понедельник, 10 ноября 2014 г.

Гул туҳфаи беҳтарин аст барои зан

Дар ҳадиси шариф омадааст: "Байни ҳам ҳадя диҳед, то дӯстатон биафзояд". Маросимҳои зиёде барои  занон вуҷуд дорад, ки мард онҳоро медонад ва сазовор аст, ки ҳамсарашро дар онҳо фаромӯш накарда, аз ҳадяҳо истифода барад.
Бисёриҳо ба ин андешаанд, ки занҳо бештар ҳамчун тӯҳфа гулро дӯст медоранд. Гул  барои зан  ин чизи муҳим аст ва он аз ҷиҳати моддӣ ҳадяи бисёр оддист, лекин аз ҷиҳати маънавӣ нисбат ба занҳо чизи хеле арзанда аст. Пас оё шумо ягон маротиба фикр кардаед, ки барои  занатон як даста гули зебо тӯҳфа бибаред. Бигузор бе ҳеҷ муносибат, ё зодрӯз ва ғайра. Ё ҳатто барои изҳори муҳаббат як дона гул барои  ӯ ҳозир кардаед?
Ҳадя ин бисёр чизи муҳим ва зарурист, он муҳаббатро байни ду тараф меафзояд. Баланд ё арзон будани нархи тӯҳфа шарт нест. Шахсе,ки ба қиммати ҳадя менигарад, ҳаргиз маънои ҳадяро дарк накардааст. Ӯ инсони моддист, маънои муҳаббатро дар ҳақиқат нафаҳмидааст. Агар ман ҳадяи оддие ба шахсе пешниҳод намудам, ҳаргиз ин маънои онро надорад, ки ман ӯро дӯст намедорам.
Инчунин пешниҳод намудани ҳадяи қимматбаҳо маънои онро надорад, ки ҳадякунанда ӯро бисёр дӯст медорад. Гоҳо ин дуруст мебарояд ва гоҳо шояд чунин набошад. Ҳеҷ алоқае байни андозаи муҳаббат ва қиммати ҳадя вуҷуд надорад, магар ки инсон бахил бошад ва ин чизи дигар аст, лекин ба шакли умум ҳадя нишонаи дӯстию муҳаббат аст.
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий