суббота, 28 июня 2014 г.

Моҳи Раҳмон ва мавсими имон

Шукру сипос Худовандеро, ки дар моҳи Рамазон ба фазлу раҳматаш ба бандаҳояш наздик шудаву бизоъату матоъи охиратро дар ин моҳ ба арзонӣ пешкаши бандаҳо намуда, мукофоти рузадориро озодӣ аз оташи ҷаҳаннам хонда аст.
Ва дуруду салом бар Паёмбари гиромӣ (с), ки ин меҳмони шарифро ба хушҳолӣ истиқбол намуда дар ҷустуҷӯи шаби қадраш шабҳои зиёдеро зинда дошта, қадамҳои муборакаш дар меҳроби ин моҳи муборак қоим мегашту  қалбаш дар оғуши ин меҳмони карим эътикоф менишаст .
Рамазон! – чӣ донӣ, ки чӣ моҳест, Рамазон!?
Меҳмони ин тобистон
Моҳи бо шарофат
Аёми пурбаракат
Моҳи ибодат ва зироъати охират
Моҳи тиҷорат бо Худо
Моҳи мутаҷаллӣ гаштани раҳмати Худо
Моҳи ба даст овардани ҷаннати бебаҳо
Моҳи имону тақво
Моҳи назари раҳмат бар бандагон
Моҳи кушода шудани дарҳои осмон
Моҳи сабру тоқат ва харидорӣ намудани бизоъатҳои охират
Моҳи шикастаҳолӣ, фурутанӣ ва бурдборӣ
Моҳи азму иродаи имонӣ
Моҳи анҷом додани вазоифи бандагӣ
Моҳи мушарраф гаштан ба мағфирати Худовандӣ
Моҳи машаққати муввақат баҳри роҳати абад…
Моҳи эҳсону ғуфрон ва ҳам моҳи имтинон бар неъмати Қуръон
Мадрасаи имонӣ баҳри омухтани ахлоқи Қуръонӣ
Соатҳои дарсӣ баҳри аз бар намудани фанҳои имонӣ. Дарси сабр, дарси намози шаб, дарси нигаҳ доштани забон, дарси тақвият бахшидани имон, дарси муноҷот бо Худо ва дарси ёрӣ бар мискину гадо
Рамазон моҳи Қуръон. Қуръон дар Рамазон ба осмони дунё барои инсон нозил шуда аст ва Қуръон дар чаҳон табдилу тағйир оварда, торикиҳоро ба нур, ҷаҳолатро ба илм, шақовату бадбахтиҳоро ба саъодат иваз намуда аст.
Рамазон низ моҳи тағйиру дигаргунӣ аст. Ба фаро расидани он дарҳои ҷаннат ва раҳмат боз шуда, дарҳои ҷаҳаннам баста мешавад ва шаётини саркаш дар занҷир баста мешаванд, яъне дар олам ва атрофи инсон табдилоту тағйироте ба вуқуъ мепайвандад. Пас, мебояд дар нафси инсонҳо ва дар даруни мардумон низ ба омадани ин моҳ дигаргуние пайдо гардад. Мебояд нафсҳо аз хоб ба бедорӣ, аз ғафлати Худо ба зикру ёдоварӣ, аз дурии Худо ба қурби Ӯ, аз дунёпарастӣ ба охиратҷӯйӣ, аз талхии гуноҳ ба лаззати тоъату ибодат ва аз ҳар рафтори зишту қабиҳ ба суй ҳар хулқу рафтори нек мунтақил гарданд…
Ва муҳимтарин макон барои тағйир ворид намудан ва дигаргун сохтан  дар бадани ҳар инсоне, ки беҳбуд гаштани дигар аъзо ва ҷавориҳи ӯ ба ҳолати ин узви кучаку бузург бастагӣ дорад. Ин қалби инсон аст, ки дар ин моҳ бояд аҳволу эҳсоси он аввалан дигаргун гардад ва нури тоъат ба даруни он  роҳ ёфта, торикии маъсияту ғафлатро нобуд созад ва дар роҳи расидан ба суи ҷаннат гоме бардорад.
Агар ба манзилҳои дунё ба сайри қадамҳо расида шавад ва масофаҳо ба қадамҳо тай карда шавад, пас бар манозили охират ва дар роҳи расидан ба суи ризои Худо  ба сайри дилҳо дар осмони имон расида мешавад.
Аз ин чиҳат, банда дар сайри рамазониаш ба суи Худо ва хушнудии Ӯ мебояд чанд аз ин манозилро тай кунад, ки нахустинаш; манзалаи шодиву фараҳ, сипас шукру сипос дар қиболи расидан бар ин моҳ аст.
Ӽар бандае мебояд эҳсоси шодиву хурсандӣ намояд ва забонаш ба шукри Мавлояш ҷорӣ бошад, чун Худовандаш ӯро муҳлат дода, ки ин моҳро бубинаду имсол низ дар шумораи бандагони рӯзадор бошад, зеро ин ҳолат худ яке аз нишонаҳои хайр ва аломатҳои қабул аст.
Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ фармудааст: «Ҳамин подошу мукофоташ барои ту дар муқобили тоъатат басанда аст, ки туро аҳли тоъаташ карда аст ва ҳаргоҳ, ки забонатро барои пурсидан ҷорӣ намуда аст, яқин дошта бош, ки мехоҳад чизе бар ту ато кунад.»
Ин дар ҳолест, ки нафароне дар ин аёми муборак маҳбуси қабрашон ва асири амалашон дар олами барзах қарор доранд, ки агар дари таманнову орзу барояшон боз шавад, ба ҷуз як лаҳза ҳаёти рамазонӣ чизе дигар таманно надоранд.
Моҳе чун Рамазон, ки ҳар лаҳзааш ганҷе аз охират асту ҳар рӯзаш давлате дар зиндагии абад, мебояд ба расидану қудумаш хушҳолӣ карда шавад.
Биёед, фазилати бештари расидан бар Рамазонро дар ҳадиси Расули Худо (с) бубинем, ки то чи андоза шарофат дораду то кадомин ҳад фазлу каромат.
Имом Ибни Моҷа ва Имом Аҳмад аз Талҳа писари Абдуллоҳ ривоят намудааст: «Аз Қабилаи Қузоъа ду марде назди Расули Худо омаданду якҷо эълони Ислом намуданд ва яке аз аз ин ду мард дар роҳи ибодат кушишаш бештар буду шуғлаш ба дунё камтар ва бо вуҷуди тоъати зиёдаш ба ҷиҳод баромаду дар роҳи Худо ҷонашро нисор кард ва дусташ соле пас аз ӯ умр дида, аз дунё даргузашт. Талҳа дар хоб дид, ки назди дари ҷаннат бо ин ду мард истодаасту мунтазири иҷозаи вуруд бар дори каромат нафаре аз даруни биҳишт берун шуда, бар оне ки як сол пас аз дусташ умр дида ва тоъати нисбат ба рафиқаш камтар дораду ба шаҳодат низ мушарраф нагашта аст, иҷозаи рафтан ба ҷаннат дод. Баъди андаке, барои иҷоза додани шаҳид наздашон баргашт ва бори саввум «ҳоло вақти иҷозаи шумо фаро нарасидааст»- гуфта ба Талҳа хитоб карда рафт..
Ҳазрати Талҳа бо дигар ёрон, ки хабари хобашро шунида буданд аз ҳоли шаҳид, ки ҳам тушаи зиёд аз тоъату ибодат бурдаву ва ҳам бар шарафи шаҳодат даст ёфта, чаро дуввум шуда ба ҷаннат рафта бошад, таъаҷҷуб мекарданд.
Қиссаи хоб бар Расули Худо расиду ёронашро пурсид: «Сабаби таъаҷҷубатон дар чист?!»
Асҳоб сабабҳои ҳайраташонро гуфтанд.
Паёмбари Худо ба баёни зебо тааҷҷуби ёронашро бартараф намуда, фармуд: «Оё пас аз дусташ як сол умр ба сар набурд?!»
Гуфтанд: «Бале»
Расули акрам (с) сабаби бартарии ӯро дар дарёфтани Рамазон ва адо кардани ҳаққи Рамазон шарҳ дода, фармуд: «Инчунин ба Рамазон расиду ин моҳро дарк намуд ва дар ин яксол рӯза гирифту чунон ва чунон намозу саҷда анҷом медод. Бешак фарқ миёни мартабаи ин ду дар ҷаннат мисли масофаи осмону замин аст.»
Пас, офарин бар он кас, ки Рамазонро дарк намуда, ба тоъати Худояш мепардозаду роҳати ҷовидониро дар ҷаннати охират ба заҳмати андаке харидорӣ менамояд.
Сухани Расули Худо (с): «Ҳарки моҳи рамазонро рӯза дорад, гуноҳи гузаштааш мағфират мешавад» фурсати нахустин барои покиза сохтани номаи аъмол ва сабук сохтани бори гуноҳ аст. Баъди он фурсати дигар, ки Расули Худо (с) мегӯяд: «Ҳарки намози шабашро барпо дорад…. ва ҳарки шаби қадрро эҳё кунад…. Ду фурсати дигар низ вуҷуд дорад, ки рӯзадор аз манзили фараҳу шодӣ ба манзалаи ҳиммати олӣ дар роҳи тоъат мунтақил мешавад ва ба камтар аз ҷаннат ба чизи дигар қонеъ намегардад.
Ва аз ҳикмати Иброҳим Таймӣ ибрат омухта, дар роҳи ъамал мекушад, ки фармудааст: «Тасаввур кардам, ки дар ҷаннат қарор дораму аз меваҳои лазизаш тановул мекунам ва аз оби зулолаш менушаму ғарқи роҳат ҳастам... Сипас, худро дар ҷаҳаннам эҳсос намудам, ки аз садидаш менушаму заққумро мехурам ва занҷирҳои дар дасту гардан бастаро бардошта, дар азоб заҳмат мекашам.»
«Дар ин ҳолат будам, ки худро хитоб намуда гуфтам: «Ай Иброҳим, чӣ мехоҳӣ?» Нафсам гуфт: «Мехоҳам ба дунё баргардам, то ъамалҳои нек анҷом диҳам.»  Гуфтамаш: «Ай нафси манн, ту дар ин орзуят ҳастӣ ва фурсати наҷот дар ихтиёр дорӣ…»
Пас, чи қадар Худованд бар мо дар ин моҳ раҳмат намудаву мағфираташро арзонӣ дошта аст.
Аз ин чиҳат аст, ки ҳар кӣ ин фурсатҳоро ғанимат нашуморад ва пас аз ин нидо ва фарёдҳои такрорӣ низ аз хоби ғафлат барнахезад, лоиқу сазовор аст, ки маҳрумаш ном гузошта шаваду аз хайру баракот дар аёми дигар низ бенасиб бимонад.
Барои гунаҳкорон се дарё вуҷуд дорад, ки метавонанд олудагиҳои гуноҳро аз худ пок созанд ва ҳар кӣ ба ин се дарё пок нагардад, ба дарёи чаҳорум дарёи чаҳаннам Шуста мешавад.»- чунин гуфтааст Аллома Ибни Қайим.
Якум, дарёи Тавбаи насуҳ, яъне бозгашт ба суи Худо бидуни баргашт ба суи гуноҳ.
Дуюм, дарёи корҳои нек, ки фурубарандаи гуноҳони соҳил бошад.
Сеюм, дарёи мусибату бало, ки сабр дар муқобилаш шуяндаи гуноҳ аст.
Ӽангоме, ки ояи «Ва изо саалака ибоди…» пас аз ояи Савм ҷой дорад, манзили дигар аз манози солик манзилаи дуъо ва куфтани дари осмон аст ва рӯзадорро аз Ҳабиби Худост мужда аст, ки дуъояшро шунида мешавад.
Пас, муъминро мебояд то дар ин шабҳои башумори боқимонда дар меҳроби умеду раҷо истода, ба фазлу раҳмати Худовандаш такя намуда, аз манзили дуъо даст ба суи Худовандаш бардорад, то бошад, ки ба баландтарин комёбӣ, ки раҳоӣ аз азоби ҷаҳаннам аст, мушарраф гардад.
Худованд мефармояд: «Ҳар киро аз оташи ҷаҳаннам наҷот бахшида шавад ва дохили ҷаннат гардонида шавад, бешак ба комёбӣ расида аст. (сураи Оли имрон, 185)
Домулло Иброҳимҷони Сайиднуриддин

Комментариев нет:

Отправить комментарий