пятница, 20 июня 2014 г.

Қуръони карим сар то сар панди Худост

 Тамоми масъалаҳои ҳаёт дар он дарҷ ёфтааст.Яке аз бузургтарин неъматҳои илоҳӣ барои башарият Қуръони Шариф аст. Хондану шунидан, шунавонидан, ёд гирифтану ба дигарон таълим додан, ба фармудаҳояш амал намудан, чоп кардану тақдим кардан, шарҳу тафсири он барои инсон саодати бузургест. 

-Вақте мо аз Каломуллоҳ ном мебарем, сифатҳое аз қабили Карим,Шариф, Маҷид ва ғайраро ҳамроҳ менамоем. Қуръон чанд ном дорад?
-Ба номи он ки Одам офарида,
Барояш ҳар ду олам офарида.
Иддае аз муфассирин номҳои Қуръони Маҷидро бештар аз 90 гуфтаанд. Аллома Абулмаъолӣ ибни Абдулмалик 55 номи Қуръони Каримро шумурдааст. Дарвоқеъ бисёр муфассирон сифатҳои Қуръони Шарифро аз қабили Маҷид, Ҳаким, Карим ва ғайраро ном қаламдод кардаанд.
Мавлоно Муҳаммадтақии Усмонӣ гуфтааст, ки дар ҳақиқат Қуръони Карим 5 ном дорад: Алқуръон, Алфурқон,Аз зикр, Алкитоб ва Аттанзил. Худои Таъоло Каломи худро дар 61 ҷо бо номи Қуръон номбар кардааст.
-Оятҳои Қуръони Шариф чӣ гуна ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) нозил мешуданд?
-Бибӣ Оишаи Сиддиқа разияллоҳу анҳо дар ҳадисе мефармоянд, ки “Ҳазрати Ҳорис ибни Ҳишом (р) аз Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва салам пурсид: - Чӣ гуна ба Шумо ваҳӣ нозил мешавад?
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар ҷавоб гуфтанд:
-Гоҳе мисли садои занг меояд ва ин сурат сахттарин қисми ваҳй бар ман аст. Пас аз хатми ин силсила ҳар он чиро, ки садо гуфтааст, дар хотир дорам.Гоҳе фаришта ба шакли марде пешам меояд».
Аз ин ҳадиси «Саҳеҳ»-и Бухорӣ (р) маълум шуд, ки ваҳй ба ду равиш ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) нозил мешудааст:
1) овозе ба монанди садои зангӯла.
2) Ҷибриили Амин ба сурати марде назди Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) омада пайғоми Худоро мерасонид.

Бархе аз уламо ба ин ақидаанд, ки он садои мисли зангӯла овози фариштагон будааст. Ба гумони баъзеҳо ин садо овозе буд, ки ҳангоми пар задани фариштагон баланд мешуд. Дар «Файзул борӣ» омадааст, ки идроки дурусти ин кайфият бе мушоҳида кардан мумкин нест. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) барои фаҳмонидан онро ба садои занг ташбеҳ додаанд. Илми комили кайфияти он назди Худованд асту бас.
-Чаро Паёмбари Худо (саллаллоху алайхи вассалам) мисли садои занг омадани ваҳйро сахттарин гуфтаанд?
-Дар охири ҳадисе, ки дар боло гуфта гузаштем, Бибӣ Оишаи Сиддиқа (р) илова кардаанд: «Ман нозилшавии ваҳйро бар он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) дар рӯзҳои бисёр сард дидаам (Бо вуҷуди салқинии ҳаво) пас аз хатми силсилаи ваҳй арақ аз пешонии ишон сарозер мешуд».
Бибӣ Оиша (р) дар ривояти дигар мефармоянд: « Нафаси Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) ба ҳангоми нозилшавии ваҳй меистод. Чеҳраи нурониашон тағйир ёфта, мисли шохаи хурмо зард мешуд. Дандонҳои пешашон аз сармо меларзид ва арақ мисли донаҳои марворид мерехт».
Имом Аҳмад дар «Муснад» ин ҳадиси Расули Акрамро овардааст: «Вақте ки ваҳй нозил мешавад, эҳсос мекунам, ки рӯҳам гӯё кашида мешавад».
Ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу гуфтаанд: «Ҳангоми нозилшавии ваҳй садое мисли садои визвизи занбӯри асал аз наздики чеҳраи нуронии Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) шунида мешуд.
-Маълум аст, ки Қуръон ба шакли китоби алоҳида нозил шуда, тӯли 23 сол ба тадриҷ нозил шудааст. Оятҳои онро чӣ гуна нигоҳ медоштанд?
-Худованд дар сураи «Қиёмат», оятҳои 16,17 фармудааст: (Эй Муҳаммад), маҷунбон ба такрори Қуръон забони худро то зуд ба даст орӣ ёд кардани онро. Ҳар оина ваъда аст бар мо дар синаи ту ҷамъ кардани Қуръон ва осон кардани хондани онро».
Ҳамин тавр аз як тараф оёти қуръонӣ нозил мешуд, аз ин тараф ҳазрати Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) онро ёд мекарданд. Маҳфузтарин ганҷинаи Қуръони Карим синаи мубораки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) буд. Ишон ҷиҳати эҳтиёти бештар ҳар Рамазон Қуръонро пеши Ҷибриил алайҳиссалом мегузарониданд.
Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) баъди омадани ваҳӣ Қуръонро ба саҳобагон ёд медоданд. Ҳазрати Абӯбакр, Умар, Усмон, Алӣ,Талҳа, Саъд, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Ҳузайфа, Абуҳурара, Абдуллоҳ ибни Умар, Ибни Аббос ва бисёр саҳобагони дигар ҳофизони Қуръон буданд. Яъне, беҳтарин равише, ки барои ҳифозати Қуръони Карим дар ибтидои ислом ихтиёр карда шуд, азбар кардани Қуръон буд. Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) илова ба азёдкунонӣ ба китобат (навиштан)-и Қуръон низ аҳамияти хосе медоданд. Яке аз котибони ваҳй Зайд ибни Собит (р) ном дошт.Китобат кунандагони ваҳйро 40 нафар гуфтаанд. Он замон мошинҳои чопӣ набуд. Азбаски коғаз камчин буд, оятҳои алоҳидаро дар сангҳо, пӯстҳо, шохаҳои хурмо, пӯсти дарахтон, устухонҳои ҷонварон ва ғайра менавиштанд. Табаронӣ дар «Мӯъҷам» ин ҳадиси Расули Худоро овардааст:
“Савоби тиловат бе нигоҳ кардан ба Мусҳаф (китоби Қуръон) ҳазор дараҷа ва бо нигоҳ кардан ба Мусҳаф ду ҳазор дараҷа аст» Тавре мебинем аз рӯи китоб хондани Қуръон савоби бештар доштааст. Ҳоло Қуръони Карим серхонандатарин китоб аст. Дақиқае нест, ки дар он Қуръон хонда нашавад Ҳоло аз кассетаву дискҳо низ тиловати Қуръонро мардум гӯш мекунанд. Шунидани тиловати Каломуллоҳ савоби зиёд дорад.
-Мехостем каме дар хусуси мазмуни оятҳои Қуръони Шариф маълумот диҳед?
-Тамоми мазмунҳои Қуръонро ба чаҳор қисм ҷудо кардаанд:
1) Ақоид, 2)Аҳком, 3)Қасас, 4)Амсол.
Дар Қуръон се ақида (тавҳид,рисолат, ва охират) собит карда шудааст. Тавҳид ин аст, ки инсон бояд ҳар зарраи коинотро офаридаи Худои Ягона бидонад. Танҳо Ӯро парастад ва аз Ӯ ёрӣ бихоҳад. Яқин ва боварӣ дошта бошад, ки ҳар зарраи коиноти бекарон дар қабзаи қудрати Худост. Рисолат ин аст, ки инсон бояд ҳазрати Муҳаммад ва тамоми пайғамбарони пешинро расулон (фиристодагон)-и ростини Худо бидонад.Манзур аз охират ин аст, ки инсон ба зиндагии ҷовидон пас аз марг бовар дошта бошад. Имон дошта бошад, ки дар охират инсон подоши амалҳои дунявиашро хоҳад гирифт.
Дар Қуръон аҳкоми ибодат, муомилот (тиҷорат, амонат, гувоҳӣ додан, хӯрдани гӯшти ҷонварони забҳшуда), никоҳ, талоқ, диёнат, қасам ва ғайра мавҷуданд.
Худои Таъоло барои ибрати бандагон қиссаҳои паёмбарону ақвоми гуногунро баён кардааст.
Ҳамчунин дар Қуръони Карим амсол (масалҳо) низ баён шудаанд. Чунончӣ дар сураи «Ар Раҳмон» омадааст: «Ҳал ҷазоул иҳсони иллал иҳсон» (Сазои хубӣ ғайр аз хубӣ чизи дигаре нест).
Барои ашхосе, ки ба мавзӯоти вобаста ба Қуръон таваҷҷӯҳ доранд, ман мутолиаи китоби Мавлоно Муҳаммадтақии Усмонӣ «Улуми Қуръон»-ро тавсия медиҳам. 


Комментариев нет:

Отправить комментарий