среда, 10 декабря 2014 г.

Ибодатҳо

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Вақте, ки ҳаёти қалб бо имон ҳадафе бошад, ки ба воситаи он бандагии Аллоҳ таъоло амалӣ мешавад, пас инҷо суоле матраҳ мегардад, ки мусалмон ба ин ҳадаф чигуна метавонад бирасад?
Аллоҳ таъоло василаҳоеро, ки моро ба он ҳадафи олӣ хоҳад расонд, раҳнамоӣ кардааст. Ин василаҳо, ибодатҳо бо ҳарду қисме, ки доранд, яъне ибодатҳои қалбӣ ва ибодатҳои баданӣ, мебошанд.
"Эй инсонҳо, Парвардигоратонро, ки шуморо ва касонеро, ки пеш аз шумо буданд офаридааст, ибодат кунед, шояд тақводор шавед". Сураи Бақара. Ояти: 21.

Ибодатҳо давоҳои бисёр фоидабахшанд, онҳо қалбро ёрӣ медиҳанд, то битавонад бандагии комилашро ба Аллоҳ таъоло амалӣ кунад.
Мо барои ин гуфтаҳо мисолҳо меорем:
Намоз ибодате аст, ки инсони мусалмонро ба фурӯтанӣ ва варшикастагӣ дар пешгоҳи Парвардигораш эҳсос мекунонад. Ин василаи ниҳоят бузурге аст барои пайвастан ба Аллоҳ таъоло, барои муноҷот бо Ӯ намудан, эҳсоси қурби онро дарёфтан, ба ӯ усн гирифтан ва шавқ дар қалб пайдо кардан, эҳсос мекунонад. Дар натиҷаи он хузуъ ва фурӯтании бештарашро ба Аллоҳ таъоло ҳис мекунад. Ба ин сурат имон аз хилоли ин намоз зиёда мегардад ва осори он имон дар ангезаҳои инсон ва рафтораш зоҳир мегардад. Пас барои анҷоми корҳои хайр шитоб мекунад, ангезаи дохилиаш қувват мегирад ва муқовамати он бар зидди корҳои маъсият ва наздик шудан ба онҳо, қавӣ мешавад. Пас ин ояти Худовандӣ таҳаққуқ пайдо мекунад, ки: "Намозро барпой дор, ки намоз аз фаҳшо ва мункар манъ мекунад" Сураи Анкабут. Ояти:45.
Садақа ибодати бузург аст, ки қалбро аз бемориҳои дустдории дунё ва ба он тааллуқ гирифтан, илоҷ мекунад. Яъне он қалбро пок месозад ва қувваташро бештар мегардонад. "Аз молҳояшон садақа бигир, ки онҳоро пок бисози ва ба воситаи он тазкияашон намои" Сураи Тавба. Ояти: 103.
Рӯза доштан, инсонро барои ҳоким шудан бар нафси худ ва онро ба тақвои Худованд маҷбур намудан, ёрӣ мерасонад. "Бар шумо рӯза доштан фарз гардонида шуд, ҳамчуноне ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, шояд ки тақводор шавед" Сураи Бақара. Ояти: 183.
Зикр намудан, ҳадафаш ба ёд овардани Аллоҳ таъоло мебошад. Ба ёд овардани азамату бузургӣ ва ҷамолу икроми Ӯ таъоло. Пас инсон ба ин сурат итминон ва боварию имонаш бештар мегардад. "Огоҳ бошед, ки ба зикри (ёд намудани) Аллоҳ қалбҳо мутмаину ором мешаванд". Сураи Раъд. Ояти: 28.    
Ба ҳамин сурат аст дар боқии ибодатҳои қалбӣ ва ибодатҳои баданӣ. Он ибодатҳое, ки як манзумаи мутакомилро ташкил медиҳанд ва аз хилоли дуруст анҷом додани онҳо, он ҳадафи бузург аз вуҷуди мо дар рӯи ин замин, амалӣ мегардад.
Ҳеч ибодате нест, ки Аллоҳ таъоло моро ба он раҳнамоӣ кардааст магар ин ки ба монанди василае ва маркабе аст, ки моро ба сӯи пеш дар иттиҷоҳи қурби Худованди субҳон мебарад, то ба он ҳадафи бузург дар дунё бирасем. " Аллоҳро чунон ибодат намоӣ, ки гӯё онро медида боши" ва дар охират "Ва Худованд касонеро, ки тақворо пеша кардаанд ба растагриашон наҷот медиҳад" Сураи Зумар. Ояти:61, ноил гардем.

Комментариев нет:

Отправить комментарий