вторник, 4 ноября 2014 г.

Худоё


Худоё! Ман гумшудаи дарёи муталотуми рузгорам ва ту бузургворӣ. Пас эй Худо! Ҳеҷ медонӣ, ки бузургвор он аст, ки гумшудаеро ба мақсад бирасонад? То абад муҳтоҷи ёрии ту, раҳмати ту, таваҷҷуҳи ту, ишқи ту, гузашти ту, афви ту, меҳрубонии ту ва дар як калом муҳтоҷи туам.

Садои Худоро мехостам бишнавам
Нидо омад: ба нола ва тавбаи гунаҳкор гуш кун
Мехостам Худоро навозиш кунам...
Нидо расид: кудаки ятимро навозиш кун.
Мехостам дастони Худоро бигирам...
Гуфтанд: дастони афтодаеро бигир
Хостам чеҳраи Худовандро бинам...
Нидо омад: ба чеҳраи модарат бингар
Хостам ранги Худоро бинам
Гуфтанд: берангии орифонро бинигар
Хостам ба хонаи Худо равам
Садо омад: қалби инсони муъминро зиёрат кун
Хостам садои нафаси Худоро эҳсос кунам
Нидо омад: садои нафаси ошиқи содиқро бишунав
Хостам Худоро дар арш бибинам
Нидо расид: ба инсоне, ки ба дастури Худо ҳаракат мекунад нигар
Хостам нури илоҳиро мушоҳида кунам
Гуфтанд аз пурхурию шиками сер фосила гир
Мехостам ба Худо пайвандам
Нидо омад: аз бақия бибур... ҳатто аз худат
Хостам сабри Худоро бинам
Садо омад: бар захми хабони бандагон таҳаммул кун
Хостам сиёсати илоҳиро мушоҳида кунам
Нидо расид: оқибати гарданкашонро бубин
Хостам Худоро ёд кунам
Нидо омад: арҳому хешонатро ёд кун
Хостам, ки дигар нахоҳам
Нидо омад: умуратро ба Ӯ вогузор куну бирав...

Комментариев нет:

Отправить комментарий