понедельник, 2 июня 2014 г.

Зани донишманд нисфи давлат аст

Ислом ин аввалин дине буд, ки дар ҷойи аввал занро аз олами нестӣ ба олами ҳастӣ ва аз беҳуқуқӣ ба арзиши олӣ оварда расонид. Ислом ба тамоми ҳуқуқҳои зан таъсири калони худро расонидааст, ки яке аз ин ҳуқуқҳои зан ҳуқуқ ба таҳсил ё ба илмомӯзӣ мебошад.
Дини мубини ислом омӯзиши илмро ба ягон табақаи инсоният, хусусан барои занон манъ накардааст, баръакс, зарур мешуморад. Паёмбари Худо дар ҳадиси мубораки худ фармудаанд:
«Омӯзиши илм барои ҳар мард ва зани мусулмон фарз аст». Аз нигоҳи худи ман ин ҳадис хусусияти умумиилмӣ дорад, зеро мақсад аз омӯзиши илм танҳо омӯзиши илми Қуръон набуда, балки омӯзиши дигар илмҳоро ҳам ифода мекунад.
Баъзе одамон бар он андешаанд, ки гӯё Ислом занро барои омӯзиши илм ҳуқуқ намедиҳад, ки ин ақида, албатта, ғалат мебошад ва ин аз Исломро надонистани ҳамон тоифаи одамон шаҳодат медиҳад.
Модоме, ки омӯзиши илмро дини ислом барои ҳамаи одамон, аз ҷумла нисбати занон фарз ҳисобида бошад, дигар чӣ ҷойи манъкунияш дида мешавад. Ислом ободии дунё ва зебогии онро аз занон вобаста медонад. Барои он, ки зан тавонад зебогӣ ва ободии дунёро таъмин кунад, ӯ бояд доно ва бо илму хироди олӣ бошад. Як андеша кунед, ки оё зани беилм ободиро таъмин мекунад?
Оё аз зани беилм кӯдаки бодониш ва олим талаб кардан аз рӯи ақл аст? Албатта не. Чи гунае, ки худи таърих шоҳид аст, ба мисли, Имоми Аъзам, Имом –ал-Бухорӣ, Рӯдакӣ, Сино ва дигаронро модарони боилму дониш ба дунё овардаанд. Модари Бобоҷон Ғафуров ҳам зани донишманде буд.
Таваҷҷӯҳи Ислом оиди ба омӯзиши илм машғул шудани занон бисёр калон аст. Ҳамаи мусулмонон ӯҳдадоранд, ки омӯзиши илмро аз овони ҷавонӣ ба роҳ монанд, зеро Паёбамри Худо фармуда: «Талаб кунед илмро аз гаҳвора то ба гӯр»
Илм ва омӯзиши он дар ислом бисёр мақоми бузург дорад. Чигунае, ки паёмбари Худо гуфта: «Илмомӯзӣ беҳтарин ибодат аст», «Шахсе, ки дар талаби илм бошад, ҷаннат дар талаби ӯст». Бинед ки чӣ гуна илм ва омӯзиши он инсонро бообрӯй мегардонад. Аз ин нигоҳ занон бояд хонанд ва нисбати фарзандон қарзи модарии худро иҷро намоянд, зеро муаллими аввали кӯдак модар аст.
Илова бар ин, агар дар корҳои махсус ба занҳо, монанди таваллуд, муолиҷаи бемориҳои занона, мутахассис ва донишманди зан вуҷуд надошта бошад, бояд мардҳо ин корро анҷом диҳанд ва шакке нест, ки анҷоми ин корҳо ба василаи занҳо беҳтар ва боҳашаматтар аст. Аз ҳама муҳимтар он, ки бино ба иттифоқи ҳамаи уламои Ислом, аз замони худи Паёмбар (с) то ба имрӯз дар аҳкоми шаръи байни зан ва мард фарқе нест, магар он ки далелҳои хос омада ва занро аз қоидаи умумӣ истисно намуда бошад.Сабаб дар чӣ бошад, ки имрӯз таваҷҷӯҳи занон дар омӯзиши илм дар Тоҷикистони азизамон кам ба чашм мерасад. Дӯстони Худо барои ба роҳ мондани омӯзиш ва азхудкунии илм аз ҷониби занон таваҷҷӯҳи зиёде доштаанд. Яке аз онҳо Имоми Аъзам буд, ки «Рӯзе бо шогирдони худ нишаста буд, ки ба назди ӯ як марде омаду нишаст. Имоми Аъзам аз ӯ пурсид, ки ба чӣ ҳоҷат омадаӣ? Гуфт: Ман ду фарзанд дорам: як духтару як писар ва ҳарду ҳамсол ҳастанд. Имрӯз онҳоро мехоҳам, ки ба мадраса дохил намоям, то ба омӯзиш машғул шаванд. Аммо, афсӯс, ки қувваи ман намерасад ва дар ҳайрат гирифтор шудаам, намедонам, ки аввал духтарамро ба мадраса дохил намоям ё писарамро. Имоми Аъзам каме андеша карду гуфт: «Модоме, ки ин тавр бошад, аввал духтаратро ба мадраса дохил бикун, зеро аз зани донишманд олим ба дунё меояд».
Албатта, ин таълимоти Имоми Аъзам дар худ ҳикматҳои бузург дорад, ин дуруст аст, ки аз зани донишманд фарзанди олиму донишманд ба дунё меояд. Чунки зан –модар шахси аз ҳама наздиктар ба фарзанд мебошад.
Ба ин мақсад пешниҳоди ман ин аст, ки бигзор занон ҳам дар тамоми донишгоҳҳои кишвар хонанд ва дар оянда ба сифати муаллим, духтур, олим ва дигар соҳаҳои илм дар кишвари азизамон хизмат кунанд. Охир Ислом рухсат намедиҳад, ки занро марди бегона назар кунад, вале имрӯз занону модарони ҳар якеи мову шумо бемор мешаванд, онҳоро ба беморхона мебарем. Дар он ҷой аз сабабе, ки занони духтур дида намешаванд, табобати онҳоро мардон ба ӯҳда мегиранд.
Албатта, ин мушкилоти хеле калон аст, аз ин рӯ, занонро имрӯз лозим аст, ки ҳарчи зудтар ё бештар хонанд дар соҳаҳои гуногуни илм, хусусан дар соҳаи муаллим, духтурӣ ҳамшираи шафқат, то ки занони беморро занони духтур табобат кунанд, на мардони духтур, зеро оиладорӣ ва муносибати зану шавҳар бисёр нозук аст. Ин рашку ғазабро ба миён меорад ва боиси вайрон шудани оилаҳои солим мегардад.
Таълими илм барои зан далели истисно вуҷуд надорад. Дар шариат ҳеҷ далеле нест, ки занро аз таҳсили илм маҳрум созад. Аз нигоҳи амалӣ, дар давлатҳое, ки мардумаш бештар мусулмон ҳастанд, духтарҳо аз марҳилаҳои ибтидоӣ то охирин марҳилаҳои таҳсил, ки марҳилаи докторӣ мебошад, монанди мардҳо дар ҳамаи риштаҳои илмӣ ба таҳсил машғуланд ва на танҳо он, ки уламои ин сарзаминҳо ба ин кор эътироз намекунанд, балки духтарони худро ташвиқ ба илм омӯхтан менамоянд. Шартҳои омӯзиш ва таълим барои занҳоро ба ин се шарт раво мебинанд:
- Таҳсили зан дар чизҳои ғайришаръӣ набошад.
- Сабабгори халал ворид шудан ба обрӯ ва шарафаш нагардад.
- Бо сабаби таҳсил кардан амри муҳими дигаре, монанди тарбияи фарзандон сарпарастӣ аз корҳои хона, риояи ҳуқуқӣ ва мисли онҳо халал наёбад.
«Таълими илм барои зану марди мусулмон фарз аст». (Ҳадис).
«Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». (Ҳадис).

Комментариев нет:

Отправить комментарий