бақара 155, 157).
Пас аз он нороҳат нашавем ва ғазаб накунем, балки бар сабру дуо бошем ва бояд бидонем, ки касе, ки ҷони ин мурдаро гирифт, рўзе ҷони дигаронро низ хоҳад, гирифт. Вале барои ҳар як шахс мўҳлатест, ки аз он мўҳлат пешу қафо нахоҳад шуд. Пас батезӣ ўро шуста кафан кунем ва намоз гузошта ўро бар қабр гузорем.
Аз Хонӣ, хизматгори Усмон (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки мефармоянд: "Вақте, ки Усмон (разияллоҳу анҳу) ба назди қабр оянд, мегиристанд, ҳатто ришҳояшон тар мешуд. Пас ба эшон гуфтанд. Дар назди шумо, ҷаннату дўзах зикр карда мешавад ва барои он намегирйед ва чаро барои қабр мегирйед. Дар ҷавоб гуфтанд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)ро шунидам, ки мегуфтанд:
"Қабр аввалин манзили охират аст, пас касе, ки аз он наҷот ёбад, мо баъди он осонтар аст. Ва агар аз он наҷот наёбад, мо баъди он сахттар аст).
Ва низ гуфтанд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳеч ҷоеро надидам, ки аз қабр даҳшатноктар бошад". Санади ин ҳадис саҳеҳ аст. Имом Аҳмад онро ривоят карданд.
Аз Бароъ ибни Озиб (разияллоҳу анҳу) ривоят шуда аст, ки мегўянд:
"Рўзе бо паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар як ҷанозаи марди ансорӣ ҳозир шудем. Вақте, ки ўро ба қабр расонидем, ва ў дар ҳолати лаҳад кардан буд, дар ин ҳолат паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рў ба рўи қибла нишастанд ва мо дар атрофи он ҳазрат нишастем. Он қадар ором будем, гуё ки дар болои сари мо парранда аст. Ва дар дасти он ҳазрат шохае буд, ки бо он заминро меканданд. Ва дар ин ҳолат гоҳе ба осмону гоҳе ба замин назар мекарданд. Ва чашмони худро ба болою поён мебурданд, се маротиба. Дар ин ҳолат гуфтанд: (Ба Худованд аз азоби қабр паноҳ биҷoед. Ва инро ду ё се маротиба такрор карданд. Баъд аз ин гуфтанд : Эй бор Худоё ба ту аз азоби қабр паноҳ меҷўям. Инро ҳам се маротиба такрор карданд....
(Давоми ҳадис) Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: Агар бандаи мўъмин, дар ҳолати ҷон супорӣ бошад, ба назди ў малоикаҳое аз осмон мефароянд, ки рўйҳояшон бисёр сафед, монанди офтоб ва бо ҳамроҳии худ кафане аз кафанҳои ҷаннат ва хушбўие аз хушбўиҳои ҷаннат меоранд. Онҳо аз ин банда ба масофаи диди чашм менишинанд. Дар ин ҳолат малакулмавт (алайҳис салом) ба назди сари ў омада, менишинад. Пас мегўяд: Эй нафси поку ором ба сўи мағфирату ризои Худо баро. Ҷони ин банда, мисли қатраи обе, ки аз зарфе мерезад, аз баданаш баромада мерезад. Пас малакулмавт онро қабз мекунад.
Дар ривояти дигар омадааст, ки: Вақте, ки руҳаш аз баданаш ҷудо шавад, тамоми малоикаҳое, ки дар байни замину осмон қарор доранд ва малоикаҳое, ки дар осмонанд, барои ў дуруд мефиристанд. Ва барои ў дарвозаҳои осмон кушода мешавад. Ва ҳар малоикае, ки дарвозабонанд, аз Худо талаб мекунанд, ки руҳи ин банда аз дарвозаи эшон боло карда шавад.
Вақте, ки малакулмавт ҷони ўро қабз бикунад, дар дасташ ба андозаи як задани чашм ҳам, боқӣ намемонад. Балки он малоикаҳое, ки аз осмон омада буданд, ба зуди руҳи ин бандаро дар ҳамон кафану хушбўие, ки оварда буданд, мегузоранд. Ва он тасдиқи қавли Худованд аст, ки мефармояд :
{تَوَفَّتْهُ رُسُلُنَا وَهُمْ لاَ يُفَرِّطُونَ}. (الأنعام: 61)
"Фиристодагони мо беҳеч кўтоҳиву гузаште ҷони ўро бигиранд". (Сураи Анъом :61)
Руҳ аз он, ба монанди беҳтарин бўи мушке, ки дар рўи замин аст, мебарояд.
Малоикаҳо руҳи ин бандаро бо ҳамроҳии худ ба осмон мебаранд. Ҳар вақто, ки ин малоикаҳо, аз назди малоикаҳое, ки дар осмонанд, гузаранд, онҳо мепурсанд: Ин руҳи пок аз они кист? Дар ҷавоб мегўянд: Ин руҳи фалони писари фалонист. Ва номи ўро бо беҳтарин номе, ки дар дунё зикр мешуд, зикр мекунанд.
(Давоми ҳадис). Вақте, ки ба осмони дунё бирасанд, аз дарвозабони осмони дунё талаб менамоянд, то дарвозаро барои онҳо кушояд. Пас барои онҳо дарвозаро мекушояд. Тамоми малоикаҳое, ки дар ин осмон вуҷуд доранд, бо ҳамроҳи руҳи ин банда, ба осмоне, ки баъд аз ин осмон аст, (яъне осмони дуввум) мебароянд. Ҳамингуна ин руҳ, бо ҳурмату эҳтиром, ба осмони ҳафтум мерасад. Пас Худованди бузург мегўяд: Номаи бандаамро дар иллиййин бинависед.
"Ва туро чӣ чиз дононд, ки иллиййин чист? Китобест навишта шуда, ки муқаррабини боргоҳи илоҳӣ назди он ҳозир шаванд". (Сураи Мутаффифин: 19-21).
Номаи ин банда, дар иллиййин, навишта мешавад. Пас барои фариштагон гуфта мешавад: Руҳи ин бандаро боз ба замин баргардонед, зеро ки ман ваъда додаам, ки онҳоро аз хок офаридаам ва боз ба хок бар мегардонам ва боз аз хок зинда мегардонам.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Пас руҳи ўро ба замин мефароранд. Руҳ бар ҷасади худ дохил мешавад.
Ҳангоме, ки хешовандонаш ўро ба қабр гузошта мераванд, садои кафшҳои онҳоро мешунавад. Дар ин ҳолат ба назди ў ду малоикаи бадҳайбат омада ўро ноором месозанд ва ўро шинонида ба ў мегўянд: Худои ту кист? Дар ҷавоб мегўяд: Худои ман Аллоҳ таъоло аст. Пас ба ў мегўянд: Дини ту чист? Дар ҷавоб мегўяд: Дини ман Ислом аст. Боз ба ў мегўянд: Он марде, ки ба сўи шумо фиристода шуда буд, кист? Дар ҷавоб мегўяд: Ў паёмбари Худо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Боз ба ў мегўянд: Дар дунё кадом амалҳоро анҷом додӣ? Дар ҷавоб мегўяд: Китоби Худоро тиловат намудам ва ба он имон овардам ва онро тасдиқ намудам. Пас дубора ўро ноором карда, мегўянд: Худои ту кист? Дини ту чист? Паёмбари ту кист? Ин охирин фитнаест, ки бандаи мўъмин ба он рў ба рў мешавад.