четверг, 5 июня 2014 г.

"Боз гардад осмонро бахри рахмат хар даре"



(Назме дар истикболи мохи Куръон)

Мавсими имон фаро хохад расид бедор бош,
Лутфи Рабб арзон ба савдо мешавад хушёр бош.
Гар ту толиб гаштаи бе шак муродат ин дам аст,
Мохи Рахмон бахри оси чун давое малхам аст.
Ошикони рох, муштокони васлаш тули сол,
Лахзае эшон набини дар фузулу килу кол.
Дар фазилат хам шарофат омада оёти чанд,
Мустафиди лутфи Рахмон шав агар дори ту нанг.
Соимон аз боби Райён вориди Чаннат шаванд,
Бо тахиёти малоик вориси Кавсар шаванд.
Магфират мавъуди савму хам киёму лайли кадр,
Гар сафо хохи зи мах, гарди ту бе шак хамчу бадр.
Аз фуюзоти Илохи андар ин шахри карам,
Мустачоб омад дуъои соимон чун дар Харам.
Боз гардад бахри рахмат осмонро хар даре,
Боби дузах баста гардад, шукр бояд хар даме.
Он шаётин к-аз шурураш нест рохат як даме,
Андар ин мах баста гардану наоянд хар даре.
Гар касе ифтор доди соимеро бахри ачр,
Бонасиб бошад зи ачри соимон дар рузи хашр.
Соимонро худ Худо ачре мукаррар карда аст,
Харки соим нест, айши у мукаддар карда аст.
Ташналаб мохи муборакро муборак доштанд,
Зайфи Рахмонро пазируфта гироми доштанд.
Аз хисоли мохи Рахмат гар касе махрум шуд,
Дар зиёнкориву зулму маъсият махбус шуд.
Аз китоби човидон авроки хурдо нур бахш,
Бо малоик дар шабохат шав, зи тоатхо дурахш.
Зиндагиро мохи Рахмат нуру равнак оварад,
Доги иъсён шуста, пайке бахри асбак оварад.
Гар ба ахли кабру барзах орзу кардан диханд,
Соате дар мохи Рамзон зиндаги соил шаванд.
Пайки охир дар Хиро, суи Хабиби Мустафо,
Мохи Рамзон буд огозаш дар он хилватсаро.
Пас чи маймун мох буди, мохи халват бо Худо,
Мохи зикру мохи савму мохи хавфу хам рачо.
Мохи рахмат, мохи шавкат, мохи ачзу илтичо,
Мохи бахшиш, мохи авфу мохи хайру хам сахо.
Мохи Куръон, мохи имон, мохи таквову ризо,
Мохи анчоми макорим, мохи гаштан аз хато.
Инки аз лутфи Худовандат насибе бурдаи,
Мохи Рахматро расиди, шукри инро кардаи?!
Шукри мохи савм бо тоат музайян гаштан аст,
Чомаи такво аз ин мах бар тани худ кардан аст.
Гар зи макру зуру бухтон рузаат покиза нест,
Савми бе магзат аташ бошад,вале он руза нест.
Эй,ки хохи комро аз шахди Рамзон тар куни,
Хуфту хобу килу кол мебоядат камтар куни.
Гар миёнатро зи тоат рост карди муфлихи,
В-ар сиёмат хуфту хур бошад,ту бе шак муфлиси.
Бор Илохо Ту Рахими мохи Рахматро биёр,
Канзи алтофи Ту бе поён бувад бозаш мадор.
Бор Илохо сад салому сад паёми мо бубар,
Бар равони онки омад исми У Хайрулбашар.
31,05,2014.
Иброхими Саиднуриддин.

1 комментарий:


  1. Бартар аз фаҳму гумон аст, Худо медонад
    Лайлатул қадр кадомин шаби ин моҳи Худост
    Чи шабе бартар аз он аст, Худо медонад
    Ҳар шабе тавба кунем аз гунаҳу пок шавем
    Лайлатул қадр ҳамон аст, Худо медонад
    Мавсими бандагии чашму забону гуш аст
    На ҳамин савми даҳон аст, Худо медонад


    Гар набошад ҳама аъзои ту таслими Худо
    Рузаат сирфаи нон аст, Худо медонад
    Бори омму ҳама меҳмони Худованди Карим
    Моҳи озодии ҷон аст, Худо медонад

    ОтветитьУдалить