среда, 10 декабря 2014 г.

Неки кардан ба Падару Модар

Ба падару модар некӣ кардан васияти Расулуллоҳ (с) аст.
Ба далели ҳадиси Абудардо (р) ки гуфт: Расулул­лоҳ (с) маро ба нуҳ чиз васият кард: “Ба Худованд чизе­ро шарик маёвар, агарчи пора-пора карда шуди ва сӯзонда шуди ва намози мактубаро (панҷвақта, ки фарз мебо­шад) албатта қасдан тарк нанамои, касе онро қасдан тарк намуд аз ӯ зимма бардошта мешавад (зимма: барои ҳар як нафаре аҳде аз Худованд аст ба ҳифозат кардан ва нигаҳбонӣ, пас вақте худашро ба ҳалокатгоҳ партофт ё чизеро ки бар вай ҳаром буда анҷом дод ё он чизеро ки фармон дода шуда буд мухолафат намуд, зиммаи Худованд барояш азбайн меравад) ва албатта майро манӯш, ки он калиди ҳама бадиҳост. Ва падару модаратро итоат кун, агарчи туро фармон диҳанд, ки аз дунёят берун шав, пас барои онҳо бибаро. Ва соҳибони амрро (сардор ва раҳбаронро) мунозаъа макун, агарчи худатро танҳо диди (яъне дар ҳақ). Ва аз ҳамла магу­рез, агарчи ҳалок шуди ва рафиқонат гурехтанд. Ва аз сарватат бар аҳли хонаводаат харҷ намо ва асоятро аз аҳли хонаводаат мабардор (яъне задани ба ҳақ, ҳамчуноне ки дар ояти 34 сураи Нисо омадааст. Ва маънои дигараш ин ки манъ намудани аҳл аз фасод аст ва адаб додани онҳост. Ин мафҳумро ҳадиси ибни Аббос (р) таъйид мекунад, ки Паёмбар (с) ба овезон кардани тозиёна дар хона (ҷиҳати тарбия на ҷазо) фармоиш додааст) ва онҳоро дар бораи Худованди азза ва ҷалла битарсон

Некӣ ба падару модар кардан дар вақти ҳаёт будан ва баъди маргашон низ мешавад. Пас агар касеро эҳсон намудан ба падару модараш дар ҳаёташон фурсат нашуда бошад, Аллоҳ таъоло барои ӯ инро баъди маргашон муяссар гардонидааст, баробар аст, ки бо садақа додан аз ҷои онҳо бошад ё ба истиғфор кардан ё бо дуо намудан дар ҳақи онҳо, қарзи онҳоро додан, иҷро кардани аҳди онҳо баъд аз маргашон ва силаи раҳм (пай­вандии хешутабор)-е, ки танҳо аз тариқи онҳо пайвандӣ карда мешавад, пайвандӣ ба дӯстонаш ва ғайри инҳо аз навъҳои некӣ ва эҳсон намудан ба онҳо мебошад.
Худованд салоту салом бар Расули ҳабибаш, ва маҳбуби мо муъминон Муҳаммад (с) бифиристад ва бар олу асҳобаш ва бар тамоми касоне, ки аз онҳо ба некӣ то рӯзи қиёмат пайравӣ намуданд, ва бар падару модарам низ. Парвардигоро онҳоро раҳмат намо ҳамчуноне, ки маро дар хурдсолӣ тарбия намуданд ва ҳар кӯтоҳӣ ва хатое дошта бошанд, бо лутфу карамат, бори Илоҳо, мағфи­раташон намо. Ва ҳар ҳасаноте, ки дошта бошанд, бар онҳо ба андозаи илму карамат ба сазовории ҷоҳу ҷалолат, афзун бигардон. Бори Илоҳо! Аз падару модарам розӣ бош ва онҳоро аз Худат розӣ бигардон. Бори Илоҳо! Пада­ру модарамро аз ман розӣ бисоз. Бори Илоҳо! Фир­давси Аълоро насибашон гардон ва мақомашон бисоз. Онҳоро бо ҳамроҳии паёмбарон, сиддиқон, шаҳидон ва солеҳон ҷой бидеҳ, ки беҳтарин рафиқон ҳастанд. Омин.

Комментариев нет:

Отправить комментарий