суббота, 13 декабря 2014 г.

Барои Марг омода бош

Вақте, ки яке аз наздиконамон ҷони худро ба Худованд таслим намояд, чашмҳои ўро бо дастони худ бипўшем ва барои ў дуо намоем ва рўи ўро бо матое пӯшида (Инна лиллаҳи ва инна илайҳи роҷиъун) бигўем. Яъне: (Ҳароина мо аз они Худоем ва ҳароина ба сўи Ў боз хоҳем гашт". 
   Худованди мутаъол мефармояд:
   "Ва сабркунандагонро башорат бидеҳ. Ононе, ки чун ба онҳо сахтӣ бирасад, гўянд: Ҳароина мо аз они Худоем ва ҳароина ба сўи Ў боз хоҳем гашт. Барои ин гурўҳ аз ҷониби Парвардигорашон, дурудҳо ва онон роҳёфтагонанд".  (Сураи Бақара 155,  157).
Пас аз он нороҳат нашавем ва ғазаб накунем, балки бар сабру дуо бошем ва бояд бидонем, ки касе, ки ҷони ин мурдаро гирифт, рўзе ҷони дигаронро низ хоҳад, гирифт. Вале барои ҳар як шахс мўҳлатест, ки аз он мўҳлат пешу қафо нахоҳад шуд. Пас батезӣ ўро шуста кафан кунем ва намоз гузошта ўро бар қабр гузорем.

   Аз  Хонӣ,  хизматгори  Усмон  (разияллоҳу анҳу)  ривоят  шудааст,  ки  мефармоянд:   "Вақте, ки Усмон  (разияллоҳу анҳу)  ба  назди  қабр  оянд,  мегиристанд,  ҳатто ришҳояшон  тар  мешуд.  Пас  ба эшон гуфтанд.  Дар  назди  шумо,  ҷаннату  дўзах  зикр  карда  мешавад  ва  барои  он намегирйед  ва  чаро   барои  қабр мегирйед.  Дар  ҷавоб  гуфтанд: Паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)ро  шунидам,  ки  мегуфтанд:
   "Қабр  аввалин  манзили  охират аст,  пас  касе,  ки  аз  он  наҷот  ёбад,  мо баъди  он  осонтар аст.  Ва  агар  аз  он  наҷот  наёбад, мо  баъди  он  сахттар аст). 
   Ва  низ  гуфтанд:   Паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)  фармуданд:
   "Ҳеч  ҷоеро надидам, ки аз қабр даҳшатноктар  бошад".  Санади ин ҳадис саҳеҳ аст. Имом Аҳмад онро  ривоят карданд. 
  Аз  Бароъ ибни  Озиб  (разияллоҳу анҳу)  ривоят  шуда аст, ки  мегўянд:
   "Рўзе бо  паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)  дар  як  ҷанозаи  марди  ансорӣ  ҳозир  шудем.  Вақте, ки  ўро  ба қабр  расонидем,  ва  ў дар  ҳолати  лаҳад  кардан  буд, дар  ин  ҳолат  паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)  рў ба рўи  қибла  нишастанд ва  мо  дар  атрофи  он ҳазрат  нишастем.  Он қадар  ором  будем,  гуё ки  дар  болои  сари  мо  парранда  аст.  Ва  дар  дасти  он ҳазрат  шохае  буд,  ки  бо он  заминро  меканданд.  Ва  дар  ин  ҳолат  гоҳе  ба  осмону  гоҳе  ба  замин  назар  мекарданд.  Ва  чашмони  худро  ба  болою поён  мебурданд,  се  маротиба.  Дар ин  ҳолат  гуфтанд:  (Ба  Худованд аз азоби  қабр  паноҳ биҷoед.  Ва  инро  ду ё се  маротиба  такрор  карданд.  Баъд  аз  ин  гуфтанд :  Эй  бор  Худоё  ба  ту аз  азоби  қабр паноҳ  меҷўям.  Инро  ҳам  се  маротиба  такрор  карданд....
(Давоми ҳадис) Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:  Агар  бандаи  мўъмин,  дар  ҳолати  ҷон  супорӣ бошад, ба  назди  ў малоикаҳое  аз  осмон  мефароянд,  ки  рўйҳояшон  бисёр  сафед,  монанди  офтоб  ва  бо  ҳамроҳии  худ  кафане аз кафанҳои  ҷаннат   ва  хушбўие  аз  хушбўиҳои  ҷаннат меоранд. Онҳо  аз ин  банда  ба  масофаи  диди  чашм  менишинанд.  Дар  ин  ҳолат  малакулмавт  (алайҳис салом)  ба  назди  сари  ў  омада,   менишинад.  Пас  мегўяд:  Эй  нафси  поку  ором  ба сўи  мағфирату  ризои  Худо баро. Ҷони  ин  банда,  мисли  қатраи  обе,  ки  аз  зарфе мерезад, аз баданаш баромада мерезад.  Пас  малакулмавт  онро  қабз  мекунад. 
   Дар  ривояти  дигар  омадааст, ки:  Вақте,  ки  руҳаш  аз  баданаш  ҷудо  шавад,  тамоми  малоикаҳое,  ки дар  байни  замину  осмон  қарор  доранд  ва  малоикаҳое,  ки  дар  осмонанд,  барои  ў  дуруд  мефиристанд.  Ва  барои ў дарвозаҳои  осмон  кушода   мешавад.  Ва  ҳар  малоикае,  ки  дарвозабонанд,  аз  Худо талаб мекунанд, ки руҳи  ин  банда  аз  дарвозаи  эшон  боло  карда  шавад.
 Вақте,  ки  малакулмавт  ҷони  ўро  қабз  бикунад,   дар  дасташ  ба  андозаи  як  задани  чашм ҳам,  боқӣ  намемонад.  Балки  он малоикаҳое, ки  аз  осмон  омада  буданд,  ба  зуди  руҳи ин бандаро  дар  ҳамон  кафану хушбўие,  ки  оварда  буданд, мегузоранд.  Ва  он  тасдиқи  қавли  Худованд  аст, ки  мефармояд :
{تَوَفَّتْهُ رُسُلُنَا وَهُمْ لاَ يُفَرِّطُونَ}.   (الأنعام: 61) 
   "Фиристодагони мо беҳеч кўтоҳиву гузаште ҷони ўро бигиранд".      (Сураи  Анъом :61)   
 Руҳ  аз  он, ба  монанди  беҳтарин  бўи  мушке,  ки  дар  рўи  замин  аст, мебарояд.
Малоикаҳо  руҳи  ин  бандаро  бо  ҳамроҳии  худ  ба  осмон  мебаранд.  Ҳар вақто,  ки  ин  малоикаҳо,  аз  назди  малоикаҳое,  ки  дар  осмонанд,  гузаранд,  онҳо  мепурсанд:  Ин  руҳи  пок  аз они  кист?  Дар  ҷавоб  мегўянд:  Ин  руҳи  фалони  писари  фалонист.  Ва  номи  ўро  бо  беҳтарин  номе,  ки дар дунё  зикр  мешуд, зикр  мекунанд. 

(Давоми ҳадис). Вақте,  ки  ба  осмони  дунё  бирасанд,  аз  дарвозабони  осмони  дунё  талаб  менамоянд, то  дарвозаро  барои  онҳо  кушояд.  Пас  барои  онҳо  дарвозаро  мекушояд.  Тамоми  малоикаҳое,  ки  дар  ин  осмон  вуҷуд  доранд,  бо  ҳамроҳи  руҳи  ин  банда,  ба  осмоне,  ки  баъд аз ин  осмон  аст,  (яъне  осмони  дуввум)  мебароянд.  Ҳамингуна ин руҳ, бо ҳурмату эҳтиром, ба  осмони  ҳафтум  мерасад.  Пас  Худованди  бузург  мегўяд: Номаи  бандаамро  дар   иллиййин бинависед.
   "Ва туро  чӣ  чиз  дононд,  ки иллиййин  чист? Китобест  навишта  шуда,  ки   муқаррабини  боргоҳи  илоҳӣ назди  он  ҳозир  шаванд". (Сураи  Мутаффифин: 19-21).
   Номаи  ин  банда,  дар   иллиййин, навишта  мешавад.  Пас барои фариштагон гуфта  мешавад:  Руҳи  ин  бандаро боз ба  замин  баргардонед,  зеро   ки  ман  ваъда  додаам, ки   онҳоро  аз  хок  офаридаам  ва  боз  ба   хок бар мегардонам ва боз аз хок зинда мегардонам. 

Паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)  гуфтанд:  Пас  руҳи  ўро  ба  замин  мефароранд.  Руҳ  бар ҷасади  худ  дохил  мешавад.
  Ҳангоме,  ки хешовандонаш  ўро  ба  қабр  гузошта  мераванд, садои  кафшҳои  онҳоро  мешунавад.  Дар ин  ҳолат  ба  назди  ў ду  малоикаи  бадҳайбат омада ўро ноором месозанд ва  ўро  шинонида  ба  ў мегўянд:  Худои  ту  кист?    Дар  ҷавоб  мегўяд:  Худои  ман  Аллоҳ таъоло  аст.  Пас  ба  ў мегўянд:  Дини  ту  чист?  Дар  ҷавоб  мегўяд:  Дини  ман  Ислом  аст.  Боз  ба  ў  мегўянд:  Он  марде,  ки  ба сўи  шумо  фиристода  шуда буд, кист?   Дар  ҷавоб  мегўяд:  Ў паёмбари Худо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Боз ба ў мегўянд: Дар дунё кадом амалҳоро анҷом додӣ? Дар ҷавоб мегўяд: Китоби Худоро тиловат намудам ва ба он имон  овардам ва онро тасдиқ намудам. Пас дубора ўро ноором карда, мегўянд: Худои ту кист? Дини ту чист? Паёмбари ту кист? Ин охирин фитнаест, ки бандаи мўъмин ба он рў ба рў мешавад. 

3 комментария:

  1. Пас чуноне, ки Худованд мефармояд:
       {يُثَبِّتُ اللّهُ الَّذِينَ آمَنُواْ بِالْقَوْلِ الثَّابِتِ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَفِي الآخِرَةِ}.
       "Худованд мусалмононро ба сухани дуруст (яъне ба калимаи шаҳодат, ла илаҳа иллаллоҳ ва муҳаммадур расулуллоҳ) дар зиндагии дунё  ва дар охират (яъне дар қабр) устувор месозад".         (Сураи Иброхим: 27).
    Пас дар ҷавоб мегўяд: Худои ман Аллоҳ  ва паёмбари ман Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дини ман ислом аст. Дар ин вақт нидокунандае аз осмон нидо карда мегўяд: Бандаи ман рост гуфт. Дар зери ў фарше аз ҷаннат ҳамвор кунед ва либосе аз ҷаннат бар тани ў  кунед. Барои ў дарвозае аз ҷаннат боз кунед.
    Боди нарму форам ва хушбўиҳои ҷаннат ба сўи ў омада меистад. Қабри ў ба андозаи масофаи диди чашм васеъ карда мешавад. Марде ба назди ў меояд, ки дар тан либоси зебо дорад ва у хеле зебою хушбўй аст. Ба ў мегўяд: Ман туро ба ончие, ки туро хурсанд месозад, башорат медиҳам. Туро ба ризогии Худованд ва ба...(Давом дорад)

    Ба ҷаннатҳое, ки неъматҳои он доимист, башорат медиҳам. Ин он рўзест, ки дар дунё бароят ваъда дода мешуд. Ба ин башоратдиҳанда мегўяд: Худо туро ҳам, ба хайр башорат диҳад, ту кистӣ? Рўи ту рўест, ки аз он хайр меояд. Дар ҷавоб мегўяд: Ман амали солеҳи туам, ки қасам ба Худованд, ки ту дар анҷом додани кори хайр тез будӣ ва дар анҷом додани кори бад суст будӣ, бинобар ин Худованд бароят ҷазои нек дод.
       Барои ў дарвозае аз ҷаннат ва дарвозае аз дўзах боз карда мешавад. Ва барои ў гуфта мешавад: Агар Худоро нофармонӣ мекардӣ ва гуфтаҳои ўро иҷро намекардӣ, ҷои ту ин дўзах буд. Лекин ту Худоро нофармонӣ накардӣ ва гуфтаҳои ўро иҷро кардӣ, Худованд барои ту дўзахро ба ҷаннат иваз кард.
       Ҳар вақто, ки ин банда неъматҳои ҷаннатро бубинад, мегўяд: Парвардигоро, қиёматро тезтар барпо намо, то ба сўи аҳлу моле, ки дар ҷаннат дорам, бар гардам. Ба ў гуфта мешавад: Ором гир.


    ОтветитьУдалить
  2. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Агар шахси  кофир (ва дар ривояти дигар фосиқ) дар ҳолати ҷонсупорӣ бошад, малоикаҳое аз осмон, ба назди ў мефароянд, ки дуруштрўю сахтгир, ки руйҳояшон бениҳоят сиёҳ аст ва бо ҳамроҳи онҳо либоси сахтест аз оташ. Ва онҳо аз ин банда ба масофаи диди чашм менишинанд. Дар ин ҳолат малакулмавт (алайҳис салом) ба назди сари ў омада, менишинад ва мегўяд: Эй нафси нопок, ба сўи ғазаби Худо баро.
       Пас руҳи ў дар тамоми ҷасадаш паҳн мешавад. Пас  руҳро аз ҷасад мекашад, мисли оҳани бисёр шохае, ки аз пашми тар кашида мешавад. Дар ин ҳолат рагу паи ўро мебурад. Вақте, ки руҳаш аз баданаш ҷудо шавад, тамоми малоикаҳое, ки дар байни замину осмон қарор доранд ва малоикаҳое, ки дар осмонанд, бар ў лаънат мефиристанд ва барои ў дарвозаҳои осмон баста мешавад. Ва малоикаҳое, ки дарвозабонанд аз Худо талаб мекунанд, ки руҳи ин банда аз дарвозаи эшон боло карда нашавад. Вақте, ки малакулмавт ҷони ўро қабз мекунад, дар дасташ ба андозаи задани чашм ҳам боқӣ намемонад. Ва он  малоикаҳое, ки  аз осмон омада буданд, ба зуди руҳи ин бандаро ба либоси сахти овардаашон мегузоранд. Руҳи ў аз баданаш ба монанди бадбўйтарин бўи ҷасади мурдае, ки бар рўи замин аст, мебарояд. Сипас руҳи ўро гирифта, ба осмон мебароянд.  Ҳар вақто, ки  ин  молоикаҳо  аз  назди  малоикаҳое,  ки  дар  осмонанд,  гузаранд,  мепурсанд: Ин  руҳи  хабис (нопок) аз они   кист?  Дар  ҷавоб  мегўянд:  Ин  руҳи  фалони  писари  фалонист.  Ва  номи  ўро  бо  бадтарин номе,  ки  зикр  мешуд,   зикр  мекунанд. Вақте,  ки  ба  осмони  дунё  бирасанд,  аз  дарвозабони  осмони  дунё  талаб   менамоянд,  то  дарвозаро  барои  ў  бикшояд.  Пас  барои  ў  дарвозаро намекушоянд.  Пас  паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)  ин  оятро  қироъат  намуданд: "Дарвозаҳои  осмон бар онҳо кушода намешавад ва ба биҳишт намедароянд, то  вақте,  ки шутур аз  сурохи  сузан бигузарад". (Сураи Аъроф:40).



    Давоми ҳадис:
    Сипас  Худои  азза  ва  ҷалла  мегўяд:  Номаи  ўро  дар  сиҷҷин,  дар  поёнтарини  замин бинависед.  Пас  гуфта  мешавад:   Руҳи  ин  бандаро  ба  замин  гардонед,  зеро  ман  ваъда  додаам,  ки  онҳоро  аз  хок  офаридам  ва  боз  ба  хок  бармегардонам   ва  боз  онҳоро  аз  хок  зинда  мегардонам.
     Пас  руҳи  ўро  аз  осмон  мепартоянд, ки бар болои ҷасади худ меафтад.  Сипас  паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)   ин  оятро  қироъат  намуданд:
       {وَمَن يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَكَأَنَّمَا خَرَّ مِنَ السَّمَاء فَتَخْطَفُهُ الطَّيْرُ أَوْ تَهْوِي بِهِ الرِّيحُ فِي مَكَانٍ سَحِيقٍ }.
       "Ҳар,  ки ба Худованд  ширк  оварад,  мисли касест, ки  аз  осмон  биафтад,   мурғ ўро бигирад ё  бод  ба  макони  дур андозад". (Сураи Хаҷ:31)
       Пас  руҳ  ба  ҷасади  худ  дохил  мешавад.   Ҳангоме,  ки  соҳибонаш  ўро  бар  қабр  гузошта  мераванд,  ў  садои  кафшҳои  онҳоро  мешунавад.

    ОтветитьУдалить
  3. Дар  ин  ҳолат  ба  назди  ў  ду  малоикаи  бадҳайбат  меоянд. Ва  ўро  шинонда,  аз  ў  мепурсанд:  Худои  ту  кист?  Дар  ҷавоб  мегўяд:  Ҳаҳ-ҳаҳ,  намедонам. Пас  ба  ў  мегўянд: Дини  ту  чист? Дар  ҷавоб  мегўяд: Ҳаҳ-ҳаҳ,  намедонам. Боз  ба  ў  мегўянд: Ба он марде, ки  ба сўи  шумо  фиристода  шуд, чӣ мегўӣ? Пас  номи  ўро  намеёбад. Пас  барои  ў  гуфта  мешавад:  Номи  ў  Муҳаммад аст!  Мегўяд  ҳаҳ-ҳаҳ,  намедонам, мардумро шунидам, ки ҳамин чунин мегуфтанд. Ба ў мегўянд: Надонистӣ  ва  нахондӣ.
       Дарин  вақт  нидокунандае  аз  осмон  нидо карда  мегўяд,  ки  ў  дурўғ  гуфт. Дар  зери  ў  фарше  аз  дўзах  ҳамвор  кунед.  Ва  барои  ў  дарвозае  аз  дўзах  боз  кунед.  Пас  барои  ў  гарми ва  шамоли гарми сўзони дўзах омада меистад. Ва  қабри  ў  бениҳоят  танг  карда  мешавад,  ҳатто  қабурғаҳояш  ба якдигар  мерасанд.
    Марде ба  назди  ў  меояд,  ки  дар  тан  либоси  бенихоят  зишту безеб дорад ва  ў  хеле  зиштрую бадбуй  аст. Ба ў мегўяд: Ман туро ба чизҳои ғамгинкунанда башорат  медиҳам.  Ин  он  рўзест,  ки бароят дар дунё ваъда дода мешуд. Пас барои  башоратдиҳанда  мегўяд: Худо  туро ҳам ба бадӣ  башорат  диҳад,  ту  кистӣ? Рўи  ту  рўест, ки аз он  бадӣ  меояд:  Пас  дар  ҷавоб  мегўяд:  Ман  ҳамон  амали  бади  туям, ки қасам  ба  Худованд, ки ту дар  анҷом  додани кори  хайр  суст  будӣ  ва  дар  анҷом   додани  кори  бад  тез  будӣ.  Худованд  бароят  ҷазои  бад  дод. Фариштаи  кўру  гунгу  каре ба сўи ў равона  карда  мешавад, ки дар дасти худ гурзе дорад. Агар  бо  ҳамон гурз  кўҳро  бизанад  кўҳ  ба  хок  табдил  меёбад. Ўро  бо  ҳамон гурз  мезанад, ки ў аз зарбаи задан  ба  хок табдил  меёбад. Баъд Худованд ўро ба ҳолати пешинааш   бармегардонад.  Бори  дигар ўро  мезанад. Аз зарбаи задан  дод  мезанад,  ки  овози  ўро ғайри  инсу  ҷин, дигар ҳама чиз  мешунавад.
    Сипас дарвозае  аз  дўзах, барои  ў  кушода  мешавад ва фарше   аз  дўзах, дар зери ў гузошта мешавад. Ва  мегўяд:  Парвардигоро,  қиёматро  қоим  нагардон.  
    (Имом  Абў Довуд ва Ҳоким  ва Тиёлусӣ ва Аҳмад ва Оҷурӣ ин ҳадисро ривоят кардаанд. Имом Ҳоким гуфтанд: Ин ҳадис саҳеҳ аст. Инчунин аллома Ибни Қаййим ин ҳадисро дар китоби Эъломул муваққиъин саҳеҳ шумориданд).

    ОтветитьУдалить