вторник, 4 ноября 2014 г.

Нархи чашм, гуш, даст ва пой



Яке дар пеши бузурге аз фақри худ шикоят мекарду сахт менолид. Гуфт: мехоҳӣ, ки даҳ ҳазор дирҳам дошта бошию чашм надошта бошӣ? Гуфт: албатта, ки не, ду чашми худро бо ҳамаи дунё иваз намекунам
Гуфт: ақлатро бо даҳ ҳазор дирҳам иваз мекунӣ?
Гуфт: на.
Гуфт: дасту пои худро чи?
Гуфт: ҳаргиз.
Гуфт: пас ҳамакнун Худованд, садҳо ҳазор дирҳам дар домони ту гузошта аст. Боз шикоят дорӣ ва гила мекунӣ? Балки ту ҳозир нахоҳӣ буд, ки ҳоли хешро бо ҳоли бисёре аз мардумон иваз кунӣ ва худро хуштару хушбахттар аз бисёре аз мардумони атрофи худ мебинӣ. Пас ончӣ туро додаанд, басе бештар аз он аст, ки дигаронро додаанд ва ту ҳануз шукри ин ҳамаро ба ҷой наёварда, хоҳони неъмати бештаре ҳастӣ.

Баргирифта аз: Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, Кимёи саодат, ҷ2, саҳ 380

Комментариев нет:

Отправить комментарий