вторник, 4 ноября 2014 г.

Гуфтугу бо ҳазрати Одам

Номат чи буд?
Одам
Фарзанди?
Манро на модаре на падаре, бинавис аввалин ятими хилқат
Маҳалли таваллуд?
Биҳишти пок
Инак маҳалли сукунат?
Замини хок
Он чист бар пушт ниҳодӣ?
Амонат аст
Қаддат?
Рузе чунон баланд буд, ки ҳамсояи Худо, инак ба қадри сояи бахтам ба руи хок
Аъзои хонавода?
Ҳаввои хубу пок, Қобили хашмнок, Ҳобили зери хок
Рузи таваллуд?
Рузи ҷумъа, ба гумонам рузи ишқ
Рангат?
Инак фақат сиёҳ, зи шарми чунон гуноҳ
Чашмат?
Ранге ба ранги бориши борон, ки биборад зи осмон
Вазнат?
На ончунон сабук, ки парам ба ҳавои дуст... на ончунон вазнин, ки нишинам бар ин хок
Ҷинсат?
Ними маро зи хок, ними дигар Худо
Шуғлат?
Дар кори кишти умедам
Шокии ту?
Худо
Номи вакил?
Он ҳам Худо
Ҷурмат?
Як себ аз дарахти васваса
Танҳо ҳамин?
Ҳамин!!!
Ҳукмат?
Табъид дар замин
Ҳамдаст дар гуноҳ?
Ҳаввои ошно
Тарсидаӣ?
Каме
Оё касе ба мулоқотат омадааст?
Бале
Ки?
Гоҳе фақат Худо
Дорӣ гилояе?
Дигар гилоя на?, вале...
Вале чӣ?
Ҳукме чунин, он ҳам як гуноҳ!!!?
Дилтанг гаштаӣ?
Зиёд
Барои кӣ?
Танҳо Худо
Овардаӣ санад?
Бале
Чӣ?
Ду қатра ашк
Дорӣ ту зомине?
Бале
Чи касе?
Танҳо касам Худо
Дар охирин дифоъ?
Мехонамаш, ки чунон иҷобат кунад дуо...

Комментариев нет:

Отправить комментарий